МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 18
СУРУДИ 65 Шитобон рав ба пеш!
Бародарони ҷавон, аз Марқус ва Тимотиюс ибрат гиред
«Бо худ Марқусро биёр, зеро ӯ дар хизмат бароям мададгори хубест» (2 ТИМ. 4:11).
МАҚСАД
Мо мефаҳмем, ки чӣ тавр бародарони ҷавон аз намунаи Марқусу Тимотиюс ибрат гирифта, сифатҳои лозимаро инкишоф медиҳанд, то хизмати дигаронро беҳтар ба ҷо оранд.
1, 2. Барои ба дигарон бештар хизмат кардан чӣ ба Марқусу Тимотиюс халал расонда метавонист?
БАРОДАРОНИ ҷавон, оё мехоҳед дар хизмати Яҳува бештар кунед? Оё мехоҳед ба ҷамоат фоидаи бисёртар расонед? Бешак, мехоҳед. Чи хел зӯр ки, ҷавонони бисёре мехоҳанд ба Яҳува хизмат кунанд (Заб. 110:3). Вале роҳи хизмат ба Яҳува бе мушкилӣ нест. Шояд, шумо метарсед доираи хизмататонро васеъ кунед, чунки намедонед шуморо чӣ дар пеш аст. Ё, эҳтимол, шумо таъйинотеро қабул накардед, чунки аз худ дилпур набудед. Агар чунин бошад, шумо аввалин одаме нестед, ки ин хел мушкилӣ дошта бошад.
2 Марқус ва Тимотиюс ҳам чунин душвориҳо доштанд. Онҳо ҳам як замоне камтаҷриба буданд ва намедонистанд, ки дар оянда чӣ онҳоро дар пеш аст. Аммо ин тарсу хавотирӣ онҳоро аз хизмат ба дигарон бознамедошт. Эҳтимол, вақте Павлус Марқусро ба сафари якуми миссионерияш даъват кард, ӯ ҳамроҳи модараш дар хонаи бароҳате мезист (Кор. 12:12, 13, 25). Марқус барои васеъ кардани доираи хизматаш аз ҷойи шинос ба ҷойҳои ношинос рафт. Аввал, ӯ ба Антиохия рафт, сипас ҳамроҳи Павлусу Барнаббо ба ҷойҳои дурдаст (Кор. 13:1–5). Тимотиюс ҳам, вақте Павлус ӯро барои ҳамхизматаш шудан даъват кард, бо волидонаш зиндагӣ мекард. Шояд, Тимотиюси ҷавон фикр мекард, ки таҷрибааш барои иҷрои ин супориш камӣ мекунад. (Бо 1 Қӯринтиён 16:10, 11 ва 1 Тимотиюс 4:12 муқоиса кунед.) Вале ӯ даъвати Павлусро қабул карду баракатҳои зиёдро соҳиб шуд (Кор. 16:3–5).
3. а) Мо аз куҷо медонем, ки Павлус Марқусу Тимотиюсро дӯст медошт? (2 Тимотиюс 4:6, 9, 11). (Ҳамчунин ба расмҳо нигаред.) б) Аз ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?
3 Марқусу Тимотиюс аз ҷавонӣ таҷрибаи пурқимат омӯхта, бардоштани масъулиятҳои вазнинро ёд гирифтанд. Павлус ин мардони ҷавонро чунон қадр мекард, ки, вақте дарк намуд, ки маргаш наздик аст, онҳоро назди худ даъват кард. (2 Тимотиюс 4:6, 9, 11-ро хонед.) Кадом сифатҳои Марқус ва Тимотиюс ба Павлус маъқул буданд? Чӣ тавр бародарони ҷавон аз ин ду нафар ибрат гирифта метавонанд ва чӣ тавр бародарони ҷавон аз маслиҳати падаронаи Павлус фоида гирифта метавонанд?
Марқусу Тимотиюс аз ҷавонӣ масъулиятҳоро ба дӯши худ мегирифтанд ва Павлус онҳоро дӯст медошт (Ба сархати 3 нигаред.) b
АЗ МАРҚУС ИБРАТ ГИРЕД — БАРОИ ХИЗМАТ МИЁН БАНДЕД
4, 5. Аз чӣ маълум буд, ки Марқус ба дигарон хизмат кардан мехост?
