Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мисли Исо фурӯтан ва меҳрубон бошед

Мисли Исо фурӯтан ва меҳрубон бошед

«Масеҳ низ барои шумо уқубат кашида, ба шумо намунаи ибрат боқӣ гузошт, то ки аз паи Ӯ равона шавед» (1 ПЕТ. 2:21).

1. Барои чӣ вақте ки мо ба Исо пайравӣ мекунем, мо ба Яҳува наздиктар мешавем?

 ОДАТАН мо ба касоне пайравӣ мекунем, ки хулқу атвори онҳо ба мо маъқул аст. Лекин кӣ аз ҳама бештар сазовори пайравӣ кардан аст? Бе ягон шакку шубҳа гуфтан мумкин аст, ки Исои Масеҳ. Чаро? Чунки худи Исо гуфта буд: «Ҳар кӣ Маро бинад, Падарро дидааст» (Юҳ. 14:9). Дар ҳақиқат, Исо он қадар хуб шахсияти Падарашро инъикос мекард ки, агар касе ӯро мушоҳида мекард, ӯ гӯё Худоро медид. Аз ин рӯ вақте ки мо ба Исо пайравӣ мекунем, мо ба Яҳува — бузургтарин Шахсият дар ҷаҳон наздиктар мешавем. Чӣ гуна манфиатбахш аст пайравӣ кардан ба Исо!

2, 3. а) Чаро Яҳува шахсияти Писарашро ба мо кушод ва Ӯ аз мо чиро интизор аст? б) Дар ин мақола ва мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

2 Аммо мо аз куҷо медонем, ки Исо чӣ гуна шахс буд? Хушбахтона дар Навиштаҳои Юнонӣ зиндагӣ ва шахсияти Исо ба пуррагӣ тасвир шудааст. Ба туфайли он ки Яҳува дар Каломи худ шахсияти Писарашро ошкор кардааст, мо имконият дорем, ки ба ӯ монанд шавем. (1 Петрус 2:21-ро бихонед.) Дар Китоби Муқаддас намунае ки Исо ба мо гузоштааст, бо «пай»-и қадамҳои ӯ монанд карда шудааст. Яҳува мехоҳад, ки мо ба пайҳои Исо нигоҳ карда аз қафои ӯ равона шавем. Исо ба мо намунаи комилтарин гузоштааст, мо бошем, одамони нокомил ҳастем. Пас, чӣ тавр мо аз қафои ӯ қадам гузошта метавонем? Яҳува интизор нест, ки мо ба пуррагӣ мисли Исо мешавем, балки Ӯ мехоҳад, ки мо ҳар чизи аз дастамон меомадаро кунем, то ба намунаи Исо ҳарчи наздиктар шавем.

3 Биёед якчанд хислати олиҷаноби Исоро дида бароем. Дар ин мақола мо дар бораи фурӯтанӣ ва меҳрубонии ӯ гап мезанем. Дар мақолаи навбатӣ бошад, мо далерӣ ва бофаҳмии ӯро муҳокима мекунем. Ҳангоми дида баромадани ҳар як хислати ӯ мо ба саволҳои зерин ҷавоб меёбем: ин хислат чӣ маъно дорад? Чӣ тавр Исо онро зоҳир кард? Мо ба намунаи ӯ чӣ тавр пайравӣ карда метавонем?

ИСО ФУРӮТАН АСТ

4. Фурӯтанӣ чист?

4 Фурӯтанӣ чист? Дар ин ҷаҳоне ки рӯҳияи кибру ғурур ҳама ҷоро фаро гирифтааст, баъзеҳо фурӯтаниро нишонаи сустӣ ё норасоии боварӣ ба худ мешуморанд. Оё ин фикр дуруст аст? Албатта не! Барои зоҳир кардани фурӯтанӣ иродаи қавӣ ва далерӣ дар талаб аст. Ин хислат баръакси ҳавобаландӣ ва ғурур аст. Дар Навиштаҳои Юнонӣ калимае ки чун «фурӯтан» тарҷума шудааст, ба касе ишора мекунад, ки худро кам медонад (Флп. 2:3). Фурӯтанӣ аз он ки мо ба худ чӣ гуна менигарем, сахт вобаста аст. Дар як луғат чунин гуфта шудааст: «Фурӯтанӣ ин дарк кардани он аст, ки мо то чӣ андоза дар назари Худо ночиз ҳастем». Агар мо дар пеши Худо дар ҳақиқат фурӯтан бошем, мо ҳеҷ гоҳ худро аз бародару хоҳаронамон боло намегирем (Рум. 12:3). Азбаски мо одамони нокомил ҳастем, ба мо инкишоф додани фурӯтанӣ осон нест. Лекин, агар мо дар бораи мавқеи худ дар назди Худо андеша кунем ва ба Писари Ӯ пайравӣ кунем, фурӯтаниро ёд мегирем.

