Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба ҳамимононе, ки аз ҳамсарашон ҷудо шудаанд, кӯмак кунед. Чӣ тавр?

Ба ҳамимононе, ки аз ҳамсарашон ҷудо шудаанд, кӯмак кунед. Чӣ тавр?

Шояд шумо касеро ё эҳтимол чанд нафареро мешиносед, ки аз ҳамсарашон ҷудо шудаанд. Сабаб дар он аст, ки ҷудошавӣ проблемаи хеле паҳншуда аст. Масалан, таҳқиқоте, ки дар мамлакати Полша гузаронида шуд, эҳтимолияти калонро ошкор сохт, ки одамони синну солашон қариб 30-сола, ки муддати 3–6 сол оиладоранд, ҷудо мешаванд ва ин на танҳо дар байни шахсони чунин синну сол рӯй дода истодааст.

Созмон оиди муносибатҳои оилавӣ дар Испания чунин ҳисобот медиҳад, ки аз рӯи статистика «[дар Аврупо] нисфи одамоне, ки издивоҷ мекунанд, ҷудо мешаванд». Дар дигар давлатҳои тараққикарда низ вазъият чунин аст.

ЗЕРИ ФИШОРИ ЭҲСОСОТИ МАНФӢ

Ҷудошавӣ аз ҳамсар ба кас чӣ гуна таъсир мекунад? Як мутахассиси соҳаи оила аз Аврупои Шарқӣ аз таҷрибаи худ мегӯяд: «Вайрон шудани ақди никоҳ ин воқеае мебошад, ки муносибатҳои аллакай вайроншудаи зану шавҳарро қонунӣ мегардонад. Ҷудошавии ҳамсарон бо худ дарди сахти эмотсионалӣ меорад». Ӯ ҳамчунин мегӯяд: «Шахсоне, ки аз ҳамсар ҷудо мешаванд, зери фишори ҳиссиёти гуногун, ба монанди хашм, алам, норозигӣ, зиқиву ноумедӣ ва шарму изо қарор мегиранд. Баъзан аз чунин ҳиссиёт дар сари кас фикри худкушӣ пайдо мешавад. Баъди он ки суд ақди никоҳи ҳамсаронро бекор мекунад, марҳилаи навбатӣ сар мешавад. Шахси ҷудошуда метавонад худро беқадр ва партофташуда ҳис карда, ба чунин фикр дода шавад: «Ҳозир, ки ман аз ҳамсарам ҷудо шудам, ман ҳеҷам. Зиндагии ман акнун маъное надорад?»

Эва ном хоҳар ба хотир меорад, ки чанд сол пеш чӣ гуна ҳиссиёт дошт: «Ман сахт изо мекашидам вақте ки ҳамсоягон ва ҳамкоронам баъди аз шавҳарам ҷудо шудан, маро байни худ “бева” гуфта ном мебурданд. Ин ба ман аламовар буд. Ман бо ду кӯдаки хурдам танҳо монда будам ва бояд барои онҳо ҳам модар ва ҳам падар мешудам» *. Адам ном бародар, ки тӯли 12 сол пири хуби ҷамъомад буд, дар бораи ҳиссиёте, ки баъди аз ҳамсараш ҷудо шудан дошт, мегӯяд: «Ҳисси худэҳтиромкунии ман чунон коста гашт, ки баъзан ман ба хашму ғазаб дода мешудам ва ҳеҷ касро дидан намехостам».

ДУШВОРИҲО ДАР БАРҚАРОР КАРДАНИ ҲОЛАТИ ЭМОТСИОНАЛӢ

Баъзе шахсони аз ҳамсарашон ҷудошуда бисёр хавотир мешаванд, ки акнун бо ҳаёти онҳо чӣ мешавад. Аз ин рӯ, ба онҳо баргаштан ба ҳолати пештараи эмотсионалӣ душвор буда метавонад. Онҳо шояд фикр кунанд, ки дигар одамон нисбаташон бепарвоянд. Ғайр аз ин, чӣ хеле ки як мухбири рӯзнома мегӯяд, ба онҳо акнун лозим аст, ки «одатҳои худро дигар кунанд ва мустақилона ҳал кардани проблемаҳояшонро ёд гиранд».

