Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ ҲАШТ

Салтанати Худо чист?

Салтанати Худо чист?
  • Дар бораи Салтанати Худо Китоби Муқаддас чӣ мегӯяд?

  • Салтанати Худо чӣ кор хоҳад кард?

  • Кай Салтанат иродаи Худоро дар рӯи замин амалӣ мегардонад?

1. Дар бораи кадом дуои машҳур ҳоло мулоҳиза хоҳем кард?

ДУОИ МАШҲУРЕ, ки Исо ба шогирдонаш ҳамчун намуна нишон дод, ҷолиби диққат аст. Се дархости аввали ин дуои пурмаънӣ барои фаҳмиши таълимоте, ки Китоби Муқаддас дар асл медиҳад, кӯмак мекунанд.

2. Кадом се дархостро Исо дар дуои намунавӣ овард?

2 Дар аввали дуои намунавии худ Исо ба шунавандагонаш дастур дод: «Пас ба ин мазмун дуо гӯед: “Эй Падари мо, ки дар осмонӣ! Исми Ту муқаддас бод; Малакути Ту биёяд; иродаи Ту, чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам ба амал ояд”» (Матто 6:9–13). Чӣ маънӣ доранд ин се дархост?

3. Дар бораи Салтанати Худо чиро бояд бидонем?

3 Дар бораи номи Худо — Яҳува мо аллакай маълумоти зиёд омӯхтем. Ҳамчунин оиди иродаи Худо ва амалҳое, ки Ӯ барои инсоният дар гузашта карду дар оянда карданист, сӯҳбат намудем. Пас, ин гуфтаҳои Исо дар дуои намунавӣ: «Малакути Ту биёяд»,— ба чӣ ишора мекарда бошанд? Малакут ё Салтанати Худо чист? Барпо гаштани он чӣ гуна исми Худоро ҷалол медиҳаду муқаддас мегардонад? Ва омадани Салтанат чӣ алоқамандие бо амалӣ гаштани иродаи Худо дорад?

САЛТАНАТИ ХУДО ЧИСТ

4. Салтанати Худо чист ва Подшоҳи он кист?

4 Салтанати Худо ҳукуматест, ки Яҳува Худо барпо карда, худ подшоҳи онро таъин намудааст. Кӣ ба мақоми подшоҳи Салтанат сазовор шуд? — Исои Масеҳ. Подшоҳии Исо аз тамоми ҳокимиятҳои инсонӣ бартарият дорад, Исо «шоҳи шоҳон ва сарвари сарварон» номида шудааст (1 Тимотиюс 6:15, ТТФ). Тавоноии Исо барои амалҳои нек аз қудрати дилхоҳ ҳокими инсонӣ — бигузор беҳтарини онҳо бошад,— хело ва хело бузургтар аст.

5. Салтанати Худо аз куҷо ҳукмронӣ хоҳад кард ва бар болои чӣ?

5 Салтанати Худо аз куҷо ҳукмронӣ мекунад? Ва ҳоло Исо дар куҷост? Бояд дар хотир дошта бошед, ки пас аз марг дар сутуни шиканҷа ӯ эҳё шуд ва баъд аз муддати кӯтоҳе ба осмон сууд кард (Аъмол 2:33). Пас, Салтанати Худо дар он ҷост — дар осмон. Ана барои чӣ Китоби Муқаддас онро «Малакути Осмонӣ» меномад (2 Тимотиюс 4:18). Гарчанде ки Салтанати Худо дар осмон аст, он бар рӯи замин ҳукмронӣ хоҳад кард. (Ваҳй 11:15-ро хонед.)

6, 7. Чаро Исо Подшоҳи беҳтарин аст?

6 Барои чӣ Исо — Подшоҳи беҳтарин мебошад? Яке аз сабабҳо ин аст, ки вай миранда нест. Исоро бо ҳокимони инсонӣ қиёс карда, Китоби Муқаддас мегӯяд: «Он яктовуҷуде, ки фанонопазир аст ва дар нуре сокин мебошад, ки маҳол аст касе ба он наздик гардад» (1 Тимотиюс 6:16, ТҲФ). Ва ин чунин маъно дорад, ки ӯ ҳар кори неки оғозкардаашро ба анҷом хоҳад расонид. Ва мо итминон дорем, ки ӯ дар оянда корҳои неку бузургеро ба манфиати инсоният ба ҷо хоҳад овард.

