Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БОБИ 17

«Худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед»

«Худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед»

«Худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед,... худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доред» (ЯҲУДО 20, 21).

1, 2. Шумо чӣ сохта истодаед ва чаро сифати сохтмонатон муҳим аст?

ШУМО бо кӯшишу ғайрат хона сохта истодаед. Сохтмон аллакай як чанд вақт давом ёфта истодааст ва боз давом хоҳад ёфт. Кор душвор, лекин ҳаловатбахш аст. Барои ҳамин, чизе ки рӯй надиҳад, шумо корро бас намекунед ё суръати онро суст карданӣ нестед, зеро аз чӣ тавр иҷро кардани ин кор, ҳаёт ва ҳатто ояндаи шумо вобаста аст. Чаро? Барои он ки хонае, ки сохта шуда истодааст, худи шумоед!

2 Шогирди Исо, Яҳудо қайд намуд, ки мо бояд аз болои худ кор кунем. Вақте ки ӯ масеҳиёнро барангехт, ки худро дар муҳаббати Худо нигоҳ доранд, вай инчунин дар он оятҳо нишон дод, ки чӣ тавр мо инро карда метавонем: «Худро бо имони бағоят муқаддасатон обод кунед» (Яҳудо 20, 21). Бо кадом роҳҳо шумо метавонед имони худро мустаҳкам карда, худро обод гардонед, то ки дар муҳаббати Худо бимонед? Биёед диққатамонро ба се ҷиҳати сохтмони рӯҳониатон ҷалб созем.

ИМОНИ ХУДРО БО ТАЛАБОТИ ОДИЛОНАИ ЯҲУВА ОБОДУ МУСТАҲКАМ ГАРДОНЕД

3–5. а) Шайтон дар бораи талаботи Яҳува кадом тасаввуроти нодурустро ба шумо талқин мекунад? б) Мо бояд ба талаботи Худо чӣ гуна муносибат дошта бошем ва ин бояд ба мо чӣ гуна таъсир расонад? Мисол оред.

3 Пеш аз ҳама, мо бояд имони худро ба қонунҳои Худо мустаҳкам гардонем. Ин китобро омӯхта, шумо як қатор талаботи Яҳуваро, ки ба рафтори мо дахл доранд, дида баромадед. Шумо дар бораи он талабот чӣ фикр доред? Шайтон мехоҳад шуморо фиреб диҳад, то шумо фикр кунед, ки гӯё қонуну принсипҳо ва меъёрҳои Яҳува аз ҳад душвор ва ҳатто бераҳмона мебошанд. Ӯ ин тарзи фиребро аз замоне, ки дар боғи Адан ба кор бурда комёб гашт, истифода мебарад (Ҳастӣ 3:1–6). Оё ӯ шуморо низ бо ин роҳ фиреб карда метавонад? Бисёр чиз аз худи шумо вобаста аст.

Тасаввур кунед, ки шумо дар боғи зебое сайругашт мекунед ва ногаҳон як девори баланди мустаҳкамеро мебинед, ки як қисми боғро ҷудо мекунад. Он бисёр зебо аст ва шумо мехоҳед, ки ба он ҷо дароед. Дар аввал фикр мекунед, ки девор озодии шуморо маҳдуд месозад. Лекин диққат дода, шумо мебинед, ки дар паси девор шери даррандае ба тӯъмаи худ наздик мешавад! Акнун шумо мефаҳмед, ки девор шуморо муҳофизат мекунад. Оё ягон даррандаи хатарнок ба шумо ҳамла оварданӣ аст? Каломи Худо моро огоҳ мекунад: «Ҳушёр ва бедор бошед, чунки душмани шумо, иблис, мисли шери ғуррон гаштугузор карда, касеро меҷӯяд, то ба коми худ кашад» (1 Петрус 5:8).

5 Шайтон даррандаи бахашмомада мебошад. Яҳува намехоҳад, ки мо тӯъмаи Шайтон гардем, аз ин рӯ, Ӯ қонунҳое баровардааст, ки моро аз дасисаву ҳиллаҳои иблис муҳофизат мекунад (Эфсӯсиён 6:11). Аз ин рӯ ҳар боре, ки дар бораи қонунҳои Худо мулоҳиза мекунем, ба мо зарур аст, ки дар онҳо муҳаббати Падари осмониамонро бинем. Агар нисбати қонунҳои Худо чунин муносибат дошта бошем, онҳо моро муҳофизат мекунанд ва бароямон сарчашмаи хурсандӣ мегарданд. Яъқуб–пайғамбар чунин навишта буд: «Касе ки ба шариати комил, ба шариати озодӣ диққат мекунад ва дар он устувор мемонад,... хушо он кас дар амали худ» (Яъқуб 1:25).

