Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МУШКИЛӢ

Ба бехатарии мо чӣ таҳдид мекунад?

Ба бехатарии мо чӣ таҳдид мекунад?

«Насли имрӯза дар соҳаи технология, илм ва иқтисодиёт хеле пеш рафтааст... Вале аз эҳтимол дур нест, ки маҳз ҳамин насл ҷаҳонро [аз ҷиҳати сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологӣ] ба шикаст меорад» («Ҳисобот оиди хатари куллӣ дар соли 2018, Форуми умумиҷаҳонии иқтисодӣ»).

ЧАРО БИСЁР МУТАХАССИСОН ДАР БОРАИ ОЯНДАИ ЗАМИН ВА ОДАМИЗОД ХАВОТИРАНД? БИЁЕД ЯКЧАНД САБАБАШРО ДИДА БАРОЕМ.

  • ҶИНОЯТ ДАР ИНТЕРНЕТ: Дар як рӯзномаи австралиягӣ чунин гуфта шудааст: «Аз интернет истифода бурдан торафт хатарнок шуда истодааст. Имрӯз он макони педофилҳо (онҳое, ки ба номуси кӯдакон таҷовуз мекунанд), авбошон, хаккерон ва касоне мебошад, ки бо номаҳои худ дар интернет касро асабонӣ мекунанд... Дуздидани маълумоти шахсӣ яке аз ҷиноятҳои паҳнгаштаи ҷаҳон шудааст... Ғайр аз ин, интернет ҳиссиёти бадтарини инсонро рӯй мезанонад, аниқтараш нафси шаҳвонӣ ва зӯровариро» («The Australian»).

  • НОБАРОБАРИИ ИҚТИСОДӢ: Мувофиқи ҳисоботи охирини ташкилоте, ки ба камбағалон ғамхорӣ мекунад (ОКСФАМ), молу мулке, ки 8 нафар шахси бойтарини ҷаҳон доранд, аз чизу чораи ними аҳолии камбағали ҷаҳон бисёртар аст. Дар ин ҳисобот ҳамчунин гуфта шудааст: «Аз сабаби он ки иқтисодиёти мо нағз кор намекунад, одамони бой аз ҳисоби камбағалон, ки қисми зиёдашон занон мебошанд, бойтар мегарданд». Баъзеҳо аз он хавотиранд, ки чунин нобаробариҳо сабаби шӯриш бардоштани одамон мегарданд.

  • ТАЪҚИБОТУ НИЗОЪҲО: Дар ҳисоботи Агентии СММ оид ба гурезагон барои соли 2018 гуфта шудааст: «Айни замон мо шоҳиди он ҳастем, ки шумораи касоне, ки аз як ҷой ба ҷойи дигар мекӯчанд, ба дараҷаи олӣ расидааст, ки дар таърих чунин набуд». Зиёда аз 68 000 000 одамон асосан аз сабаби таъқиботу низоъҳо маҷбуранд, ки хонаву ҷойи худро партофта гуреза шаванд. Дар ин ҳисобот ҳамчунин гуфта шудааст: «Дар ҳар ду сония тахминан як нафар аз беилоҷӣ гуреза мешавад».

  • НОБУДШАВИИ МУҲИТИ ЗИСТ: Дар «Ҳисобот оиди хатари куллӣ барои соли 2018» гуфта шудааст: «Олами наботот бо суръати тез нобуд шуда истодааст. Ифлосшавии ҳаво ва баҳр торафт ба саломатии одамизод таъсири бад мерасонад». Ҳамчунин дар баъзе давлатҳо шумораи ҳашарот рӯз ба рӯз кам шуда истодааст. Азбаски ҳашарот барои гардолуд шудани растаниҳо ёрдам мекунад, олимон огоҳ мекунанд, ки кам шудани шумораи онҳо ба «қиёмати экологӣ» оварда мерасонад. Обсангҳои марҷонӣ низ дар ҳолати нестшавӣ қарор доранд. Олимон ҳисоб карданд, ки таи 30 соли охир аз ним зиёди обсангҳои марҷонӣ нест шудаанд.

Барои ба даст овардани бехатарӣ мо чӣ кор карда метавонем? Мувофиқи ақидаи баъзеҳо барномаи таълимӣ яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала мебошад. Агар чунин бошад, пас, кадом таълиму тарбия кӯмак карда метавонад? Мақолаҳои навбатӣ ба ин саволҳо ҷавоб медиҳанд.