Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё шумо ба заифиҳои одамӣ бо чашми Яҳува менигаред?

Оё шумо ба заифиҳои одамӣ бо чашми Яҳува менигаред?

«Он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруртаранд» (1 ҚӮР. 12:22).

1, 2. Чаро Павлус ба нотавонон ҳамдардӣ зоҳир карда метавонист?

ҲАМАИ мо баъзан сусту бемадор мегардем. Рӯзҳое, ки мо бемор мешавем ва худро на он қадар хуб ҳис мекунем, шояд қувват надорем, ки корҳои ҳаррӯзаи худро ба ҷо орем. Вале фарз кунед, ки чунин ҳолат на танҳо як ҳафта ё ду ҳафта, балки моҳҳои дароз тӯл мекашид. Мо он гоҳ аз тарафи дигарон чӣ гуна муносибатро интизор мешудем? Бешубҳа, мо мехостем, ки онҳо нисбати мо бо фаҳмиш ва дилсӯзӣ муносибат кунанд.

2 Павлуси ҳавворӣ чӣ будани хастагӣ ва ҳатто заифиро хуб медонист, чунки ӯ ҳам аз берун ва ҳам дар даруни ҷамъомад бо фишор дучор мешуд. Борҳо ба назари ӯ чунин менамуд, ки барои мубориза бурдан дигар қувват надорад (2 Қӯр. 1:8; 7:5). Чун масеҳии содиқ вай дар ҳаёташ бисёр мушкилиҳоро аз сар гузаронида буд. Оиди онҳо мулоҳиза ронда, ӯ гуфт: «Касе беҳол шавад, ман беҳол намешавам?» (2 Қӯр. 11:29). Павлус аъзоёни гуногуни ҷамъомади масеҳиро ба узвҳои бадан монанд карда гуфт, ки «он узвҳои бадан, ки ба назар заифтар менамоянд, заруртаранд» (1 Қӯр. 12:22). Бо ин суханон ӯ чӣ гуфтан мехост? Чаро ба мо лозим аст, ки ба онҳое, ки ба назар заиф менамоянд, мисли Яҳува нигарем? Ва чунин рафтор чӣ манфиатҳо меорад?

НАЗАРИ ЯҲУВА БА ЗАИФИҲОИ ОДАМӢ

3. Аз кадом сабаб мо ба ҳамимонони худ назари манфӣ пайдо карда метавонем?

3 Дар ҷаҳони имрӯза бисёриҳо барои фоидаи худ аз одамони заифу нотавон сӯиистифода мебаранд. Онҳо фикр мекунанд, ки барои ба ягон муваффақият расидан кас бояд ҷавон ва зӯру тавоно бошад. Ин рӯҳияи ҷаҳон ба мо низ таъсир карда метавонад. Ва дар мо нисбати баъзе ҳамимононе, ки бисёр вақт мӯҳтоҷи ёрӣ мешаванд, назари манфӣ пайдо шуданаш мумкин аст. Пас, чӣ кор кунем, ки ба ҳар як аъзои ҷамъомад бо назари Яҳува нигоҳ карданро ёд гирем?

4, 5. а) Чӣ тавр мисоли дар 1 Қӯринтиён 12:21–23 овардашуда ба мо нуқтаи назари Яҳуваро оиди заифиҳои одамӣ ошкор мекунад? б) Ба заифон кӯмак расонда, мо чӣ манфиат мегирем?

4 Назари Яҳуваро оиди заифиҳои одамӣ мо аз мисоле, ки Павлус дар номаи якум ба Қӯринтиён оварда буд, мефаҳмем. Дар боби 12-уми он Павлус оиди бадани инсон сухан ронда қайд мекунад, ки ҳатто узвҳои заифтар ва ба назар камаҳмият дар ҷисми мо вазифаи муайянеро иҷро мекунанд. (1 Қӯринтиён 12:12, 18, 21–23-ро бихонед.) Ба ақидаи баъзе тарафдорони назарияи эволютсия узвҳои муайяни бадани инсон нодаркоранд. Вале натиҷаҳои таҳқиқи анатомияи инсон нишон медиҳанд, ки он қисмҳои бадан, ки як вақтҳо олимон нодаркор меҳисобиданд, дар асл дар фаъолияти организми мо вазифаҳои хеле муҳимро иҷро мекунанд *. Масалан, баъзеҳо ангушти хурди пойро узви нозарур меҳисобиданд, вале ҳоло олимон эътироф мекунанд, ки ангушти хурди поямон ба тамоми бадани мо ёрӣ медиҳад, ки ҳангоми рост истодан худро устувор нигоҳ дорем.