5, 6. а) Микоили сарвари фариштагон кист? б) Чӣ тавр Микоил рӯҳияи фурӯтанӣ зоҳир кард?

5 Исо чӣ тавр фурӯтаниро зоҳир кард? Ҳам дар вақти дар замин зиндагӣ карданаш ва ҳам ҳангоми дар осмон чун фариштаи пурқудрат зистанаш, ӯ ба таври беҳтарин ин хислатро зоҳир мекард. Биёед якчанд мисолро аз ҳаёти ӯ дида бароем.

6 Рӯҳияи ӯ. Нависандаи Китоби Муқаддас Яҳудо дар бораи ҳаёти тозаминии Исо навишта буд. (Яҳудо 9-ро бихонед.) Ӯ мегӯяд, ки Микоили сарвари фариштагон, ё худ Исо «бо иблис сухан ронда... баҳс мекард». Баҳс дар бораи ҷасади Мусо буд. Гап дар сари он буд, ки вақте Мусо мурд, Яҳува ҷасади ӯро дар ҷои номаълум дафн кард (Такр. Ш. 34:5, 6). Шайтон эҳтимол мехост устухонҳои ӯро бо мақсади пеш бурдани ибодати бардурӯғ истифода барад. Аммо Микоил далерона ба ӯ муқобил баромад. Дар як луғат навишта шудааст, ки иборае ки дар ин ҷо чун «баҳс мекард» тарҷума шудааст, ҳамчунин маънои дар мурофиаи судӣ гап заданро дошта метавонад. Эҳтимол аст, ки Микоил ҳуқуқи Шайтонро дар мавриди истифода бурдани ҷасади Мусо зери шубҳа гузошт. Лекин сардори фариштагон дарк кард, ки ҳукм кардани Шайтон вазифаи ӯ нест. Ӯ ин корро ба Довари Олӣ — Яҳува вогузор кард. Ӯ ба коре ки ба кардани он ҳуқуқ надошт, ҳатто зери иғвои Шайтон даст назад. Чӣ гуна намунаи олиҷаноби фурӯтанӣ!

7. Чӣ тавр Исо бо гуфтору рафтори худ фурӯтаниро нишон медод?

7 Дар давоми хизмати заминиаш Исо бо тарзи гуфтору рафтораш фурӯтании ҳақиқиро зоҳир кард. Гуфтори ӯ. Ӯ ҳеҷ гоҳ диққати зиёдатиро ба худ ҷалб намекард. Баръакс, ӯ тамоми ҷалолро ба Падараш равона мекард (Марқ. 10:17, 18; Юҳ. 7:16). Ӯ ҳаргиз бо шогирдонаш ҳавобаландона сӯҳбат намекард ё шаъну шарафи онҳоро паст намезад. Исо пайравонашро иззату ҳурмат менамуд, барои корҳои некашон таъриф мекард ва бо суханонаш нишон медод, ки аз онҳо дилпур аст (Луқ. 22:31, 32; Юҳ. 1:47). Рафтори ӯ. Дар тарзи ҳаёти ӯ низ фурӯтанӣ дида мешуд, зеро ӯ ҳаёти оддиро интихоб кард ва аз паи чизу чора нашуд (Мат. 8:20). Исо аз кардани коре, ки дигарон онро паст мешумориданд, ор накард (Юҳ. 13:3–15). Ӯ бо итоаткории худ намунаи беҳтарини фурӯтаниро нишон дод. (Филиппиён 2:5–8-ро бихонед.) Бархилофи одамони ҳавобаланду пурғуруре, ки ба гапи касе гӯш намедиҳанд, Исо ба хости Худо гӯш андохта то дами марг итоаткор монд. Магар аз ин мисолҳо аён нест, ки Исо то чӣ андоза фурӯтан аст? (Мат. 11:29).

МИСЛИ ИСО ФУРӮТАН БОШЕД

8, 9. Чӣ тавр мо фурӯтаниро зоҳир карда метавонем?

