Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ба аҳкомҳои Худованд итоат карда мо дар ҳақиқат хушбахт буда метавонем.

Парвардигор онҳоеро, ки ба Ӯ итоат мекунанд, баракат медиҳад

Парвардигор онҳоеро, ки ба Ӯ итоат мекунанд, баракат медиҳад

Мӯсо-пайғамбар гуфта буд, ки ҳар касе ки ба аҳкому фароизи Худо гӯш диҳад, баракат меёбад (Такрори Шариат 10:13; 11:27). Мо на аз тарси ҷазо ба Худо итоат мекунем, балки хислатҳои некашро фаҳмида аз муҳаббат ба Ӯ гӯш медиҳем ва корҳоеро, ки Ӯро ғамгин месозанд, намекунем. Навиштаҳо мегӯяд: «Муҳаббат ба Худо ин аст, ки амрҳои Ӯро ба ҷо орем, ва амрҳои Ӯ гарон нестанд» (1 Юҳанно 5:3).

Вале итоаткорӣ ба Худо чӣ тавр баракат меорад? Биёед ду роҳро дида бароем.

1. ИТОАТКОРӢ БА ХУДО МОРО ДОНОВУ ХИРАДМАНД МЕКУНАД

«Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ, ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд ба он биравӣ» (ИШАЪЁ 48:17).

Яҳува Худо аз ҳолати ҳар яки мо бохабар аст, зеро Ӯ Офаридгорамон мебошад. Ӯ дар ҳаёт ба мо роҳнамоии лозима нишон медиҳад. Гуфтаҳои Каломи Ӯ ба мо ёрдам мекунанд, ки қарорҳои дуруст қабул кунем. Барои ин мо бояд Китоби Муқаддасро омӯзиш карда фаҳмем, ки Худо аз мо чӣ мехоҳад ва сипас аз рӯйи он амал кунем.

2. ИТОАТКОРӢ БА ХУДО БА МО ХУШБАХТӢ МЕОРАД

«Касоне, ки каломи Худоро мешунаванд ва риоя мекунанд, хушбахттаранд» (ЛУҚО 11:28).

Имрӯз миллионҳо одамон аз рӯйи гуфтаҳои Каломи Худо зиндагӣ карда худро хушбахт ҳис мекунанд. Масалан, марде аз Испониё пеш одами бадҷаҳл буд ва бо дигарон, аз он ҷумла бо занаш дағалона муомила мекард. Рӯзе ӯ аз китоби ҳазрати Мӯсо дар бораи хулқу атвори неки Юсуф писари Яъқуб хонд. Юсуф ба ғуломӣ фурӯхта шуда ноҳақ ба зиндон афтода бошад ҳам, шахси мулоиму сулҳҷӯ монд ва нисбати дигарон кина намегирифт (Ҳастӣ, бобҳои 37–45). Намунаи ӯ ба он марди испонӣ сахт таъсир кард. Ӯ гуфт: «Дар бораи мисоли Юсуф фикр карда хостам, ки мисли ӯ мулоим ва меҳрубон бошам ва худдориро инкишоф диҳам. Ҳоло ман одами дигар шудаам ва дар ҳаёт худро хушбахт ҳис мекунам».

Китоби Муқаддас бисёр маслиҳатҳои хуб медиҳад, ки бо дигарон чӣ хел бояд муносибат кунем. Мақолаи навбатӣ дар ин бора муфассалтар мефаҳмонад.