Корнома 7:1-60

  • Суханронии Истефанус (1–53)

    • Аз Иброҳим то Юсуф (2–16)

    • Роҳбарии Мӯсо; бутпарастии Исроил (17–43)

    • Худо дар хонаҳои сохтаи одам зиндагӣ намекунад (44–50)

  • Сангсор шудани Истефанус (54–60)

7  Он гоҳ саркоҳин аз ӯ пурсид: «Оё ин гапҳо ростанд?»  Истефанус дар ҷавоб гуфт: «Эй бародарон ва падарон, ба суханонам гӯш диҳед. Худои пурҷалол ба бобоямон Иброҳим, ҳангоме ки ӯ дар Байнаннаҳрайн буд, яъне пеш аз он ки дар Ҳоррон+ ҷой гирад, намудор шуда,  гуфт: “Аз замини худ, аз назди хешу таборат, баромада, ба замине, ки ман ба ту нишон медиҳам, равона шав”.+  Он гоҳ Иброҳим аз замини калдониён берун омада, дар Ҳоррон ҷо гирифт. Пас аз он ки падараш аз олам чашм пӯшид,+ Худо ӯро аз он ҷо ба ин замине, ки шумо ҳоло дар он зиндагӣ доред, кӯчонид.+  Аммо ӯ ба Иброҳим аз он замин як ваҷаб ҳам мерос надод, балки ваъда дод, ки ин заминро ба ӯ ва баъди ӯ ба наслаш медиҳад,+ ҳарчанд он вақт ӯ фарзанде надошт.  Ғайр аз ин, Худо гуфт, ки насли ӯ дар замини бегона ғариб мешаванд ва мардуми он ҷо онҳоро ба муддати 400 сол ғулом гардонда, азоб медиҳад.+  “Вале ман халқеро, ки онҳоро ғулом кардааст, доварӣ мекунам,+— гуфт Худованд.— Баъд аз ин онҳо берун омада, дар ин ҷо ба ман хизмат мекунанд”.+  Худо ҳамчунин бо Иброҳим аҳде баста, онро бо хатна муҳр зад.+ Пас аз ин аз Иброҳим Исҳоқ+ ба дунё омад ва ӯ рӯзи ҳаштум хатна карда шуд.+ Аз Исҳоқ Яъқуб ба дунё омад*, аз Яъқуб бошад, 12 сарқабила.  Он сарқабилаҳо аз рашку ҳасад Юсуфро+ ба Миср фурӯхтанд,+ вале Худо бо ӯ буд+ 10  ва ӯро аз ҳамаи азобҳояш халос кард. Худо ба ӯ хирад бахшид ва дили фиръавн, подшоҳи Мисрро, ба ӯ гарм кард. Аз ин рӯ фиръавн ӯро бар Миср ва бар тамоми хонадонаш ҳукмфармо кард.+ 11  Аммо дар тамоми Миср ва Канъон балои азим — гушнагӣ, сар зад. Он вақт бобоёни мо чизе барои хӯрдан ёфта наметавонистанд.+ 12  Чун Яъқуб шунид, ки дар Миср хӯрокворӣ* ҳаст, бори аввал бобоёни моро ба он ҷо фиристод.+ 13  Вақте ки онҳо бори дуюм ба Миср рафтанд, Юсуф кӣ будани худро ба бародаронаш маълум кард ва фиръавн дар бораи оилаи Юсуф хабар ёфт.+ 14  Он гоҳ Юсуф кас фиристода, падараш Яъқуб ва тамоми хешовандонашро, ки 75 нафар буданд,+ аз Канъон назди худ даъват намуд.+ 15  Яъқуб ба Миср рафт+ ва дар он ҷо аз олам гузашт.+ Бобоёни мо низ дар он ҷо вафот карданд+ 16  ва онҳоро ба Шакем бурда, дар қабре, ки Иброҳим дар Шакем аз писарони Ҳамӯр пул* дода харида буд, гузоштанд.+ 17  Баробари наздик омадани вақти иҷро шудани ваъдае, ки Худо ба Иброҳим дода буд, халқ дар Миср меафзуд ва сершумор мешуд, 18  то даме ки дар он ҷо подшоҳи дигаре ба тахт нишаст, ки Юсуфро намешинохт.+ 19  Ӯ бар зидди халқи мо макру ҳиларо ба кор бурд ва падаронро маҷбур кард, ки аз кӯдакони навзоди худ даст кашанд, то онҳо зинда намонанд.