6. Барои имони худро ба қонуну принсипҳои одилонаи Худо мустаҳкам кардан, кадом роҳи беҳтарин вуҷуд дорад? Мисол оред.

6 Аз рӯи аҳкомҳои Худо зиндагӣ кардан — беҳтарин роҳест, ки бо он мо имонамонро ба Қонунгузор ва қонунҳои хирадмандонаи Ӯ мустаҳкам карда метавонем. Масалан, «шариати Масеҳ» аҳкоми ба ҳамаи одамон таълим додани ҳар он чизеро ки Исо фармуда буд, дар бар мегирад (Ғалотиён 6:2; Матто 28:19, 20). Ҳамчунин масеҳиён ба аҳкоми барои ибодати Худо ҷамъ омадан ва муоширати рӯҳбаландкунанда доштан ҷиддӣ нигоҳ мекунанд (Ибриён 10:24, 25). Инчунин ба аҳкомҳои Худо ба Ӯ мунтазам, зуд–зуд ва аз сидқи дил дуо гуфтан низ дохил мешавад (Матто 6:5–8; 1 Таслӯникиён 5:17). Вақте ки мо аз рӯи ин аҳкомҳо зиндагӣ мекунем, барои мо аён мегардад, ки онҳо то чӣ андоза насиҳати муҳаббатомезро дар бар мегиранд. Аз рӯи онҳо амал карда, мо хурсандӣ ва қаноатмандиеро мегирем, ки дар ин ҷаҳони ноором ҳаргиз дар ягон ҷо ёфта наметавонем. Вақте ки шумо дар бораи манфиати истифода бурдани аҳкомҳои Худо мулоҳиза меронед, магар ин имонатонро ба аҳкомҳои Ӯ мустаҳкамтар намегардонад?

7, 8. Каломи Худо онҳоеро ки як умр аз роҳ рафтан дар роҳи адолат ба ташвиш меоянд, дар чӣ бовар мекунонад?

7 Баъзеҳо ташвиш мекашанд, ки тамоми умр ба аҳкомҳои Худо итоат кардан хеле душвор хоҳад буд. Онҳо метарсанд, ки аз ӯҳдааш баромада наметавонанд. Агар шумо чунин фикр кунед, пас ин суханонро дар хотир нигоҳ доред: «Ман Худованд Худои ту ҳастам ва туро таълим медиҳам, ки ба худат фоида бирасонӣ ва туро ба роҳе ҳидоят менамоям, ки бояд бо он биравӣ. Кошки ба аҳкоми Ман гӯш медодӣ! Он гоҳ осоиштагии ту мисли наҳр ва адолати ту мисли мавҷҳои баҳр мебуд» (Ишаъё 48:17, 18). Оё шумо ҳаргиз андеша намудаед, ки ин суханон ба кас чӣ боварие мебахшанд?

8 Дар ин ҷо Яҳува ба мо хотиррасон мекунад, ки ба ӯ итоат кардан бароямон манфиат меорад. Агар мо чунин амал кунем, Ӯ ба мо ду баракатро ваъда медиҳад. Якум, осоиштагии мо мисли наҳр ё дарё тинҷу ором, фаровон ва беохир хоҳад буд. Дуюм, адолати мо мисли мавҷҳои баҳр хоҳад буд. Вақте ки мо дар назди соҳили баҳр меистем ва аз паси ҳам хез задани мавҷҳои баҳрро мушоҳида мекунем, бешубҳа, мефаҳмем, ки ин ҳаракати мавҷҳо ҳамешагист. Шумо медонед, ки мавҷҳо беохир ба соҳили баҳр наздик меоянд ва дур мешаванд. Яҳува шуморо бовар мекунонад, ки адолати шумо — кӯшиши дуруст рафтор намудан — ба ин монанд мебошад. То он даме, ки шумо ба Худо содиқед, Ӯ ҳамеша шуморо дастгирӣ хоҳад намуд! (Забур 54:23-ро хонед.) Магар ин ваъдаҳои таъсирбахш боварии шуморо ба Яҳува ва талаботи одилонаи Ӯ мустаҳкам намекунанд?