5 Мисоле, ки Павлус дар бораи бадани инсон овард, ба хубӣ нишон медиҳад, ки ҳар як аъзои ҷамъомади масеҳӣ шахси даркорӣ аст. Баръакси Шайтон, ки қадру қиммати одамро паст мезанад, Яҳува ҳар як хизматгорашро, аз ҷумла онҳоеро, ки ба назар заифтар метобанд, қадр мекунад ва даркорӣ меҳисобад (Айюб 4:18, 19). Ин фикр ҳар яки моро рӯҳбаланд месозад, зеро мо мефаҳмем, ки ҳам дар ҷамъомади худ ва ҳам дар ташкилоти умумиҷаҳонии Худо шахсони даркорӣ ҳастем. Масалан, лаҳзаеро ба хотир оред, ки чӣ тавр шумо ба шахси пиронсоле, ки барои роҳгардӣ ба ёрӣ мӯҳтоҷ буд, дасти худро дароз карда будед. Барои ҳамроҳи ӯ роҳ рафтан шояд ба шумо лозим омад, ки қадамҳои худро оҳистатар монед. Аз ин кӯмаки расонидаи шумо ӯ манфиат гирифт ва шумо низ худро даркорӣ ҳис карда будед. Бале, вақте ки мо ба дигарон дасти ёрӣ дароз мекунем, аз ин хурсандӣ мегирем ва дар худ хислатҳои пуртоқатӣ ва муҳаббатро инкишоф медиҳем. Дар натиҷа, мо масеҳиёни баркамол мегардем (Эфс. 4:15, 16). Яҳува мехоҳад, ки мо бародарону хоҳарони худро, ҳатто онҳоеро, ки заиф метобанд, қадр кунем. Агар ҳар яки мо чунин нуқтаи назар дошта бошем, мо нисбати ҳамимонон назари бомувозинатро нигоҳ медорем. Ин ба фазои дӯстонаи ҷамъомад мусоидат мекунад.

6. Чаро баъзан Павлус калимаҳои «нотавон» ва «тавоно»-ро истифода мебурд?

6 Рост аст, ки Павлус дар суханони ба қӯринтиён навиштааш аз калимаҳои зерин ба монанди «нотавонон» ва «заъф», ки маънои заифиро дорад, истифода бурдааст. Ӯ аз он сабаб ин калимаҳоро истифода бурд, ки баъзе беимонон ба масеҳиёни асри як чун ба нотавонон менигаристанд. Дар як мавриди дигар бошад, ӯ ҳиссиёташро баён карда, худро чун шахси заиф тасвир кард (1 Қӯр. 1:26, 27; 2:3) Павлус инчунин оиди баъзе масеҳиён сухан ронда, ба онҳо чун ба шахсони «тавоно» ишора мекард, вале ӯ дар назар надошт, ки онҳо аз дигар масеҳиён беҳтаранд (Рум. 15:1). Баръакс, ӯ гуфтан мехост, ки масеҳиёни нисбатан ботаҷриба бояд ба онҳое, ки дар роҳи ҳақиқат ҳоло чуқур реша надавондаанд, пуртоқат бошанд.

ОЁ БА МО ЛОЗИМ АСТ, КИ ТАРЗИ ФИКРРОНИАМОНРО ТАҒЙИР ДИҲЕМ?

7. Чаро ба нотавонон кӯмак расондан бароямон на ҳама вақт осон аст?

