Ёдбуди ҳазрати Исо
Душанбе, 22 марти 2027
Шоҳидони Яҳува ҳар сол ёдбуди ҳазрати Исоро қайд мекунанд, чунки худи ӯ ба пайравонаш чунин амр дода буд: «Инро барои ёдоварии ман ба ҷо оваред» (Луқо 22:19).
Мо шуморо ба ин чорабинӣ даъват мекунем.
Саволҳое, ки зуд-зуд дода мешаванд
Ба ин чорабинӣ кӣ омада метавонад?
Ҳама хоҳишмандон. Бемалол ёру дӯстонатонро таклиф кунед ва аҳли оилаатонро бо худ гиред.
Ин чорабиниҳо чӣ қадар давом мекунанд?
Тақрибан як соат давом мекунад.
Ин чорабиниҳо дар куҷо мегузаранд?
Дар ин бора аз Шоҳидони Яҳуваи маҳаллатон фаҳмида метавонед.
Оё даромад пулакӣ аст?
Не.
Он ҷо аз ҳозирон пул ҷамъ мекунанд?
Не. Мо дар вохӯриҳои худ пул ҷамъ намекунем (Матто 10:8).
Оё сарулибоси махсус пӯшидан лозим аст?
Не, лекин Шоҳидони Яҳува либоси шоиставу хоксорона пӯшида, ба ин чорабинӣ эҳтиромашонро нишон медиҳанд.
Ёдбуди ҳазрати Исо чӣ хел мегузарад?
Он ҷо суханроние садо медиҳад, ки муҳим будани қурбонии ҳазрати Исоро қайд мекунад. Инчунин аз ин суханронӣ мо мефаҳмем, ки коре, ки Худо ва ҳазрати Исо карданд, ба мо чӣ фоида меорад. Маросим бо дуову суруд сар мешаваду тамом мешавад.
Шумо метавонед аз мақолаи «Чаро Шоҳидони Яҳува ёдбуди ҳазрати Исоро дигар хел қайд мекунанд?» дар бораи ин чорабинӣ маълумоти бештар гиред.
Шоми ёдбуди навбатӣ кай мешавад?
2027: душанбе, 22 март
2028: якшанбе, 9 апрел
2029: панҷшанбе, 29 март

