КИТОБИ МУҚАДДАС — ТАРҶУМАИ ДУНЁИ НАВ

Чӣ тавр дӯсти Худо шавем?

тоҷикӣ
Чӣ тавр дӯсти Худо шавем?
https://cms-imgp.jw-cdn.org/img/p/1001061100/univ/wpub/1001061100_univ_sqr_xl.jpg
nwt саҳ. 32-33

САВОЛИ 18

Чӣ тавр дӯсти Худо шавем?

«Эй Шунавандаи дуоҳо, ҳар гуна инсон сӯйи ту хоҳад омад»

(Забур 65:2).

«Ба Яҳува бо тамоми дилат таваккал намо ва ба ақли худ такя накун. Дар ҳама роҳҳоят ӯро пеши назар дор ва ӯ роҳҳоятро ҳамвор хоҳад кард»

(Панднома 3:5, 6).

«Барои ҳаёти ҷовидонӣ ёфтан бояд ки туро, Худои ягонаи ҳақиқиро, ва фиристодаат Исои Масеҳро бишносанд»

(Юҳанно 17:3).

«[Худо] аз ҳеҷ кадоми мо дур нест»

(Корнома 17:27).

«Ман ҳамеша дуо мегӯям, ки муҳаббати шумо бо дониши дақиқ ва фаҳму фаросат торафт зиёд шавад»

(Филиппиён 1:9).

«Агар касе дар байни шумо аз хирад камӣ дошта бошад, бигзор пайваста аз Худо хирад пурсад ва ба вай дода мешавад, зеро Худо ба ҳама бо дасти кушод ва бе таъна медиҳад»

(Яъқуб 1:5).

«Ба Худо наздик шавед ва ӯ ба шумо наздик мешавад. Дастҳои худро бишӯед, эй гунаҳкорон, ва дилҳои худро пок созед, эй дудилагон»

(Яъқуб 4:8).

«Муҳаббат ба Худо ин аст, ки амрҳои ӯро ба ҷо орем, ва амрҳои ӯ гарон нестанд»

(1 Юҳанно 5:3).