8 Чӣ тавр мо дар зоҳир кардани фурӯтанӣ ба Исо пайравӣ карда метавонем? Рӯҳияи мо. Агар мо фурӯтан бошем, ҳеҷ гоҳ аз доираи вазифаи худ қадам берун намегузорем. Агар мо дарк кунем, ки ба курсии доварӣ нишастан ҳаққу ҳуқуқ надорем, ба ҳукм кардани дигарон ва зери шубҳа гузоштани дилу нияти онҳо шитоб намекунем (Луқ. 6:37; Яъқ. 4:12). Фурӯтанӣ ба мо кӯмак мекунад, ки аз ҳад зиёд одил набошем, яъне ба он касоне ки масъулият ё қобилиятҳои моро надоранд, бо назари паст нигоҳ накунем (Воиз 7:16). Пирони фурӯтан худро аз ҳамимононашон боло намеҳисобанд. Баръакс, онҳо дигаронро аз худ зиёдтар шумурда, ба худ бо чашми кам менигаранд (Флп. 2:3; Луқ. 9:48).

9 Бародар У.Ҷ. Торн аз соли 1894 чун пилигрим, яъне нозири сайёр хизмат мекард. Баъди чандин солҳои нозирӣ ӯро ба фермаи Салтанат (Ню-Йорк) даъват карданд, то ки дар мурғхона кор кунад. Ӯ нақл мекунад: «Ҳар гоҳе ман ҳис мекунам, ки аз худ рафта истодаам, ман гӯё аз гиребони худ дошта мепурсам: “Эй мушти хоки ночиз! Ту чӣ коре кардаӣ, ки бо худ ин қадар меболӣ?”» (Ишаъё 40:12–15-ро бихонед.) Чӣ намунаи хуби фурӯтанӣ барои мо!

10. Чӣ тавр мо дар гуфтор ва рафтори худ фурӯтаниро зоҳир карда метавонем?

10 Гуфтори мо. Агар мо дар ҳақиқат худро кам шуморем, суханони мо аз фурӯтанӣ шаҳодат хоҳанд дод (Луқ. 6:45). Ҳангоми сӯҳбат бо дигарон мо аз худситоӣ ва худтаърифкунӣ худдорӣ мекунем (Мас. 27:2). Ба ҷои ин мо диққатро ба қобилият, хислат ва ягон кори хуби онҳо равона месозем (Мас. 15:23). Рафтори мо. Масеҳиёни фурӯтан дар ин ҷаҳон аз паи пайдо кардани обрӯву мартаба нестанд. Онҳо тайёранд, ки ҳаёти хоксорона ба сар баранд, ҳатто агар барои ин кардани корҳои назарногир лозим ояд ҳам (1 Тим. 6:6, 8). Ва тарзи беҳтарини зоҳир кардани фурӯтанӣ ин итоаткор будан аст. Барои он ки шахс ба касоне ки роҳбариро ба ӯҳда мегиранд, фармонбардор бошад ва аз рӯи дастуроти ташкилоти Яҳува амал кунад, ӯ бояд дар назари худ кам бошад (Ибр. 13:17).

ИСО МЕҲРУБОН АСТ

11. Маънои меҳрубониро фаҳмонед.

11 Меҳрубонӣ чист? Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» калимаи «меҳрубон» чун «пурмуҳаббат, навозишкор, мушфиқ, дӯстдор» шарҳ дода мешавад. Меҳрубонӣ ин як хусусияти муҳаббат мебошад, ки ба хислатҳои ҳамдардиву дилсӯзӣ наздик аст. Китоби Муқаддас ҳамчунин ба «марҳамат» ва «муҳаббат» ишора мекунад, ки ин хислатҳо ҳам бо меҳрубонӣ алоқамандии зич доранд (Луқ. 1:78; 2 Қӯр. 1:3; Флп. 1:8). Дар як маълумотномаи Китоби Муқаддас гуфта шудааст: «Китоби Муқаддас моро водор мекунад, ки нисбати одамон на танҳо дилсӯз, балки ҳамдард низ бошем. Ин ҳамдардӣ дар он зоҳир мешавад, ки мо ба онҳо кӯмаки амалӣ расонем, то онҳо тароват ёбанд ва зиндагиашон беҳтар шавад». Меҳрубонӣ шахсро ба амал бармеангезад. Шахси меҳрубон кӯшиш мекунад, ки ба дигарон ёрии амалӣ расонад.

12. Чӣ нишон медиҳад, ки Исо нисбати одамон дилсӯзу меҳрубон буд ва ин ӯро ба чӣ бармеангехт?

