Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Замин ҳосили худро дод; Худо, Худои мо, моро баракат хоҳад дод» (ЗАБУР 66:7).

Шумо метавонед баракатҳои ҷовидонаи Худоро соҳиб шавед

Шумо метавонед баракатҳои ҷовидонаи Худоро соҳиб шавед

Худо ба Иброҳим-пайғамбар ваъда дод, ки яке аз наслҳои ӯ ба «ҳамаи халқҳои рӯи замин» баракат меорад (Ҳастӣ 22:18). Он насли ӯ кӣ аст?

Тақрибан 2000 сол пеш Худо ба ҳазрати Исо, ки насли Иброҳим буд, қудрат бахшид, ки мӯъҷизаҳои бузург ба амал орад. Бо ёрии он мӯъҷизаҳо Худо нишон дод, ки Исо ҳамон насли Иброҳим аст, ки ба воситаи он ҳамаи халқҳо баракат меёбанд (Ғалотиён 3:14).

Аз мӯъҷизаҳое, ки Исо ба амал меовард, одамон фаҳмида метавонистанд, ки Исо маҳз ҳамон шахсест, ки Худо барои баракат додани инсоният интихоб кардааст. Он мӯъҷизаҳо инчунин аз он шаҳодат медоданд, ки Худо дар оянда ба воситаи Исо ба тамоми одамизод чӣ гуна ҳаёт ато мекунад. Биёед бинем, ки чӣ тавр мӯъҷизаҳои Исо баъзе хислатҳои ҷолиби ӯро нишон медоданд.

Исо ғамхору меҳрубон буд — ӯ беморонро шифо медод.

Боре як махавӣ аз Исо илтиҷо карда гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Дили Исо ба вай сӯхт ва дасташро дароз карда, ба вай расонид ва гуфт: «Албатта, мехоҳам. Пок шав! Ҳамон дам махави он мард нест шуд ва ӯ пок гашт» (Марқӯс 1:40–42).

Исо саховатманд буд — ӯ гуруснагонро сер мекард.

Исо намехост, ки одамон гурусна гарданд. Ӯ чанд дона нону моҳии хурдро ба таври мӯъҷиза зиёд карда бо он ҳазорон одамонро сер мекард (Матто 14:17–21; 15:32–38). Ҳамаи он одамон ба серию пурӣ мехӯрданд ва боз зиёдатӣ мекард.

Исо дилсӯз буд — ӯ мурдагонро эҳё мекард.

Боре писари ягонаи як бевазан аз дунё гузашт ва ӯ сахт андӯҳгин буд. Ӯ каси дигар надошт, ки ба вай ғамхорӣ кунад. Исо «он занро дида дилаш сӯхт» ва писарашро зинда кард (Луқо 7:12–15).