Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ХАЙРИЯҲОИ ШУМО БА ЧӢ САРФ МЕШАВАНД?

Нашри китоби муҳимтарин дар олам

Нашри китоби муҳимтарин дар олам

1 ЯНВАРИ 2021

 Бо забони бенгалӣ, бо забони модариаш нашр шудани «Навиштаҳои Юнонӣ – Тарҷумаи Дунёи Нав»-ро шунида бародарамон чунин гуфт: «Ман ин рӯзро 19 сол боз интизор будам!» Вақте «Тарҷумаи Дунёи Нав» ба забони модариашон мебарояд, бисёр одамон ин гуна хурсандӣ ҳис мекунанд. Вале оё шумо ягон бор ба худ савол додаед, ки рафти кори тарҷума чӣ хел аст ва чӣ тавр Китоби Муқаддас ба нашр мебарояд?

 Дар аввал, бо иҷозати Кумитаи нависандагии Ҳайати роҳбарикунанда гурӯҳи тарҷумонӣ ташкил карда мешавад. Барои тарҷума кардани Китоби Муқаддас тарҷумонон чӣ қадар вақт сарф мекунанд? Дар ин бора бародар Николас Аладис, ки дар шуъбаи дастгирии гурӯҳҳои тарҷумонӣ, дар Уорвик (Ню-Йорк) хизмат мекунад, чунин мегӯяд: «Ин ҷо омилҳо хеле зиёданд, масалан, чанд нафар тарҷумонон дар ин кор иштирок мекунанд, то чӣ андоза ин забон душвор аст ва хонандагон то чӣ андоза мафҳумҳои дар Китоби Муқаддас овардашуда ва маданияти он замонҳоро хуб медонанд. Инчунин ба назар гирифта мешавад, ки ин забон дар маҳалҳои гуногун то чӣ андоза фарқ мекунад. Ба ҳисоби миёна, барои тарҷума кардани танҳо Навиштаҳои Юнонӣ аз як то се сол вақт сарф мешавад, барои пурра тарҷума кардани Китоби Муқаддас бошад, чор сол ё зиёдтар аз он. Ба забони имову ишора тарҷума кардан вақти зиёдтарро талаб мекунад».

 Дар тарҷумаи Китоби Муқаддас ғайр аз гурӯҳи тарҷумонӣ боз гурӯҳи хонандагони беруна иштирок мекунанд. Якчанд хоҳару бародарони синну сол ва маълумотнокиашон гуногун, ки баъзан аз мамлакатҳои гунонун мебошанд, дар баҳо додани сифати тарҷума кумак мекунанд. Онҳо барои меҳнаташон пул намегиранд. Фикру қайдҳои онҳо ба тарҷумонон ёрӣ мерасонад, ки Китоби Муқаддас аниқ, фаҳмо ва пурмазмун тарҷума шавад. Як бародар аз Африқои Ҷанубӣ, ки гурӯҳи тарҷумонони Китоби Муқаддасро таълим медиҳад, чунин мегӯяд: «Тарҷумонон ҳам дар назди Яҳува ва ҳам дар назди шахсоне, ки Каломи Ӯро мехонанд, уҳдадорӣ ҳис мекунанд, чунки вазифаи онҳо — бо забони модариашон Каломи Худоро ҳар чӣ беҳтар тарҷума кардан аст».

 Баъд аз он ки тарҷума ба охир мерасад, Китоби Муқаддас бояд чоп ва муқовабандӣ карда шавад. Барои тайёр шудани китоб камаш 10 чиз лозим аст: қоғаз, ранг, мавод барои ҷилд, ширеш, астарҳои муқова, мавод барои нуқрасон гардондани қоғаз, лентаҳо, тасма, қоғази сахт барои рост кардани сутуни китоб ва маводҳои болопӯше, ки барои муқовабандии Китоби Муқаддас кумак мекунанд. Соли 2019 танҳо барои хариди ин мавод зиёда аз 20 миллион доллари амрикоӣ сарф шуд. Он сол бародару хоҳарон дар Шуъбаи чопкунӣ зиёда аз 300 000 соат кор карданд, то Китобҳои Муқаддасро тайёр карда ба ҷамъомадҳо фиристанд.

