Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Барои пойҳои худ роҳро ҳамвор намо», то ки пеш равӣ

«Барои пойҳои худ роҳро ҳамвор намо», то ки пеш равӣ

ВАҚТЕ КИ халқи Худо соли 537-уми то эраи мо Бобилро тарк карданд, Яҳува ба он роҳе, ки исроилиён ба Ерусалим бармегаштанд, бодиққат менигарист. Ӯ ба онҳо гуфт: «Роҳи қавмро тайёр кунед! Ҷоддаро ҳамвор кунед, ҳамвор кунед! Аз сангҳо тоза кунед!» (Иш. 62:10) Ба ин амри Яҳува итоат карда, эҳтимол як гурӯҳ яҳудиён пеш–пеши бародарони худ мерафтанд ва роҳро тайёр мекарданд: онҳо пастиву баландиҳои роҳро ҳамвор менамуданд ва роҳро аз сангҳо тоза мекарданд. Бешубҳа, ин саъю кӯшиши онҳо роҳи ба ватан баргаштани исроилиёнро хеле осон мегардонд.

Он роҳи исроилиёнро ба роҳе, ки мо барои расидан ба мақсадҳои рӯҳонии худ тай мекунем, монанд кардан мумкин аст. Яҳува бодиққат назар медӯзад, то дар сари роҳи мо «сангҳо», яъне монеаҳо ҳар чӣ камтар бошанд. Барои ин, ӯ тавассути Каломаш моро ташвиқ мекунад: «Барои пойҳои худ роҳро ҳамвор намо, то ки ҳамаи тариқҳои ту рост бошад» (Мас. 4:26). Хоҳ шумо ҷавон бошед, хоҳ не, аз ин маслиҳати хирадмандона манфиат гирифта метавонед.

ҚАРОРҲОИ ХУБ РОҲИ МОРО ТАЙЁР МЕКУНАНД

Дар Китоби Муқаддас гуфта мешавад, ки «ҷалолати ҷавонон қуввати онҳост» (Мас. 20:29). Умуман, ҷавонон бардаму бақувват, серҳаракат, зираку доно мебошанд ва сахт мехоҳанд, ки дар ҳаёт ҷои худро ёбанд. Бисёр вақт калонсолон маҳорату қобилияти ҷавононро дида, умедвор мешаванд, ки онҳо қобилиятҳояшонро дар ҳаёт ба таври пурра ва фоиданок истифода хоҳанд бурд. Ҷавонон ҳамон вақт ҳақиқатан хушбахт мегарданд, агар маҳорату қобилиятҳояшонро барои хизмати Яҳува истифода баранд.

Одамони ҷаҳон низ қобилияту маҳорати ҷавононро хеле қадр мекунанд. Масалан, азбаски бисёри Шоҳидони Яҳува дар мактаб нағз мехонанд, муаллимон ва дигар хонандагон шояд онҳоро барои гирифтани маълумоти олӣ водор кунанд. Ё дигар ҷавононе, ки дар соҳаи варзиш лаёқату қобилияти хуб доранд, аз тарафи дигарон водор карда мешаванд, ки дар ин ҷода ба зинаи баланд бикӯшанд. Оё шумо ягон бор дар чунин вазъият будед, ё касеро медонед, ки бо чунин фишор рӯ ба рӯ шуда бошад? Чӣ ба масеҳиён кӯмак мерасонад, ки қарорҳои хирадмандона қабул кунанд?

Принсипҳои Китоби Муқаддас ба мо кӯмак мекунанд, ки бо роҳи беҳтарини ҳаёт равона шавем. Биёед суханони дар Воиз 12:1 бударо дида бароем: «Офаринандаи худро дар айёми ҷавонии худ дар хотир нигоҳ дор». Чӣ тавр шумо ва дӯстони ҷавонатон Яҳуваро дар ёд дошта метавонед?

