Осоиштагӣ. Чӣ тавр онро ба даст орем?
АЗБАСКИ мо дар дунёи пур аз ғаму ташвиш зиндагӣ мекунем, ба даст овардани осоиштагӣ осон нест. Ҳатто ба андозае орому осуда бошем ҳам, нигоҳ доштани он бисёр вақт мушкил аст. Кадом гуфтаҳои Китоби Муқаддас ба мо барои ба даст овардани осоиштагии ҳақиқиву бардавом кӯмак мекунанд? Ва чӣ гуна аз ин ҷиҳат ба дигарон ёрӣ расондан мумкин аст?
БАРОИ ОСОИШТАГИИ ҲАҚИҚӢ ЧӢ ДАРКОР АСТ?
Барои аз осоиштагии ҳақиқӣ баҳра бурдан, мо бояд худро дар бехатарӣ ҳис кунем ва хотирҷамъ бошем. Ҳамчунин ба мо лозим аст, ки бо дигарон дӯстии мустаҳкам дошта бошем. Аз ҳама муҳим, барои осоиштагии ҳақиқӣ пайдо кардан мо бояд бо Худо муносибати наздик инкишоф диҳем. Инро чӣ тавр кардан мумкин аст?
Ташвишҳои зиндагӣ бисёриҳоро аз осоиштагӣ маҳрум мекунад
Ба аҳкому принсипҳои одилонаи Яҳува итоат карда, мо нишон медиҳем, ки ба Ӯ такя мекунем ва бо Ӯ муносибати хуб доштан мехоҳем (Ирм. 17:7, 8; Яъқ. 2:22, 23). Дар навбати худ Яҳува ба мо наздик мешавад ва ба диламон оромӣ мебахшад. Дар Ишаъё 32:17 гуфта шудааст: «Натиҷаи адолат сулҳу осоиштагӣ хоҳад буд, ва самари адолат — оромӣ ва амният то абад». Агар мо аз таҳти дил ба Яҳува итоат кунем, оромии ҳақиқӣ пайдо карда метавонем (Иш. 48:18, 19).
Барои доштани сулҳу осоиштагӣ ба мо инчунин рӯҳи муқаддас кӯмак мекунад, ки он тӯҳфаи пурарзиши Падари осмониамон мебошад (Аъм. 9:31).
РӮҲИ ХУДО БАРОИ ИНКИШОФ ДОДАНИ ОСОИШТАГӢ ЁРӢ МЕДИҲАД
Дар қатори хислатҳои «самари рӯҳ», ки Павлуси расул номбар кард, осоиштагӣ дар ҷойи сеюм меистад (Ғал. 5:22, 23). Азбаски осоиштагии ҳақиқиро танҳо бо ёрии рӯҳи Худо ба даст овардан мумкин аст, бояд гузорем, ки он ба мо таъсир кунад. Биёед дида бароем, ки рӯҳи Худо бо кадом ду тарз ба мо ёрдам мекунад.
Якум. Барои пайдо кардани осоиштагӣ мо бояд Каломи зери илҳоми Худо навишташударо мунтазам хонем (Заб. 1:2, 3). Вақте ки мо дар бораи гуфтаҳои Каломи Худо мулоҳиза меронем, рӯҳи муқаддас ба мо ёрӣ мерасонад, ки нуқтаи назари Яҳуваро оиди бисёр чизҳо фаҳмем. Масалан, мо мебинем, ки чӣ тавр худи Яҳува оромиро нигоҳ медорад ва чаро сулҳу осоиштагӣ барои Ӯ хеле муҳим аст. Дониши гирифтаамонро ба кор бурда, мо дар дили худ осоиштагии бештар ҳис мекунем (Мас. 3:1, 2).
Дуюм. Мо бояд дар дуо аз Худо рӯҳи муқаддас пурсем (Луқ. 11:13). Яҳува ваъда медиҳад, ки агар мо аз Ӯ кӯмак ҷӯем, «он гоҳ осоиштагии Худо, ки аз ҳар фикр болотар аст, ақлу дили [моро] ба воситаи Исои Масеҳ муҳофизат мекунад» (Флп. 4:6, 7). Вақте мо мунтазам дуо гуфта рӯҳи муқаддас мепурсем, Худои мо ба диламон оромии ҳақиқӣ мебахшад. Чунин осоиштагиро танҳо онҳое дошта метавонанд, ки бо Худо муносибати наздик доранд (Рум. 15:13).