«СӮИ КАМОЛ ШИТОБ КУНЕМ»

9, 10. а) Чаро камолот мақсади олиҷаноби ҳар як масеҳӣ мебошад? б) Чӣ гуна ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ кардан ба кас хурсандӣ меорад?

9 Ҷиҳати дигари сохтмони рӯҳониамон дар чунин суханон дида мешавад: «Сӯи камол шитоб кунем» (Ибриён 6:1). Камолот ин мақсади хуби ҳар як масеҳӣ мебошад. Гарчанд имрӯз комилиятро ба даст овардан номумкин аст, аммо камолоти рӯҳониро пайдо кардан имконпазир мебошад. Ғайр аз ин, масеҳиён боз ҳам баркамол гардида, дар хизмат ба Яҳува хурсандии бештарро эҳсос мекунанд. Чаро?

10 Масеҳии баркамолро шахси рӯҳонӣ номидан мумкин аст. Ӯ ба ҳама чиз аз рӯи нуқтаи назари Яҳува менигарад (Юҳанно 4:23). Павлус чунин навишта буд: «Онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи ҷисмонӣ фикр меронанд, вале онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, дар бораи чизи рӯҳонӣ фикр меронанд» (Румиён 8:5). Онҳое ки ба ҳасби ҷисм зиндагӣ мекунанд хурсандии камро эҳсос менамоянд, чунки онҳо худбину худпараст, кӯтоҳандеш мебошанд ва диққаташонро ба чизҳои моддӣ равона месозанд. Аммо онҳое ки ба ҳасби рӯҳ зиндагӣ мекунанд, хурсанданд, чунки онҳо диққаташонро ба Яҳува «Худои хушбахт» равона месозанд (1 Тимотиюс 1:11, ТДН). Шахси рӯҳонӣ мехоҳад, ки ба Яҳува писанд ояд ва ҳатто дар озмоишҳо хурсандиро аз даст намедиҳад. Чаро? Дар озмоишҳо имконият пайдо мешавад, ки фиребгар будани Шайтонро исбот кунем ва беайбиамонро инкишоф диҳем, ки аз ин Падари осмониамон шод мегардад. (Масалҳо 27:11; Яъқуб 1:2, 3-ро хонед.)

11, 12. а) Павлус дар бораи «ҳиссиёт», яъне қобилияти дарккунӣ чӣ гуфта буд ва иборае, ки чун «омӯхта шудааст» тарҷума гардидааст чӣ маъно дорад? б) Барои он ки ҷисми мо баркамол ва итоаткор гардад, он бояд кадом таълимотро гирад?

11 Барои шахси рӯҳониву баркамол гаштан, ба таври рамзӣ машқ кардан зарур аст. Ояти зеринро дида мебароем: «Ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд, ки ҳиссиёташон ба василаи малака ба фарқ кардани неку бад омӯхта шудааст» (Ибриён 5:14). Вақте Павлус гуфта буд, ки ҳиссиёт, яъне қобилияти дарккунӣ «омӯхта шудааст», ӯ калимаи юнониеро истифода бурд, ки онро мумкин одатан дар толорҳои варзишии Юнон, дар асри яки эраи мо истифода мебурданд. Инчунин ин ибораро «чун варзишгари машқдида» тарҷума кардан мумкин аст. Биёед андеша кунем, ки чунин омӯзиш чиро дар бар мегирад.

Варзишгар ба туфайли машқкунӣ моҳирона ҷисми худро идора мекунад

12 Вақте ки мо таваллуд шуда будем, ҷисмамон ҳоло инкишоф наёфта буд. Масалан, кӯдак дасту пойҳояшро нағз идора карда наметавонад. Аз ин рӯ, ӯ дастонашро ҳаракат дода, метавонад ба рӯяш занад, ки аз ин ӯ ба ҳайрат меояд ва ҳам метарсад. Лекин оҳиста–оҳиста ӯ идора кардани ҷисми худро ёд мегирад. Дар аввал кӯдак чорғоб меравад, баъд роҳгардон мешавад ва сипас медавад *. Дар бораи варзишгар бошад чӣ гуфтан мумкин? Вақте мебинед, ки варзишгар ба таври ҳайратовар ва дақиқ ҷисми худро дар ҳаво печутоб медиҳад, шумо бебаҳс мефаҳмед, ки ӯ хеле хуб машқ кардааст. Чунин қобилият на ин ки худ ба худ, балки дар натиҷаи машқи дурудароз пайдо мешавад. Лекин чӣ тавре ки дар Китоби Муқаддас гуфта шудааст, машқи ҷисмонӣ «кам фоида дорад». Пас то чӣ андоза қобилияти дарккунии рӯҳониамонро таълим додан муҳимтар аст! (1 Тимотиюс 4:8).

