Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува кори шогирдсозиро роҳбарӣ мекунад

Яҳува кори шогирдсозиро роҳбарӣ мекунад

«Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ, ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд бо он биравӣ» (ИШ. 48:17).

1. Дар охири асри 19 ва аввали асри 20 масеҳиён бо чӣ гуна душвориҳо рӯ ба рӯ шуданд?

 ТАДҚИҚОТЧИЁНИ Китоби Муқаддас * дар охири асри 19 ва аввали асри 20 бо душвориҳои зиёде дучор шуданд. Мисли масеҳиёни асри як онҳо хабареро паҳн мекарданд, ки ба аксари одамон маъқул набуд. Онҳо низ ба монанди масеҳиёни асри як кам буданд ва аксари одамони дунё онҳоро олиму босавод намеҳисобиданд. Илова бар ин дар оянда онҳо бояд бо хашми пурзӯри Шайтон рӯ ба рӯ мешуданд (Ваҳй 12:12). Азбаски онҳо дар рӯзҳои охир зиндагӣ мекарданд, кори мавъиза дар ин «замонҳои сахт» хеле душвор буд (2 Тим. 3:1).

2. Яҳува дар рӯзҳои мо барои пешравии кори Салтанат чӣ кор мекунад?

2 Мувофиқи нияти Яҳува хушхабар бояд дар чунон миқёсе паҳн мешуд, ки аз ин пеш нашуда буд ва бо боварӣ гуфтан мумкин аст, ки ягон чиз садди роҳи Ӯ шуда наметавонад. Чуноне ки дар замонҳои пеш Яҳува халқи худро аз дасти Бобил халос карда буд, дар замонҳои мо низ халқи навашро аз чанголи Бобили Бузург, империяи дини дурӯғ, берун овард (Ваҳй 18:1–4). Ӯ моро таълим додааст, то ба худамон фоида бирасонем ва ба дигарон низ хабари Салтанатро мавъиза кунем. (Ишаъё 48:16–18-ро бихонед.) Лекин ин маънои онро надорад, ки Яҳува ҳама чиро пешбинӣ карда доимо ба вазъияти ҷаҳонӣ таъсир мерасонад, то ки кори Салтанат пеш равад. Баъзе шароиту рӯйдод барои паҳн кардани хушхабар мусоидат карданд, лекин танҳо бо кӯмак ва дастгирии Яҳува мо тавонистем, ки ба таъқиботу душвориҳо нигоҳ накарда дар ин дунёи Шайтон хушхабарро паҳн кунем (Иш. 41:13; 1 Юҳ. 5:19).

3. Чӣ тавр дониши ҳақиқӣ афзоиш ёфт?

3 Зери илҳоми илоҳӣ Дониёл-пайғамбар пешгӯӣ карда буд, ки дар замонҳои охир дониши ҳақиқӣ «афзоиш хоҳад ёфт». (Дониёл 12:4-ро бихонед.) Яҳува ба Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас таълимоти асосии Навиштаҳоро кушод. Тӯли асрҳо ҳақиқати Китоби Муқаддас пӯшида буд, зеро ҷои онро таълимоти бардурӯғи ҷаҳони масеҳият гирифта буд. Акнун бошад, нури ростӣ аз нав дурахшон гардид. Ҳоло Яҳува хизматгоронашро истифода мебарад, то ин нурро ба дигарон низ бирасонанд. Имрӯз мо шоҳиди иҷрошавии пешгӯии Дониёл ҳастем. Дар рӯзҳои мо зиёда аз 8 000 000 одамон ҳақиқати Китоби Муқаддасро қабул карда онро ба дигарон мавъиза карда истодаанд. Баъзе аз сабабҳое ки ба пешравии ин кор мусоидат карданд, кадоманд?

ТАРҶУМАҲОИ КИТОБИ МУҚАДДАС

4. Дар асри 19 тарҷумаи Китоби Муқаддас чӣ тавр сурат гирифт?

4 Як чизе ки ба пешравии кори Салтанат мусоидат кард — ин дастрас будани Китоби Муқаддас буд. Тӯли асрҳо ҷаҳони масеҳият ба хондани Китоби Муқаддас зид мебаромад ва намегузошт, ки одамон онро хонанд. Баъзе одамоне ки Китоби Муқаддасро тарҷума мекарданд, аз тарафи сарварони дини масеҳӣ кушта шуданд. Аммо дар давоми асри 19 ҷамъиятҳои Китоби Муқаддас Каломи Худоро пурра ё қисман қариб ба 400 забон дастраси мардум карданд. Лекин ҳарчанд то охири асри 19 Китоби Муқаддас ба одамони зиёд дастрас буд, онҳо ҳақиқати Навиштаҳоро намедонистанд.