4 Мувофиқи як маълумотнома хизмат кардан маънои барои мадади дигарон «миён баста, заҳмат кашидан»-ро дорад. Марқус маҳз ҳамин хел мекард. Вақте Павлус ӯро ба сафари дуюми миссионерияш гирифтан нахост, ин ба Марқус, эҳтимол, сахт расид ва ӯ зиқ шуд (Кор. 15:37, 38). Аммо ин пеши роҳи Марқусро нагирифт, ӯ ба бародару хоҳарон хизмат карданро давом дод.
5 Марқус таъйиноти навро қабул карда, ҳамроҳи хешаш Барнаббо ба дигар ҷой рафт. Тахминан 11 сол пас, вақте Павлуси расул бори аввал ба зиндон афтид, Марқус ҳамроҳи дигарон ба ӯ ёрӣ мерасонд (Филем. 23, 24). Павлус дастгирии Марқусро чунон қадр мекард, ки ӯро «сарчашмаи тасаллии бузург» номид (Қӯл. 4:10, 11).
6. Марқус бо масеҳиёни ботаҷриба ҳамкорӣ карда, чӣ манфиат гирифт? (Ба поварақ нигаред.)
6 Бо масеҳиёни пухта дӯстӣ кардан ба Марқус фоида овард. Баъди якчанд вақт бо Павлус дар Рум буданаш, Марқус ба назди Петрус ба Бобил рафт. Онҳо чунон дӯсти наздик шуданд, ки Петрус ӯро «писарам Марқус» меномид (1 Пет. 5:13). Ҳангоми ҳамкорияшон Петрус, эҳтимол, дар бораи зиндагӣ ва хизмати Исо ба Марқус бисёр воқеаҳои ҷолибро нақл кард, ки онҳоро ӯ баъдтар дар Хушхабари худ ҷо дод a.
7. Чӣ тавр Сон-Ву аз Марқус ибрат гирифт? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
7 Марқус дар хизмат фаъол буд ва бо бародарони баркамол дӯстии наздик дошт. Шумо аз Марқус чӣ ибрат мегиред? Агар шумо дар орзуи таъйиноте бошеду онро ҳоло соҳиб нашуда бошед, интизор шавед, аз худатон серталаб набошед ва роҳҳои нав ба навро ҷӯед, ки ба Яҳува ва аҳли ҷамоат хизмат кунед. Пири ҷамоате бо номи Сон-Ву вақти ҷавон буданаш худро бо дигар бародарони ҷавон муқоиса мекард. Баъзеи онҳо пеш аз ӯ соҳиби таъйинотҳо шуданд. Ба назари Сон-Ву метофт, ки дигарон ӯро пай намебаранд. Ӯ ин дарди дилашро ба бародарони баркамол гуфт. Як бародар ба ӯ насиҳат дод, ки аз таҳти дил ба дигарон хизмат кунад, хоҳ одамон кӯшишҳои ӯро бинанд, хоҳ не. Ба ин маслиҳат гӯш дода, Сон-Ву ба пиронсолон кумак карда, бародару хоҳаронро ба вохӯриҳо бурдан гирифт. Гузаштаро ба ёд оварда, ӯ мегӯяд: «Ман фаҳмидам, ки ба дигарон аз дилу ҷон хизмат кардан чӣ маъно дорад. Ман дидам, ки кори касеро буд кардан чӣ қадар шодӣ меорад».
Чаро бародарони ҷавон бо бародарони баркамол вақт гузаронданашон лозим? (Ба сархати 7 нигаред.)
АЗ ТИМОТИЮС ИБРАТ ГИРЕД — БА ДИГАРОН ҒАМХОРӢ КУНЕД
8. Чаро Павлус Тимотиюсро ҳамроҳ гирифт? (Филиппиён 2:19–22).
8 Вақти баргаштан ба шаҳрҳое, ки дар онҳо муқобилат дида буд, Павлус ба ҳамхизматони далер ниёз дошт. Ӯ аввал бародари рӯзгордидаеро бо номи Сило интихоб кард (Кор. 15:22, 40). Баъд Павлус Тимотиюсро ҳамроҳи худ гирифт. Чаро ӯ маҳз Тимотиюсро интихоб кард? Чунки ӯ обрӯйи хуб дошт (Кор. 16:1, 2). Тимотиюс ҳамчунин ғами одамонро мехӯрд. (Филиппиён 2:19–22-ро хонед.)