Вақте ки мо ба «бенаво», яъне ба шахсони нотавон ёрӣ медиҳем, мо Яҳуваро пайравӣ менамоем ва инчунин дили Ӯро хурсанд мекунем (Заб. 40:2; Эфс. 5:1). Лекин рости гап ба шахсони нотавон кӯмак кардан на ҳама вақт осон аст. Чаро? Шояд мо фикр кунем, ки азбаски ба рӯй додани проблемаҳояш шахс худаш айбдор аст, бигзор вазъиятро худаш ҳал кунад. Ё шояд мо аз сабаби он ки чӣ гуфтанамонро намедонем, барои рафтан ба назди ӯ ҷуръат намекунем ва аз ӯ худро дур мекашем. Лола *, хоҳаре, ки шавҳараш ӯро партофта рафт, нақл мекунад: «Агар ҳамимонон худро аз ту дур кашанд ё ҳамон тавре, ки ту аз дӯстони наздик интизор ҳастӣ, амал накунанд, ин аламовар буда метавонад. Вақте ки ту мушкилиҳоро аз сар мегузаронӣ, ту мехоҳӣ, ки дар наздат одамон бошанд». Шоҳ Довуд низ вақте ки дӯстонаш дар лаҳзаи тангӣ худро аз ӯ дур кашиданд, дарду алам ҳис карда буд (Заб. 30:13).

8. Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки нисбати ҳамимонон бештар дилсӯз бошем?

8 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки нисбати ҳамимононе, ки мӯҳтоҷи дастгирианд, дилсӯзии бештар зоҳир кунем? Дар ёд доред, ки бисёрии онҳо аз боиси беморӣ ё афсурдаҳолӣ (депрессия) азоб мекашанд ё дар оилаҳое зиндагӣ мекунанд, ки аъзоёнаш ҳамимони мо нестанд. Ба сари худи мо низ як рӯз не як рӯз чунин мушкилиҳо омаданашон мумкин аст. Масалан, дар бораи исроилиён мулоҳиза ронед. Онҳо дар Миср бисёр азоб кашида буданд, вале пеш аз даромадан ба Замини ваъдашуда Яҳува ба онҳо ёдрас кард, ки агар касе аз байни бародаронашон ба мушкилӣ афтад, онҳо набояд «дили худро сахт» кунанд. Яҳува аз исроилиён интизор буд, ки онҳо ба бенавоён ва нотавонон кӯмак кунанд (Такр. Ш. 15:7, 11; Ибд. 25:35–38).

9. Онҳое, ки бо душворӣ рӯ ба рӯ шудаанд, пеш аз ҳама ба чӣ гуна кӯмак ниёз доранд? Мисол оред.

9 Мо набояд саросемавор чунин фикр кунем, ки бародар ё хоҳар барои проблемааш худаш айбдор аст ё ӯро танқид кунем. Баръакс, мо бояд дар ин вақти нотавониаш ба ӯ кӯмак кунем (Айюб 33:6, 7; Мат. 7:1). Барои мисол, тасаввур кунед, ки мотосиклроне дар роҳ ба садама дучор мешавад ва ба зудӣ ба беморхона бурда мешавад. Оё он лаҳза духтурон бо ӯ муҳокима карда мешинанд, ки ба садама кӣ айбдор аст ва он чӣ тавр рӯй дод? Албатта не. Онҳо фавран ба ӯ ёрии тиббӣ мерасонанд. Ба ин монанд, агар ягон ҳамимонамон аз боиси проблемаҳои шахсиаш нотавон гардад, пеш аз ҳама мо бояд ӯро аз ҷиҳати рӯҳонӣ тасаллӣ диҳем ва дилбардорӣ кунем. (1 Таслӯникиён 5:14-ро бихонед.)

10. Чӣ тавр баъзе касоне, ки ба назар заиф метобанд, дар асл «дар имон» сарватманданд?