Станислав ба хотир меорад: «Вақте ки ману занам ҷудо шудем, вай намегузошт, ки ман ду духтарчаи хурдсоламро бинам. Аз ин ман хеле зиқ мешудам. Ман фикр мекардам, ки касе дар ҳаққи ман ғамхорӣ намекунад ва гӯё Яҳува низ маро тарк кардааст. Ман аз зиндагӣ дилхунук шудам. Баъди чанд вақт, ман дарк кардам, ки то чӣ андоза фикрҳои ман хато будаанд». Ванда ном хоҳар, ки ӯ ҳам дарди ҷудоиро чашидааст, ба ояндаи худ бо ноумедӣ менигарист. Ман фикр мекардам, ки бо гузашти вақт одамон, аз ҷумла ҳамимонон, ба ману фарзандонам ягон ғамхорӣ зоҳир нахоҳанд кард. Лекин, ман ҳозир мефаҳмам, ки то чӣ андоза бародарон нисбати мо ғамхору меҳрубон буданд ва барои дар роҳи Яҳува тарбия кардани фарзандонам ба ман кӯмак карданд».

Аз суханони шахсони дар боло овардашуда пай бурда метавонем, ки баъди ҷудошавӣ баъзеҳоро ҳиссиёти манфӣ фаро мегирад. Онҳо шояд худро беқадру нодаркор ҳис кунанд. Ҳамзамон, онҳо метавонанд инҷиқ гашта, нисбати одамони гирду атрофашон айбҷӯй гарданд. Дар натиҷа, дар онҳо чунин фикр пайдо шуда метавонад, ки ҷамъомад сарду номеҳрубон аст ва касе ба онҳо дилаш намесӯзад. Вале чӣ тавре ки Станислав ва Ванда аз таҷрибаи худ нақл мекунанд, шахсони аз ҳамсарашон ҷудошуда баъдтар шояд дарк мекунанд, ки бародарону хоҳарон дар асл нисбати онҳо хеле меҳрубону дилсӯз буданд. Дар ҳақиқат, ҳатто агар кӯмаки ҳамимонон дар аввал ба назарашон натобад ҳам, онҳо баъдтар мефаҳманд, ки ҳамимонон ба онҳо хеле хуб ғамхорӣ мекарданд.

ВАҚТЕ КИ ҲИССИ ТАНҲОӢ АЗОБ МЕДИҲАД

Дар хотир доред, ки бо вуҷуди кӯмаку ғамхориҳои самимии мо, ҳамимононе, ки аз ҳамсарашон ҷудо шудаанд, гоҳ-гоҳ ба ҳисси танҳоӣ дода мешаванд. Хусусан хоҳароне, ки издивоҷашон барҳам хӯрдааст, метавонанд чунин гумон кунанд, ки ҳеҷ кас дар бораи онҳо фикр намекунад. Алитсия ном хоҳар иқрор мешавад: «Аз вақти бо шавҳарам ҷудо шудан, ҳашт сол сипарӣ гашт. Вале ман то ҳол баъзан худро одами беқадру қиммат ҳис мекунам. Дар чунин ҳолатҳо мехоҳам аз ҳама пинҳон шуда, аз ғаму афсӯс бо овози баланд гиря кунам».

Албатта баъзан танҳо мондан ва гиристан ягон ҷои бадӣ надорад. Лекин Китоби Муқаддас насиҳат медиҳад, ки доим худро аз дигарон дур гирифтан аз рӯи хирад нест (Мас. 18:1). Фаҳмост, ки шахсони аз ҳамсарашон ҷудошуда танҳоиро ҳис мекунанд, лекин дар хотир бояд дошт, ки пайваста аз шахси ҷинси муқобил тасаллӣ ва маслиҳат ҷустан хатарнок буда метавонад. Зеро дар натиҷа, кас метавонад ҳиссиёти норавои ошиқона ва дилбастагӣ пайдо кунад.

Чӣ хеле ки дар боло гуфтем, бародарону хоҳароне, ки издивоҷашон барҳам хӯрдааст, метавонанд аз ҳиссиёти гуногун азоб кашанд: онҳо шояд дар бораи ояндаи худ ғам хӯранд, ҳисси танҳоӣ кашанд ё ҳатто ба чунин фикр дода шаванд, ки ба касе даркор нестанд. Мо бояд нисбати ин ҳамимонон фаҳмиш зоҳир кунем ва дарк намоем, ки чунин ҳиссиёт табиӣ аст ва бар онҳо ғолиб омадан осон нест. Хуб мебуд, агар мо ба Яҳува пайравӣ карда, чунин бародарону хоҳаронро содиқона дастгирӣ кунем (Заб. 54:23; 1 Пет. 5:6, 7). Мо боварӣ дошта метавонем, ки ҳар кӯмаке, ки ба онҳо мерасонем, хеле қадр карда хоҳад шуд. Дар ҳақиқат, онҳо дар ҷамъомад аз кӯмаку дастгирии дӯстони ҳақиқӣ баҳраманд шуда метавонанд! (Мас. 17:17; 18:24).

^ сарх. 6 Баъзе номҳо иваз шудаанд.