7 Ба ин пешгӯии дар бораи Исо гуфтаи Китоби Муқаддас назар андозед: «Ва бар ӯ Рӯҳи Худованд, рӯҳи ҳикмат ва хирад, рӯҳи машварат ва қудрат, рӯҳи шинохтани Худованд ва тарси Ӯ қарор хоҳад гирифт. Ва рӯҳи худотарсӣ ӯро пур хоҳад кард, ва ӯ на бар тибқи нигоҳи чашмонаш доварӣ хоҳад намуд, ва на аз рӯи шуниди гӯшҳояш ҳукм хоҳад кард, балки мискинонро бо адолат доварӣ хоҳад кард, ва мазлумони заминро бо росткорӣ ҳукм хоҳад намуд» (Ишаъё 11:2–4). Аз ин суханон бармеояд, ки Исо Подшоҳи адолатпарвару ҳамдарди инсоният хоҳад буд. Магар шумо зери ҳукмронии чунин ҳоким зиндагӣ кардан намехостед?

8. Киҳо дар ҳукмронӣ ба Исо ҳамроҳӣ хоҳанд кард?

8 Ҳақиқати дигаре оиди Салтанати Худо ин аст, ки Исо батанҳоӣ ҳукм нахоҳад ронд. Дар ҳукмронӣ ӯ ҳамроҳон хоҳад дошт. Масалан, Павлуси расул ба Тимотиюс гуфта буд: «Агар тоқат оварем, бо ӯ салтанат ҳам хоҳем ронд» (2 Тимотиюс 2:12). Бале, Павлус, Тимотиюс ва шахсони дигари содиқ, ки аз ҷониби Худо интихоб шудаанд, дар Салтанати осмонӣ бо Исо ҳукмронӣ мекунанд. Ин имтиёзро чанд нафар хоҳанд дошт?

9. Шумораи онҳое ки бо Исо ҳукмронӣ хоҳанд кард, чанд аст ва кай Худо ба интихоби онҳо шурӯъ намуд?

9 Ҳамон тавре ки дар боби 7–уми ин китоб қайд шуд, ба Юҳаннои расул чунин рӯъё дода шуд: «Барра [Исои Масеҳ] бар кӯҳи Сион [мақоми подшоҳии вай дар осмон] истодааст, ва бо ӯ саду чилу чор ҳазор нафар, ки бар пешониҳошон исми Падари ӯ навишта шудааст». Ин 144 000 нафар кистанд? Худи Юҳанно ба мо мефаҳмонад: «Инҳо касоне ҳастанд, ки ҳар куҷо Барра равад, аз ақибаш мераванд. Онҳо аз миёни одамон, ҳамчун навбарони Худо ва Барра, харида шудаанд» (Ваҳй 14:1, 4). Бале, онҳо пайравони содиқи Исо мебошанд, ки махсус барои ҳукмронӣ бо ӯ дар осмон интихоб шудаанд. Пас аз эҳё шуданашон ба ҳаёти осмонӣ, онҳо бо Исо «бар замин салтанат хоҳанд ронд» (Ваҳй 5:10). Аз замонҳои ҳаввориён, Худо масеҳиёни содиқро барои ҳукмронӣ бо Исо интихоб мекард, то оне ки шумораи онҳо ҷамъулҷамъ то 144 000 нафар бирасид.

10. Чӣ гуна дар ҳукмронии Исо ва 144 000 ҳокимони дигар муҳаббати Худо бар одамизод зоҳир мешавад?

10 Бо ҳукмронии Исо ва 144 000 ҳокимони дигар муҳаббати Худо бар одамизод зоҳир мешавад. Аз як ҷониб, Исо, ки худ дар ҷисми инсонӣ буд, дарду азобҳои одамизодро хуб мефаҳмад. Павлус нисбати Исо мегӯяд, ки саркоҳине мисли ӯ нест, ки «дар заъфҳои мо натавонад ба мо дилсӯзӣ намояд, балки Ӯ монанди мо, дар ҳама чиз озмудаи васвасае шуд, вале гуноҳ накард» (Ибриён 4:15; 5:8). Ҳокимоне ки ба Исо ҳамроҳӣ мекунанд,— онҳо низ чун инсонҳо азоб кашидаанд ва ба озмоишҳо босубот тоб овардаанд. Бар замми ин, эшон бо нокомилият ва бемориҳои гуногун мубориза мебурданд. Аз ин рӯ, онҳо бешубҳа, тамоми мушкилиҳоеро ки одамизод дучор мешавад, мефаҳманд!

САЛТАНАТИ ХУДО ЧӢ КОР ХОҲАД КАРД?

11. Чаро Исо ба шогирдонаш гуфт, ки дар бораи амалӣ гаштани иродаи Худо дуо гӯянд?