9. Аз чӣ маълум буд, ки Тимотиюс аз таҳти дил ба ҳамимонон ғамхорӣ мекард?
9 Аз аввали хизматаш бо Павлус маълум гашт, ки Тимотиюс бештар фикри худашро неву фикри дигаронро мекард. Барои ҳамин Павлус бародару хоҳарони Бирияро ба дасти ин бародари ғамхору дилбардор супурда рафт (Кор. 17:13, 14). Сило ҳам дар Бирия истод. Тимотиюс, бешак, аз намунаи ӯ бисёр чизро омӯхт. Баъдтар бошад, Павлус Тимотиюсро тоқа ба Таслӯникӣ фиристод, то ҷамоати он шаҳрро қувват бахшад (1 Тас. 3:2, поварақ). Тӯли 15 соли навбатӣ Тимотиюс ҳамдардиву дилсӯзиро ёд гирифта, бо «гирякунандагон гиря» мекард (Рум. 12:15; 2 Тим. 1:4). Бародарони ҷавон аз Тимотиюс чӣ ибрат мегиранд?
10. Чӣ тавр бародар Ву Ҷе ба дигарон ғамхорӣ карданро ёд гирифт?
10 Бародаре бо номи Ву Ҷе ба дигарон ғамхорӣ карданро ёд гирифт. Вақте ӯ ҷавонтар буд, барояш бо бародару хоҳарони пиронсол суҳбат сар кардан душвор буд. Барои ҳамин ӯ фақат бо онҳо дар Ибодатгоҳ салому алейк мекарду бас. Бародаре ба Ву Ҷе як маслиҳат дод. Ӯ гуфт, ки барои суҳбат сар кардан бо пиронсолон ӯ метавонад ба онҳо гӯяд, ки кадом кор ё хислаташонро қадр мекунад. Боз як маслиҳати бародар ин буд, ки Ву Ҷе фикр кунад, ки он бародар ё хоҳар ба чӣ завқ дорад. Ву Ҷе ин маслиҳатро ба кор бурд. Ву Ҷе, ки имрӯз пири ҷамоат аст, мегӯяд: «Акнун бароям бо одамони синнашон гуногун суҳбатҳои пурмазмун кардан осон аст. Аз донистани он ки ман имрӯз одамонро беҳтар мефаҳмам, хурсандам. Ин тавр ман ба бародару хоҳарон бештар ёрдам карда метавонам».
11. Чӣ тавр бародарони ҷавон бештар дар ҳаққи аҳли ҷамоат ғамхорӣ карда метавонанд? (Ҳамчунин ба расм нигаред.)
11 Шумо ҳам, бародарони ҷавон, ба дигарон таваҷҷуҳ карданро ёд гирифта метавонед. Дар вохӯриҳо бо бародару хоҳарони синну сол ва тарбияву маданияташон гуногун ҳамсуҳбат шавед. Ҳолу аҳволашонро пурсон шаведу гӯш кунед. Оҳиста-оҳиста шумо мефаҳмед, ки чӣ хел ба онҳо ёрдам кунед. Масалан, шояд, шумо мефаҳмед, ки зану шавҳари пиронсол дар истифодаи барномаи JW Library® душворӣ мекашанд ё ки онҳо барои хизмат ҳамроҳ надоранд. Оё шумо метавонед дар истифодаи он барнома ба онҳо ёрӣ расонед ё ҳамроҳашон ба хизмат равед? Ҳар гоҳе барои мадади дигарон қадами аввал мемонед, дигарон аз пайи шумо ҳам қадам мегузоранд.
Бародарони ҷавон бо роҳҳои гуногун ба ҷамоат ёрӣ расонда метавонанд (Ба сархати 11 нигаред.)
АЗ МАСЛИҲАТИ ПАДАРОНАИ ПАВЛУС ФОИДА ГИРЕД
12. Чӣ тавр бародарони ҷавон аз суханони Павлус манфиат гирифта метавонанд?
12 Павлус ба Тимотиюс барои хизмат ва зиндагияш маслиҳатҳои судманд дод (1 Тим. 1:18; 2 Тим. 4:5). Шумо ҳам, бародарони ҷавон, метавонед аз маслиҳати падаронаи Павлус фоида баред. Чӣ тавр? Ду номаи Павлусро ба Тимотиюс ҳамон хеле хонед, ки гӯё ӯ онҳоро барои шумо навиштааст ва маслиҳатҳояшро дар зиндагиятон ба кор баред. Якчанд мисол меорем.