13. Чӣ гуна мо қобилияти дарккуниамонро таълим дода метавонем?

13 Дар ин китоб мо бисёр ҷиҳатҳоро муҳокима намудем, ки ба шумо барои таълим додани қобилияти дарккуниатон кӯмак мерасонанд, то ки чун шахси рӯҳонӣ ба Яҳува содиқ монда тавонед. Вақте ки шумо дар ҳаёти ҳаррӯзаатон қарор қабул мекунед, бо дуо бар принсипу қонунҳои Худо мулоҳиза ронед. Ҳар дафъа ҳангоми қабули қарор аз худ пурсед: «Кадом қонунҳо ва принсипҳои Китоби Муқаддас ба ин масъала тааллуқ доранд? Чӣ гуна онҳоро ба кор бурда метавонам? Кадом қарор Падари осмониамро хурсанд мегардонад?» (Масалҳо 3:5, 6 ва Яъқуб 1:5-ро хонед.) Агар ҳар қароратонро бо ин тарз қабул кунед, шумо таълим додани қобилияти дарккунии худро давом хоҳед дод. Чунин таълимгирӣ ба шумо ёрӣ медиҳад, ки ҳақиқатан ҳам шахси рӯҳонӣ гардед ва ин гуна шахс бимонед.

14. Барои рӯҳан афзудан мо бояд ташнаи чӣ бошем, вале чиро бояд дар хотир нигоҳ дорем?

14 Гарчанд рӯҳан баркамол гардидан имконпазир аст, барои бештар рӯҳан афзудан низ ҳамеша имконият вуҷуд дорад. Афзоиш аз ғизо вобаста аст. Барои ҳамин Павлуси расул гуфта буд: «Ғизои сахт барои касонест, ки ба камол расидаанд». Барои мустаҳкам кардани имонамон хеле муҳим аст, ки истеъмоли ғизои сахти рӯҳониро давом диҳем. Агар шумо чизи фаҳмидаатонро дуруст истифода баред — ин нишонаи хирадмандист ва Китоби Муқаддас дар ин бора чунин мегӯяд: «Ибтидои ҳама чиз ҳикмат аст». Ҳамин тавр мо бояд ташнаи ҳақиқатҳои бебаҳое бошем, ки Падарамон ба мо медиҳад (Масалҳо 4:5–7; 1 Петрус 2:2). Албатта мо аз барои гирифтани дониш ва хиради Худо набояд худписанд ва ҳавобаланд гардем. Мо бояд худро ҳамеша тафтиш кунем, то ҳавобаландӣ ё дигар камбудиҳо дар дили мо реша надавонанд. Павлуси расул навишта буд: «Худро тафтиш намоед, ки оё дар имон ҳастед? Худро имтиҳон кунед» (2 Қӯринтиён 13:5).

15. Чаро барои афзоиши рӯҳонӣ муҳаббат зарур аст?

15 Сохтмони хона метавонад ба охир расад, лекин кори он давом меёбад. Нигоҳубин ва таъмири хона хеле муҳим аст ва агар шароит талаб кунад, шояд сохтани утоқи иловагие зарур ояд. Аммо барои ба даст овардани камолоти рӯҳонӣ ва нигоҳ доштани рӯҳониятамон чӣ зарур аст? Пеш аз ҳама, муҳаббат. Мо бояд муҳаббатамонро нисбати Яҳува ва ҳамимононамон зиёд гардонем. Агар мо муҳаббат надошта бошем, пас тамоми дониш ва корҳоямон бефоидаанд (1 Қӯринтиён 13:1–3). Ба шарофати муҳаббат мо метавонем масеҳиёни рӯҳан баркамол гардем ва афзоиши рӯҳониамонро давом диҳем.