Баъзе касон ин маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор бурда ба ҳаёташон дигаргунӣ дароварданд. Дар натиҷа онҳо осоиштагии бардавом ба даст оварданд, яъне дар дил оромӣ пайдо карданд ва бо Яҳува ва одамон муносибати хубро инкишоф доданд.
ЧӢ ТАВР ОНҲО ОСОИШТАГИИ БАРДАВОМ ПАЙДО КАРДАНД?
Баъзе бародарону хоҳарони мо пеш шахсони «хашмгин» буданд, ҳозир бошад, онҳо аз пештара дида меҳрубон, пурсабр ва боандеша гаштанд ва бо дигарон сулҳҷӯёна рафтор мекунанд * (Мас. 29:22). Аҳамият диҳед, ки чӣ тавр ду ҳамимони мо ба хашми худ ғолиб омаданд ва бо дигарон хушмуомила буданро ёд гирифтанд.
Ба кор бурдани принсипҳои Каломи Худо ва дар дуо рӯҳи муқаддас пурсидан ба мо кӯмак мекунад, ки осоиштагӣ пайдо кунем
Дэйвид ном бародар пеш аз ба ҳақиқат омаданаш рӯҳияи нодуруст дошт, ки ин ба тарзи гапзаниаш таъсир мекард. Бисёр вақт ӯ дигаронро танқид мекард ва бо суханони дағалона аъзои оилаи худро озор медод. Бо гузашти вақт Дэйвид фаҳмид, ки бояд дигар шуда сулҳҷӯ буданро ёд гирад. Чӣ ба ӯ кӯмак кард, ки ислоҳ шавад? Вай мегӯяд: «Ман дар ҳаётам ба кор бурдани принсипҳои Китоби Муқаддасро сар кардам ва дар натиҷа байни ману аъзоёни оилаам эҳтиром зиёд шуд».
Ҳаёти пештараи Рейчел ба рӯҳияи ӯ таъсир карда буд. Ӯ иқрор мешавад: «Ҳатто ҳозир ҳам хашми худро боздоштан бароям душвор аст, чунки ман дар оилае калон шудаам, ки ҳамаи аъзоёни он бадфеъл буданд». Чӣ ба Рейчел ёрдам дод, ки шахси сулҳҷӯ шавад? Ӯ мегӯяд, ки мунтазам ба Яҳува дуо мегуфт ва аз Ӯ кӯмак мепурсид.
Дэйвид ва Рейчел танҳо ду мисоли шахсоне мебошанд, ки бо ёрии принсипҳои Навиштаҳо ва рӯҳи муқаддас самари осоиштагӣ ба бор оварданд. Ин нишон медиҳад, ки бо вуҷуди дар ҷаҳони ноором зиндагӣ карданамон, мо метавонем оромиву осоиштагии ҳақиқӣ пайдо кунем. Ин дар навбати худ ёрӣ медиҳад, ки муносибатамонро бо аъзоёни оила ва ҳамимонон беҳтар гардонем. Вале Яҳува моро бармеангезад, ки «бо ҳамаи одамон» муросо кунем (Рум. 12:18). Оё ин имконпазир аст? Ва бо дигарон сулҳҷӯ будан чӣ манфиат меорад?
БО ДИГАРОН СУЛҲҶӮЁНА МУНОСИБАТ КУНЕД
Ба воситаи хизмати мавъиза мо одамонро даъват мекунем, ки аз хабари оромбахш дар бораи Подшоҳии Худо манфиат гиранд (Иш. 9:6, 7; Мат. 24:14). Хушбахтона, бисёр одамон онро қабул карданд. Акнун онҳо воқеаҳои гирду атрофро дида ба хашм намеоянд ва ноумед намешаванд. Чунки онҳо ба оянда умеди ҳақиқӣ пайдо карданд ва дониши гирифтаашон онҳоро бармеангезад, ки «талабгори осоиштагӣ» шуда «дар пайи он» бошанд (Заб. 33:15).
