Таълимоти Китоби Муқаддас

Ин мавод барои он омода гардидааст, то ба шумо барои фаҳмидани нуқтаи назари Китоби Муқаддас нисбати мавзӯъҳои гуногун, аз ҷумла чаро мо азоб мекашем, пас аз марг чӣ рӯй медиҳад, чӣ тавр хушбатии оилавиро ёфтан мумкин аст ва ғайраву ҳоказо, кӯмак расонад.

Магар чунин буд мақсади Худо?

Шояд шумо ба ташвиш омада пурсед, ки чаро имрӯз ин қадар душворӣ зиёд аст. Магар шумо бо гуфтаҳои Китоби Муқаддас оиди наздикшавии дигаргуниҳои ҳақиқӣ, ки шумо аз он манфиат гирифта метавонед, шиносед?

БОБИ 1

Ҳақиқат дар бораи Худо

Ба фикри шумо оё Худо шахсан нисбати шумо ғамхор аст? Дар бораи шахсияти Худо ва чӣ тавр ба Ӯ наздик шудан мумкин аст, бифаҳмед.

БОБИ 2

Китоби Муқаддас китоби илоҳист

Чӣ гуна Китоби Муқаддас дар ҳалли мушкилиҳо ёрӣ мерасонад? Чаро пешгӯиҳои Китоби Муқаддас шоёни бовариянд?

БОБИ 3

Худо нисбати замин чӣ ният дорад?

Оё биҳишти ваъдакардаи Худо воқеӣ аст? Агар ҳа, пас он кай барпо хоҳад шуд?

БОБИ 4

Исои Масеҳ кист?

Бифаҳмед, ки чаро Исо, Масеҳи ваъдашуда аст, ӯ аз куҷо омад ва чаро нахустзодаи Худо номида шуд.

БОБИ 5

Фидя — олитарин инъоми Худост

Фидя чист? Чӣ тавр шумо аз он манфиат гирифта метавонед?

БОБИ 6

Мурдагон дар чӣ ҳолатанд?

Бифаҳмед, ки Китоби Муқаддас оиди ҳолати мурдагон ва пас аз марг бо одам чӣ мешавад, чӣ мегӯяд.

БОБИ 7

Умеди воқеӣ дар хусуси наздикони фавтидаамон

Оё шумо ягон шахси наздикатонро аз даст додаед? Магар боз бо онҳо вохӯрдан имконпазир аст? Бифаҳмед, ки Китоби Муқаддас оиди эҳёшавӣ чиро таълим медиҳад.

БОБИ 8

Салтанати Худо чист?

Бисёриҳо дуои намунавии Исоро медонанд. Ибораи «Малакути Ту биёяд» чӣ маъно дорад?

БОБИ 9

Оё мо дар «охирзамон» зиндагӣ мекунем?

Фаҳмед, ки чӣ тавр рафтору тарзи фикрронии одамони гирду атрофамон исбот мекунанд, ки пешгӯиҳои Китоби Муқаддас иҷро шуда истодаанд ва мо дар «охирзамон» зиндагӣ дорем.

БОБИ 10

Махлуқоти рӯҳӣ. Оё онҳо ба мо таъсир мерасонанд?

Дар Китоби Муқаддас дар бораи фариштаҳо ва девҳо гуфта шудааст. Оё махлуқоти рӯҳӣ дар ҳақиқат вуҷуд доранд? Оё онҳо ба мо таъсир мерасонанд?

БОБИ 11

Чаро Худо ба ранҷу азобҳо роҳ медиҳад?

Бисёриҳо фикр мекунанд, ки Худо ба ҳама ранҷу азобҳои дунё айбдор аст. Шумо чӣ фикр доред? Бифаҳмед, ки Худо оиди сабабҳои ранҷу азобҳо чӣ мегӯяд.

БОБИ 12

Тарзе зиндагӣ кунед, ки писанди Худо бошад

Зиндагӣ кардан бо он тарзе ки ба Худо писанд аст, имконпазир мебошад. Дар ҳақиқат, шумо метавонед дӯсти Ӯ бошед.

БОБИ 13

Назари Худо ба ҳаёт

Назари Худо нисбати исқоти ҳамл, хунгузаронӣ ва ҳаёти ҳайвонот чӣ гуна аст?

БОБИ 14

Сирри хушбахтии оила дар чист?

Муҳаббати Исо намуна барои шавҳарон, занон ва кӯдакон аст, ки онҳо ба ӯ пайравӣ карда метавонанд. Мо аз ӯ чӣ омӯхта метавонем?

БОБИ 15

Тарзи ибодате ки Худо қабул медорад

Биёед, шаш хусусиятеро, ки пайравони дини ҳаққониро муайян мекунанд, аз назар гузаронем.