10 Агар мо лаҳзае истода, оиди вазъиятҳои ҳамимононамон мулоҳиза ронем, ин ба мо кӯмак мекунад, ки ба заифии онҳо аз тарафи дигар нигоҳ кунем. Масалан, тасаввур кунед, ки ба хоҳароне, ки аъзоёни оилаашон хизматгори Яҳува нестанд, то чӣ андоза душвор аст. Баъзеи онҳо шояд ба назар сусту беқувват тобанд, лекин дар асл онҳо имони пурзӯр доранд ва ботинан шахси бақувватанд. Вақте шумо мебинед, ки модари танҳое бо як ё якчанд фарзандаш ҳамеша дар вохӯриҳо ҳозир аст, оё имон ва иродаи қавии ӯ шуморо қоил намесозад? Ва дар бораи наврасоне, ки нигоҳ накарда ба фишори ҳамсинфону муаллимон дар роҳи ҳақиқат устувор мемонанд, чӣ гуфтан мумкин аст? Вақте мо фикр мекунем, ки он бародарону хоҳарон барои ба Яҳува хизмат кардан чӣ гуна душвориҳоро аз сар гузаронда истодаанд, мо ба онҳо на чун ба шахсони заифу нотавон, балки чун ба касоне, ки «дар имон» сарватманданд, менигарем (Яъқ. 2:5).

ТАРЗИ ФИКРРОНИИ ЯҲУВАРО АЗ ХУД КУНЕД

11, 12. а) Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки назари худро нисбати заифиҳое, ки ба одамон хосанд, тағйир диҳем? б) Мо аз тарзи муносибати Яҳува бо Ҳорун чӣ меомӯзем?

11 Мо бояд ба заифиҳои одамӣ ба мисли Яҳува нигоҳ кунем. Мисолҳои Китоби Муқаддас ба мо ёрдам медиҳанд, ки тарзи фикронии Яҳуваро аз бар кунем. (Забур 129:3-ро бихонед.) Масалан, фарз кунед, ки шумо ҳамроҳи Мусо мебошеду суханонеро, ки Ҳорун баъди сохтани гӯсолаи тиллоӣ барои сафед кардани худ мегӯяд, мешунавед. Он гоҳ шумо оиди сустии Ҳорун чӣ фикр мекардед? (Хур. 32:21–24). Ё шумо ба рӯҳияи Ҳорун чӣ гуна баҳо медодед вақте ки ӯ зери таъсири хоҳараш Марям, Мусоро барои гирифтани зани ҳабашӣ танқид кард? (Ад. 12:1, 2). Ва шумо дар ҳаққи Ҳорун ва Мусо чӣ фикр мекардед, вақте ки онҳо Яҳуваро барои аз кӯҳ баровардани об ҷалол надоданд? (Ад. 20:10–13).

12 Дар ҳар яки ин ҳолатҳо Яҳува метавонист Ҳорунро фавран ҷазо диҳад. Аммо Ӯ медонист, ки ҳарчанд Ҳорун дар ҳолатҳои муайян хато кард, дар асл ӯ одами бадкирдор набуд. Ба назар чунин метобад, ки ӯ ба вазъиятҳои мушкил ва таъсироти дигарон роҳ дод, ки ӯро ба роҳи нодуруст тела диҳанд. Вале Ҳорун бо омодагӣ хатогиҳои худро ба гардан гирифт ва ҳукми баровардаи Яҳуваро қабул кард (Хур. 32:26; Ад. 12:11; 20:23–27). Ҳорун Яҳуваро дӯст медошт ва аз корҳои кардааш пушаймон буд. Ва Яҳува ӯро бахшид. Аз ин рӯ, ҳатто баъди гузашти асрҳо Ҳорун ва насли ӯ чун хизматгорони содиқи Яҳува ба ёд оварда мешуданд (Заб. 113:18–20; 134:19, 20).

13. Чӣ тавр мо тарзи фикрронии худро ислоҳ карда метавонем? Мисол оред.