11 Ҳангоме ки Исо ба шогирдони худ дар хусуси омадани Салтанати Худо дуо гуфтанро таълим медод, ӯ гуфт, ки онҳо бояд иҷроиши иродаи Худоро низ дар дуо дархост намоянд. Дар осмон, ки маскани Худост, фариштагони содиқ ҳамеша иродаи Ӯро ба ҷо меоварданд. Лекин чӣ тавре ки аз боби 3–юм фаҳмидем, як фариштаи шарир аз иҷроиши иродаи Худо даст кашида, сабабгори гуноҳи Одаму Ҳавво гардид. Дар боби 10–ум мо гуфтаҳои Китоби Муқаддасро дар бораи ин фариштаи бадкирдор, ки Шайтон Иблис номида мешавад, бештар хоҳем омӯхт. Худо гузошт, ки Шайтону девҳо — фариштаҳое, ки пайравӣ ба Иблисро интихоб кардаанд,— муддате дар осмон бимонанд. Яъне, замоне буд, ки на ҳама махлуқоти рӯҳӣ дар осмон иродаи Худоро ба ҷо меоварданд. Аммо бо оғози ҳукмронии Салтанати Худо бояд тағйироте ба амал меомад. Подшоҳи нав бар тахти шоҳӣ нишаста — Исои Масеҳро мубориза бо Шайтон дар пеш буд. (Ваҳй 12:7–9-ро хонед.).

12. Кадом ду рӯйдоди муҳим дар Ваҳй 12:10 тасвир шудаанд?

12 Пешгӯии зерин рӯйдодҳои ояндаро тасвир кард: «Овози баланде дар осмон шунидам, ки мегӯяд: “Акнун наҷот ва қувват ва Малакути Худои мо ва қудрати Масеҳи Ӯ фаро расид, чунки маломатгари бародарони мо [Шайтон], ки дар ҳаққи онҳо шабу рӯз дар пеши Худои мо маломат мекард, сарнагун шуд”» (Ваҳй 12:10). Пай бурдед, ки дар ин матни Китоби Муқаддас ду рӯйдоди муҳиме тасвир шудаанд? Аввалан, Салтанати Худо зери сарварии Исои Масеҳ ба ҳукмронӣ оғоз мекунад. Сониян, Шайтон аз ҳудуди осмон ба замин ронда мешавад.

13. Дар натиҷаи аз осмон сарнагун шудани Шайтон чӣ шуд?

13 Натиҷаи ин воқеаҳо чӣ гуна аст? Дар бобати вазъи осмон Китоби Муқаддас мегӯяд: «Пас, шодӣ кунед, эй афлок ва сокинони он!» (Ваҳй 12:12). Бале, фариштагони бовафо шодӣ мекунанд, зеро пас аз ронда шудани Шайтон ва девҳои ӯ, дар осмон танҳо ходимони вафодори Яҳува Худо монданд. Акнун дар он ҷо сулҳу ягонагӣ пойдор гашт. Аз ҳамон лаҳза иродаи Худо дар осмон иҷро шуда истодааст.

Аз осмон ронда шудани Шайтон ва девҳои ӯ ғаму андӯҳи зиёдеро ба сари сокинони замин овард. Ин ранҷу азобҳо ба қарибӣ хотима хоҳанд ёфт.

14. Пас аз ронда шудани Шайтон ба замин чӣ шуд?

14 Хуб, дар бораи замин чӣ метавон гуфт? Китоби Муқаддас мегӯяд: «Вой бар ҳоли сокинони замин ва баҳр, чунки назди шумо иблис бо хашми зӯре нузул кардааст, чун медонад, ки вақташ кам мондааст» (Ваҳй 12:12). Шайтон дар ғазаб аст, зеро ки аз осмон ронда шудааст ва вақти каме барояш боқӣ мондааст. Ӯ дар ғазаб ғаму андӯҳи зиёде бар сари сокинони замин овард,— «вой» бар ҳоли онҳо! Дар ин бора аз боби навбатӣ бештар хоҳем фаҳмид. Лекин агар ин тавр бошад, саволе ба миён меояд, ки чӣ гуна Салтанат иродаи Худоро дар замин амалӣ мегардонад?

15. Иродаи Худо нисбати замин чӣ гуна аст?