13. Чӣ тавр ба Яҳува часпида метавонем?
13 «Худотарсиро мақсади худ сохта, худро машқ деҳ» (1 Тим. 4:7б). Худотарсӣ чист? Худотарсӣ ба Худо часпида, хости ӯро хости худат кардан аст. Мо бо чунин сифат таваллуд намешавем, бояд онро нашъунамо диҳем. Чӣ тавр? Феъли юноние, ки «машқ деҳ» тарҷума шудааст, зуд-зуд дар мавриди машқи варзишгароне ба кор мерафт, ки барои мусобиқа тайёрӣ медиданд. Ба чунин варзишгарон худдорӣ даркор буд. Ба мо ҳам худдорӣ даркор аст, то одатҳоеро инкишоф диҳем, ки моро сӯйи Яҳува мебаранд.
14. Ҳангоми хондани Китоби Муқаддас мо бояд чӣ мақсад дошта бошем ва чӣ тавр ба он расем?
14 Одати каломхониро инкишоф дода, дар ёд доред, ки мақсади шумо ба Яҳува наздик шудан аст. Масалан, аз суҳбати Исо бо ҷавони сарватманд чӣ меомӯзед? (Марқ. 10:17–22). Он ҷавонмард бовар дошт, ки Исо Масеҳ аст, вале барои пайрави ӯ шудан имонаш камӣ мекард. Мо мехонем, ки Исо ба ҳар ҳол «бо меҳр ба вай нигоҳ кард». Аз суханони Исо ба ин ҷавон бӯйи муҳаббат меомад. Маълум буд, ки Исо мехост он ҷавон қарори дуруст барорад. Дар муҳаббати Исо муҳаббати Яҳуваро ба он ҷавонмард мебинем (Юҳ. 14:9). Ин воқеаро хонда, аз худ пурсед: «Дар вазъияти худ ман бояд чӣ кор кунам, ки ба Яҳува наздиктар шавам ва ба дигарон бештар хизмат кунам?»
15. Чаро бародари ҷавон бояд ба дигарон намуна бошад? Мисол оред (1 Тимотиюс 4:12, 13).
15 «Ба вафодорон намуна бош». (1 Тимотиюс 4:12, 13-ро хонед.) Павлус ба Тимотиюс маслиҳат дод, ки на фақат ҳунарҳояшро машқ диҳад, ба монанди хониш ва таълим, балки сифатҳояшро нашъунамо диҳад, ба монанди муҳаббат, имон ва покдоманӣ. Барои чӣ? Барои он ки садои рафтор аз сухан баландтар аст. Фарз кардем ба ту супориш медиҳанд, ки бо суханронӣ дар мавзуи зерин баромад кунӣ: «Ғайрати мо дар мавъиза». Агар ту худат дар мавъиза боғайратона иштирок кунӣ, бо дили пур ва забони дароз дар ин бора сухан мегӯӣ. Рафторат қадру арзиши суханатро зиёд мегардонад (1 Тим. 3:13).
16. а) Аз кадом панҷ ҷиҳат масеҳиёни ҷавон намуна буда метавонанд? б) Чӣ тавр бародари ҷавон «дар гуфтор» намуна буда метавонад?
16 Мувофиқи суханони Павлус дар 1 Тимотиюс 4:12 бародари ҷавон аз панҷ ҷиҳат барои дигарон намуна шуда метавонад. Оё метавонед дар омӯзиши шахсиятон ин панҷ ҷонибро дида бароед? Масалан, шояд, шумо мехоҳед «дар гуфтор» намуна бошед. Агар ин тавр бошад, аз худ пурсед: «Барои қувват бахшидани дигарон ман чӣ кор карда метавонам?» Агар шумо бо падару модаратон дар як хона зиндагӣ кунед, аз худ пурсед: «Боз чӣ кор кунам, ки қадрдониямро барои меҳнати падару модарам нишон диҳам?» Боз шумо баъди вохӯрӣ ба бародар ё хоҳаре гуфта метавонед, ки аз баромад ё супоришаш чӣ ба шумо маъқул шуд. Ҳамчунин шумо дар вохӯриҳо бо суханони худатон ҷавоб дода метавонед. Барои дар гуфтор намуна шудан қадамҳои хуб монда, шумо маълум месозед, ки рӯҳан пеш меравед (1 Тим. 4:15).