5. Шоҳидони Яҳува дар тарҷумаи Китоби Муқаддас чӣ гуна саҳм гузоштанд?

5 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас медонистанд, ки онҳо бояд мавъиза кунанд ва аз ин рӯ онҳо бо ҷидду ҷаҳд башорат медоданд. Халқи Яҳува тарҷумаҳои гуногуни Китоби Муқаддасро паҳн мекард. Аз соли 1950 сар карда онҳо «Тарҷумаи дунёи нав»-ро пурра ё қисман ба зиёда аз 120 забон тарҷума карданд. Соли 2013 бошад, нашри нави «Навиштаҳои Муқаддас — Тарҷумаи дунёи нав» ба забони англисӣ баромад. Азбаски матни он сода ва фаҳмо мебошад, тарҷума кардани он ба дигар забонҳо чандон душвор нест. Ин дар навбати худ кори мавъизаро осонтар менамояд.

ЧӢ ТАВР СУЛҲ БА МО КӮМАК РАСОНД?

6, 7. а) Дар давоми сад соли охир чӣ гуна ҷангҳо рӯй доданд? б) Чӣ тавр мо аз замони сулҳу оромии нисбӣ баҳра бурдем?

6 Шояд номи ин сарлавҳа шуморо ба ҳайрат орад, чунки дар асри 20 нишоне аз сулҳу оромӣ набуд. Дар давоми ин аср, хусусан дар ду ҷанги ҷаҳонӣ миллионҳо нафар кушта шуданд. Лекин соли 1942, дар авҷи Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, Нейтан Норр, ки он замон президенти Ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ буд, бо нутқе баромад кард, ки он «Сулҳ — оё он бардавом хоҳад буд?» ном дошт. Дар ин нутқаш бародар аз боби 17-и китоби Ваҳй истифода бурда фаҳмонд, ки баъди ин ҷанг Ҳармиҷидӯн намешавад, балки сулҳ пойдор мегардад (Ваҳй 17:3, 11).

7 Баъди ба анҷом расидани Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ сулҳу оромӣ дар ҳама ҷо пойдор нашуд. Мувофиқи як омор аз соли 1946 сар карда то соли 2013 сесаду сиву як задухӯрд ва амалиёти ҳарбӣ ба амал омада буд. Дар натиҷаи ин муноқишаҳо миллионҳо нафар кушта шуданд. Лекин ҳамзамон дар давоми ин солҳо баъзе мамлакатҳо аз сулҳу осоиштагии нисбӣ баҳра мебурданд. Халқи Яҳува аз чунин вазъият истифода бурда хушхабарро паҳн мекард. Ин чӣ натиҷа овард? Соли 1944 дар тамоми ҷаҳон 110 000 воизи Салтанат буд. Имрӯз бошад, шумораи онҳо қариб ба 8 000 000 мерасад! (Ишаъё 60:22-ро бихонед.) Магар мо миннатдор нестем, ки хушхабарро дар сулҳу оромӣ мавъиза мекунем?

НАҚЛИЁТ

8, 9. Чӣ тавр сафар кардан осон шуд ва чаро ин ба пешравии кори мо мусоидат мекунад?

8 Пешрафт дар соҳаи нақлиёт кори мавъизаро хеле осон намуд. Соли 1900 — 21 сол пас аз сар кардани чопи маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» дар қаламрави Иёлоти Муттаҳида 8000 автомобил ба қайд гирифта шуда буд ва фақат якчанд роҳи мошингард буд. Ба туфайли мошинҳо ва роҳҳои мошингард мо имкон дорем, ки хушхабарро ба ҷойҳои дурдаст бирасонем. Лекин ҳатто агар мо озодона сафар накунем ва ба мо баъзан роҳи дарозро тай кардан лозим ояд ҳам, мо ҳар кори аз дастамон омадаро мекунем, то ки дар кори шогирдсозӣ пурра иштирок кунем (Мат. 28:19, 20).

9 Дигар намудҳои нақлиёт низ ба пешравии кори мо мусоидат мекунанд. Масалан, ба туфайли мошинҳои боркаш, киштиҳо ва қатораҳо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта дар давоми якчанд ҳафта ба маҳалҳои дурдаст расонида мешавад. Нозирони ноҳиявӣ, аъзоёни Кумитаи Байт-Илҳо, миссионерон ва дигарон ба воситаи ҳавопаймо сафар карда дар анҷуманҳо баромад мекунанд. Аъзоёни Ҳайати роҳбарикунанда ва дигар бародарон аз Идораи марказӣ ба воситаи ҳавопаймо ба мамлакатҳои зиёд сафар мекунанд, то ҳамимононашонро рӯҳбаланд созанд ва ба онҳо роҳнамоиву дастурот диҳанд. Ҳамаи ин кӯмак мекунад, то дар байни халқи Яҳува сулҳу ягонагӣ ҳукмфармо бошад (Заб. 132:1–3).

