Айюб 1:1-22

  • Беайбии Айюб ва боигарии ӯ (1–5)

  • Шайтон Айюбро туҳмат карда мегӯяд, ки ниятҳояш пок нестанд (6–12)

  • Айюб дороии худ ва фарзандонашро аз даст медиҳад (13–19)

  • Айюб Худоро айбдор намекунад (20–22)

1  Дар замини Ус марде буд, ки Айюб*+ ном дошт. Ӯ марди беайбу росткор+ ва худотарс буд ва аз бадӣ дур мешуд.+  Ӯ соҳиби ҳафт писар ва се духтар буд.  Чорвои ӯ аз 7000 гӯсфанд, 3000 шутур, 1000 гов* ва 500 модахар иборат буд ва ӯ соҳиби ғуломони бисёре буд, ба тавре ки дар байни мардуми Шарқ бузургтарин шахс гашт.  Писаронаш дар хонаҳои худ ба навбат, ҳар кадоме дар рӯзи худ, базм меоростанд ва се хоҳари худро даъват мекарданд, то бо онҳо бихӯранду бинӯшанд.  Баъд аз он ки давраи рӯзҳои базмашон ба охир мерасид, Айюб кас фиристода, фарзандонашро даъват мекард, то онҳоро пок созад. Баъд ӯ саҳари барвақт хеста, барои ҳар кадомашон қурбонии сӯхтанӣ пешкаш мекард,+ зеро мегуфт: «Шояд, писаронам гуноҳ карда, дар дили худ дар ҳаққи Худо куфр гуфта бошанд». Айюб ҳама вақт ҳамин тавр мекард.+  Рӯзе фаро расид, ки писарони Худо*+ омаданд, то дар пеши Яҳува ҳозир шаванд.+ Шайтон+ низ бо онҳо дар пеши Худо ҳозир шуд.+  Яҳува ба Шайтон гуфт: «Аз куҷо омадӣ?» Шайтон ба Яҳува ҷавоб дод: «Аз давр задан бар замин ва гаштугузор кардан бар он».+  Яҳува ба Шайтон гуфт: «Оё ба бандаи ман Айюб диққат додӣ? Мисли ӯ касе дар тамоми замин нест. Ӯ марди беайбу росткор+ ва худотарс аст ва аз бадӣ дур мешавад».  Шайтон ба Яҳува ҷавоб гардонда гуфт: «Магар Айюб беҳуда аз Худо метарсад?+ 10  Магар ту барои ӯ, барои хонааш ва ҳар чизе, ки дорад, гирдогирд ҳисор насохтаӣ*?+ Ту амали дастҳои ӯро баракат додаӣ+ ва чорвои ӯ дар рӯйи замин паҳн шудааст. 11  Аммо дасти худро дароз карда, ба ҳар он чӣ ӯ дорад, бизан, он гоҳ мебинӣ, ки ӯ туро рӯирост дашном медиҳад». 12  Яҳува ба Шайтон гуфт: «Инак, ҳар он чӣ ӯ дорад, дар дасти туст. Фақат ба худаш даст нарасон!» Шайтон аз пеши Яҳува берун рафт.+ 13  Дар рӯзе ки писарон ва духтарони Айюб дар хонаи бародари калониашон хӯрок мехӯрданду шароб менӯшиданд,+ 14  хабаррасоне назди Айюб омад ва гуфт: «Говҳо ҷуфт мекарданд ва харҳо дар наздикии онҳо мечариданд ки, 15  мардуми Сабо ҳамла оварда, онҳоро гирифтанд ва хизматгоронатро бо шамшер куштанд. Танҳо ман халос шудам ва омадам, то ба ту хабар расонам». 16  Ҳанӯз ӯ гап мезад ки, дигаре омада, гуфт: «Оташе аз сӯйи Худо, аз осмон, фурӯ рехта*, гӯсфандон ва хизматгоронатро сӯзонд! Танҳо ман халос шудам ва омадам, то ба ту хабар расонам». 17  Ҳанӯз ӯ гап мезад ки, дигаре омада, гуфт: «Калдониён+ се даста шуда, ба шутурон ҳамла оварданду онҳоро гирифтанд. Онҳо хизматгоронатро бо шамшер куштанд. Танҳо ман халос шудам ва омадам, то ба ту хабар расонам». 18  Ҳанӯз ӯ гап мезад ки, боз дигаре омада, гуфт: «Писарон ва духтаронат дар хонаи бародари калониашон хӯрок мехӯрданду шароб менӯшиданд. 19  Ногоҳ шамоли сахте аз тарафи биёбон вазид ва чор кунҷи хонаро фаро гирифт ва хона бар сари фарзандонат чаппа шуд ва онҳо мурданд. Танҳо ман халос шудам ва омадам, то ба ту хабар расонам». 20  Он гоҳ Айюб аз ҷояш хеста, либоси худро чок заду мӯйсарашро гирифт ва бар замин афтода саҷда бурд 21  ва гуфт: «Аз шиками модарам луч ба дунё омадам,луч меравам.+ Яҳува дод,+ Яҳува гирифт. Номи Яҳува муборак бод!» 22  Дар ҳамаи ин Айюб гуноҳе накард ва Худоро дар ягон кори бад айбдор нанамуд.

Поварақҳо

Эҳтимол, маънояш «он кӣ бо вай душманӣ доранд» мебошад.
Ё «500 ҷуфт гов».
Ибораи иброние, ки дар ин ҷо «писарони Худо» тарҷума шудааст, ба фариштагон ишора мекунад.
Ё «Магар ту худи ӯ, хонаи ӯ ва ҳар он чизеро, ки ӯ дорад, нигаҳбонӣ намекунӣ?»
Ё, эҳтимол, «Аз осмон барқ фурӯ рехта».