Гузаштан ба маводи асосӣ

Ҷамъомади Шоҳидони Яҳува

Дар бораи вохӯриҳои мо маълумот гиред ва ҷойи вохӯриеро, ки дар наздикии шумо мегузарад, фаҳмед.

Эълон вобаста ба коронавирус (КОВИД-19). Аз сабаби пандемия ҳама вохӯриҳои мо ба тариқи онлайн гузаронида мешаванд. Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр ба ин вохӯриҳо пайваст шудан мумкин аст, бо Шоҳидони Яҳува тамос гиред ё тугмачаи дар поён бударо зер кунед.

Ҷои ба худ наздикро ёбед (дар саҳифаи нав кушода мешавад)

Вохӯриҳои мо чӣ тавр мегузаранд?

Шоҳидони Яҳува дар як ҳафта ду бор барои ибодати Худо вохӯрӣ мегузаронанд (Ибриён 10:24, 25). Дар ин вохӯриҳо, ки ҳама хоҳишмандон иштирок карда метавонанд, мо Китоби Муқаддас ва чӣ тавр дар ҳаёт истифода бурдани маслиҳатҳои онро меомӯзем.

Бештари вохӯриҳои мо ба монанди муҳокимаи дарсҳои мактаб бо иштироки шунавандагон мегузаранд. Вохӯриҳо бо дуо ва суруд сар ва тамом мешаванд.

Барои ба вохӯриҳои мо ташриф овардан муҳим нест, ки шумо Шоҳиди Яҳува бошед. Мо ҳамаро ба он таклиф мекунем. Даромадан озод аст. Ҳеҷ ягон маблағ гирифта намешавад.