Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ДАҲ

Махлуқоти рӯҳӣ. Оё онҳо ба мо таъсир мерасонанд?

Махлуқоти рӯҳӣ. Оё онҳо ба мо таъсир мерасонанд?
  • Оё фариштаҳо ба одамон кӯмак мекунанд?

  • Арвоҳи шарир ба инсонҳо чӣ тавр таъсир мерасонанд?

  • Оё аз арвоҳи шарир бояд тарсид?

1. Чаро дар бораи фариштаҳо дониш бояд гирифт?

АГАР бихоҳед, ки бо касе хубтар ошно гардед, одатан бо оилаи вай шинос мешавед, ҳамин тавр–не? Монанди ин, барои беҳтар шинохтани Яҳува низ бо оилаи осмонии Ӯ, ки аз фариштаҳо иборат аст, шинос бояд шуд. Китоби Муқаддас фариштаҳоро «фарзандони Худо» меномад (Айюб 38:7). Хуб, онҳо чӣ нақшеро дар мақсуди Худо мебозанд? Оё онҳо ба таърихи инсоният таъсир кардаанд? Шахсан ба зиндагии шумо–чӣ? Агар таъсир мекарда бошанд, чӣ тавр?

2. Фариштаҳо аз куҷо пайдо шудаанд ва шумораи онҳо чанд аст?

2 Китоби Муқаддас садҳо маротиба аз фариштаҳо ёдовар мешавад. Биёед баъзе аз чунин матнҳои онро аз назар гузаронем, то дар бораи фариштаҳо маълумоти бештар бигирем. Фариштаҳо аз куҷо пайдо шуданд? — Дар Қӯлласиён 1:16 [ТҲФ] навишта шудааст: «Ба василаи ӯ [Исои Масеҳ] ҳар он чӣ дар осмон ва замин аст ... офарида шуданд». Маълум мешавад, ки тамоми фариштаҳоро Яҳува Худо шахсан худ бо кӯмаки Писари нахустзодааш Исои Масеҳ сириштааст. Шумораи фариштаҳо чанд аст? Китоби Муқаддас мегӯяд, ки садҳо миллионҳо фариштагон вуҷуд доранд ва ҳар яке аз онҳо хеле тавоно мебошад (Забур 102:20) *.

3. Айюб 38:4–7 дар бораи фариштагон чӣ мегӯяд?

3 Каломи Худо мегӯяд, ки ҳангоми офариниши замин «ҳамаи фарзандони Худо нидоҳои шодӣ медоданд» (Айюб 38:4–7). Аз ин бармеояд, ки фариштагон хеле пештар аз офариниши инсонҳо ва ҳатто қабл аз офариниши замин вуҷуд доштанд. Ҳамчунин ин матни Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки фариштаҳо дорои эҳсосотанд, охир онҳо «нидоҳои шодӣ медоданд». Аҳамият диҳед, дар оят гуфта мешавад, ки «ҳамаи фарзандони Худо» якҷоя шодӣ мекарданд. Аз ин бармеояд, ки тамоми фариштагон дар он вақт аҳли оилаи муттаҳиди Яҳува буданд ва ба Ӯ хидмат мекарданд.

КӮМАКУ ҲИМОЯИ ФАРИШТАГОН

4. Китоби Муқаддас чӣ гуна шаҳодат медиҳад, ки фариштагони содиқ хайрхоҳи одамонанд?

4 Аз ҳамон бозе ки шоҳиди офариниши инсонҳои нахустин шуданд, фариштагони содиқ бо шавқу завқ бузургшавии оилаи инсонӣ ва иҷроиши мақсуди Худоро мушоҳида менамуданд (Масалҳо 8:30, 31; 1 Петрус 1:11, 12). Аммо бо гузашти вақт, онҳо шоҳиди аз Офаридгори дӯстдор рӯ гардонидани инсонҳо шуданд. Бешакк, ин рӯйдод барои фариштагони бовафо хеле ногувор буд. Аз ҷониби дигар, ҳар гоҳе ки ақаллан як инсон ба Яҳува рӯ меоварад, «дар миёни фариштагони Худо шодӣ мешавад» (Луқо 15:10). Ва азбаски фариштагон нисбати некӯаҳволии ходимони Худо хеле ғамхоранд, Яҳува такрору батакрор ин махлуқоти рӯҳиро барои қувват бахшидану муҳофизат кардани ходимони бовафои заминиаш истифода мебурд. (Ибриён 1:7, 14-ро хонед.) Ба чанд намуна таваҷҷӯҳ фармоед.