+ 20  Дар ин вақт Мӯсо ба дунё омад. Ӯ ҳусни худодод дошт* ва то семоҳагӣ дар хонаи падараш парвариш ёфт.+ 21  Аммо, вақте падару модараш маҷбур шуданд, ки ӯро партоянд,+ духтари фиръавн ӯро гирифта, писари худаш барин калон кард.+ 22  Аз ин рӯ ба Мӯсо тамоми хиради мисриёнро таълим доданд. Ӯ дар сухан моҳир ва дар амал бузург буд.+ 23  Вақте ки синну соли ӯ ба 40 расид, аз дилаш гузашт, ки бародарони худ — писарони Исроилро, хабар гирад.+ 24  Вақте Мӯсо дид, ки мисрие ба яке аз бародаронаш ситам мекунад, ӯро пуштигирӣ карда, он мисриро зарба зад ва қасди он исроилиро аз ӯ гирифт. 25  Ӯ гумон кард, ки бародаронаш мефаҳманд, ки Худо ба воситаи ӯ онҳоро наҷот дода истодааст, вале онҳо инро нафаҳмиданд. 26  Рӯзи дигар Мӯсо назди бародаронаш омада, дид, ки ду нафар ҷанг карда истодаанд, ва онҳоро оштӣ доданӣ шуда гуфт: “Чаро якдигарро озор медиҳед? Охир, шумо бародаред”. 27  Вале он кӣ бародарашро озор медод, Мӯсоро тела карда гуфт: “Кӣ туро бар сари мо ҳоким ва довар мондааст? 28  Чӣ, мехоҳӣ маро низ бикушӣ, чуноне ки дирӯз он мисриро куштӣ?” 29  Ҳамин ки Мӯсо ин гапро шунид, аз он ҷо гурехта, дар замини Мидён мусофир шуд ва дар он ҷо соҳиби ду писар гашт.+ 30  Аз байн 40 сол гузашт ва рӯзе дар биёбони назди кӯҳи Сино, дар шуълаи хорбуттаи фурӯзон, ба ӯ фариштае намудор гашт.+ 31  Мӯсо инро дида дар ҳайрат монд. Аммо, вақте ки барои хубтар дидани хорбутта наздик омад, овози Яҳуваро шунид: 32  “Ман Худои бобоёнат — Худои Иброҳим, Исҳоқ ва Яъқуб, ҳастам”.+ Мӯсо аз тарс ба ларза омад ва дигар ҷуръат накард, ки ба бутта нигоҳ кунад. 33  Яҳува суханашро давом дода гуфт: “Попӯшатро бикаш, зеро ҷое, ки ту дар он истодаӣ, замини пок аст. 34  Ман зулму ситами халқамро дар замини Миср дидам, оҳу нолаи онҳоро шунидам+ ва барои халос кардани онҳо фуруд омадам. Акнун, биё, ман туро ба Миср мефиристам”. 35  Ҳамон Мӯсоро, ки онҳо рад карда “кӣ туро ҳоким ва довар мондааст?”+ гуфта буданд, Худо ба воситаи фаришта, ки дар хорбутта ба ӯ намудор шуд, чун ҳоким ва халосгар фиристод.+ 36  Ӯ дар Миср, дар баҳри Сурх+ ва дар давоми 40 сол+ дар биёбон муъҷизоту аломатҳо+ нишон дода, онҳоро аз Миср берун овард.+ 37  Ин ҳамон Мӯсоест, ки ба писарони Исроил гуфта буд: “Худо аз байни бародаронатон пайғамбаре мисли ман ба миён меорад”.+ 38  Ин ҳамон касест, ки бо фаришта+ дар кӯҳи Сино гап зада буд.+ Ӯ ҳамроҳи он фаришта ва ҳамроҳи бобоёнамон дар биёбон, дар миёни халқи Исроил, буд ва суханони зиндаву муқаддасро шунида, ба мо расонд.+ 39  Бобоёни мо ба ӯ итоат кардан нахостанд, балки ӯро рад карданд+ ва дар дил орзуи ба Миср+ баргаштанро парварида 40  ба Ҳорун гуфтанд: “Барои мо худоёне бисоз, ки пешопешамон бираванд, зеро мо намедонем, ки бо ин Мӯсо, ки моро аз Миср берун овард, чӣ шудааст”.