Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ЧОРДАҲ

Сирри хушбахтии оила дар чист?

Сирри хушбахтии оила дар чист?
  • Шавҳари хуб будан чӣ маъно дорад?

  • Чӣ тавр зан метавонад нақши худро дар оила бомуваффақият иҷро намояд?

  • Барои падару модари хуб будан чӣ кор бояд кард?

  • Чӣ гуна фарзандон ба хушбахтии ҳаёти оилавӣ мусоидат карда метавонанд?

1. Калиди бахти оила дар чист?

ЯҲУВА ХУДО мехоҳад, ки оилаи шумо хушбахт бошад. Дар Каломи Худ — Китоби Муқаддас, Ӯ ба аъзоёни оила дастур пешниҳод менамояд. Дар ин китоб Худо нақши ҳар яки онҳоро муайян намудааст. Агар аъзоёни оила мувофиқ ба пандҳои Худо амал намоянд, оила ба хушбахтӣ муваффақ хоҳад шуд. «Хушо онҳое ки каломи Худоро мешунаванд ва онро риоя мекунанд»,— гуфтааст Исо–пайғамбар (Луқо 11:28).

2. Хушбахтӣ дар оила аз эътирофи чӣ вобаста аст?

2 Хушбахтии оила асосан аз эътироф кардани Яҳува Худо чун Барпокунандаи оила вобаста мебошад. Исо Ӯро «Падари мо» номида буд (Матто 6:9). Сабабгори вуҷудияти ҳар як оила Худо — Падари осмонии мо мебошад ва Ӯ албатта медонад, ки сирри хушбахтии оила дар чист (Эфсӯсиён 3:14, 15). Хуб, Китоби Муқаддас дар бораи нақши ҳар аъзои оила чӣ мегӯяд?

АСОСГУЗОРИ ОИЛА ХУДО АСТ

3. Китоби Муқаддас ибтидои оилаи инсониро чӣ тавр тасвир мекунад ва аз куҷо медонем, ки ин гуфтаҳо ҳақиқатанд?

3 Яҳува инсонҳои нахустин Одаму Ҳавворо офарид ва онҳоро бо никоҳ чун зану шавҳар ба ҳамдигар пайваст. Ӯ ин оилаи ҷавонро дар хонаи биҳиштӣ — боғи Адан маскун намуд ва онҳоро муборак карда, гуфт: «Борвар ва афзун шавед, ва заминро пур кунед ва онро тасарруф намоед» (Ҳастӣ 1:26–28; 2:18, 21–24). Ин қиссаи бофтаву хаёлӣ нест, зеро Исо–пайғамбар шаҳодат дод, ки гуфтаҳои китоби Ҳастӣ дар бораи ибтидои барпошавии оила ҳақиқатанд (Матто 19:4, 5). Ҳарчанд ки ба мушкилиҳои зиёде рӯ ба рӯ мешавем ва ҳаёти имрӯза ба нияте ки Худо карда буд, мувофиқат намекунад, биёед бубинем, ки чӣ гуна ноил шудан ба хушбахтии оилавӣ ба ҳар ҳол имконпазир аст.

4. a) Чӣ тавр ҳар як аъзои оила барои хушбахтии он саҳми худро гузошта метавонад? б) Чаро омӯзиши ҳаёти Исо барои хушбахт гардонидани оила муҳим аст?

4 Агар ҳар аъзои оила дар зоҳир кардани муҳаббат ба Худо пайравӣ намояд, ин ба хушбахтии оила мусоидат мекунад (Эфсӯсиён 5:1, 2). Аммо чӣ тавр ба Худое ки ноаён мебошад, пайравӣ кардан мумкин аст? Тарзи рафтори Яҳуваро аз намунаи писари нахустзодааш, ки аз осмон ба замин фиристода шуд, омӯхта метавонем (Юҳанно 1:14, 18). Ҳангоми дар рӯи замин буданаш Исои Масеҳ шахсияти Падарашро ба дараҷае хуб инъикос мекард, ки дидану шунидани Исо барои мардум мисли оне буд, ки назди Яҳува истода, ба Ӯ гӯш медоданд (Юҳанно 14:9). Барои ҳамин, омӯзиши муҳаббате, ки Исо зоҳир мекард ва пайравӣ ба намунаи вай ба ҳар яки мо барои хушбахт гардонидани ҳаёти оилавӣ кӯмак карда метавонад.

