Ошкорсозӣ 7:1-17

  • Чор фаришта бодҳоро нигоҳ медоранд (1–3)

  • 144 000 нафар муҳр зада мешаванд (4–8)

  • Мардуми сершумор бо либоси сафед дар тан (9–17)

7  Пас аз ин ман чор фариштаеро дидам, ки дар чор гӯшаи замин истода, чор боди заминро маҳкам медоштанд, то ягон бод ба замин, баҳр ва дарахте навазад.  Сипас фариштаи дигареро дидам, ки аз тарафи офтоббаро* мебаромад ва дар даст муҳри Худои зиндаро дошт. Ӯ ба чор фариштае, ки иҷозат доранд ба замину баҳр зарар расонанд, бо овози баланд  гуфт: «То даме ки ба пешонии+ бандагони Худои мо муҳр назанем,+ ба замин, баҳр ё ба дарахтон зарар нарасонед».  Ман шунидам, ки шумораи касоне, ки муҳр зада шудаанд, 144 000 нафар+ буд. Онҳо аз ҳар қабилаи писарони Исроил+ буданд:  аз қабилаи Яҳудо 12 000,аз қабилаи Реубен 12 000,аз қабилаи Ҷод 12 000,  аз қабилаи Ошер 12 000,аз қабилаи Нафтолӣ 12 000,аз қабилаи Менашше+ 12 000,  аз қабилаи Шимъӯн 12 000,аз қабилаи Левӣ 12 000,аз қабилаи Иссокор 12 000,  аз қабилаи Забулун 12 000,аз қабилаи Юсуф 12 000ва аз қабилаи Бинёмин 12 000.  Баъд аз ин ман нигоҳ кардам ва дар пеши тахт ва Барра мардуми сершумореро дидам, ки аз ҳар миллат, қабила, халқ ва забонҳо+ буданд ва онҳоро ҳеҷ кас ҳисоб карда наметавонист. Онҳо дар тан либосҳои дарози сафед+ ва дар даст шохаҳои нахл доштанд+ 10  ва бо овози баланд чунин хитоб мекарданд: «Наҷот аз ҷониби Худои мо, ки бар тахт нишастааст,+ ва аз ҷониби Барра аст!»+ 11  Ҳамаи фариштагон дар гирди тахт, пирон+ ва чор ҷонзод меистоданд. Онҳо дар пеши тахт зону зада, ба Худо саҷда карданд ва 12  чунин гуфтанд: «Омин! Худои моро то абад ситоиш, ҷалол, хирад, шукр, иззат, қудрат ва қувват бод!+ Омин». 13  Он гоҳ яке аз пирон аз ман пурсид: «Ин одамоне, ки либосҳои дарози сафед доранд,+ кистанд ва аз куҷо омадаанд?» 14  Ман ҳамон дам ба ӯ ҷавоб додам: «Тақсир, ту беҳтар медонӣ». Ӯ ба ман гуфт: «Инҳо касонеянд, ки аз азоби азим гузаштаанд+ ва либосҳои худро бо хуни Барра шуста, сафед кардаанд.+ 15  Бинобар ин онҳо дар пеши тахти Худо меистанд ва шабу рӯз дар ибодатгоҳи ӯ хизмат мекунанд. Нишинандаи тахт+ бошад, хаймаашро бар онҳо паҳн хоҳад кард.+ 16  Онҳо дигар гушнаву ташна намемонанд ва аз офтоби сӯзону ҳар гуна гармии тоқатфарсо дар амон мешаванд,+ 17  зеро Барра,+ ки дар пеши* тахт истодааст, онҳоро чӯпонӣ хоҳад кард+ ва сӯйи чашмаҳои оби ҳаёт роҳнамоӣ хоҳад намуд.+ Он вақт Худо ҳар ашкро аз чашмони онҳо пок хоҳад кард».+

Поварақҳо

Ё «шарқ».
Ё «байни».