Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Воқеаҳои хотирмони ҳаёти ман дар хизмат ба Салтанати Худо

Воқеаҳои хотирмони ҳаёти ман дар хизмат ба Салтанати Худо

Соли 1947 рӯҳониёни католикӣ дар шаҳрчаи Санта-Анаи Салвадор мардумро ба шӯр оварданд, то онҳо бар зидди Шоҳидон бароянд. Рӯзе, вақте ки бародарон омӯзиши ҳарҳафтаинаи «Бурҷи дидбонӣ»-ро мегузаронданд, писарбачаҳо ба дари кушодаи хонаи миссионерӣ сангҳои калонро партофтан гирифтанд. Сипас зери роҳбарии коҳинон дар он ҷо тӯдаи одамон ҷамъ омаданд. Баъзеҳо дар даст чароғ доштанд, дигарон бошанд, тасвирҳои динӣ. Дар давоми ду соат онҳо биноро сангборон карда дод мезаданд: «Зинда бод Марями бокира!» ва «Нест бод Яҳува!». Ҳамаи ин корро мардум бо мақсади он мекарданд, ки миссионерон тарсида аз шаҳр гурехта раванд. Ман ҳам яке аз он миссионерон будам, барои ҳамин аз ин воқеа бохабарам. Ин воқеа 67 сол пеш рӯй дода буд *.

ДУ СОЛ пеш аз ин воқеа ман ва Эвелин Траберт, ки маро дар хизмати миссионерӣ ҳамроҳӣ мекард, синфи чоруми Мактаби бар Навиштаҳо асосёфтаи Ҷилъодро хатм кардем. Он вақт ин мактаб дар наздикии шаҳри Итака (Ню-Йорк) воқеъ буд. Моро дар шаҳри Санта-Ана чун миссионер таъин карданд. Лекин пеш аз он ки воқеаҳои 29 соли хизмати миссионериамро мухтасар нақл кунам, биёед кӯтоҳакак гуфта диҳам, ки чаро ман ин корро пеша кардам.

МЕРОСИ РӮҲОНИИ МАН

Ман соли 1923 таваллуд шудам. Он вақт падару модарам Ҷон ва Эва Олсон дар шаҳри Спокан (Вашингтон, ИМА) зиндагӣ мекарданд. Онҳо лютеран (пайрави яке аз равияҳои масеҳият) буданд, лекин ба он ки Худо одамонро дар дӯзах азоб медиҳад, боварӣ надоштанд. Ба ақидаи онҳо, Худо, ки меҳрубону дилсӯз аст, ба ин кор ҳеҷ гоҳ даст намезанад (1 Юҳ. 4:8). Падарам дар нонвойхона кор мекард ва як шаб ҳамкораш ба ӯ гуфт, ки дар ҳеҷ ҷои Китоби Муқаддас гуфта нашудааст, ки дӯзах ин ҷои азобу шиканҷа аст. Дере нагузашта падару модарам бо Шоҳидони Яҳува омӯзишро сар карданд ва фаҳмиданд, ки Китоби Муқаддас оиди ҳолати мурдагон дар асл чиро таълим медиҳад.

Он вақт ман ҳамагӣ нӯҳсола будам, лекин то ҳол дар ёд дорам, ки падару модарам чӣ тавр дар бораи ҳақиқатҳои фаҳмидаашон бо шавқу завқ нақл мекарданд. Вақте ки онҳо номи Худои ҳақиқӣ — Яҳуваро фаҳмиданд ва аз таълимоти гумроҳкунандаи Сегона озод шуданд, шодии онҳо боз ҳам зиёдтар гашт. Ҳангоми шиносоӣ бо ҳақиқате, ки касро «озод» мекунад, ман ҳар як таълимоти Навиштаҳоро ҷабида мегирифтам (Юҳ. 8:32). Барои ҳамин, ман Китоби Муқаддасро ҳеҷ гоҳ дилгиркунанда намеҳисобидам, балки ҳамеша онро бо завқ мутолиа мекардам. Нигоҳ накарда ба шармгиниам, ман падару модарамро дар мавъиза ҳамроҳӣ мекардам. Онҳо соли 1934 таъмид гирифтанд. Дар синни 16-солагиам ман низ хизматгори таъмидёфтаи Яҳува шудам.

Бо волидонам дар анҷумани шаҳри Сент-Луис, Миссурӣ (с. 1941)

Тобистони соли 1940 падару модарам хонаамонро фурӯхтанд ва ҳар сеямон ҳамчун ходимони пурравақт дар шаҳри Кёр-д′Алени иёлоти Айдахо хизмат карданро сар кардем. Дар он ҷо мо хонаеро иҷора гирифтем, ки дар поёнаш устохонаи таъмири мошинҳо буд. Хонаи мо ҳамчунин чун ҷои гузаронидани вохӯриҳо хизмат мекард. Дар он вақт аксари ҷамъомадҳо Толори Салтанат надоштанд, барои ҳамин одамон дар хонаҳои шахсӣ ҷамъ мешуданд ё ягон ҷойро иҷора мегирифтанд.

