Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲОКИМИЯТЕ, КИ ДУШВОРИҲОРО БАРТАРАФ МЕКУНАД

«Осоиштагии Ӯ... интиҳо нахоҳад дошт»

«Осоиштагии Ӯ... интиҳо нахоҳад дошт»

Солҳои охир Созмони Миллали Муттаҳид (СММ) одамонро ба «шаҳрвандии ҷаҳонӣ» даъват мекунад. Мақсади ин одамонро ба ҳамкорӣ, эҳтироми ҳуқуқи башар ва ҳимояи муҳити зист барангехтан аст. Барои чӣ? Сабаби инро Маҳер Нассер дар як рӯзнома шарҳ дода гуфт, ки «дигар шудани иқлим, ҷинояткорӣ, зиёд шудани миллатчигӣ, низоъҳо, зиёд шудани гурезагон, паҳн гаштани терроризм, бемориҳои сироятӣ» ва хатарҳои ба ин монанд ҳадду канор надоранд («UN Chronicle»).

Баъзеҳо ҳатто тарафдори онанд, ки дар тамоми дунё як ҳокимият бошад. Дар қатори чунин шахсон файласуф, шоир ва сиёсатмадори итолиёвӣ, Данте (1265–1321) ва мутахассиси физика, Алберт Эйнштейн (1879–1955) мебошанд. Данте ақида дошт, ки дар ин ҷаҳоне, ки муттаҳид нест, сулҳу ягонагӣ имконнопазир аст. Ӯ суханони зерини Исоро иқтибос овард: «Ҳар подшоҳие, ки дар он ҷудоӣ ба миён меояд, барҳам мехӯрад» (Луқо 11:17).

Чанде пас, баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ, вақте ки ду бомбаи атомӣ тарконда шуд, Алберт Эйнштейн ба Ассамблеяи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид нома навишта онро ба чоп дод. Дар ин нома чунин гуфта шуда буд: «СММ бояд зуд амал карда барои бехатарии умум шароити лозимаро фароҳам орад. Ҳамин тавр барои ҳокимияти ҷаҳонии ҳақиқӣ таҳкурсии хуб гузорад».

Лекин оё гуфтан мумкин аст, ки сиёсатмадорони чунин ҳокимият ҳамеша тавоно, боинсоф ва сулҳҷӯ мемонанд? Ё дар онҳо низ мисли дигар роҳбарон хислатҳои бадашон рӯ мезанад? Дар ин ҳолат суханони як таърихшинос хеле рост меоянд, ки гуфта буд: «Қудрат одамро вайрон мекунад ва қудрати пурра бошад, ӯро комилан вайрон мекунад».

Агар мо хоҳем, ки дар замин аз сулҳу осоиштагии ҳақиқӣ баҳра барем, бояд муттаҳид бошем. Лекин чӣ тавр ба ин мақсад расем? Оё ин имконпазир аст? Бале, Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ин имконпазир аст. Аммо на ба воситаи ҳокимияте, ки сиёсатмадоронаш порахӯранд, балки ба воситаи ҳокимияте, ки Худо барқарор мекунад. Ин ҳокимият исбот мекунад, ки танҳо Худо ҳуқуқ дорад, ки бар одамизод ҳукмронӣ кунад. Ин кадом ҳокимият аст? Дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, ки он «Подшоҳии Худо» мебошад (Луқо 4:43).

«БИГЗОР ПОДШОҲИИ ТУ БИЁЯД»

Исо-пайғамбар ба Подшоҳии Худо ишора карда дар дуои намунавӣ чунин гуфт: «Подшоҳии Ту биёяд ва хости Ту... дар замин ҳам иҷро гардад» (Матто 6:9, 10). Бале, Подшоҳии Худо дар замин на хоҳиши одамони худбин ва гурусначашмро, балки хости Худоро ба амал меорад.

Подшоҳии Худо ҳамчунин «Подшоҳии осмон» номида шудааст (Матто 5:3). Чаро? Чунки он дар замин нею аз осмон истода ҳукмронӣ мекунад. Аз ин рӯ он ба маблағ ё андоз мӯҳтоҷ нест. Ва охиру оқибат одамизод оҳи сабук хоҳад кашид.

Ибораи «Подшоҳии Худо» нишон медиҳад, ки ин ҳокимият подшоҳ дорад. Подшоҳи он Исои Масеҳ аст, ки Худо ба ӯ ҳокимият додааст. Дар бораи Исо Китоби Муқаддас мегӯяд:

  • «Салтанат бар дӯши ӯ хоҳад буд... осоиштагии ӯ... бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт» (Ишаъё 9:6, 7).

  • «Салтанат ва ҷалол ва малакут ба ӯ дода шуд, то ки ҳамаи қавмҳо, умматҳо ва забонҳо ӯро ибодат намоянд; салтанати ӯ... нест нахоҳад шуд» (Дониёл 7:14).

  • «Қудрати бар ҷаҳон подшоҳӣ кардан дар дасти Худованди мо ва Масеҳи Ӯст» (Ваҳй 11:15).

Чи хеле ки дар дуои намунавии Исо омадааст, Подшоҳии Худо хости Худоро дар замин пурра ба амал меорад. Зери ин ҳокимият мо, одамон, нигоҳубин кардани сайёраамонро ёд мегирем, замин аз нав обод мешавад ва ҳаёт дар он гул-гул мешукуфад.

Пеш аз ҳама Подшоҳии Худо шаҳрвандони худро таълим хоҳад дод. Барои ҳама талабот як хел мешавад. Дар он ҷо якдигарнофаҳмӣ ё ҷудоиҳо нахоҳад буд. Дар Ишаъё 11:9 гуфта шудааст: «Дар тамоми кӯҳи муқаддаси Ман бадӣ нахоҳанд кард... зеро замин аз шинохтани Худованд пур хоҳад буд, мисли он ки баҳр пур аз обҳост».

Дар тамоми замин одамон якдилона дар тинҷию оромие зиндагӣ хоҳанд кард, ки СММ онро карда натавонист. Дар Забур 36:11 гуфта шудааст, ки одамон «аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд». Дар он вақт суханҳои «ҷиноят», «ифлосшавии муҳити зист», «камбағалӣ» ва «ҷанг» батамом фаромӯш мешавад. Аммо ин кай мешавад? Подшоҳии Худо кай ҳукмрониро сар мекунад? Ин чӣ тавр мешавад? Ин Подшоҳӣ ба шумо чӣ фоида меорад? Биёед инро дида бароем.