ДИҚҚАТАТОНРО АЗ УМЕДЕ, КИ ЯҲУВА МЕДИҲАД, ДУР НАСОЗЕД

16. Кадом тарзи фикррониро Шайтон дар одамон пайдо мекунонад ва чӣ гуна Яҳува моро муҳофизат менамояд?

16 Биёед боз як ҷиҳати дигари сохтмони рӯҳониатонро дида бароем. Барои пайрави ҳақиқии Масеҳ будан, ба тарзи фикрронии худ диққат додан зарур аст. Шайтон, ки ҳокими ин ҷаҳон мебошад, ӯ моҳирона дар одамон тарзи фикрронии бад, ноумедӣ, нобоварӣ ва дилхунукиро пайдо мекунонад (Эфсӯсиён 2:2). Чунин тарзи фикрронӣ барои масеҳӣ зарарнок аст, мисли оне ки чӯби пӯсидагӣ барои бинои чӯбин хатарнок аст. Хушбахтона, Яҳува барои муҳофизатамон ба мо як чизи муҳим, яъне умедро бахшидааст.

17. Чӣ гуна дар Каломи Худо нишон дода шудааст, ки умед доштан муҳим аст?

17 Китоби Муқаддас як чанд қисмҳои зиреҳи рӯҳониро номбар мекунад, ки мо бояд онҳоро дар мубориза бо Шайтон ва ин ҷаҳон истифода барем. Қисми муҳими зиреҳ ин хӯд ё умед ба наҷот мебошад (1 Таслӯникиён 5:8). Дар замонҳои қадим аскар медонист, ки ӯ дар ҷанг бе хӯд, яъне кулоҳи ҷангӣ муддати дароз зинда монда наметавонад. Бисёр вақт кулоҳро аз оҳан тайёр мекарданд ва аз таги он кулоҳи намадин ё чармин мепӯшиданд. Ба туфайли кулоҳ зарбаҳои зиёде, ки ба сари аскар мерасиданд, зарари кам меоварданд. Тавре ки кулоҳ сари аскарро муҳофизат мекунад, умед низ ақлу фикрронии шуморо муҳофизат карда метавонад.

18, 19. Исо дар нигоҳ доштани умед ба мо чӣ намунае гузоштааст ва чӣ тавр мо ба ӯ пайравӣ карда метавонем?

18 Дар мавриди нигоҳ доштани умед Исо намунаи беҳтарин мебошад. Ба хотир оред, ки ӯ дар лаҳзаи охирини ҳаёти заминиаш чӣ азобҳоро аз сар гузаронида буд. Дӯсти наздикаш ӯро барои пул фурӯхт. Дигараш бошад, аз ӯ рӯ гардонда, гуфт, ки ӯро намешиносад. Дигарон низ ӯро партофта гурехтанд. Ҳамдиёронаш бошанд, бар зидди ӯ баромада талаб мекарданд, ки аскарони Рум ӯро бераҳмона ба қатл расонанд. Бо боварии комил гуфтан мумкин аст, ки Исо бо вазнинтарин озмоишҳое дучор шуда буд, ки шояд мо ҳаргиз бо онҳо рӯ ба рӯ нахоҳем шуд. Дар он вақт ба ӯ чӣ кӯмак расонд? Дар Ибриён 12:2 ҷавоб дода мешавад: «Ӯ ба ҷои шодие ки Ӯро дар пеш буд, ба хорӣ беэътиноӣ намуда, ба салиб тоб овард ва ба ямини тахти Худо бинишаст». Исо ҳамеша «шодие ки Ӯро дар пеш буд» дар хотир дошт.

19 Кадом шодӣ Исоро интизор буд? Масалан ӯ медонист, ки то охир сабр карда, барои муқаддас гардидани номи поки Яҳува саҳми худро мегузорад ва ба таври беҳтарин исбот мекунад, ки Шайтон дурӯғгӯй аст. Ба Исо ягон умеди дигар ин қадар шодии бузурге оварда наметавонист! Ӯ инчунин медонист, ки Яҳува ӯро барои садоқаташ хеле баракат медиҳад ва ӯро айёми олиҷанобе интизор аст, ки боз аз нав бо Падари худ ҳамроҳ хоҳад буд. Исо ин умеди шодиоварро дар лаҳзаҳои душвортарини ҳаёташ дар хотир нигоҳ медошт. Ба мо низ чунин амал кардан зарур аст. Моро низ дар пеш шодӣ интизор аст. Яҳува ҳар яки моро барои муқаддас гардондани исми бузурги худ лоиқ донистааст. Агар мо Яҳуваро чун Ҳокими худ интихоб кунем ва ба ҳар гуна озмоишу васвасаҳо нигоҳ накарда, худро дар муҳаббати Падарамон нигоҳ дорем, мо исбот мекунем, ки Шайтон дурӯғгӯй аст.