Барои мисол, биёед саргузашти Эрик * ном бародари ҷавонро, ки дар Африқои Шарқӣ зиндагӣ мекунад, дида бароем. Ӯ бозии футболро хеле дӯст медошт. Дар синни 15-солагиаш, ӯро ҳамчун бозингар ба дастаи яккачини футболи миллӣ интихоб карданд. Ин барои Эрик сӯи имкониятҳои калон роҳ мекушод. Чанде нагузашта, ӯ метавонист дар Аврупо дар мактабҳои машҳури варзишӣ таълим гирад ва футболисти номдоре гардад. Дар он вақт Эрик бо Шоҳидони Яҳува омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Чӣ тавр ӯ метавонист, «Офаринандаи худро» дар хотир нигоҳ дорад? Ва мо аз ин мисол чӣ дарс гирифта метавонем?

Бо Китоби Муқаддас шинос шуда, Эрик фаҳмид, ки Офаридгор тамоми проблемаҳои инсониятро ба таври ҳамешагӣ ҳал хоҳад кард. Дар натиҷаи омӯзиш, вай дарк кард, ки назар ба футбол иҷрои иродаи Худо чӣ қадар муҳимтар аст. Ӯ таъмид гирифт ва вақту қуввати худро барои хизмати Яҳува сарф кард. Бо гузашти вақт, ӯ дар ҷамъомад ходими ёвар гашт ва баъдтар ба Мактаби бар Навиштаҳо асосёфта барои бародарони безан даъват шуд.

Агар ӯ ҳаёташро ба варзиш мебахшид ва дар ин соҳа аз паи ба даст овардани мавқеи баланд мешуд, шояд ӯ одами бой ва номдоре мегашт. Вале ӯ ҳақ будани принсипи зерини Китоби Муқаддасро дарк намуд: «Дороии сарватдор шаҳри мустаҳками ӯст, ва дар хаёли ӯ мисли ҳисори баланд аст» (Мас. 18:11). Бале, шахс метавонад, хаёл кунад, ки пулу сарват ӯро муҳофизат мекунад, вале дар асл, ин танҳо хаёл аст. Пул ба шахс бехатарии ҳақиқӣ бахшида наметавонад. Баръакс, онҳое, ки бо чашмгуруснагӣ аз паи пулу мол медаванд, одатан «худро гирифтори андӯҳҳои зиёде» мекунанд (1 Тим. 6:9, 10).

Бисёри ҷавонон дар хизмати пурравақт худро хушбахт ва осуда ҳис мекунанд. Эрик мегӯяд: «Ман ба “дастаи” калони ходимони пурравақти Яҳува ҳамроҳ шудам. Ин аз ҳама дастаи беҳтарине мебошад, ки ман ба он тааллуқ дошта метавонам ва аз Яҳува миннатдорам, ки ба ман роҳеро, ки ба сӯӣ хушбахтӣ ва муваффақияти ҳақиқӣ мебарад, нишон дод».

Дар бораи шумо чӣ гуфтан мумкин аст? Ба ҷои равона шудан сӯи мақсадҳои ҷаҳонӣ, оё шумо намехостед бо роҳе равед, ки дар хизмати Яҳува бароятон имкониятҳои бештарро фароҳам меорад? Масалан, оё шумо метавонед барои чун пешрав хизмат кардан кӯшиш кунед? (Ба чорчӯбаи « Фоидае, ки донишгоҳ ба ман дода натавонист» нигаред.)

МОНЕАҲОРО АЗ РОҲИ ХУД ДУР СОЗЕД

Боре як ҷуфти масеҳӣ ба Байт–Или Иёлоти Муттаҳида ташриф оварданд. Онҳо диданд, ки бародарону хоҳароне, ки дар он ҷо барои Яҳува меҳнат мекунанд, то чӣ андоза хушбахтанд. Хоҳар баъдтар навишт: «Виҷдонамон моро азоб дод, ки мо ҳаёти аз ҳад бароҳат ба сар мебарем». Ва ҳамсарон қарор доданд, ки вақту қуввати зиёдтари худро барои хизмати Яҳува сарф кунанд.