17. Чӣ тавр бародари ҷавон ба мақсадҳои рӯҳонияш расида метавонад? (2 Тимотиюс 2:22).
17 «Аз ҳавою ҳаваси ҷавонӣ бигрез ва... дар пайи росткорӣ... бош». (2 Тимотиюс 2:22-ро хонед.) Павлус Тимотиюсро аз майлу хоҳишҳое огоҳ кард, ки ӯро аз Яҳува ва мақсадҳои рӯҳонияш дур карда метавонанд. Шояд, шумо ҳам пай баред, ки баъзе одатҳоятон ҳарчанд зидди Калом нестанд, вақти корҳои рӯҳониятонро мегиранд. Масалан, аз худ пурсида метавонед: «Ман барои варзиш, сайругашт дар интернет ва бозиҳо дар телефон ё планшет чӣ қадар вақт сарф мекунам? Оё як қисми он вақтро барои корҳои рӯҳонӣ истифода бурда метавонам? Оё ёрдами худро барои таъмиру нигаҳдории ягон Ибодатгоҳи маҳаллӣ пешниҳод карда метавонам? Оё имкон дорам дар хизмат бо аробачаи адабиётдор иштирок кунам?» Дар чунин корҳо иштирок карда, дӯстоне пайдо мекунед, ки шуморо сӯйи қуллаҳои рӯҳонӣ мебаранд — сӯйи қуллаҳое, ки ба онҳо расидан мехоҳед.
ХИЗМАТИ ДИГАРОНРО КАРДАН БАРАКАТҲО МЕОРАД
18. Чаро гуфтан мумкин аст, ки Марқусу Тимотиюс ҳаёти шавқовару қаноатбахш доштанд?
18 Барои ба дигарон бештар хизмат кардан Марқусу Тимотиюс фидокориҳои зиёд карданд. Ин ҳаёти онҳоро лабрези баракату шодӣ гардонд (Кор. 20:35). Барои хизмати ҳамдинонро ба ҷо овардан Марқус ба ҳар ҷойи дунё сафар мекард. Ӯ ҳамчунин ҳаёт ва хизмати Исоро рангину зинда тасвир кардааст. Тимотиюс ба Павлус ёрӣ мерасонд, то ҷамоатҳои навро бунёд гузошта, бародару хоҳаронро қувват бахшад. Яҳува, бешак, аз чунин фидокории Марқус ва Тимотиюс розӣ буд.
19. Чаро бародарони ҷавон бояд ба суханони Павлус, ки ба Тимотиюс навишта буд, гӯш диҳанд ва ин чӣ натиҷа меорад?
19 Аз номаҳои Павлус ба Тимотиюс маълум аст, ки ӯ ба дӯсти ҷавонаш чӣ қадар меҳр дорад. Аз ин номаҳои илҳомёфта ҳамчунин дидан мумкин аст, ки Яҳува шуморо низ, бародарони ҷавон, хеле дӯст медорад. Ӯ мехоҳад, ки шумо дар зиндагӣ муваффақ шавед. Аз ин рӯ маслиҳати падаронаи Павлусро бо дилу ҷон қабул карда, ба дигарон бо меҳри бештару бештар хизмат кунед. Агар ин тавр кунед, ҳозир соҳиби ҳаёти пурбаракат мешавед ва дар оянда «ҳаёти ҳақиқиро маҳкам нигоҳ» медоред (1 Тим. 6:18, 19).
СУРУДИ 105 «Худо муҳаббат аст»
a Азбаски Петрус дили пурэҳсос дошт, вақте ба Марқус ягон воқеаро нақл мекард, ҳиссиёти Исоро зинда тасвир мекард. Аз афташ, барои ҳамин Марқус дар Хушхабараш бисёр вақт дар бораи эҳсосоту муносибати Исо ба ин ё он воқеа навиштааст (Марқ. 3:5; 7:34; 8:12).
b ШАРҲИ РАСМ: Марқус ба Павлусу Барнаббо ҳангоми хизмати миссионерияшон ғамхорӣ мекунад. Тимотиюс ҷамоатеро хабар гирифта, имони бародаронро қавӣ мекунаду онҳоро қувват мебахшад.