«Худои ман фариштаи Худро фиристода, даҳони шеронро баст» (Дониёл 6:22).

5. Кадом мисолҳои кӯмаки фариштагонро дар Китоби Муқаддас мебинем?

5 Ба Луту духтаронаш ду фаришта роҳбалад шуда, барои наҷот ёфтан аз нобудияти шаҳрҳои шарири Садӯму Амӯро ёрӣ доданд (Ҳастӣ 19:15, 16). Асрҳо баъд аз ин, Дониёл–пайғамбар ба чоҳи шерон партофта шуд, аммо безарар монд ва гуфт: «Худои ман фариштаи Худро фиристода, даҳони шеронро баст» (Дониёл 6:22). Дар асри I д. мо фариштае Петруси расулро аз маҳбас озод кард (Аъмол 12:6–11). Исоро пеш аз оғоз кардани хидмати рӯизаминиаш фариштагон қувват бахшиданд (Марқӯс 1:13). Ва дар қарибии вақти маргаш «фариштае... бар ӯ зоҳир гардида, ӯро тақвият медод» (Луқо 22:43). То чӣ андоза тасаллӣ ёфта бошад Исо аз ин, охир он лаҳза лаҳзаи муҳими ҳаёти ӯ буд!

6. a) Чӣ гуна фариштагон ходимони Худоро имрӯз муҳофизат менамоянд? б) Кадом саволҳоро ҳоло муҳокима хоҳем кард?

6 Имрӯз, дар замонҳои мо, фариштагон ба ходимони заминии Худо дигар ба таври ба чашм аён зоҳир намегарданд. Вале ҳарчанд ки ба чашми инсонҳо ноаёнанд, фариштагони тавонои Худо ҳанӯз ҳам ходимони Ӯро муҳофизат менамоянд, хусусан аз зарари рӯҳонӣ. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Фариштаи Худованд дар гирду пеши тарсгорони Ӯ ҳозир аст ва онҳоро халосӣ медиҳад» (Забур 33:8). Ин суханҳо моро хеле рӯҳбаланд мекунанд, ҳамин тавр–не? Охир махлуқоти рӯҳии хавфноке вуҷуд доранд, ки моро маҳв карданиянд! Онҳо кистанд? Аз куҷо пайдо шудаанд? Чӣ гуна кӯшиши ба мо зарар расонидан мекунанд? Барои ёфтани ҷавоб ба ин саволҳо, биёед воқеаҳои дар ибтидои таърихи инсоният рӯйдодаро ба хотир орем.

МАХЛУҚОТИ РӮҲИЕ, КИ ДУШМАНИ МОЯНД

7. Дар дур кардани инсоният аз Худо Шайтон то кадом дараҷа муваффақ гашт?

7 Ҳамон тавре ки аз боби 3 омӯхтем, яке аз фариштагон хоҳиши ба дигарон ҳукмрониро дар худ инкишоф дод ва ин ба исёни зидди Худо овард. Дертар ин фаришта чун Шайтон Иблис маълум гашт (Ваҳй 12:9). Дар тӯли тақрибан 1600 сол пас аз фиреби Ҳавво, Шайтон барои аз Худо дур кардани қариб тамоми инсоният — ғайр аз чунин шахсони дурусткор ба мисли Ҳобил, Ҳанӯх ва Нӯҳ,— муваффақ гашт (Ибриён 11:4, 5, 7).

8. a) Чӣ гуна баъзе фариштаҳо дев гаштанд? б) Барои наҷот ёфтан аз Тӯфони рӯзҳои Нӯҳ девҳо ба чӣ кор маҷбур буданд?

8 Дар рӯзҳои Нӯҳ–пайғамбар фариштагони дигар бар зидди Яҳува исён бардоштанд. Онҳо қароргоҳи худ — оилаи осмонии Худоро тарк карда, ба замин фуруд омаданд ва баданҳои инсонӣ ба худ гирифтанд. Барои чӣ? Ҳастӣ 6:2 мегӯяд: «Писарони Худо духтарони одамизодро диданд, ки хушрӯянд ва ҳар кадомро ки хуш мекарданд, барои худ ба занӣ мегирифтанд». Аммо Яҳува нагузошт, ки аъмоли ин фариштагон ва таъсири қабеҳкунандаи онҳо ба ҷамъияти инсонӣ дер давом кунад. Ӯ бар замин Тӯфони Азиме оварда, изи ҳар як инсони шарирро аз замин рӯфту танҳо ходимони бовафои худро наҷот дод (Ҳастӣ 7:17, 23). Ҳамин тавр, фариштагони исёнгар — девҳо, маҷбур шуданд ки ҷисмҳои инсонии худро тарк карда, чун махлуқоти рӯҳӣ ба осмон баргарданд. Онҳо тарафдори Шайтон гаштанд ва ӯ оқибат сарвари девҳо шуд (Матто 9:34).