Соли 1941 падару модарам ба анҷумане, ки дар шаҳри Сент-Луиси иёлоти Миссури мегузашт, ташриф оварданд. Рӯзи якшанбе «Рӯзи кӯдакон» буд ва онҳое ки синнашон аз 5 то 18 буд, дар қаторҳои аввал нишаста буданд. Дар охири нутқаш бародар Ҷ. Ф. Рутерфорд ба мо, ҷавонон, муроҷиат карда чунин гуфт: «Ҳамаи шумо... кӯдакон... ки ба итоат кардани Худо ва Подшоҳи таъинкардаи Ӯ тайёред, лутфан, аз ҷоятон бархезед!» Ҳамаи мо аз ҷой хестем. Сипас, бародар Рутерфорд хитоб намуд: «Ана зиёда аз 15 000 шоҳидони нави Салтанат!» Ин рӯйдод хоҳиши чун пешрав хизмат карданамро мустаҳкамтар гардонд.

ТАЪИНОТИ ОИЛАВИИ МО

Баъди якчанд моҳи анҷуман дар шаҳри Сент-Луис, оилаи мо ба ҷануби Калифорния кӯчид. Он ҷо дар шаҳри Окснард мо бояд ҷамъомад ташкил мекардем. Мо дар трейлер (автомашинаи истиқоматӣ)-и хурде зиндагӣ мекардем, ки ҳамагӣ як кати хоб дошт. Аз ин пеш ман хонаи хоби алоҳида доштам, акнун бошад, шабҳо мизи хӯрокхӯриамон барои ман чун «кат»-и хоб хизмат мекард.

Чанде пеш аз он ки ба Калифорния биёем, 7 декабри соли 1941, Япония ба бандаргоҳи Пёрл Ҳарбор (ҷазираҳои Гавай), ки барои Амрико бошишгоҳи ҳарбии баҳрӣ ҳисоб меёфт, зарба зад. Рӯзи дигар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ҳамроҳ шуд. Ҳокимиятдорони Калифорния аз сокинон талаб мекарданд, ки тамоми шаб ягон хел чароғ дарнагиронанд. Сабаб дар он буд, ки киштиҳои зериобии Япония бо мақсади ҳамла соҳилҳои Калифорнияро назорат мекарданд ва маҳз барои ҳамин чароғҳоро хомӯш мекарданд, то ҷопониҳо замини Калифорнияро ба нишон гирифта натавонанд.

Чанд моҳ пас, сентябри соли 1942, мо ба анҷумани теократии «Дунёи нав», ки дар шаҳри Кливленд (иёлоти Огайо) баргузор гашт, ташриф овардем. Дар он бародар Нейтан Норр бо нутқи «Сулҳ — оё он бардавом хоҳад буд?» баромад кард. Ӯ боби 17-уми китоби Ваҳйро, ки дар он «ҳайвони ваҳшӣ»-е тасвир ёфтааст, муҳокима кард. Дар Ваҳй гуфта шудааст, ки «ҳайвони ваҳшӣ» «буд ва нест; ва аз варта хоҳад баромад» (Ваҳй 17:8, 11). Бародар Норр фаҳмонд, ки он «ҳайвони ваҳшӣ» Лигаи миллатҳо буд, ки соли 1939 фаъолияти худро бас кард. Дар Китоби Муқаддас пешгӯӣ шуда буд, ки Лигаи миллатҳоро ташкилоти дигаре иваз мекунад ва муддате сулҳу оромии нисбӣ ҳукмфармо мешавад. Ва ин пешгӯӣ иҷро шуд. Вақте соли 1945 Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ ба охир расид, «ҳайвони ваҳшӣ» аз нав чун Созмони Милали Муттаҳид пайдо гашт. Он вақт Шоҳидони Яҳува кори мавъизаи умумиҷаҳонии худро васеъ намуданд. Чӣ афзоише дида мешавад аз он вақт инҷониб!

Дипломи ман аз Мактаби Ҷилъод

Он пешгӯӣ ба ман дар фаҳмидани воқеаҳое ки ҳоло дар пеш буданд, кӯмак кард. Вақте эълон шуд, ки соли дигар Мактаби Ҷилъод ташкил мешавад, дар дили ман хоҳиши миссионер шудан ҷӯш зад. Соли 1943 ман ба шаҳри Портленди иёлоти Орегон ҳамчун пешрав таъин шудам. Он рӯзҳо мо дар хизмат граммофон ва сабтҳоро истифода мебурдем. Дар назди дари хонаҳои одамон граммофонро монда ба онҳо сабти мавъизаро мешунавондем ва сипас адабиёти ба мавзӯи Салтанати Худо бахшидашударо пешкаш менамудем.