БОБИ 16

Бо роҳи ҳақиқат равед

Ҳангоми дар бораи имони худ ба дигарон гап задан бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуда метавонем? Чӣ тавр мо инро бе ранҷондани онҳо карда метавонем?

БОБИ 17

Дар дуо ба Худо наздик шавед

Оё Худо дуоҳои моро мешунавад? Барои ба ин савол ҷавоб ёфтан, ба шумо лозим аст, ки аз Китоби Муқаддас оиди дуо бифаҳмед.

БОБИ 18

Таъмид ва дӯстии шумо бо Худо

Барои ба талаботи таъмид мувофиқат кардан чӣ бояд кард? Фаҳмед ки таъмид рамзи чист ва чӣ тавр сурат мегирад.

БОБИ 19

Худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред

Барои ҳамаи он чизе ки Яҳува барои мо кардааст, чӣ тавр муҳаббат ва миннатдориамонро нишон дода метавонем?

ЗАМИМА

Номи Илоҳӣ — истифода ва маънои он

Номи Худоро аз бисёр тарҷумаҳои Китоби Муқаддас гирифтанд. Чаро? Оё истифода бурдани номи Худо муҳим аст?

ЗАМИМА

Пешгӯиҳои Дониёл-пайғамбар дар бораи зоҳир шудани Масеҳ

Зиёда аз 500 сол пеш аз тавлиди Исо, Худо вақти омадани Масеҳро ошкор сохт. Оиди ин пешгӯиҳо бифаҳмед!

ЗАМИМА

Ҳазрати Исо — Масеҳи ваъдашуда аст

Ҳамаи пешгӯиҳои Китоби Муқаддас оиди Масеҳ дар Исо иҷро шудаанд. Бовариатонро нисбати Китоби Муқаддас зиёд гардонед ва бинед ки чӣ тавр ҳамаи ин пешгӯиҳо пурра иҷро шудаанд.

ЗАМИМА

Ҳақиқат дар хусуси Падар, Писар ва рӯҳулқудс

Бисёри одамон боварӣ доранд, ки таълимоти Сегонаро Китоби Муқаддас таълим медиҳад. Магар ин дуруст аст?

ЗАМИМА

Чаро масеҳиёни ҳақиқӣ дар ибодат салибро истифода намекунанд

Оё дар ҳақиқат Исо дар салиб мурдааст? Аз Китоби Муқаддас ҷавобро бихонед.

ЗАМИМА

Шоми ёдбуди марги Масеҳ — маросимест, ки Худоро ҳамд мекунад

Ба пайравони Исо фармуда шуд, ки ёдбуди марги Масеҳро қайд кунанд. Он бояд кай ва чӣ гуна гузаронида шавад?

ЗАМИМА

«Рӯҳ» ва «ҷон» аслан чистанд?

Бисёриҳо ақида доранд, ки ҳангоми марг як ҷузъи ноаёни ҷисми инсонӣ ба зиндагӣ идома медиҳад. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

ЗАМИМА

«Шеол» ва «ҳадес» чистанд?

Дар баъзе тарҷумаҳои Китоби Муқаддас ба ҷои калимаҳои «қабр» ё «дӯзах», шеол ё ҳадес истифода шудааст. Ин калимаҳо дар асл чӣ маъно доранд?

ЗАМИМА

Рӯзи Қиёмат чӣ рӯзест?

Бифаҳмед, ки рӯзи Қиёмат ба ҳама одамони содиқ чӣ гуна баракатҳо меорад.

ЗАМИМА

Соли 1914 — санаи муҳимест дар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас

Кадом рӯйдоди соли 1914 муҳимияти ин солро қайд мекунад?

ЗАМИМА

Микоили раиси фариштагон кист?

Дар Китоби Муқаддас оиди ин шахсияти пурқудрат — раиси фариштагон, гуфта шудааст. Дар бораи ӯ ва оиди он ки ҳоло вай машғули кадом кор аст, бифаҳмед.

ЗАМИМА

«Бобили бузург» чист?

Дар китоби Ваҳй оиди зане бо номи «Бобили бузург» гуфта шудааст. Оё он зани воқеӣ аст? Китоби Муқаддас дар бораи он зан чӣ мегӯяд?

ЗАМИМА

Оё Исои Масеҳ дар моҳи декабр таваллуд шуд?

Дар бораи обу ҳавои замони тавлиди Исо дида бароед. Мо аз ин чӣ мефаҳмем?

ЗАМИМА

Оё идҳоро ҷашн гирифтан лозим аст?

Идҳое ки дар маҳалли шумо қайд мекунанд, аз куҷо пайдо шудаанд? Шояд ҷавоби ин шуморо ба ҳайрат орад.