9. a) Баъд аз бозгашт ба осмон бо девҳо чӣ шуд? б) Чиро муҳокима хоҳем кард?

9 Ҳангоме ки фариштагони саркаш ба осмон баргаштанд, Худо онҳо ва ҳокимашон — Шайтонро аз ҳузури худу оилаи осмонияш ронд (2 Петрус 2:4). Гарчанде ки имрӯз девҳо ба гирифтани қиёфаи инсонӣ қодир набошанд ҳам, онҳо ҳанӯз ба одамон таъсири хеле бад мерасонанд. Маҳз бо ёрии ҳамин девҳо Шайтон «тамоми ҷаҳонро фиреб мекунад» (Ваҳй 12:9; 1 Юҳанно 5:19). Чӣ гуна? Асосан бо ҳар гуна макру фиреби одамон. (2 Қӯринтиён 2:11-ро хонед.) Дар поён баъзе аз онҳо муҳокима мешаванд.

БО ЧӢ ТАРЗҲО ДЕВҲО ОДАМОНРО ФИРЕБ МЕДИҲАНД

10. Робита бо арвоҳ чист?

10 Барои фиреби одамон девҳо робита бо арвоҳро истифода мебаранд. Робита бо арвоҳ ин алоқа бо девҳост, чӣ мустақиман ва чӣ ба воситаи касе. Китоби Муқаддас робита бо арвоҳро маҳкум намуда, моро огоҳ мекунад, ки аз ҳар чизи вобаста ба он дурӣ ҷӯем (Ғалотиён 5:19–21). Робита бо арвоҳ барои девҳо мисли дом барои шикорчӣ аст. Шикорчӣ барои қапидани ҳайвонҳои гуногун домҳои ҳархеларо ба кор мебарад. Монанди ин арвоҳи шарир низ шаклҳои ҳархелаи робита бо арвоҳро барои зери таъсири худ даровардани одамони гуногун истифода мебаранд.

11. Фол чист ва чаро бояд аз он парҳез кунем?

11 Яке аз домҳое, ки девҳо моҳирона аз он истифода мекунанд,— фол мебошад. Фол чист? — Он кӯшиши фаҳмидани оянда ё донистани ягон чизи номаълум аст. Баъзе аз намудҳои фол инҳоянд: толеъбинӣ аз рӯи ситораҳо, қартаҳо ё кафи даст, мушоҳидаи хосияту аломатҳо ва таъбири хобҳо. Гарчанде ки бисёри одамон фолбиниро амали безарар меҳисобанд, Китоби Муқаддас шаҳодат медиҳад, ки фолбинҳо бо девҳо ҳамкорӣ менамоянд. Масалан, Аъмол 16:16–18 дар бораи «рӯҳи ғайбгӯй»–е нақл мекунад, ки ба духтаре қобилияти «ғайбгӯӣ» мебахшид. Ва ҳамин ки дев аз вай берун ронда шуд, духтар аз ғайбгӯӣ бозмонд.

Девҳо одамонро бо тарзҳои гуногун фиреб мекунанд

12. Чаро кӯшиши алоқа бо мурдагон хавфнок аст?

12 Фиреби дигари девҳо ташвиқ кардани одамон ба мулоқот бо мурдагон аст. Баъзан одамоне, ки наздикони худро ба дасти марг супурдаанд, ба чунин ақидаи нодуруст, ки гӯё бо мурдагон мулоқот кардан имконпазир аст, бовар мекунанд. Баъзан фолбинҳо маълумоти махсусе аз номи мурдагон мерасонанд. Ва дар натиҷа аксарияти одамон эътимод ҳосил кардаанд, ки мурдагон баъд аз марг ба ҳастӣ идома медиҳанду чунин алоқа бо онҳо дили ғамзадаашонро таскин мебахшад. Вале чунин «таскин»–ҳо дар ҳақиқат бардурӯғ ва беш аз ин хавфноканд. Чаро? Чунки ки девҳо ба овози мурдагон тақлид карда, ба фолбинҳо маълумоте медиҳанд, ки шахси фавтида медонист (1 Подшоҳон 28:3–19). Ғайр аз ин, ҳамон тавре ки аз боби 6–ум омӯхтем, ҳастии мурдагон поён ёфтааст (Забур 113:25). Ҳамин тавр, ҳар «пурсандаи арвоҳ»–е аз ҷониби девҳо фиреб хӯрдааст ва бар муқобили иродаи Худо амал мекунад (Такрори Шариат 18:10, 11-ро хонед; Ишаъё 8:19). Аз ин рӯ, эҳтиёт шавед ва аз ин домҳои хавфноки девҳо парҳез намоед.