15 Ба хотир оред, ки Худо оиди замин чӣ ният кардааст. Инро шумо аз боби 3 омӯхта будед. Дар боғи Адан Худо иродаи худро зоҳир кард; ба биҳишт табдил ёфтани замин ва ҷовидона дар он зиндагӣ кардани инсонҳои одил. Вале Шайтон Одаму Ҳавворо ба гуноҳ барангехт ва ин ба амалӣ гаштани нияти Худо нисбати замин таъсир кард, аммо онро тағйир надод. Яҳува ҳанӯз мақсад дорад, ки «одилон вориси замин» шаванд «ва дар он то абад сукунат» кунанд (Забур 36:29). Ва Салтанати Худо ин мақсадро амалӣ хоҳад кард. Ба чӣ тарз?

16, 17. Пешгӯии Дониёл 2:44 дар бораи Салтанати Худо чиро ба мо ошкор месозад?

16 Ба пешгӯии дар Дониёл 2:44 навишташуда диққат диҳед: «Дар айёми он подшоҳон Худои осмон салтанате барпо хоҳад кард, ки он то абад барҳам нахоҳад хӯрд; ва ин салтанат ба қавми дигаре супурда нахоҳад шуд: он ҳамаи ин салтанатҳоро гард–гард ва несту нобуд хоҳад кард, вале худаш то абад хоҳад истод». Ин оят чиро дар бораи Салтанати Худо ба мо ошкор месозад?

17 Якум ин ки Салтанати Худо «дар айёми он подшоҳон», яъне ҳанӯз дар замони вуҷуд доштани салтанатҳои дигар барпо хоҳад гашт. Дуюм ин ки ин Салтанат абадан хоҳад истод. Он мағлуб намешавад ва ҷояшро ҳокимияти дигаре намегирад. Саввум, аз ин пешгӯӣ бармеояд, ки байни Салтанати Худо ва салтанатҳои ин ҷаҳон муҳориба ба амал хоҳад омад. Ва Салтанати Худо музаффар мешавад. Ниҳоят, танҳо як ҳукумат бар инсоният ҳукм хоҳад ронд — ҳукумати беҳтарине, ки амсолашро инсоният ҳанӯз надидааст.

18. Ҷанги ниҳоии байни Салтанати Худо ва ҳокимиятҳои ин ҷаҳон чӣ ном дорад?

18 Китоби Муқаддас дар бораи ҷанги ниҳоии байни Салтанати Худо ва ҳокимиятҳои ин ҷаҳон батафсил нақл мекунад. Масалан, он мегӯяд, ки ҳангоми наздикшавии вақти ин ҷанг арвоҳи шарир «подшоҳони тамоми ҷаҳон»-ро фиреб хоҳанд кард. Бо кадом мақсад? «То ки онҳо [подшоҳон]-ро барои ҷанги рӯзи бузурги Худои Қодири Мутлақ ҷамъ оваранд». Подшоҳони замин ба мавзее ҷамъ хоҳанд шуд, ки «ба забони ибронӣ Ҳармиҷидӯн ном дорад» (Ваҳй 16:14, 16). Мувофиқ бар ин оятҳо набарди ниҳоии байни ҳокимиятҳои инсонӣ ва Салтанати Худо ҷанги Ҳармиҷидӯн ном дорад.

19, 20. Чаро иродаи Худо дар рӯи замин худи ҳозир иҷро намешавад?

19 Ғалабаи Салтанати Худо дар ҷанги Ҳармиҷидӯн бо худ чӣ меорад? Бори дигар иродаи Яҳува Худоро нисбати замин ба хотир оред; пур шудани рӯи замин аз одамони одилу комил ва дар биҳишт ба Ӯ хидмат кардани онҳо. Барои худи ҳозир иҷро шудани ин иродаи Худо чӣ халал мерасонад? Аввалан, мо гунаҳкорем, аз ин рӯ бемор мешавему мемирем. Аммо ҳамон тавре ки аз боби 5 омӯхтем, Исо бароямон мурд, то мо абадан зиндагӣ карда тавонем. Яқинан шумо суханҳои дар Инҷили Юҳанно навишташударо дар хотир доред: «Худо ҷаҳонро чунон дӯст дошт, ки Писари ягонаи Худро дод, то ҳар кӣ ба Ӯ имон оварад, талаф нашавад, балки ҳаёти ҷовидонӣ ёбад» (Юҳанно 3:16).

