Гузаштан ба маводи асосӣ

Боз як тарзи расонидани хушхабар ба воситаи аробачаи адабиётдор

Боз як тарзи расонидани хушхабар ба воситаи аробачаи адабиётдор

Шоҳидони Яҳуваро бо мавъизаи хона ба хонаашон нағз мешиносанд. Имрӯзҳо онҳоро тез-тез дар ҷойҳои серодам бо стендҳои намоишӣ низ вохӯрдан мумкин аст.

Вақтҳои охир ба ин намуди хизмат диққати махсус дода мешавад. Моҳи ноябри соли 2011 барои одамонро бо хушхабари Китоби Муқаддас шинос кардан, як гурӯҳ Шоҳидони Яҳува дар Ню-Йорк стендҳои намоиширо истифода мебурдагӣ шуданд. Азбаски ин диққати одамони бисёрро ҷалб кард, дар дигар шаҳрҳо низ ин намуди хизмат ба роҳ монда шуд.

Мувофиқи маълумоти моҳи марти соли 2015 дар ҷамъомадҳои тамоми дунё 165 390 аробачаи адабиётдор истифода шуд. Ба ғайр аз ин ба воситаи ҳазорҳо мизу дигар стендҳои намоишӣ адабиётҳо паҳн карда шуданд.

Шоҳидони Яҳува хона ба хона паҳн кардани хушхабари Китоби Муқаддасро аз ҳама муҳим меҳисобанд. Вале истифодаи аробачаҳои адабиётдор низ натиҷаҳои хуб овард. Марҳамат бо баъзе мисолҳо шинос шавед.

Дар Перу ба назди Шоҳидони Яҳува, ки бо аробачаи адабиётдор истода буданд, марде бо номи Раул омада чунин гуфт: «То ҳамин рӯз шумо дар куҷо будед? Се сол боз ман Шоҳидони Яҳуваро мекобам. Вақте аробачаи шуморо дидам, аз Худо беҳад миннатдор шудам!»

Ҳарчанд дар маҳали Раул Шоҳидони Яҳува бисёр мавъиза мекарданд, аммо ӯ рӯзона ва ҳатто рӯзҳои истироҳат дар хонааш набуд. Ӯ гуфт ки як вақтҳо бо Шоҳидони Яҳува Китоби Муқаддас мехонд, ҳоло бошад, хоҳиш дорад, ки аз сари нав омӯзиш кунад. Шоҳидон бо дилу ҷон ба ин розӣ шуданд.

Дар Булғория ҳамсарони ҷавон ба назди аробачаи адабиётдор омада китоби «Сирри хушбахтии оила»-ро гирифтанд. Пас аз як ҳафта омада боз ду китоби дигар гирифтанд: «Ҳикояҳо аз Китоби Муқаддас» ва «Устоди Бузургро гӯш кун». Шоҳиди Яҳува аз онҳо пурсид, ки чанд фарзанд доранд. Онҳо ҷавоб доданд: «Ҳоло фарзанддор нестем. Лекин агар соҳиби фарзанд шавем, ба онҳо дар бораи Худо нақл кардан мехоҳем. Ин китобҳо айнан ҳамон чизе ки ба мо даркор аст».

Дар Украина ба назди Шоҳидони Яҳува, ки бо аробачаи адабиётдор меистоданд, марде бо либоси ҳарбӣ омада чунин гуфт: «Духтарон, Ҳармиҷидӯн ба қарибӣ мешавад?» Маълум гардид, ки ин мард ба наздикӣ дар амалиётҳои ҳарбии Украина иштирок кардааст. Воқеаҳои ҷаҳониро дида ӯ боварӣ пайдо кард, ки Ҳармиҷидӯн наздик аст. Аммо ӯ донистан мехост, ки чаро Худо то ҳол ба бадӣ роҳ медиҳад. Воизон ба воситаи Китоби Муқаддас ба ӯ фаҳмонданд, ки Худо бо сабабҳои асоснок ба ҳаёти одамон дахолат накарда истодааст, лекин ба наздикӣ Ӯ ҳама бадиҳоро нест мекунад. Дар охир ин мард маҷаллаи «Бурҷи дидбонӣ» ва «Бедор шавед!», ҳамчунин китоби «Оё Офаридгори ғамхор вуҷуд дорад?»-ро гирифт.

Дар Мақдуния ба назди Шоҳидони Яҳува, ки бо аробачаи адабиётдор истода буданд, ҷавоне омада гуфт, ки чанд вақт боз бо маҷаллаҳоямон шинос аст, аммо акнун хоҳиш кард, ки ба ӯ китоби «Таълимоти Китоби Муқаддас»-ро диҳанд. Ӯ гуфт ки барои хондани он дарҳол ба китобхонаи оммавӣ меравад.

Қариб ду соат пас ӯ баргашта гуфт, ки китобро то саҳифаи 79 хондааст. Ӯ бо ҳаяҷон нидо кард: «Ин китоб ҳаётро дигар мекунад! Ман фаҳмидам, ки ба он чизе ки боварӣ доштам, ҳамааш дурӯғ будааст. Гуфтаҳои ин китоб мантиқан дуруст! Назари ман ба ҳаёт тамоман дигар шуд».