КИТОБИ МУҚАДДАС — ТАРҶУМАИ ДУНЁИ НАВ

Китоби Муқаддасро кӣ навишт?

тоҷикӣ
Китоби Муқаддасро кӣ навишт?
https://cms-imgp.jw-cdn.org/img/p/1001061100/univ/wpub/1001061100_univ_sqr_xl.jpg
nwt саҳ. 10

САВОЛИ 3

Китоби Муқаддасро кӣ навишт?

«Мӯсо тамоми суханони Яҳуваро навишт»

(2 Мӯсо 24:4).

«Дар соли якуми Балшасар, подшоҳи Бобил, Дониёл бар бистари худ хобе ва рӯъёҳое дид. Сипас ӯ хобро навишт; ӯ ҳар он чиро, ки дид, баён кард»

(Дониёл 7:1).

«Мо ҳамеша Худоро шукргузорӣ мекунем, зеро, вақте шумо каломи Худоро аз даҳони мо шунидед, онро на чун сухани одамизод, балки чун каломи Худо қабул кардед, ки он, дар ҳақиқат, ҳамин хел аст»

(1 Таслӯникиён 2:13).

«Тамоми Навиштаҳо аз Худо илҳом ёфтаанд ва барои таълим... фоиданоканд»

(2 Тимотиюс 3:16).

«Пешгӯйӣ ҳеҷ гоҳ бо хости одамизод ба забон оварда нашудааст, балки одамон бо роҳнамоии рӯҳи муқаддас, аз ҷониби Худо, сухан гуфтаанд»

(2 Петрус 1:21).