Лекин на ҳама одамон ҳангоми шунидани хабари мо ба он хуб муносибат мекунанд (Юҳ. 3:19). Нигоҳ накарда ба ин, рӯҳи муқаддас ба мо ёрдам мекунад, ки дар вақти хизмат бо одамон боэҳтиром ва сулҳҷӯ бошем. Ин тавр рафтор карда мо ба дастуроти Исо, ки дар Матто 10:11–13 навишта шудааст, итоат мекунем. Дар он гуфта шудааст: «Вақте ки ба хонае медароед, ба аҳли хонавода салом диҳед. Агар аҳли хона шуморо қабул кунанд, бигзор саломи шумо бар онҳо қарор гирад, лекин, агар онҳо шуморо қабул накунанд, бигзор саломатон ба шумо баргардад». Вақте ба маслиҳати Исо гӯш мекунем, мо метавонем оромии худро нигоҳ дорем ва ба шахс барои дар оянда қабул кардани ҳақиқат роҳ кушоем.
Ҳамчунин мо бо намояндагони давлат, аз он ҷумла бо касоне, ки ба хизматамон зиддият нишон медиҳанд, эҳтиромона муносибат карда ба осоиштагӣ мусоидат мекунем. Масалан, ҳокимияти як давлати Африқо нисбати фаъолияти мо бадгумонӣ карда, ба сохтани Толорҳои Салтанат иҷозат намедод. Барои ин масъаларо бо роҳи сулҳҷӯёна ҳал кардан як бародаре, ки он ҷо пеш чун миссионер хизмат мекард, ба сафорати дар Лондон будаи он мамлакат фиристонда шуд. Ӯ бояд ба намояндагони ҳукумат мефаҳмонд, ки Шоҳидони Яҳува дар он давлат фаъолияти сулҳҷӯёна мебаранд. Ин чӣ натиҷа дод?
Ӯ нақл мекунад: «Вақте ки ман ба сафоратхона даромадам, дар қабулгоҳ занеро вохӯрдам. Аз либоспӯшии он зан фаҳмидам, ки вай ба қабилае тааллуқ дорад, ки забонашро ман пеш омӯхта будам. Ва ман бо ӯ бо забони худаш саломуалек кардам. Зан ҳайрон шуда, аз ман пурсид: “Ба шумо чӣ хизмат карда метавонам?” Ман боадабона ба ӯ гуфтам, ки мехостам бо сафир вохӯрам. Зан ба ӯ занг зад ва вай аз ҳуҷраи кориаш баромада ба наздам омад ва бо забони модариаш салом кард. Баъд ман ба вай дар бораи фаъолияти сулҳҷӯёнаи Шоҳидон фаҳмондам ва ӯ маро бодиққат гӯш кард».
Суханони эҳтиромонаи бародар ақидаи нодуруст ва бадгумонии сафирро нисбати фаъолияти мо пурра бартараф кард. Чанд вақт пас ҳокимияти ин давлати африқоӣ маҳдудиятҳоеро, ки барои сохтмони мо гузошта буд, бекор кард. Бародар хеле хурсанд гашт, ки ин масъала бо роҳи сулҳҷӯёна ҳал шуд. Дар ҳақиқат, бо дигарон эҳтиромона муносибат кардан манфиатҳои олиҷаноб меорад, ки яке аз онҳо сулҳ мебошад.
АЗ ОСОИШТАГӢ АБАДАН БАҲРАМАНД БОШЕД
Имрӯз халқи Яҳува аз биҳишти рӯҳонӣ баҳрманд аст, ки дар он сулҳу осоиштагии ҳақиқӣ ҳукмфармост. Ин хислати самари рӯҳро инкишоф дода, шумо дар афзудани сулҳу оромӣ саҳм гузошта метавонед. Аз ҳама муҳимаш, шумо розигии Яҳуваро ба даст меоред ва дар дунёи нави Худо аз осоиштагии зиёд абадан баҳраманд хоҳед буд (2 Пет. 3:13, 14).
^ сарх. 13 Хислати меҳрубонӣ, ки қисми дигари самари рӯҳ аст, дар яке аз маҷаллаҳои оянда муҳокима карда мешавад.