13. Онҳое ки замоне зери тарс аз девҳо мезистанд, ба чӣ кор муваффақ шуданд?

13 Арвоҳи шарир одамонро на танҳо фиреб мекунанд, балки метарсонанд. Имрӯз Шайтону девҳои вай медонанд, ки «вақти каме [бар нобудшавиашон] мондааст», аз ин рӯ беш аз ҳарвақта «дарғазаб»–анд (Ваҳй 12:12, 17). Ба ин нигоҳ накарда, ҳастанд ҳазорон одамоне, ки замоне дар банди тарси ҳамешагӣ аз девҳо буданду ҳоло аз он озод гаштаанд. Чӣ тавр? Ва ё ҳатто он шахсоне, ки аллакай ба робита бо арвоҳ машғуланд, чӣ кор карда метавонанд?

БА АРВОҲИ ШАРИР ЧӢ ГУНА МУҚОВИМАТ КАРДАН МУМКИН АСТ

14. Монанди масеҳиёни эфсӯсии асри як, чӣ тавр мо аз робита бо арвоҳи шарир озод шуда метавонем?

14 Китоби Муқаддас ба мо ҳам роҳи муқовимат ба арвоҳи шарир ва ҳам тарзи кандани алоқа бо онҳоро ошкор менамояд. Ба намунаи масеҳиёни асри як аз шаҳри Эфсӯси Юнон таваҷҷӯҳ кунед. Баъзеи онҳо пеш аз рӯ овардан ба масеҳият шуғли робита бо арвоҳро доштанд. Баъд аз он ки ба қарори тарк кардани ин шуғл омаданд, онҳо чӣ кор карданд? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Бисёре аз онҳое ки ба ҷодугарӣ машғул буданд, китобҳои худро оварда, дар пеши назари ҳама сӯзонданд» (Аъмол 19:19). Бо нест кардани китобҳои ҷодугарӣ, ин масеҳиёни нави Эфсӯс ба онҳое ки имрӯз хоҳиши ба арвоҳи шарир муқовимат карданро доранд, намуна гузоштанд. Шахсоне ки ба Яҳува хидмат кардан мехоҳанд, бояд ҳар чизеро ки ба робита бо арвоҳ алоқаманд аст, нест кунанд. Намунаи онҳо метавонанд китобу маҷаллаҳо, филмҳову расмҳо ё суруду оҳангҳое бошанд, ки моро ба робита бо арвоҳ ташвиқ карда, онро чун чизи аҷибу шавқовар пешкаш намоянд. Ҳамчунин тӯмору тилисму радномаҳоеро, ки барои муҳофизат аз бадӣ истифода мешаванд, бояд нобуд кунем (1 Қӯринтиён 10:21).

15. Барои муқовимат ба қувваҳои шарири рӯҳӣ чӣ кор бояд кунем?

15 Павлуси расул пас аз чанд соли он ки масеҳиёни эфсӯсӣ китобҳои ҷодугариашонро сӯзонданд, ба онҳо навишт: «Муборизаи мо... бар зидди қувваҳои рӯҳии шарорат аст» (Эфсӯсиён 6:12). Аммо девҳо аз амал бозистоданӣ набуданд. Онҳо ҳанӯз ҳам барои тасарруф кардани одамон саъй менамуданд. Акнун ин масеҳиён бояд чӣ кор мекарданд? — «Дар айни ҳол,— менавишт Павлус,— сипари имонро бигиред, ки бо он ҳамаи тирҳои тафсони шарир [Шайтон]-ро хомӯш карда метавонед» (Эфсӯсиён 6:16). Ҳар қадаре, ки сипари имони мо қавитар гардад, ҳамон андоза муқовимати мо ба қувваҳои шарири рӯҳӣ бузургтар хоҳад буд (Матто 17:20).