НАМУНА БАРОИ ШАВҲАРОН

5, 6. a) Чӣ гуна муносибати Исо ба пайравонаш барои шавҳарон намуна шуда метавонад? б) Барои ба даст овардани бахшиши гуноҳҳо чӣ кор бояд кард?

5 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шавҳарон бояд ба занони худ ҳамон тавре муносибат кунанд, ки Исо ба шогирдон менамуд. Ба ин дастури Китоби Муқаддас таваҷҷӯҳ фармоед: «Эй шавҳарон, занони худро дӯст доред, чунон ки Масеҳ низ ба Калисо ҷамоати пайравонаш», ТДН] муҳаббат дошт ва худро аз барои он таслим намуд ... Ҳамин тавр бояд шавҳарон занони худро мисли ҷисми худ дӯст доранд: он ки зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад. Зеро ки ҳеҷ кас ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад, чунон ки Худованд низ Калисо ҷамоати пайравонаш», ТДН]–ро» (Эфсӯсиён 5:23, 25–29).

6 Муҳаббате ки Исо ба пайравони худ дошт, намунаи олиест барои шавҳарон. Ҳарчанд ки шогирдон аз комилият хело дур буданд, Исо «онҳоро то ба охир дӯст дошт» ва ҳаёти худро барояшон фидо кард (Юҳанно 13:1; 15:13). Шавҳаронро низ Китоби Муқаддас чунин ташвиқ менамояд: «Эй шавҳарон, ҳамсарони худро муҳаббат намоед ва бо эшон тундӣ ва талхӣ накунед» (Қӯлассиён 3:19, ТТФ). Чӣ ба шавҳарон барои иҷрои ин панд кӯмак хоҳад кард, хусусан дар ҳолатҳое ки зан бемулоҳиза рафтор намояд? Шавҳар бояд дар хотир дорад, ки ӯ ҳам хато мекунад ва ба бахшиши Худо ниёз дорад. Пас, барои ба даст овардани бахшиши Худо ӯ чӣ кор бояд кунад? — Вай бояд онҳоеро, ки бар муқобилаш гуноҳ мекунанд, бубахшад, аз он ҷумла занашро низ. Албатта зан ҳам бояд ҳамин гуна рафтор намояд. (Матто 6:12, 14, 15-ро хонед.) Беҳуда намегӯянд, ки “издивоҷи ҷуфти хушбахт аз иттиҳоди ду шахси ҳамдигарро бахшанда иборат аст”. Ҳамин тавр–не?

7. Исо чиро ба ҳисоб мегирифт ва шавҳарон аз ӯ чӣ омӯхта метавонанд?

7 Шавҳарон ҳамчунин бояд дар хотир доранд, ки Исо ба пайравонаш ҳамеша таваҷҷӯҳ зоҳир мекард. Вай имконияту қобилият ва ниёзҳои ҷисмонии онҳоро ба ҳисоб мегирифт. Масалан, боре, вақте ки шогирдон хаста шуданд, ӯ гуфт: «Шумо ба танҳоӣ ба ягон ҷои хилват биравед ва каме истироҳат кунед» (Марқӯс 6:30–32). Занон низ шоистаи таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ҳастанд. Китоби Муқаддас онҳоро чун «зарфи заифтар» тасвир мекунад ва ба шавҳарон мефармояд, ки занонро «мӯҳтарам доранд». Барои чӣ? Барои он ки ҳам шавҳару ҳам зан «ҳамирсони [баробарҳуқуқи] файзи ҳаёт» ҳастанд (1 Петрус 3:7). Шавҳарон дар ёд бояд доранд; инсонро дар назари Худо на ҷинси зану мард, балки садоқати вай нисбати Парвардигор гаронбаҳо месозад (Забур 100:6).

8. a) Чаро гуфтан мумкин аст, ки шавҳаре ки «зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад»? б) «Як тан» будан барои зан ва шавҳар чӣ маъно дорад?

