Румиён 12:1-21

  • Ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда пешкаш кунед (1, 2)

  • Атоҳо гуногунанд, лекин бадан яктост (3–8)

  • Насиҳатҳо ба масеҳиён (9–21)

12  Пас, эй бародарон, ба хотири дилсӯзии Худо аз шумо илтимос мекунам, ки ҷисмҳои худро ҳамчун қурбонии зинда, пок+ ва писандидаи Худо пешкаш кунед,+ то хизмати ӯро оқилона ба ҷо оред.+  Дигар худро ба одамони ин ҷаҳон* ҳамшакл насозед, балки фикрронии худро дигаргун кунед,+ то бифаҳмед,+ ки хости неку, писандида ва комили Худо чист.  Ба воситаи лутфу марҳамате, ки ба ман карда шуд, ба ҳамаи шумо мегӯям: худро аз будатон баланд баҳо надиҳед,+ балки солимфикр бошед ва худро ба андозаи имоне, ки аз Худо гирифтаед, баҳо диҳед.+  Чи тавре ки дар бадани мо узвҳо бисёранд+ ва на ҳамаи онҳо ҳамон як корро иҷро мекунанд,  ҳамон тавр мо низ, ҳарчанд бисёрем, якҷоя бо Масеҳ як баданем, вале дар алоҳидагӣ узвҳое ҳастем, ки ба якдигар пайванданд.+  Азбаски ба мо аз рӯйи лутфу марҳамат атоҳои гуногун дода шудаанд, биёед мувофиқи атое, ки ба ҳар яки мо дода шудааст,+ амал кунем: ҳар кӣ атои пешгӯйӣ дорад, ба андозаи имоне, ки ба ӯ дода шудааст, пешгӯйӣ кунад,  ҳар кӣ атои хизматгузорӣ дорад, бо хизмат машғул шавад, ҳар кӣ атои таълимдиҳӣ дорад, бо таълимдиҳӣ банд бошад.+  Касе рӯҳбаланд мекунад*, бигзор рӯҳбаланд кунад,+ касе хайр мекунад*, бо саховатмандӣ хайр кунад,+ касе назорат мекунад*, боғайратона назорат кунад,+ касе раҳм мекунад, инро аз таҳти дил кунад.+  Бигзор муҳаббати шумо самимӣ* бошад.+ Аз бадӣ нафрат кунед,+ ба некӣ бичаспед. 10  Ба якдигар меҳру муҳаббати бародарона дошта бошед. Дар ҳурмату иззати якдигар пешдастӣ кунед.+ 11  Боғайрат бошед, танбалӣ накунед*.+ Аз шӯру шавқи рӯҳ пур бошед.+ Ба Яҳува ғуломвор хизмат кунед.+ 12  Аз умедатон хурсандӣ ёбед. Дар азобҳо истодагӣ намоед.+ Ҳамеша дуо гӯед.+ 13  Поконро дар муҳтоҷияшон дастгирӣ кунед.+ Меҳмоннавозиро пеша кунед.+ 14  Озордеҳонатонро дуои нек кунед.+ Бале, дуои нек кунед, на дуои бад.+ 15  Бо шодикунандагон шодӣ кунед, бо гирякунандагон — гиря. 16  Ба дигарон чун ба худатон муносибат кунед. Ҳавобаланд набошед, балки хоксориро пеша кунед.+ Дар назари худ доно набошед.+ 17  Ба ҳеҷ кас дар ивази бадӣ бадӣ накунед.+ Аз пайи корҳое шавед, ки дар назари тамоми мардум неканд*. 18  Ба қадри имкон, то ҷое ки аз дастатон меояд, бо ҳамаи одамон муросо кунед*.+ 19  Эй азизон, қасд нагиред, монед, ки Худо хашмашро фурӯ резад,+ чунки навишта шудааст: «“Қасос аз ман аст, ман сазо медиҳам”,— мегӯяд Яҳува».+ 20  Аммо, «агар душманат гушна бошад, ӯро сер кун, агар ташна бошад, ба ӯ об деҳ, зеро бо ин рафторат бар сари ӯ лахчаҳои оташ ҷамъ меорӣ»*.+ 21  Бо бадӣ мағлуб нашав, балки бадиро бо некӣ мағлуб кун.+

Поварақҳо

Ё «замона». Ниг. ба луғат, ба калимаи «замона».
Ё «насиҳат мекунад».
Ё «тақсим мекунад».
Ё «роҳбарӣ мекунад».
Ё «бериё».
Ё «Дар кори худ сустӣ накунед».
Ё «Дар пеши назари ҳама аз пайи некӣ бошед».
Ё «соз гиред».
Чунин рафтор метавонад дили шахсро нарм кунад, ҳамон тавре ки гармии лахчаҳо оҳанро об мекунад.