Дар аввал ба ин ҳамсарон дигар кардани ҳаёташон душвор буд. Вале боре онҳо оиди ояти рӯз мулоҳиза ронданд. Он ояти Юҳанно 8:31 буд. Исо он ҷо мегӯяд: «Агар шумо дар каломи Ман бимонед, ҳақиқатан шогирдони Ман хоҳед буд». Онҳо ба чунин хулоса омаданд, ки ҳар қурбоние, ки онҳо барои оддӣ гардондани ҳаёташон мекунанд, бефоида нахоҳад буд. Онҳо ҳавлии калонашонро фурӯхтанд, аз дигар чизу чораи нолозима халос шуданд ва ба маҳалле, ки ҷамъомади он ба кӯмак мӯҳтоҷ буд, кӯчиданд. Ин ҳамсарон ҳоло чун пешрав хизмат мекунанд. Инчунин онҳо дар сохтмони Толорҳои Салтанат ёрӣ медиҳанд ва дар анҷуманҳои вилоятӣ чун ходимони ихтиёрӣ хизмат мекунанд. Ҳоло онҳо чӣ гуна ҳиссиёт доранд? Онҳо мегӯянд: «Мо аз он дар ҳайратем, ки ҳаёти оддӣ ба сар бурдан ва иҷрои коре ки ташкилоти Яҳува моро бармеангезад, ин қадар хурсандии калон меорад».

ДАР РОҲИ ЯҲУВА ПЕШ РАВЕД

Сулаймон навишт: «Бигзор чашмони ту рост бингарад, ва мижгони ту ба самти рӯ ба рӯ равона бошад» (Мас. 4:25). Ин суханон чӣ маъно доранд? Мисли ронандае, ки диққаташро ба роҳи дар пеш истода равона мекунад, мо низ бояд диққатамонро ба роҳе, ки моро сӯи мақсадҳои рӯҳонӣ мебарад, равона созем. Мо бояд ба ҳеҷ чиз нагузорем, ки диққати моро аз гузоштани мақсадҳои рӯҳонӣ ва расидан ба онҳо парешон кунад.

Шумо дар пеши худ кадом мақсадҳои рӯҳониро гузошта метавонед? Яке аз чунин мақсадҳои хуб хизмати пурравақт мебошад. Ё шумо метавонед ба ҷамъомаде гузаред, ки минтақаи калонеро бар ӯҳда дораду лекин воизони таҷрибадор дар он намерасанд. Агар шумо бародар бошед, оё метавонистед, ки дар ҷамъомаде, ки ба шумораи бештари пирон ва ходимони ёвар ниёз дорад, хизмат кунед? Шумо метавонед бо нозири ноҳиявӣ сӯҳбат карда, муайян кунед, ки кадом ҷамъомадҳо ба кӯмак ниёз доранд. Агар шумо оиди хизмат дар маҳалли дур аз хона фикр карда истода бошед, оиди ҷамъомадҳои дурдасти ба ёрдам ниёзманд, маълумоти бештар гиред *.

Биёед ба мисоли аввали мақола, ки бар Ишаъё 62:10 асос меёфт, баргардем. Он ҷо оиди вазъияти исроилиёне нақл карда мешуд, ки аз Бобил ба Ерусалим бармегаштанд. Баъзе исроилиён эҳтимол сахт меҳнат карда, роҳро тайёр менамуданд, то ки халқи Худо бомуваффақият ба ватани худ баргашта тавонад. Имрӯз, ба шумо низ лозим аст, ки барои расидан ба мақсадҳои рӯҳонии худ, пайваста саъю кӯшиш намоед. Ҷидду ҷаҳдро суст накунед. Бо кӯмаки Яҳува шумо низ метавонед ба мақсадҳои гузоштаи худ расед. Ҳангоми дучор шудан бо монеаҳои гуногун, ба Худо дуо гӯед, то барои бартараф кардани онҳо ба шумо хирад диҳад. Ва шумо хоҳед дид, ки чӣ тавр Ӯ дар «ҳамвор» намудани роҳатон ба шумо кӯмак мекунад (Мас. 4:26).

^ сарх. 8 Ном иваз шудааст.

^ сарх. 18 Нигаред ба китоби «Созмоншудагон» (рус.), саҳ. 111, 112