20 Сабаби дигар он аст, ки одамони зиёд бо роҳи бад мераванд. Онҳо дурӯғ мегӯянд, ба қаллобию фиребгарӣ даст мезананд ва бадахлоқанд. Онҳо хоҳиши ба ҷо овардани иродаи Худоро надоранд. Чунин одамони бадкирдор дар ҷанги Худо — Ҳармиҷидӯн нобуд хоҳанд шуд. (Забур 36:10-ро хонед.) Сабаби дигари иҷро нашудани иродаи Худо дар рӯи замин чунин аст; ҳокимиятҳои ҷаҳон одамонро ба иҷроиши иродаи Худо ташвиқ намекунанд. Аксари ҳокимиятҳо нодору заиф, бедодгар ва ноинсофу ришвахӯранд. Китоби Муқаддас ошкоро мегӯяд: «Одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9).

21. Чӣ гуна Салтанат иродаи Худоро дар рӯи замин иҷро хоҳад кард?

21 Баъди Ҳармиҷидӯн бар тамоми замин фақат як ҳокимият — Салтанати Худо ҳукмронӣ хоҳад кард. Ин Салтанат иродаи Худоро иҷро мекунад ва барои одамон баракатҳои беназир меорад. Масалан, он таъсири Шайтон ва девҳои ӯро аз мо дур хоҳад кард (Ваҳй 20:1–3). Ба туфайли тавоноии қурбонии фидяи Исо одамон дигар бемор намешаванд ва намемиранд. Ба ҷои ин, онҳо таҳти роҳбарияти Салтанат ҷовидона зиндагӣ хоҳанд кард. (Ваҳй 22:1–3-ро хонед.) Тамоми замин ба биҳишт мубаддал мешавад. Ҳамин тавр ин Салтанат иродаи Худоро дар рӯи замин иҷро хоҳад кард ва исми Ӯро муқаддас хоҳад гардонд. Ин чӣ маъно дорад? — Зери ҳукмронии Салтанати Худо ниҳоят ҳар як инсон номи Яҳуваро ҷалол хоҳад дод.

САЛТАНАТ КАЙ ДАР РӮИ ЗАМИН ИРОДАИ ХУДОРО АМАЛӢ МЕГАРДОНАД?

22. Аз куҷо медонем, ки Салтанати Худо ҳангоми дар рӯи замин будани Исо ё дарҳол пас аз эҳё шудани ӯ ба ҳукмронӣ сар накард?

22 Исо ҳангоми омӯзонидани тарзи дуогӯӣ ба пайравонаш гуфт: «Пас ба ин мазмун дуо гӯед: “...Малакути Ту биёяд”». Яъне, Салтанати Худо дар он замон ҳанӯз наомада буд. Оё он пас аз сууди Исо ба осмон омад? На, чунки ҳам Петрус ва ҳам Павлус қайд карданд, ки дар Исои эҳёшуда пешгӯии Забур 110:1, ТФ [109:1] иҷро шуд: «Яҳува ба Худованди ман гуфт: ба дасти рости Ман бинишин, то душманонатро пойандози ту созам» (Аъмол 2:32–35; Ибриён 10:12, 13). Муддате интизор бояд мебуд.

Таҳти ҳукмронии Салтанат иродаи Худо чунон ки дар осмон аст, дар замин ҳам иҷро хоҳад шуд.

23. a) Ҳукмронии Салтанати Худо кай оғоз ёфт? б) Мавзӯи боби оянда чист?

23 Ин давраи интизорӣ то кай давом кард? Дар асрҳои XIX ва XX муҳаққиқони самимии Китоби Муқаддас тадриҷан дарк мекарданд, ки давраи интизорӣ бояд соли 1914 хотима ёбад (барои маълумот оиди ин сана ба замимаи «Соли 1914 — санаи муҳимест дар пешгӯиҳои Китоби Муқаддас» нигаред). Рӯйдодҳои ҷаҳоние, ки аз соли 1914 инҷониб ба вуқӯъ омаданд, дурустии ин фаҳмиши Муҳаққиқони Китоби Муқаддасро тасдиқ карданд. Иҷрошавии пешгӯиҳои Китоби Муқаддас нишон медиҳанд, ки дар соли 1914 Масеҳ Подшоҳ шуд ва маҳз дар ҳамон сол Салтанати осмонии Худо ба ҳукмронӣ оғоз намуд. Пас, мо дар замоне зиндагӣ мекунем, ки барои Шайтон вақти каме боқӣ мондааст (Ваҳй 12:12; Забур 109:2). Ҳамчунин мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки ба наздикӣ Салтанат иродаи Худоро дар рӯи замин иҷро хоҳад кард. Ин хушхабар бароятон хурсандибахш аст? Ба ҳақиқат будани он бовар мекунед? Боби оянда шуморо кӯмак хоҳад кард, то ба ҳақиқат будани ин гуфтаҳо эътимод ҳосил намоед.