8 Китоби Муқаддас мегӯяд, ки шавҳаре ки «зани худро дӯст медошта бошад, худро дӯст медорад». Бале, ҳамин тавр аст, зеро «онҳо акнун ду тан не, балки як тан мебошанд» (Матто 19:6). Ин маънои онро дорад, ки танҳо бо ҳамдигар алоқаи ҷинсӣ доштани онҳо мумкин аст (Масалҳо 5:15–21; Ибриён 13:4). Ҳамсарон ба ин қодир хоҳанд буд, агар беғаразона ба эҳтиёҷоти ҳамдигар ғамхорӣ зоҳир намоянд (1 Қӯринтиён 7:3–5). Ёдрасии ин панд арзанда аст: «Ҳеҷ кас [«мард», ТДН] ҳаргиз ҷисми худро бад намебинад, балки онро ғизо медиҳад ва гарм мекунад». Шавҳаронро зарур аст, ки ҳамсарони худро мисли худашон дӯст бидоранд ва дар хотир дошта бошанд, ки онҳо назди сарвари худ — Исои Масеҳ ҷавобгаранд (Эфсӯсиён 5:29; 1 Қӯринтиён 11:3).

9. Кадом хусусияти Исо дар Филиппиён 1:8 (ТҲФ) зикр шудааст ва чаро шавҳаронро лозим аст, ки нисбати завҷаҳояшон ин хусусиятро зоҳир намоянд?

9 Павлуси расул гуфта буд, ки Исои Масеҳ «эҳсосоти гарм» зоҳир менамуд, яъне инсони мушфиқ буд (Филиппиён 1:8, ТҲФ). Меҳру шафқати Исо хусусияти рӯҳбаландкунандае буд, ки бисёриҳо, аз он ҷумла занони дар байни шогирдони ӯ бударо ҷалб мекард (Юҳанно 20:1, 11–13, 16). Занон интизорӣ доранд, ки шавҳаронашон монанди ин нисбати онҳо меҳрубонӣ зоҳир намоянд.

НАМУНА БАРОИ ЗАНҲО

10. Занҳо аз намунаи Исо чӣ омӯхта метавонанд?

10 Оила созмоне аст ва бинобар ин, барои некӯаҳволияш бояд соҳиби сарвар бошад. Ҳатто Исо Сарваре дорад, ки ба Ӯ бояд итоат намояд. «Сардори Масеҳ Худост», ҳамон тавре ки «сардори зан шавҳари ӯст» (1 Қӯринтиён 11:3). Тобеияти Исо ба сарварии Худо намунаи хубест, зеро ҳар яки мо сарваре дорем, ки бояд ба вай итоат намоем.

11. Муносибати зан ба шавҳараш бояд чӣ гуна бошад ва чунин рафтор чӣ самаре ба бор оварда метавонад?

11 Марди нокомил албатта хатову иштибоҳҳо мекунад ва аз ин рӯ ҳама шавҳарон ба тасаввуроти идеалии сарвари оила баъзан мувофиқат намекунанд. Рафтори зан дар ин ҳолатҳо бояд чӣ гуна бошад? Ӯ набояд, ки шавҳарро паст занад ва ё барои ба дасти худ гирифтани сарварӣ бикӯшад. Зан бояд дар хотир дорад, ки дар назари Худо рӯҳи ҳалиму сокит баҳои баланд дорад (1 Петрус 3:4). Бо зоҳир намудани чунин рӯҳ, зан дархоҳад ёфт, ки мувофиқи хости Худо итоат намудан барояш осонтар мегардад, ҳатто дар вақти душвориҳо. Беш аз ин, Китоби Муқаддас мефармояд: «Зан шавҳари худро бояд эҳтиром намояд» (Эфсӯсиён 5:33, ТФ). Аммо агар шавҳар Исои Масеҳро чун сарвари худ эътироф накунад–чӣ? Китоби Муқаддас занонро ташвиқ менамояд: «Эй занон, мутеъи шавҳарони худ бошед, то чунончи баъзе аз ишон низ ба Инҷил имон наоварда бошанд, бо дидани рафтори шумо имон биоваранд; зеро рафтори хуб ва тавъам боэҳтироми як зан, беҳтар аз суханони ӯ дар бораи Масеҳ, дар дили шавҳар асар мегузорад» (1 Петрус 3:1, 2, ТТФ).

12. Чаро фикри худро баён кардани зан нишонаи беэҳтиромӣ нест?