13 Монанди Ҳорун шояд ягон ҳамимони мо ба хатогиҳо роҳ диҳад. Он гоҳ шумо ба ӯ чӣ тавр муносибат мекардед? Мумкин нуқтаи назари шумо аз тарзи фикрронии Яҳува фарқ кунад ва ба ислоҳшавӣ ниёз дошта бошад (1 Подш. 16:7). Масалан, шумо чӣ гуна муносибат мекардед агар ба назаратон чунин менамуд, ки ягон наврас дар интихоби вақтхушӣ беэҳтиётона рафтор мекунад ё рӯҳияи нодуруст зоҳир мекунад? Дарҳол фикр накунед, ки ӯ одами бадахлоқ аст. Беҳтараш оиди он фикр кунед, ки чӣ тавр ба ӯ ёрдам карда метавонед. Вақт ҷудо карда, ба ӯ чӣ тавр дуруст интихоб кардани вақтхушиҳоро ёд диҳед. Вақте шумо ба касоне, ки ба ёрӣ мӯҳтоҷанд, кӯмак мекунед, шумо хислати пуртоқатӣ ва муҳаббатро дар худ бештар инкишоф медиҳед.

14, 15. а) Вақте ки Илёс ба тарс дода шуд, Яҳува бо Ӯ чӣ гуна муносибат кард? б) Аз мисоли Илёс мо чӣ меомӯзем?

14 Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки нисбати шахсони афсурдаҳол бо фаҳмишу дилсӯзии бештар муносибат карданро ёд гирем? Барои ин ба мо фаҳмидани нуқтаи назаре, ки Яҳува ба чунин шахсон дорад, ёрӣ медиҳад. Биёед дида бароем, ки Ӯ ба яке аз хизматгоронаш, ки чунин ҳиссиёт дошт, чӣ тавр кӯмак кард. Илёс пайғамбари Яҳува буд ва далерона бар зидди 450 пайғамбари Баал баромад. Вале вақте ӯ шунид, ки малика Изобал ӯро куштанӣ аст, Илёс чунон тарсид, ки гурехта ба Беэр–Шобаъ, маҳалле, ки 150 километр дур буд, рафт ва аз он ҷо ба биёбоне гурехт. Ӯ аз офтоби сӯзон ва роҳи дурудароз хеле хастаю лакот гашт ва зери дарахте нишаста, аз зиқиву рӯҳафтодагӣ «ба ҷони худ маргро хост» (3 Подш. 18:19; 19:1–4).

Яҳува маҳдудиятҳои Илёсро ба назар гирифт ва фариштаеро барои кӯмаки ӯ фиристод (Ба сархатҳои 14 ва 15 нигаред)

15 Вақте Яҳува аз осмон дид, ки пайғамбари содиқаш аз тарс дилшикастаю ноумед гаштааст, Ӯ чӣ кор кард? Оё Ӯ аз Илёс рӯй гардонд? Албатта не! Яҳува маҳдудиятҳои Илёсро ба назар гирифт ва фариштаеро барои кӯмаки ӯ фиристод. Фаришта ду маротиба ба Илёс чизи хӯрдание дод, то ки ӯ барои «роҳи дуре», ки дар пеш истода буд, қуввати кофӣ пайдо кунад. (3 Подшоҳон 19:5–8-ро бихонед.) Бале, пеш аз ягон дастурот додан, Яҳува пайғамбари худро гӯш кард ва кӯмакеро, ки ба он мӯҳтоҷ буд, расонд.

16, 17. Чӣ тавр мо мисли Яҳува ба ҳамимонон кӯмак карда метавонем?

16 Чуноне ки Яҳува ба Илёс кӯмак кард, чӣ тавр мо ба ҳамимони худ кӯмак карда метавонем? Мо набояд ба додани маслиҳат саросема шавем (Мас. 18:13). Вақте ки бародар ё хоҳар рӯҳафтода аст ва худро беқадр ҳис мекунад, хуб мебуд, ки мо аввал ӯро гӯш кунем ва дилбардорӣ кунем (1 Қӯр. 12:23). Баъд аз ин мо мефаҳмем, ки дар асл ӯ ба чӣ гуна маслиҳат ниёз дорад ва метавонем кӯмаки даркориро расонем.

