Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Аз Каломи Худо омӯзед

Дар Рӯзи Доварӣ чӣ рӯй медиҳад?

Дар Рӯзи Доварӣ чӣ рӯй медиҳад?

Дар ин мақола саволҳое муҳокима мешаванд, ки шояд дар сари шумо пайдо шуда буданд. Шумо мефаҳмед, ки чӣ тавр ҷавоби онҳоро аз Китоби Муқаддас ёбед. Шоҳидони Яҳува бо дилу ҷон ин саволҳоро ҳамроҳатон муҳокима мекунанд.

1. Рӯзи Доварӣ чист?

Чи хеле дар расм тасвир шудааст, бисёриҳо ихлос доранд, ки дар Рӯзи Доварӣ ҷони миллиардҳо одамон назди тахти Худо бурда шуда, аз рӯйи рафтору кирдори пешинаашон доварӣ мешаванд: баъзеҳо ба ҳаёти осмонӣ, баъзеи дигар ба азоби дӯзах сазовор мегарданд. Лекин Китоби Муқаддас таълим медиҳад, ки мақсади Рӯзи Доварӣ одамонро аз банди беадолатӣ озод кардан аст (Забур 96:13). Худо Ҳазрати Исоро Довар таъйин кардааст, ки адолатро барои инсоният барқарор кунад (Ишаъё 11:1–5; Корнома 17:31-ро хонед).

2. Чӣ хел дар Рӯзи Доварӣ адолат барқарор мешавад?

Вақте инсони аввалин Одам дидаю дониста зидди Худо баромад, тамоми наслаш побанди гуноҳ, ранҷу азоб ва марг шуд (Румиён 5:12). Барои барқарор кардани адолат Ҳазрати Исо дар оянда миллиардҳо одамонро ба ҳаёт бармегардонад. Мувоффиқи китоби Ошкорсозӣ ӯ инро дар вақти ҳукмронии ҳазорсолааш мекунад (Ошкорсозӣ 20:4, 11, 12-ро хонед).

Зиндашудагон дар асоси кирдори пешинаашон доварӣ намегарданд, чи хеле дар боби 20-уми Ошкорсозӣ гуфта шудааст, онҳо ҳангоми кушода шудани «дастхатҳо» аз рӯйи корҳояшон доварӣ мешаванд (Румиён 6:7). Павлуси расул гуфт, ки дар миёни онҳое, ки зинда мешаванду дар бораи Худо дониш мегиранд, «ҳам росткорону ҳам бадкорон» хоҳанд буд (Корнома 24:15-ро хонед).

3. Рӯзи Доварӣ чӣ натиҷа меорад?

Онҳое, ки дар қайди ҳаёт Яҳуваро нашинохтанду ба ӯ хизмат накарданд, имконият пайдо мекунанд, ки ба ҳаёти худ дигаргунӣ дароварда некукор шаванд. Агар ин тавр кунанд, «барои ҳаёт» зинда мешаванд. Валекин баъзе зиндашудагон аз рӯйи хости Яҳува зиндагӣ кардан намехоҳанд. Аз ин лиҳоз онҳо «барои доварӣ шудан» эҳё мегарданд (Юҳанно 5:28, 29; Ишаъё 26:10; 65:20-ро хонед).

Дар охири ҳазорсолаи Рӯзи Доварӣ Яҳува инсониятро аз нав комил мегардонад (1 Қӯринтиён 15:24–28). Чӣ ояндаи олиҷаноб итоаткоронро дар пеш аст! Ҳангоми санҷиши охирин бошад, Худо, Иблисро, ки то ин дам дар чоҳи бетаг нигоҳ дошта мешуд, озод мекунад. Шайтон боз одамонро аз роҳ заданӣ мешавад, вале онҳое, ки аз паси ӯ намераванд, то абад зиндагӣ хоҳанд кард (Ишаъё 25:8; Ошкорсозӣ 20:7–9-ро хонед).

4. Боз кадом рӯзи доварӣ ба одамон манфиат меорад?

Дар Китоби Муқаддас ибораи «рӯзи доварӣ» ҳамчунин ба рӯйдоде ишора мекунад, ки дар натиҷаи он ҷаҳони Шайтон нобуд мегардад. Ин рӯзи доварӣ мисли Тӯфони Нӯҳ, ки омада тамоми насли бадкорро нобуд сохт, ногаҳон мерасад. Хушбахтона, бо нобуд гаштани «худобехабарон», дар рӯйи замин ҷомеаи нав бунёд мегардад, ки дар он «росткорӣ ҳукмфармо мешавад» (2 Петрус 3:6, 7, 13-ро хонед).