12 Шавҳар ҳамимон аст ё не, дар ҳар сурат зан набояд ба ӯ беэҳтиромӣ зоҳир намояд, баръакс занро лозим аст, ки фикри аз ақидаи шавҳар фарқкунандаи худро боадабона бифаҳмонад. Шояд нуқтаи назари зан дуруст бошад ва пешниҳоди вай ба манфиати тамоми аҳли оила хидмат намояд. Боре Иброҳим–пайғамбар бо зани худ Соро, ки ҳалли мушкилии дар хонадон ба вуҷудомадаро пешниҳод намуд, розӣ нашуд. Аммо дар ин ҳангом аз ҷониби Худо ба Иброҳим амр омад: «Ба суханаш гӯш андоз...». (Ҳастӣ 21:9–12-ро хонед.) Вале ҳангоме ки шавҳар қарори ниҳоии бо қонунҳои Худо зиддият надоштаро қабул менамояд, зани ӯ бо дастгирии он итоати худро зоҳир мекунад (Аъмол 5:29; Эфсӯсиён 5:24).

Чӣ намунаи волоеро Соро ба занон гузоштааст?

13. a) Матни Титус 2:4, 5 занони шавҳардорро ба чӣ ташвиқ мекунад? б) Китоби Муқаддас дар бораи зиндагии ҷудогона ва талоқ чӣ мегӯяд?

13 Зан метавонад аз ҷонибҳои гуногун ба оила ғамхорӣ намуда, нақши худро дар хонавода иҷро кунад. Масалан, Китоби Муқаддас ба занони шавҳардор мегӯяд, ки «шавҳарон ва кӯдакони худро дӯст доранд, боисмат, пок, ғамхори хона, некдил ва мутеъ ба шавҳарон бошанд» (Титус 2:4, 5). Зан ва модаре, ки ҳамин тавр мекунад, муҳаббату эҳтироми аҳли оиларо ба даст хоҳад овард. (Масалҳо 31:10, 28-ро хонед.) Азбаски оила ин иттиҳоде аз шахсони нокомил мебошад, баъзан ҳолатҳои ногувор метавонанд ба зиндагии ҷудогона ё талоқ оваранд. Каломи Худо дар ҳолатҳои муайяне зиндагии ҷудогонаи ҳамсаронро раво медонад. Аммо ба қабули ин қарор ҷиддан муносибат бояд кард, чунки Китоби Муқаддас мегӯяд: «Завҷа аз шавҳараш набарояд ... ва шавҳар завҷаашро талоқ надиҳад» (1 Қӯринтиён 7:10, 11). Мувофиқи Каломи Худо танҳо бадахлоқии ҷинси яке аз ҳамсарон барои талоқ сабаб шуда метавонад (Матто 19:9).

НАМУНАИ КОМИЛ БАРОИ ВОЛИДОН

14. Исо ба кӯдакон чӣ гуна муносибат мекард? Кӯдакон ба чӣ ниёз доранд?

14 Тарзи муносибати Исо ба кӯдакон намунаи комилест барои волидон. Ҳангоме ки дигарон ба кӯдакони ба Исо наздикшаванда монеъ мешуданд, вай гуфт: «Кӯдаконро бигзоред, ки назди ман оянд ва ба онҳо монеъ нашавед». Китоби Муқаддас нақл мекунад, ки пас аз ин гуфтаҳо Исо кӯдаконро «ба оғӯш кашид ва даст бар онҳо ниҳода, дуои хайр кард» (Марқӯс 10:13–16). Агар худи Исои Масеҳ бо кӯдакон вақт мегузаронд,— магар шумо набояд ба писару духтарони худатон чунин бикунед? Кӯдакон на ба лаҳзаи кӯтоҳ, балки ба муддати кофии вақтгузаронӣ бо шумо ниёз доранд. Шуморо вақт лозим аст, то онҳоро таълиму тарбия диҳед,— ин аст талаби Яҳува аз падару модарон. (Такрори Шариат 6:4–9-ро хонед.)

15. Волидон барои ҳимояи фарзандони худ чӣ кор карда метавонанд?