12 Исо чӣ тавр меҳрубонӣ зоҳир мекард? Меҳрубонӣ дар ҳиссиёт ва рафтори Исо. Исо нисбати дигарон дилсӯзу ҳамдард буд. Вақте Исо дид, ки дӯсташ Марям ва дигарон барои марги Лаъзор гиряву нола мекарданд, Исо низ дар назди ҳама гиря кард. (Юҳанно 11:32–35-ро бихонед.) Баъд, ҳамон тавре ки ҳангоми эҳёи писари бевазан рӯй дода буд, Исо аз ҳисси дилсӯзӣ Лаъзорро зинда кард (Луқ. 7:11–15; Юҳ. 11:38–44). Бо ин амалаш Исо ба Лаъзор имконият дод, ки дар оянда дар осмон зиндагӣ кунад. Каме пеш аз ин Исо ба гурӯҳи одамоне ки наздаш ҷамъ шуда буданд, «раҳмаш омад» ва «онҳоро бисёр таълим додан гирифт» (Марқ. 6:34). Ва таълими ӯ ҳаёти касонеро ки ба он гӯш андохтанд, тағйир дод. Қайд кардан зарур аст, ки меҳрубонии Исо ҳиссиёти холӣ набуд. Он ӯро бармеангехт, ки бо омодагӣ ба одамон ёрӣ расонад (Мат. 15:32–38; 20:29–34; Марқ. 1:40–42).

13. Чӣ тавр дар тарзи гапзании Исо меҳрубонии ӯ зоҳир мешуд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

13 Меҳрубонӣ дар гуфтори Исо. Дили меҳрубони Исо ӯро водор менамуд, ки бо дигарон хусусан бо шахсони рӯҳафтода меҳрубон бошад. Маттои ҳавворӣ суханони зерини Ишаъё-пайғамбарро ба Исо нисбат дод: «Наи нимшикастаро нахоҳад шикаст, ва пилтаи катонии камнурро хомӯш нахоҳад кард» (Иш. 42:3; Мат. 12:20). Исо тавре гап мезад, ки шахсони ғамзадаву хастадилро, ки ба наи нимшикаста ва чароғи хомӯшшудаистода монанд буданд, рӯҳбаланд мекард. Ӯ хабари умедбахшро мавъиза мекард, то «шикастадилонро шифо» бахшад (Иш. 61:1). Ӯ «заҳматкашон ва гаронборон»-ро даъват мекард, ки ба наздаш биёянд, то ки ба ҷонҳояшон оромӣ бахшад (Мат. 11:28–30). Ӯ шогирдони худро боварӣ бахшид, ки Худо ҳар як парастандаи худро дӯст медорад. Исо ҳамчунин қайд кард, ки ҳатто агар одамони ин дунё касе аз онҳоро камаҳамият шуморанд ҳам, Худо онҳоро қадр мекунад (Мат. 18:12–14; Луқ. 12:6, 7).

МИСЛИ ИСО МЕҲРУБОН БОШЕД

14. Чӣ тавр мо нисбат ба дигарон дар худ ҳисси раҳму шафқатро инкишоф дода метавонем?

14 Чӣ тавр мо ба Исо дар зоҳир кардани меҳрубонӣ пайравӣ карда метавонем? Меҳрубонӣ дар ҳиссиёти мо. Доштани ин гуна ҳиссиёт шояд барои баъзеи мо табиӣ набошад, лекин Китоби Муқаддас моро ташвиқ мекунад, ки онро инкишоф диҳем. Масеҳиёне ки шахсияти навро дар бар мекунанд, бояд хислати «марҳамат» ва «меҳрубонӣ»-ро низ дар худ инкишоф диҳанд. (Қӯлассиён 3:9, 10, 12-ро бихонед.) Чӣ тавр шумо дар худ ҳиссиёти раҳму дилсӯзиро ривоҷ дода метавонед? Дари дилатонро боз кунед (2 Қӯр. 6:11–13). Вақте касе дилашро ба шумо холӣ мекунад, ӯро бодиққат гӯш кунед (Яъқ. 1:19). Дар бораи вазъияти ӯ андеша карда аз худ бипурсед: «Агар ман ба ҷои ӯ мебудам, чӣ ҳис мекардам ва ба чӣ мӯҳтоҷ мебудам?» (1 Пет. 3:8).

15. Мо чӣ тавр ба хастадилону ғамзадагон ёрӣ расонда метавонем?

