Пандгӯ 4:1-16

  • Марг беҳ аз ситам кашидан (1–3)

  • Як мушт роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмат (4–6)

  • Қадру қимати дӯст (7–12)

    • Ду нафар беҳ аз як нафар (9)

  • Умри подшоҳ низ ҳеҷ аст (13–16)

4  Ман боз ба тамоми зулму ситами зери осмон назар андохтам ва ашки ситамкашонро дидам, ки тасаллибахше надоштанд.+ Ситамгарони онҳо дорои қувват буданд ва онҳо тасаллибахше надоштанд.  Он гоҳ ба худ гуфтам: «Хушбахтанд мурдагон, зеро ҳолашон аз зиндагон беҳтар аст».+  Вале назар ба онҳо ҳоли касе, ки таваллуд наёфтааст, беҳтар аст,+ зеро ӯ корҳои ғамангези зери осмонро надидааст.+  Ман дидам, ки заҳмату ҳунармандии бисёр аз рақобат миёни одамон сар мезанад.+ Ин ҳам ҳеҷу пуч ва аз паси шамол давидан* аст.  Аблаҳ дасташро дар бағал карда мешинад ва ҷисмаш пажмурда мешавад.+  Як мушт роҳат беҳ аз ду мушти пур аз заҳмату аз паси шамол давидан*.+  Ман боз ба чизи дигари зери осмон назар кардам, ки он ҳам ҳеҷу пуч буд:  шахси танҳову бекасе ҳаст, ки на писару на бародар дорад, вале заҳматаш поён надорад. Чашмаш аз боигарӣ сер намешавад.+ Оё ӯ аз худ мепурсад: «Барои кӣ ин қадар заҳмат мекашам ва худро аз нозу неъмати зиндагӣ маҳрум месозам?»+ Ин ҳам ҳеҷу пуч ва кори ғамангез аст.+  Ду нафар беҳ аз як нафар,+ зеро барои заҳматашон мукофоти хубе ҳаст*, 10  ва, агар яке афтад, дигарӣ ба вай ёрдам медиҳад, ки ба по хезад. Аммо, вақте шахси танҳо афтад, кӣ ба вай дасти ёрӣ дароз мекунад? 11  Ғайр аз ин, агар ду нафар бихобанд, гарм мешаванд, аммо як нафар чӣ тавр гарм шавад? 12  Агар кас танҳо бошад, шахсе бар вай дастболо шуда метавонад, вале ду нафар якҷоя ба вай зиддият карда метавонанд. Риштаи сетоба ба зудӣ* канда намешавад. 13  Бачаи камбағали хирадманд беҳ аз подшоҳи пири аблаҳ,+ ки дигар ба огоҳиҳо гӯш намедиҳад,+ 14  зеро он бача аз зиндон барои подшоҳӣ кардан баромадааст,+ ҳарчанд дар подшоҳии он пирамард камбағал таваллуд шудааст.+ 15  Ман ба ҳамаи зиндагоне, ки зери осмон роҳ мераванд, назар андохтам ва ба вориси ҷавоне, ки ба ҷойи дигар кас меояд, назар кардам. 16  Тарафдоронаш бисёр бошанд ҳам, онҳое, ки баъдтар меоянд, аз ӯ норозӣ мешаванд.+ Ин ҳам ҳеҷу пуч ва аз паси шамол давидан* аст.

Поварақҳо

Яъне кори беҳуда кардан.
Яъне кори беҳуда кардан.
Ё «зеро аз меҳнаташон фоидаи бештаре ҳаст».
Ё «ба осонӣ».
Яъне кори беҳуда кардан.