20. Чӣ ба шумо ёрӣ медиҳад, ки фикрронии хуб дошта бошед ва умедро аз даст надиҳед?

20 Яҳува хеле мехоҳад, ки ба хизматгорони содиқаш мукофот диҳад. (Ишаъё 30:18; Малокӣ 3:10-ро хонед.) Ӯ аз таҳти дил хоҳишҳои одилонаи онҳоро иҷро мекунад (Забур 36:4). Пас умеде ки шуморо интизор аст, аз назаратон дур насозед. Ҳаргиз ба тарзи фикрронии нодурусту бадахлоқона ва вайрони ин ҷаҳони кӯҳнаи Шайтон дода нашавед. Агар бинед, ки рӯҳияи ин ҷаҳон ба дилу ақли шумо роҳ ёфтанӣ аст, аз дилу ҷон ба Яҳува дар бораи «осоиштагии Худо, ки аз ҳар хирад болотар аст», дуо гӯед. Он вақт осоиштагие, ки Худо ато мекунад, дилу ақли шуморо ҳифз хоҳад кард (Филиппиён 4:6, 7).

21, 22. а) «Анбӯҳи бузург» кадом умеди олиҷанобро соҳиб аст? б) Кадом ҷиҳати умеди масеҳӣ бароятон аз ҳама ҷолиб аст ва шумо чӣ ният доред?

21 Чӣ олиҷанобест умеде, ки шумо дар бораи он мулоҳиза карда метавонед! Агар шумо ба «анбӯҳи бузурги мардуме», ки «аз азоби азим» наҷот меёбанд, тааллуқ дошта бошед, пас дар бораи ҳаёте фикр кунед, ки ба наздикӣ сар мешавад (Ваҳй 7:9, 14). Вақте ки Шайтон ва девҳояш нест карда мешаванд, шумо оҳи сабуке мекашед, ки инро ҳоло тасаввур кардан душвор аст. Охир, оё ягон касе аз мо бе таъсири вайронкунандаи Шайтон зиндагӣ кардааст? Вақте ки ин таъсири Шайтон бартараф карда мешавад, мо бо чӣ хурсандие таҳти ҳукмронии Исо ва 144 000 ҳамроҳони осмониаш заминро ба биҳишт табдил медиҳем! Мо бесаброна замонеро интизорем, ки дар он тамоми касаливу нотавониҳо нест карда мешаванд, инчунин мо азизонамонро, ки эҳё мешаванд пешвоз мегирем ва он зиндагиеро, ки Худо бароямон ният карда буд, сар мекунем! Ҳангоми ба комилият наздик шуданамон, мо ба мукофоти аз ин ҳам бузургтаре, ки дар борааш дар Румиён 8:21 омадааст — ба «озодии ҷалоли фарзандони Худо» наздиктар мешавем.

22 Яҳува мехоҳад, ки шумо соҳиби озодии бузургтаре шавед, ки онро шумо ҳатто тасаввур карда наметавонед. Ин озодиро шумо танҳо ба шарофати итоаткорӣ ба даст оварда метавонед. Магар барои ба Яҳува рӯз аз рӯз итоат кардан, имрӯз тамоми кӯшишҳоро ба харҷ додан арзанда нест? Пас бо тамоми ҳастиатон кӯшиш кунед, ки мустаҳкам гардондани имони муқаддаси худро давом диҳед, то ки абадан дар муҳаббати Худо монда тавонед!

^ сарх. 12 Олимон мегӯянд, ки дар мо ҳиссиёти махсус инкишоф меёбад, ки он проприосептсия ном дорад. Яъне эҳсосоти дарунии бадан, ки ҳаракати худ ва ҳолати дасту пойро дар бар мегирад. Масалан, ба воситаи ин эҳсосот мо бо чашми пӯшида қарсак зада метавонем. Як зани бемор, ки ин эҳсосотро аз даст дода буд, ӯ рост истода, роҳ рафта ва ҳатто нишаста наметавонист.