Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАВЗӮИ АСОСИИ МАҶАЛЛА | ЧӢ ТАВР КИТОБИ МУҚАДДАС ТО ЗАМОНИ МО РАСИД?

Чаро Китоби Муқаддас то замони мо расид?

Чаро Китоби Муқаддас то замони мо расид?

Имрӯз Китоби Муқаддас дастрас аст. Аз ин рӯ шумо метавонед онро гирифта мутолиа кунед. Агар тарҷумаи нағзи онро интихоб кунед, дилпур буда метавонед, ки он нусхаи бовариноки Навиштаҳои аслӣ аст. Лекин саволҳои ҷолибе ба миён меоянд: «Аз чӣ сабаб Китоби Муқаддас новобаста ба фарсудашавӣ, зиддияти шадид ва кӯшиши матни онро дигар кардан, то замони мо расид? Ин китоб аз дигар китобҳо чӣ фарқ дорад?»

«Ҳоло ман бовар дорам, ки Китоби Муқаддас воқеан ҳам атои Худо аст».

Бисёр одамон Китоби Муқаддасро омӯхта, мисли Павлуси расул ба хулоса омаданд, ки «тамоми Навиштаҳои Муқаддас аз тарафи Худо илҳом бахшида шудаанд» (2 Тимотиюс 3:16). Ин омӯзандаҳо бовар доранд, ки Китоби Муқаддас Каломи Худост ва он бо хости худи Худо то замони мо расидааст. Файзал, ки суханонаш дар мақолаи аввали ин силсиламақола оварда шудааст, Китоби Муқаддасро омӯхт ва таҳқиқ кард. Натиҷаи ин таҳқиқот ӯро ба ҳайрат овард. Ӯ фаҳмид, ки бисёр таълимоти дунёи масеҳият бар Китоби Муқаддас асос намеёбад. Инчунин Файзал аз Навиштаҳо дар бораи нияти Худо нисбати замин хонда хеле хурсанд шуд.

Ӯ мегӯяд: «Ҳоло ман бовар дорам, ки Китоби Муқаддас воқеан ҳам атои Худо аст. Агар Худо тамоми коинотро офарида бошад, пас ӯ қудрат дорад, ки Каломашро муҳофизат карда, онро то замони мо нигоҳ дорад. Ҳар касе, ки ин ҳақиқатро эътироф намекунад, қудрати Худоро инкор мекунад. Ман кистам, ки Худои Абарқудратро нотавон ҳисобам» (Ишаъё 40:8).