ЗАБОН ВА ТАРҶУМА

10. Чаро гуфтан мумкин аст, ки забони англисӣ забони байналхалқӣ аст?

10 Дар асри як бисёр одамон дар империяи Рум ба забони юнонӣ гап мезаданд. Дар бораи рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин аст? Бисёриҳо мегӯянд, ки дар замони мо забони англисӣ забони ҷаҳонӣ мебошад. Дар китоби «Англисӣ — забони ҷаҳонӣ» чунин гуфта мешавад: «Чоряки аҳолии замин забони англисиро мефаҳмад ё бо он гап мезанад» (English as a Global Language). Беш аз ин забони англисиро дар робитаҳои байналхалқии тиҷоратӣ, сиёсӣ, илмӣ ва технологӣ истифода мебаранд.

11. Забони англисӣ барои барқарор намудани ибодати пок чӣ таъсир расонд?

11 Ҷаҳонӣ будани забони англисӣ барои барқарор намудани ибодати ҳақиқӣ кӯмак расонд. Муддати солҳо «Бурҷи дидбонӣ» ва дигар адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфта фақат ба забони англисӣ нашр мегашт. Он забони расмии Идораи марказии Шоҳидони Яҳува мебошад. Ҳамчунин вақти гузаронидани омӯзиш дар Маркази таълимии ҷамъияти Бурҷи дидбонӣ, ки дар Паттерсон (Ню-Йорк, ИМА) ҷойгир аст, забони англисӣ истифода мешавад.

12. Шоҳидони Яҳува адабиёташонро ба чанд забон тарҷума кардаанд ва чӣ тавр компютерҳо дар ин кор кӯмак мекунанд?

12 Лекин вазифаи мо аз он иборат аст, ки хушхабарро ба ҳама халқу миллат расонем. Барои ҳамин мо адабиёти худро ба зиёда аз 700 забони дунё тарҷума мекунем. Чӣ тавр ин имконпазир гардид? Дар ин кори бузург ба мо компютерҳо ва барномаҳои компютерӣ ёрдам мекунанд. Ба бисёр забонҳои ҷаҳон дастрас будани адабиётамон ба ягонагии мо мусоидат мекунад. Лекин сабаби асосии ягонагии мо — ин забони поки ҳақиқат мебошад. (Сафанё 3:9-ро бихонед.)

ЧӢ ТАВР ҚОНУН БА МО МАНФИАТ ОВАРД?

13, 14. Чӣ тавр масеҳиён дар рӯзҳои мо аз ҳуқуқҳои қонунӣ манфиат мегиранд?

13 Чи хеле ки дар мақолаи гузашта қайд карда шуд, масеҳиёни аввал аз ҳуқуқҳое ки қонуни Рум ба онҳо медод, баҳра мебурданд. Дар рӯзҳои мо низ масеҳиён аз озодие, ки қонуни мамлакатҳо медиҳад, истифода мебаранд. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳида, ки Идораи марказиамон дар он ҷо ҷойгир аст, қонун иҷозат медиҳад, ки Шоҳидон якҷоя ҷамъ оянд, Китоби Муқаддасро муҳокима кунанд ва бо дигарон дар бораи имонашон гап зананд. Лекин ба Шоҳидон баъзан лозим меояд, ки дар судҳо барои ҳуқуқҳои худ талош кунанд (Флп. 1:7). Вақте дар Иёлоти Муттаҳида ҳуқуқи мавъиза кардани воизони Салтанатро поймол карданӣ мешуданд, мақомоти судӣ онҳоро тарафгирӣ мекарданд.

14 Судҳои дигар мамлакатҳо низ ҳуқуқи моро оид ба мавъиза кардан дастгирӣ мекунанд. Дар баъзе мамлакатҳо мо дар мурофиаҳои судӣ ғалаба ба даст наовардем, лекин мо ба Суди Аврупо оид ба ҳуқуқи башар арз кардем. Танҳо дар моҳи июни соли 2014 Суди Аврупо 57 қарор бар фоидаи мо баровард, ки онҳо дар тамоми давлатҳое ки аъзои Созишномаи Аврупо мебошанд, амал мекунанд. Ҳарчанд ҳамаи қавмҳо нисбати мо нафрат доранд, қонуни бисёр мамлакатҳо ба мо имконият медиҳад, то ибодати ҳақиқиро ба ҷо орем (Мат. 24:9).

