Гузаштан ба маводи асосӣ

Ба Байт-Или Иёлоти Муттаҳида хуш омадед!

Ба Байт-Или Иёлоти Муттаҳида хуш омадед!

Як ҷуфти Шоҳидони Яҳува аз Вануату, пас аз ташрифорӣ ба Байт-Или Иёлоти Муттаҳида, чунин гуфтанд: «Баъд аз тамошои Байт-Ил лаҳзаҳои фаромӯшнавандае дар хотирамон нақш бастанд, ки онро тамоми умр дар дил нигоҳ медорем». Ин гуна ҳиссиётро беш аз 70 ҳазор одамон, ки ҳар сол ба саёҳат меоянд, баён мекунанд.

Оё шумо ягон вақт ба Байт-Или Иёлоти Муттаҳида ташриф овардаед? Агар не, шуморо самимона ба ин ҷо даъват менамоем.

Дар се бинои Байт-Ил чиро дидан мумкин аст?

Идораи марказӣ дар Бруклин (Ню-Йорк). Ҳангоми саёҳат шумо мефаҳмед, ки барои паҳн кардани хушхабар дар тамоми ҷаҳон чӣ корҳо ба анҷом расонида мешавад. Ҳамчунин шумо ду намоишгоҳро тамошо карда метавонед. Яке аз он бо номи «Халқе ки номи Яҳуваро дошт» мебошад, ки дар бораи таърихи халқи Худо аз асри як то инҷониб нақл мекунад. Дар намоишгоҳи «Китоби Муқаддас ва номи Худо», тарҷумаҳои гуногуни Китоби Муқаддас, ки дар он номи Худо вомехӯрад ба тамошо бароварда шудаанд.

Дастурот оиди таълимдиҳӣ дар Паттерсон (Ню-Йорк). Ҳангоми саёҳат дар бораи мактабҳое, ки дар ин ҷо мегузаранд: Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъод ва Мактаб барои аъзоёни Кумитаи филиал ва занони онҳо, маълумоти бештар гирифтан мумкин аст. Илова бар ин шумо видеосабтҳо ва стенди намоиширо, ки дар бораи кори шӯъбаҳои гуногуни филиал нақл мекунад, тамошо карда метавонед. Масалан, шӯъбаи ороиши бадеӣ, шӯъбаи аудио ва видеосабтҳо, шӯъбаи ҳуқуқ ва хизматиро.

Чоп ва фиристодани адабиёт ба Уолкилл (Ню-Йорк). Роҳбалад дар бораи тарзи чоп, муқовабандӣ ва фиристодани адабиёт ба ҷамъомадҳои Иёлоти Муттаҳида, ҷазираҳои баҳри Кариб ва дигар ҷойҳо нақл мекунад.

Саёҳат чӣ қадар давом мекунад?

Саёҳат дар бинои Бруклин қариб як соат, дар Паттерсон қариб ду соат ва дар Уолкилл тақрибан якуним соат давом меёбад.

Саёҳатро кӣ мегузаронад?

Саёҳат аз тарафи ихтиёриёни Байт-Ил, ки дар шӯъбаҳои гуногун хизмат мекунанд, гузаронида мешавад. Онҳо ба ин чун ба имконияти саҳм гузоштан дар кори таълимдиҳии умумиҷаҳонӣ менигаранд. Моҳи майи соли 2014 дар ин се бино беш аз 5000 нафар хизмат мекарданд, ки зиёда аз 3600 нафарашон барои гузаронидани саёҳат таълими махсус гирифта буданд. Саёҳат тахминан ба 40 забон гузаронида мешавад.

Барои саёҳат чанд пул мегиранд?

Саёҳат бепул аст.

Оё саёҳат танҳо барои Шоҳидони Яҳува гузаронида мешавад?

Не. Ба ғайр аз Шоҳидони Яҳува ба Байт-Ил одамони зиёд ташриф меоранд. Ҳамаи онҳо бо фаъолияти ташкилоти умумиҷаҳонии Шоҳидони Яҳува шинос шуда метавонанд.

Як зани мусулмон аз Ҳиндустон, ки Байт-Или Паттерсонро ташриф овард, гуфт: «Ман мехостам, ки аъзои чунин оилаи умумиҷаҳонӣ бошам. Ташаккури зиёд, ки маро ин қадар ҳурмату эҳтиром кардед».

Оё кӯдаконро бо худ гирифтан мумкин аст?

Албатта! Аз тамошои Байт-Ил кӯдакон бисёр хурсанд мешаванд. Марде бо номи Ҷон, ки аз Иёлоти Муттаҳида мебошад, чунин навишт: «Ҳатто пас аз ба хона баргаштанамон, кӯдакон беист дар бораи саёҳат гап мезаданд. То ин дам онҳо дар бораи хизмати Байт-Ил он қадар тасаввурот надоштанд. Ҳоло бошад, мақсад доранд, ки дар он ҷо хизмат кунанд».

Оё ба Байт-Или Шоҳидони Яҳува дар давлатҳои дигар ташриф овардан мумкин аст?

Бале. Чунин саёҳатҳо дар даҳҳо Байт-Или ҷаҳон гузаронида мешаванд. Барои ёфтани суроға ба саҳифаи «Филиалҳо ва саёҳат»-и сайтамон дароед. Мо шуморо самимона ба саёҳати яке аз филиалҳои Шоҳидони Яҳува даъват мекунем.