17 Масалан, дар бораи Лола, хоҳаре ки дар боло дар борааш гуфта будем, фикр кунед. Вақте ки шавҳараш ӯро бо ду духтараш партофта рафт, онҳо худро бекасу танҳо ҳис карданд. Чӣ тавр баъзе ҳамимонон онҳоро дастгирӣ карданд? Ӯ мегӯяд: «Вақте ки онҳо бо воситаи телефон аз воқеаи рӯйдода бохабар шуданд, дар муддати 45 дақиқа ба хонаи мо расида омаданд. Онҳо ба мо дилашон сӯхта, гиря мекарданд. Онҳо дар давоми ду–се рӯзи аввал моро танҳо нагузоштанд. Азбаски хеле зиқ будем ва аз гулӯямон чизе намегузашт, онҳо моро ба муддати якчанд вақт ба хонаи худ бурданд». Ин рафтори онҳо шояд ба ёдатон суханони зерини Яъқубро орад: «Агар бародаре ё хоҳаре бараҳна буда, ризқу рӯзӣ надошта бошанд, ва касе аз шумо ба онҳо гӯяд: “Ба саломатӣ рафта, гарм ва сер шавед”, валекин он чи барои ҷисм лозим аст, ба онҳо надиҳад,— чӣ фоидае ҳаст? Ҳамчунин имон низ, агар аъмол надошта бошад, ба худии худ мурда аст» (Яъқ. 2:15–17). Ба туфайли дастгирии бародарону хоҳарони маҳаллӣ, Лола ва духтаронаш баъди шаш моҳи ин воқеаи ғамангез ба худ омаданд ва тавонистанд, ки чун пешрави ёвар хизмат кунанд (2 Қӯр. 12:10).

МАНФИАТ БАРОИ БИСЁРИҲО

18, 19. а) Чӣ тавр мо ба нотавонон кӯмак карда метавонем? б) Бо дастгирӣ кардани заифон мо ба кӣ манфиат мерасонем?

18 Шумо шояд аз таҷрибаи худ медонед, ки барои он ки шахс баъди бемории тӯлонӣ ба худ ояд, вақт даркор аст. Ба ин монанд, вақте ягон ҳамимони мо хатогие мекунад ё ба сараш проблемаи душворе меафтад, мумкин ба ӯ низ барои ба худ омадан вақт лозим бошад. Рост аст, ки барои қавӣ гардонидани имони худ, ӯ бояд омӯзиши шахсӣ гузаронад, дуо гӯяд ва дар дигар фаъолияти рӯҳонӣ иштирок кунад. Вале оё мо то барқарор шудани қуввати рӯҳонии ӯ нисбати вай пуртоқатӣ зоҳир мекунем? Ва оё ба ӯ муҳаббат зоҳир карданро давом медиҳем? Оё мо мекӯшем, ки бо касоне, ки муддате заиф мегарданд, меҳрубонона муносибат кунем, то онҳо худро нодаркор ҳис накунанд? (2 Қӯр. 8:8).

19 Вақте ки мо ҳамимононамонро дастгирӣ мекунем, ин чӣ манфиат меорад? Ин ба мо хурсандӣ мебахшад. Инчунин мо зоҳир кардани дилсӯзӣ ва пуртоқатиро бештар ёд мегирем. Дар тамоми ҷамъомад фазои дӯстона ва меҳрубонона ҳукмфармо мешавад. Аз ҳама муҳимаш, мо ба Яҳува, ки ҳар як шахсро қадр мекунад, пайравӣ мекунем. Бале, мо сабабҳои хуб дорем, ки «нотавононро дастгирӣ намоем» (Аъм. 20:35).

^ сарх. 4 Чарлз Дарвин дар китоби худ «Пайдоиши одам» бисёр узвҳои бадани инсонро чун чизи «нодаркор» тасвир намуда буд. Як эволютсионисти дигар изҳор кардааст, ки бисёр узвҳои бадан, ба монанди кӯррӯда ва ғадуди ҷоғар (тимус) зиёдатианд.

^ сарх. 7 Ном иваз карда шудааст.