Забур 15:1-5

  • Кист, ки дар хаймаи Яҳува меҳмон шавад?

    • Касе, ки дар дилаш ростқавл бошад (2)

    • Касе, ки туҳмат намекунад (3)

    • «Қасамаш бар зарараш бошад ҳам, аз он намегардад» (4)

Таронаи Довуд. 15  Кист, эй Яҳува, ки дар хаймаи ту меҳмон шавад? Кист, ки дар кӯҳи муқаддаси ту сокин гардад?+   Касе, ки дар беайбӣ роҳ равад,+Росткор бошад+Ва дар дилаш ростқавл бошад.+   Ӯ туҳматро ба забон намеорад,+Ба ёраш бадӣ намекунад+Ва обрӯйи дӯстонашро намерезонад*.+   Аз палидон даргурез аст,+Вале тарсгорони Яҳуваро иззат мекунад. Қасамаш бар зарараш бошад ҳам, аз он намегардад.+   Пулашро ба фоида намедиҳад+Ва барои айбдор кардани бегуноҳ пора намегирад.+ Касе, ки чунин мекунад, побарҷо хоҳад буд.+

Поварақҳо

Ё «Ва дӯстонашро шарманда намекунад».