15 Меҳрубонӣ дар рафтори мо. Меҳрубонӣ моро водор месозад, ки нисбати дигарон, хусусан хастадилону ғамзадагон бепарво набошем. Чӣ тавр мо ба чунин касон ёрӣ расонда метавонем? Дар Румиён 12:15 гуфта шудааст: «Бо гирякунандагон гиря кунед». Одамони рӯҳафтода аз маслиҳату насиҳат дида бештар ба ҳамдардӣ ниёз доранд. Як хоҳаре ки баъди аз даст додани духтараш чунин ғамхории ҳамимононро ҳис карда буд, мегӯяд: «Ман аз он дӯстоне ки омада ҳамроҳам гиря карданд, хеле миннатдорам». Мо ҳамчунин бо корҳои некамон меҳрубон буданамонро нишон дода метавонем. Оё шумо хоҳари бевазанеро медонед, ки хонааш ба таъмир ниёз дорад? Ва ё шояд хоҳар ё бародари пиронсоле ҳаст, ки ба ӯ барои ба вохӯрӣ ё назди духтур рафтан кӯмак лозим аст? Ҳатто некии хурди шумо метавонад дар ҳаёти ҳамимонатон, ки ба кӯмак мӯҳтоҷ аст, таъсири хуб расонад (1 Юҳ. 3:17, 18). Ва аз ҳама роҳи беҳтарини зоҳир кардани ғамхорӣ ва меҳрубонӣ ба одамон ин иштироки пурраи мо дар мавъизаи хушхабар мебошад. Дар ҳақиқат, ин роҳи беҳтарини тағйир додани ҳаёти одамони самимӣ мебошад.

Оё шумо нисбати ҳамимонон таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекунед? (Ба сархати 15 нигаред.)

16. Барои рӯҳбаланд кардани рӯҳафтодагон мо чӣ гуфта метавонем?

16 Меҳрубонӣ дар гуфтори мо. Меҳрубонӣ нисбати дигарон моро бармеангезад, ки рӯҳафтодагонро тасаллӣ диҳем (1 Тас. 5:14). Барои рӯҳбаланд кардани чунин шахсон мо чӣ гуфта метавонем? Агар мо аз таҳти дил ба онҳо таваҷҷӯҳу ғамхорӣ зоҳир кунем, мо онҳоро рӯҳбаланд карда метавонем. Вақте мо онҳоро самимона таърифу таҳсин мекунем, онҳо хислату сифатҳои хуби худро дида хурсанд мешаванд. Ҳамчунин мо ба онҳо хотиррасон карда метавонем, ки Яҳува Худо онҳоро ба назди Писараш ҷалб кардааст, пас бешак онҳо дар назари Ӯ хеле қиматбаҳо мебошанд (Юҳ. 6:44). Мо онҳоро дилпур карда метавонем, ки Яҳува ба «дилшикастагон» ва «рӯҳафтодагон» бениҳоят ғамхор аст (Заб. 33:19). Суханони нарму ширини мо метавонанд шахсони ба тасаллӣ мӯҳтоҷро шифо бахшанд (Мас. 16:24).

17, 18. а) Яҳува аз пирон чиро интизор аст? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

17 Пирон, Яҳува аз шумо интизор аст, ки ба рамаи ӯ бо меҳрубонӣ муносибат кунед (Аъм. 20:28, 29). Дар хотир дошта бошед, ки нигоҳубин, ғамхорӣ ва рӯҳбаланд кардани гӯсфандон вазифаи шумост (Иш. 32:1, 2; 1 Пет. 5:2–4). Пири меҳрубон ба гӯсфандон ҳукмфармоӣ намекунад. Ӯ гуноҳ ё хатои гӯсфандеро дониста ба ӯ фишор намеоварад ва виҷдони ӯро азоб намедиҳад, то ки ӯ дар кори мавъиза бисёртар кунад. Ба ҷои ин пирон кӯшиш мекунанд, ки дили чунин касон осудаву шод бошад. Пирон боварии комил доранд, ки чунин касон маҳз аз муҳаббат ба Яҳува алоқадри қуввати худ хизмат хоҳанд кард (Мат. 22:37).

18 Агар мо дар бораи фурӯтанӣ ва меҳрубонии Исо мулоҳиза ронем, ин моро водор мекунад, ки ҳамқадами ӯ бошем. Дар мақолаи оянда мо ду ҷониби дигари шахсияти бузурги Исоро дида мебароем: далерӣ ва бофаҳмиро.