ИХТИРООТҲОЕ КИ БА МО ЁРДАМ КАРДАНД

Мо адабиёти бар Китоби Муқаддас асосёфтаро ба ҳама одамон дастрас месозем

15. Дар соҳаи чопкунӣ кадом пешравиҳо ба амал омаданд ва чӣ тавр мо аз ин манфиат гирифтем?

15 Навовариҳо дар соҳаи нашр ба пешравии кори мавъиза мусоидат карданд. Вақте ки соли 1450 Йоҳаннес Гутенберг дастгоҳи чопкуниро ихтироъ кард, ин ихтироот дар он замон дар соҳаи саноат он қадар тағйироте наовард. Лекин дар давоми ду асри охир, дар саноати чоп тағйиротҳои назаррасе ба амал омаданд. Таҷҳизотҳои чопкунанда калонтар, тезтар ва мураккабу ҳозиразамон гардиданд. Коғазбарорӣ ва муқовабандӣ арзонтар гардид. Бо гузашти вақт ба ҷои таҷҳизоте ки Гутенберг сохта буд, чопи офсет омад. Дар натиҷа суръати чоп тезтар шуду сифати расму тасвирҳо беҳтар. Ин тағйиротҳо ба нашри адабиёти мо чӣ таъсир расонданд? Моҳи июли соли 1879 маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» танҳо ба забони англисӣ мебаромад. Он расму тасвир надошт ва теъдоди нашри он фақат 6000 нусха буд. Имрӯз «Бурҷи дидбонӣ» ба беш аз 200 забон дастрас буда аз расмҳои рангаву зебо пур аст. Теъдоди нашраш бошад, зиёда аз 50 000 000 нусхаро ташкил медиҳад!

16. Кадом ихтироотҳо ба мо дар кори мавъизаи умумиҷаҳонӣ кӯмак мерасонанд? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

16 Дар бораи баъзе ихтироотҳои 200 соли охир, ки халқи Худо барои кори мавъиза истифода мебурд, фикр кунед. Мо дар бораи мошинҳо, қатораҳо ва ҳавопаймоҳо гап задем. Лекин боз дучархаҳо, таҷҳизоти чопӣ, асбобҳои чопи Брайл, телеграф, телефон, суратгиракҳо, таҷҳизоти сабти овоз ва видеокамераҳо, слайдҳои ҳаракаткунанда, компютерҳо ва Интернет ҳаст, ки номбар кардани ҳамаи онҳо вақти зиёдро мегирад. Ҳамаи ин чизҳо бо роҳҳои гуногун дар кори шогирдсозӣ кӯмак карданд. Яҳува ба воситаи пайғамбар Ишаъё пешгӯӣ карда буд, ки хизматгорони ӯ «аз шири халқҳо сер» хоҳанд шуд. Мо имрӯз шоҳиди он ҳастем, ки чӣ тавр ин пешгӯӣ иҷро шуда истодааст. Гарчанд халқи Худо тамоми ин чизҳоро ихтироъ накардааст, ӯ онҳоро барои нашр кардани Китоби Муқаддас ва адабиёти бар он асосёфта истифода мебарад. (Ишаъё 60:16-ро бихонед.)

17. а) Чӣ тавр пешгӯии Ишаъё иҷро гардид? б) Аз чӣ сабаб Яҳува ба мо имконият додааст, ки ҳамкорони Ӯ бошем?

17 Аз ҳамаи ин аён аст, ки Яҳува кори моро баракат медиҳад. Гарчанд дар иҷро кардани нияташ Яҳува ба кӯмаки мо мӯҳтоҷ нест, чун Падари меҳрубон Ӯ мехоҳад, ки мо муҳаббатамонро ба Ӯ ва одамон нишон диҳем. Ӯ аз рӯи муҳаббат ба мо имконият додааст, ки ҳамкорони Ӯ бошем (1 Қӯр. 3:9, ТДН; Марқ. 12:28–31). Мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки Ӯ ба мо дар кори мавъиза кӯмак мекунад. Пас, биёед ҳар як фурсатро истифода барем, то дар бораи Яҳува Худо ва Салтанати Ӯ шаҳодат диҳем!

^ сарх. 1 Соли 1931 Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас бар худ номи Шоҳидони Яҳуваро гирифтанд (Иш. 43:10).