16. Чӣ тавр имонро қавӣ гардонидан мумкин аст?

16 Хуб, имонро чӣ гуна қавӣ гардонидан мумкин аст? Бо омӯзиши Китоби Муқаддас. Мустаҳкамии девор асосан аз мустаҳкамии таҳкурсии он вобаста мебошад. Мисли ин, қувваи имони мо низ аз қувваи пойдевори он — дониши дақиқи Каломи Худо — Китоби Муқаддас вобастагии бузург дорад. Агар мутолиаю омӯзиши Китоби Муқаддас бароямон кори ҳаррӯза гардад, имони мо албатта қавӣ хоҳад шуд. Мисли девори мустаҳкам ин гуна имон моро чун сипар аз таъсири арвоҳи шарир нигоҳ медорад (1 Юҳанно 5:5).

17. Барои муқовимат ба арвоҳи шарир кадом қадами дигари муҳимро бояд гузошт?

17 Он масеҳиёни эфсӯсӣ бояд кадом қадамҳои дигарро мегузоштанд? Онҳо ба муҳофизати минбаъда низ эҳтиёҷ доштанд, чунки шаҳрашон ба пуррагӣ зери таъсири девҳо буд. Аз ин рӯ, Павлус ба онҳо чунин гуфт: «Бо дуо ва илтимоси тамом дар ҳар вақт дар рӯҳ дуо кунед» (Эфсӯсиён 6:18, ТФ). Азбаски ҷаҳони имрӯза низ зери таъсири сахти девҳо қарор дорад, барои муқовимат ба арвоҳи шарир аз Яҳува босубот дар дуо муҳофизат бояд бипурсем. Муҳим аст, ки дар дуоҳо Яҳуваро бо номаш бихонем. (Масалҳо 18:10-ро хонед.) Ҳамчунин дар дуо гаштаву баргашта аз Худо «аз иблис раҳоӣ додан»-ро хоҳиш бояд кард (Матто 6:13). Яҳува чунин дуоҳои босуботро мустаҷоб мекунад (Забур 144:19).

18, 19. a) Чаро итминон дошта метавонем, ки дар мубориза бар зидди арвоҳи шарир ғолиб меоем? б) Кадом саволҳо дар боби оянда муҳокима хоҳанд шуд?

18 Арвоҳи шарир хавфноканд, лекин моро лозим нест, ки дар тарси ҳамешагӣ аз онҳо зиндагӣ намоем, ба шарте ки ба Шайтон муқобилат ва ба Яҳува бо иҷроиши иродаи Ӯ наздикӣ ҷӯем. (Яъқуб 4:7, 8-ро хонед.) Қувваи арвоҳи шарир маҳдуд аст. Онҳо дар рӯзҳои Нӯҳ ҷазо дода шуданд ва маҳкумияти охиринашон дар ояндаи хеле наздик ба иҷро мерасад (Яҳудо 6). Ҳамчунин дар ёд бояд дошт, ки фариштагони тавонои Яҳува моро пуштибонӣ мекунанд (4 Подшоҳон 6:15–17). Ин фариштагон ба мо хеле хайрхоҳ ҳастанд ва таманно доранд, ки мо дар муқовимат ба арвоҳи шарир муваффақ бошем ва моро барои ин кор рӯҳбаланд мегардонанд. Аз ин рӯ, биёед ҳамеша ба Яҳува ва фариштагони содиқи ӯ наздик ва аз ҳар навъи робита бо арвоҳ даргурез бошем ва ҳамеша пандҳои Каломи Худоро ба кор бибарем! (1 Петрус 5:6, 7; 2 Петрус 2:9). Танҳо он гоҳ бар зафар дар мубориза бо арвоҳи шарир итминон дошта метавонем.

19 Аммо чаро Худо ба мавҷудияти арвоҳи шарир таҳаммул мекунад? Барои чӣ Ӯ ба бадӣ, ки азобу уқубатҳои зиёд меорад, роҳ медиҳад? Ба ин саволҳо боби оянда ҷавоб хоҳад дод.

^ сарх. 2 Ояти Ваҳй 5:11 дар бораи фариштагони нек мегӯяд: «шумораи онҳо беварҳо–бевар», яъне даҳ ҳазорҳо карат даҳ ҳазор мебошад. Ҳамин тавр, Китоби Муқаддас ишора мекунад, ки садҳо миллионҳо фариштагон вуҷуд доранд.