«Китоби Муқаддас аз ҳама адабиёти асосиест, ки мо нашр мекунем»

 Чаро мо барои нашри ин китоб ин қадар маблағ ва вақти худро сарф мекунем? Бародар Джоел Блю аз Шуъбаи умумиҷаҳонии чопи адабиёт чунин мегӯяд: «Китоби Муқаддас аз ҳама адабиёти асосиест, ки мо нашр мекунем. Барои ҳамин мо мехоҳем, ки намуди зоҳирии ин китоб обрӯи Худоеро, ки мо ибодат мекунем ва хушхабареро, ки мо ба одамон мерасонем, баланд бардорад».

 Ғайр аз нашрҳои стандартии «Тарҷумаи Дунёи Нав» мо онро боз барои хонандагоне чоп мекунем, ки ниёзҳои махсус доранд. Масалан, «Тарҷумаи Дунёи Нав» бо ҳуруфи Брайл ба даҳ забон дастрас аст. Барои як Китоби Муқаддасро бо ҳуруфи Брайл пурра тайёр кардан ҳашт соат лозим аст ва барои ҷо кардани ҳамаи ҷилдҳои ин китоб рафи дарозиаш ақаллан 2,3 метр лозим аст. Инчунин мо барои маҳбусон нашри махсуси Китоби Муқаддасро чоп мекунем, зеро дар ҳабсхона танҳо истифодаи китобҳои муқоваашон варақин иҷозат дода мешавад.

 «Тарҷумаи Дунёи Нав» ҳаёти хонандагони моро дигар мекунад. Ҷамоатеро мисол меорем, ки дар Ҷумҳурии Демократии Конго, дар маҳалли Томбе ҷойгир аст. Бародару хоҳарон дар ин ҷо вохӯриҳои худро бо забони килуба мегузаронанд. Томбе аз пойтахт беш аз 1700 километр дур аст. Дар он ҷо Шоҳидон танҳо як Китоби Муқаддас доштанд ва он ҳам ба забони қадимаи килуба буд. Он ягона китобро бародарон бонавбат истифода мебурданд, то супоришҳояшонро барои вохӯриҳо тайёр кунанд. Вале моҳи августи соли 2018 «Тарҷумаи Дунёи Нав» ба забони килуба пурра баромад. Акнун дар он ҷамоат ҳар як кас Китоби Муқаддаси худро дорад.

 Хоҳаре, ки забони модариаш олмонӣ аст, дар бораи нашри аз нав дида баромадашудаи «Китоби Муқаддас — Тарҷумаи Дунёи Нав» чунин гуфт: «Пеш ман худро барои хондани Китоби Муқаддас маҷбур мекардам. Ҳоло бошад, мехоҳам онро бисёртар хонам». Як марди маҳбус чунин навишт: «Ба дасти ман Китоби Муқаддас «Тарҷумаи Дунёи Нав» афтод ва он ҳаёти маро тамоман дигар кард. То ин вақт ман Каломи Худоро ин қадар нағз намефаҳмидам. Ҳоло ман мехоҳам дар бораи Шоҳидони Яҳува бисёртар фаҳмам ва яке аз онҳо гардам».

 Ҳамаи хонандагони «Тарҷумаи Дунёи Нав» барои хайрияҳое, ки нашри ин китобро дастгирӣ мекунанд, миннатдоранд. Ин хайрияҳо ба кори умумиҷаҳонӣ тавассути сомонаи donate.jw.org ирсол карда мешаванд. Ҳазор раҳмат барои саховатмандии шумоён!