+ 41  Ҳамин тавр, онҳо дар он рӯзҳо гӯсола сохта, ба бут қурбонӣ оварданд ва аз чизи сохтаашон хурсанд шуданд.+ 42  Барои ҳамин Худо аз онҳо рӯ гардонд ва онҳоро ба ҳоли худ гузошт, то ҷирмҳои осмониро парастиш кунанд,+ чи хеле ки дар Навиштаҳои пайғамбарон гуфта шудааст: “Эй хонадони Исроил, 40 соле, ки шумо дар биёбон будед, магар ба ман ҳадияву қурбониҳо овардед? 43  Не, шумо хаймаи Малук+ ва ситораи худои Римфон, бутҳоеро, ки барои парастиш сохта будед, бардошта мегаштед. Аз ин рӯ ман шуморо ба Бобил ва аз он ҳам дуртар бадарға мекунам”.+ 44  Дар биёбон бобоёни мо хаймаи шаҳодат доштанд, хаймае, ки Худо ба Мӯсо дастур дода гуфта буд, ки онро аз рӯйи намунаи дидааш бисозад.+ 45  Бобоёни мо он хаймаро гирифта, ҳамроҳи Юшаъ ба замини халқҳо, ки Худо онҳоро аз пеши бобоёнамон дур карда буд,+ оварданд+ ва он то замони Довуд дар он ҷо монд. 46  Довуд, ки ризои Худоро соҳиб шуда буд, аз Худои Яъқуб хоҳиш кард, ки барояш хонае созад.+ 47  Вале хонаро барои ӯ Сулаймон сохт,+ 48  ҳарчанд Худои Таоло дар хонаҳое, ки дасти одам сохтааст, зиндагӣ намекунад,+ чуноне ки пайғамбар дар бораи Ӯ мегӯяд: 49  “Осмон тахти ман+ ва замин қадамгоҳи* ман аст.+ Пас, шумо барои ман чӣ гуна хонае месозед? — мегӯяд Яҳува.— Ё дар куҷо бароям макони осоише муҳайё менамоед? 50  Оё ҳамаи ин чизҳоро дасти ман насохтааст?”+ 51  Эй мардуми гарданшаху кӯрдилу гапношунав!* Шумо низ мисли бобоёнатон ҳамеша ба рӯҳи муқаддас муқобилат мекунед.+ 52  Кадоме аз пайғамбаронро бобоёни шумо озор надодаанд?!+ Бале, бобоёни шумо онҳоеро, ки омадани он росткорро пешгӯйӣ мекарданд, куштанд.+ Шумо бошед, чанде пеш ӯро ба марг таслим карда, куштед.+ 53  Шумо Шариатро, ки ба воситаи фариштагон дода шуд, қабул кардед,+ аммо аз риояи он гардан тофтед». 54  Ин суханонро шунида онҳо бениҳоят ба ғазаб омаданд ва ба ӯ нигоҳ карда, дандонҳояшонро ба ҳам соидан гирифтанд. 55  Аммо Истефанус, ки аз рӯҳи муқаддас пур буд, ба осмон нигариста, ҷалоли Худо ва Исоро, ки аз тарафи рости Худо+ меистод, диду 56  чунин гуфт: «Ман осмони кушода ва Фарзанди одамро мебинам,+ ки аз дасти рости Худо истодааст».+ 57  Он гоҳ онҳо бо тамоми овоз дод зада, гӯшҳояшонро маҳкам карданд ва ҳамакаса ба ӯ дарафтоданд. 58  Онҳо ӯро аз шаҳр берун бароварда, сангсор карданд.+ Шоҳидон+ ҷомаҳояшонро пеши пойи Шоул ном ҷавоне гузоштанд.+ 59  Вақте ки Истефанусро сангсор мекарданд, ӯ аз Исо хоҳиш кард: «Исо, Ҳазратам, ҳаётамро* ба дасти ту месупорам». 60  Баъд зону зада, бо овози баланд нидо кард: «Яҳува, онҳоро барои ин гуноҳашон ҷазо надеҳ».+ Инро гуфту ба хоби марг рафт.

Поварақҳо

Ё, эҳтимол, «Исҳоқ низ Яъқубро хатна кард».
Ё «ғалла».
Ё «нуқра».
Ё «дар назари Худо зебо буд».
Ё «курсии зери пойи».
Ё «Эй мардуми гарданшах, ки дилу гӯшҳоятон хатна нашудааст!»
Ё «рӯҳамро». Ниг. ба луғат, ба калимаи «рӯҳ».