15 Азбаски шарорат дар ҷаҳон торафт меафзояд, фарзандон ниёз доранд, ки падару модарон онҳоро аз шахсоне, ки ба кӯдакон зиён расонида метавонанд,— аз он ҷумла касони разиле, ки ба номуси онҳо таҷовуз карда метавонанд,— ҳимоя намоянд. Аҳамият диҳед чӣ гуна Исо шогирдони худро, ки навозишкорона «фарзандон» меномид, муҳофизат мекард. Вақте ки ӯро ҳабс намуданд ва марг таҳдидаш мекард, вай ғамхорӣ намуд, то шогирдонашро раҳо намоянд (Юҳанно 13:33; 18:7–9). Агар фарзанддор ҳастед, ҳушёр бояд бошед, ки Шайтон дар кӯшишҳои зиёнрасонӣ ба онҳо ба ҳадаф нарасад. Шумо бояд онҳоро аз хавфу хатари дар ҷаҳонбуда огаҳ намоед * (1 Петрус 5:8). Ҳанӯз дар ҳеҷ замон хавфе, ки ба саломатии ҷисмониву рӯҳонӣ ва покии ахлоқи онҳо таҳдид мекард, мисли имрӯза бузург набуд.

Падару модарон аз тарзи муносибати Исо ба кӯдакон чӣ омӯхта метавонанд?

16. Падару модарон аз тарзи муносибати Исо ба нокомилияти шогирдонаш чӣ омӯхта метавонанд?

16 Шаби пеш аз марги Исо, шогирдони ӯ миёни ҳам баҳс мекарданд; кадоме аз онҳо дар байнашон бузургтарин аст. Ба ҷои он ки ба онҳо хашм гирад, Исо меҳрубонона насиҳат кард ва бо намунаи хеш онҳоро панд дод (Луқо 22:24–27; Юҳанно 13:3–8). Агар шумо падар ё модаред, ҳангоми ислоҳи фарзандон чӣ тавр ба намунаи Исо пайравӣ карданатон мумкин аст? Дуруст аст, ки танбеҳ дар тарбия чораи лозимист, аммо он бояд «аз рӯи инсоф [яъне ба меъёр ё одилона]» бошад; ҳеҷ гоҳ ҷаҳлро ба сари фарзанд фурӯ набояд рехт. Суханҳои бемулоҳизаро ба забон наоред, ки ҷароҳатҳои он «мисли зарби шамшер аст» (Ирмиё 30:11; Масалҳо 12:18). Танбеҳ бояд тавре дода шавад, ки баъдтар фарзанди шумо дурустиву фоидаи онро дарк кунад (Эфсӯсиён 6:4; Ибриён 12:9–11).

НАМУНАИ ИБРАТ БАРОИ ФАРЗАНДОН

17. Кӯдакон аз намунаи Исо чӣ омӯхта метавонанд?

17 Оё кӯдакон аз намунаи Исо ибрат гирифта метавонанд? Бале, метавонанд! Исо дар намунаи хеш нишон дод, ки фарзандон бояд чӣ тавр ба волидон итоат намоянд. Ӯ гуфт: «Он чиро, ки Падарам ба ман таълим дод, мегӯям». Ва илова намуд: «Ман ҳамеша аъмоли писандидаи Ӯро ба ҷо меоварам» (Юҳанно 8:28, 29). Исо ба Падари осмониаш гӯш медод, Китоби Муқаддас низ ба фарзандон мегӯяд, ки ба волидон итоат намоянд. (Эфсӯсиён 6:1–3-ро хонед.) Ҳарчанд Исо кӯдаки комил буд, ӯ ба волидони одамиву нокомили худ — ба Юсуфу Марям итоат мекард. Бешакк, ин ба хушбахтии ҳар як аъзои оилаи Исо мусоидат менамуд! (Луқо 2:4, 5, 51, 52).

18. Чаро Исо ҳамеша ба Падари осмонии худ итоат мекард ва итоаткории фарзандон ба волидон киро шод мегардонад?

18 Оё фарзандон фаҳмиданд, ки чӣ тавр метавонанд бештар ба Исо монанд шуда, волидони худро хурсанд созанд? Дар ҳақиқат баъзан барои бачаҳо итоат кардан ба волидон мушкил аст, аммо хости Худо ин аст, ки фарзандон ба падару модар итоат намоянд (Масалҳо 1:8; 6:20). Исо ҳамеша ба Падари осмонии худ итоат мекард, ҳатто дар вазъиятҳои мушкил. Боре, ба ҷо овардани хости Худо барои Исо чунон душвор буд, ки ӯ ин тавр гуфт: «Эй падар, агар хости туст, ин ҷоми ранҷу заҳмат [масъулияти муайяне]–ро аз муқобили ман бардор». Ба ҳар ҳол, Исо хоҳиши Худоро иҷро кард, чунки мефаҳмид; Падар хубтар медонад, ки чӣ кор бояд кард (Луқо 22:42, ТТФ). Ба падару модар гӯш доданро ёд гирифта, кӯдакон дили волидон ва Падари осмониро хеле шод мегардонанд * (Масалҳо 23:22–25).

