Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ҲУШЁРУ БЕДОР БОШЕД!

Баланд шудани нарху наво дар тамоми ҷаҳон. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

Баланд шудани нарху наво дар тамоми ҷаҳон. Китоби Муқаддас дар ин бора чӣ мегӯяд?

 Президенти Бонки ҷаҳонӣ дар ҳисоботи моҳи июн чунин гуфт: «Иқтисодиёти ҷаҳон боз дар хатар аст. Нарху наво баланд шуда истодаасту иқтисодиёт паст рафта истодааст».

 «Баланд шудани нархи сӯзишворию хӯрокворӣ аллакай ба тамоми ҷаҳон таъсир расонида истодааст. Аз ин хусусан аҳолии камбағале, ки дар давлатҳои иқтисодиёташ паст зиндагӣ мекунад, бештар азоб мекашад» — хабар медиҳад Фонди байналмилалии асъор.

 Китоби Муқаддас мефаҳмонад, ки чаро мо бо душвориҳои иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуда истодаем, чӣ тавр онро паси сар намоем ва чӣ гуна он ҳал карда мешавад.

Баланд шудани нарху наво «дар рӯзҳои охир»

  •   Замони мо дар Китоби Муқаддас «рӯзҳои охир» номида шудааст (2 Тимотиюс 3:1).

  •   Исо гуфта буд, ки дар рӯзҳои охир «ҳодисаҳои пурдаҳшат» рӯй медиҳанд (Луқо 21:11). Имрӯзҳо баланд шудани нарху наво сабаби ба тарсу ваҳм афтодани одамон гаштааст. Онҳо дар бораи ояндаашон ғам хӯрда фикр мекунанд, ки оё аз уҳдаи таъмин кардани оилаашон мебаромада бошанд ё не.

  •   Дар китоби Ошкорсозӣ пешгӯйӣ шуда буд, ки дар рӯзҳои охир нарху навои хӯрокворӣ баланд мешавад. Дар он гуфта шудааст: «Чизеро ба монанди овозе шунидам, ки мегуфт: “Як андоза гандум ба як динор ва се андоза ҷав ба як динор”» (Ошкорсозӣ 6:6).

 Барои гирифтани маълумоти бештар дар бораи «рӯзҳои охир» ё охирзамон ва пешгӯйии китоби Ошкорсозӣ видеонавори «Баъди соли 1914 дунё дигар шуд»-ро тамошо кунед ва мақолаи «Чор савора кистанд?»-ро хонед.

Ҳалли тамоми душвориҳои иқтисодӣ

  •   «Мардум хонаҳо сохта, дар онҳо зиндагӣ хоҳанд кард, токҳо шинонда меваи онро хоҳанд хӯрд. Онҳо бино нахоҳанд кард, ки дигарон зиндагӣ кунанд, ва нахоҳанд шинонд, ки дигарон бихӯранд» (Ишаъё 65:21, 22).

  •   «Дар рӯйи замин ғалла фаровон мешавад, он то ба қуллаи кӯҳҳо паҳн мегардад» (Забур 72:16).

  •   «Азоби бечораро дида ва нолаи камбағалро шунида, ба ёриашон бармехезам,— мегӯяд Яҳува» (Забур 12:5) a.

 Ба қарибӣ Худо ба тамоми душвориҳои иқтисодӣ хотима мебахшад, ӯ ин корро на фақат дар як давлат, балки дар тамоми ҷаҳон мекунад. Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр Худо ин корро мекунад, мақолаи «Нобаробарии иқтисодӣ. Оё ин душворӣ ҳал мешуда бошад?»-ро хонед.

 Аллакай имрӯз Китоби Муқаддас ба мо кумак карда метавонад, ки ба ин душвориҳои иқтисодӣ тоб орем. Чӣ тавр? Дар он маслиҳатҳое оварда шудаанд, ки барои дуруст истифода бурдани пул ёрдам мекунанд (Панднома 23:4, 5; Пандгӯ 7:12). Мақолаҳои «Пул ва дороии худро сарфа намоед» ва «Чӣ тавр бо пули кам зиндагӣ кунем?»-ро хонда дар ин бора бештар фаҳмед.

a Яҳува номи Худо аст (Забур 83:18).