Ҳангоми дучори озмоиш шудан, бачаҳо чиро бояд дар хотир доранд?

19. a) Шайтон фарзандонро ба чӣ бармеангезад? б) Рафтори фосиқонаи фарзанд чӣ таъсире ба волидон расонида метавонад?

19 Шайтон худи Исоро меозмуд ва итминон метавон дошт, ки ӯ кӯдаконро низ ба корҳои бад бармеангезад (Матто 4:1–10). Яке аз домҳои Иблис, ки муқовимат ба он хело душвор аст,— фишори ҳамсолон мебошад. Чӣ сон муҳим аст, ки кӯдакон бо бадрафторон муошират накунанд! (1 Қӯринтиён 15:33). Духтари Яъқуб–пайғамбар Дино, бо онҳое дӯстӣ варзид, ки ба Яҳува ибодат намекарданд ва ин сабаби мусибатҳо шуд (Ҳастӣ 34:1, 2). Андеша намоед, ки чӣ зарбаи сахтеро оила аз рафтори фосиқонаи як аъзои он эҳсос хоҳад кард! (Масалҳо 17:21, 25).

КАЛИДИ ХУШБАХТӢ ДАР ОИЛА

20. Барои баҳравар будан аз хушбахтии оила ҳар як аъзои он чӣ кор бояд кунад?

20 Дар сурати иҷро кардани панду насиҳатҳои Китоби Муқаддас ҳалли мушкилиҳои оила осонтар хоҳад буд. Аслан калиди хушбахтӣ дар оила бакорбарии маслиҳатҳои ин китоб мебошад. Бинобар ин, шавҳарон, занони худро дӯст доред ва бо онҳо тавре муносибат намоед, ки Исо бо ҷамоати пайравонаш мекард. Занон, ба шавҳарон чун ба сарварони оила итоат кунед ва ба намунаи зани солеҳаю некӯсират, ки дар Масалҳо 31:10–31 тасвир шудааст, пайравӣ намоед. Падару модарон, фарзандони худро тарбия кунед (Масалҳо 22:6). Падарон, «хонаву ҷои худро ба хубӣ идора кунед» (1 Тимотиюс 3:4, 5; 5:8). Фарзандон, «ба падарону модарони худ итоат намоед» (Қӯлассиён 3:20). Ягон аъзои оила инсони комил нест,— ҳама хато мекунанд. Бинобар ин хоксор бошеду аз ҳамдигар бахшиш пурсед.

21. Чӣ ояндаи аҷибе дар пеш аст ва чӣ тавр худи ҳоло аз хушбахтӣ дар оила баҳравар шуда метавонем?

21 Дар ҳақиқат Китоби Муқаддас ганҷинаи боест аз панду насиҳатҳо ва даструроти пурарзиш оиди ҳаёти оилавӣ. Ғайр аз ин, он ба мо дар бораи дунёи нави Худо ва Биҳишти рӯи замин, ки аз инсонҳои хушбахти Яҳуваро ибодаткунанда пур хоҳад буд, нақл мекунад (Ваҳй 21:3, 4). Чӣ ояндаи аҷибе дар пеш аст! Ва худи ҳоло низ бо иҷрои дастуроти Худо, ки дар Каломаш бароямон фароҳам овардааст, метавонем аз хушбахтӣ дар оила баҳравар гардем.

^ сарх. 15 Оиди тарзҳои ҳимояи кӯдакон саҳифаи 32–юми китоби «Аз Устоди Бузург биёмӯз» (нашри Шоҳидони Яҳува, рус.) маълумот медиҳад.

^ сарх. 18 Танҳо дар ҳолате, ки падару модар кори бар қонуни Худо зидбударо аз фарзанд талаб намоянд, ба онҳо итоат накардани ӯ дуруст мебуд (Аъмол 5:29).