Соли 1944 маро ҳамроҳи дугонаам Эвелин Траберт ба Мактаби Ҷилъод таклиф намуданд, ки ин бароям хурсандии калоне буд. Дар давоми панҷ моҳ омӯзгоронамон ба мо таълим медоданд, ки чӣ тавр аз гузаронидани омӯзиши Китоби Муқаддас хурсандӣ ёфтан мумкин аст. Фурӯтании онҳо моро ба ҳайрат меовард. Баъзан, вақте ки мо хӯрок мехӯрдем, он бародарон ҳамчун пешхизмат кор мекарданд. Мо 22 январи соли 1945 Мактаби Ҷилъодро хатм намудем.

ТАЪИНОТИ МИССИОНЕРИИ МАН

Ману Эвелин ҳамроҳи ҷуфти масеҳӣ Лео ва Эстер Мэйҳан моҳи июни соли 1946 ба ҷои таъинотамон — шаҳри Салвадор омадем. Дере нагузашта мо фаҳмидем, ки киштзори рӯҳонии он ҷо «барои дарав сафед шудааст» (Юҳ. 4:35). Воқеаи дар аввал нақлшуда нишон медиҳад, ки то чӣ андоза рӯҳониён аз омадани мо ба хашм омада буданд. Ҳамагӣ як ҳафта пеш, мо дар Санта-Ана аввалин анҷумани вилоятиро гузарондем. Мо дар ҳама ҷой даъватномаҳоро паҳн карда, одамонро ба нутқи оммавӣ таклиф намуда будем. Вақте ки ба гӯш кардани он қариб 500 кас омад, хурсандии мо ҳадду канор надошт. Ба ҷои тарк кардани шаҳр, иродаи мо боз ҳам қавӣ шуд, ки дар он ҷо монем ва ба одамони самимӣ кӯмаки рӯҳонӣ расонем. Ҳарчанд рӯҳониён мардумро огоҳ мекарданд, ки Китоби Муқаддасро нахонанд ва шумораи ками одамон барои доштани нусхаи шахсии худ имконият доштанд, бисёриҳо ташнаи ҳақиқат буданд. Онҳо кӯшишҳои моро дар омӯхтани забони испанӣ қадр мекарданд. Бо омӯхтани ин забон мо метавонистем ба онҳо дар бораи Худои ҳақиқӣ Яҳува ва ваъдаи олиҷаноби Ӯ оиди барқарор кардани биҳишт дар рӯи замин таълим диҳем.

Мо панҷ нафар ҳамсабақони Мактаби Ҷилъод, ки ба Салвадор фиристода шуда будем. Аз чап ба рост: Эвелин Траберт, Милли Брашер, Эстер Мэйҳан, ман ва Лео Мэйҳан

Яке аз омӯзандагони аввалини ман Роза Асенсио буд. Баъди сар кардани омӯзиши Китоби Муқаддас ӯ мардеро, ки бо вай зиндагӣ мекард, тарк кард. Баъдтар он мард низ омӯзиши Китоби Муқаддасро сар кард. Онҳо оиладор шуданд ва баъд таъмид гирифта хизматгорони боғайрати Яҳува гаштанд. Роза якумин пешрави маҳаллӣ дар шаҳри Санта-Ана буд *.

Роза соҳиби мағозаи хурди хӯрокворӣ буд. Вақте ки ӯ ба хизмат мерафт, дари мағозаашро қулф мекард ва дилпур буд, ки Яҳува ниёзҳои вайро қонеъ мекунад. Вақте баъди якчанд соат омада мағозаашро мекушод, ӯ медид, ки дар назди дари он харидорони зиёде ҷамъ шудаанд. Роза дар ҳаёти худ ҳақ будани суханони Матто 6:33-ро ҳис кард ва то дами марг ба Яҳува содиқ монд.

Боре, рӯҳонии маҳаллӣ ба хонаи марде, ки ба мо, шаш миссионер, хонаашро иҷора медод, омада гуфт, ки агар аз ин пас ҳам хонаашро ба мо иҷора диҳад, ӯ ва занашро аз калисо пеш мекунанд. Соҳиби хона, соҳибкори номдор, аллакай аз кору рафтори рӯҳониён дилхунук шуда буд, барои ҳамин ӯ ба фишор дода нашуд. Ӯ ҳатто ба рӯҳонӣ гуфт, ки аз хориҷ шудан аз калисо наметарсад ва моро боварӣ бахшид, ки чи қадаре ки хоҳем, бемалол дар хонаи вай истода метавонем.

СОКИНИ ОБРӮМАНДИ ШАҲР ШОҲИДИ ЯҲУВА МЕГАРДАД

Сохтмони бинои филиал дар соли 1955

Дар шаҳри Сан-Салвадор як хоҳари дигари миссионер бо зане омӯзиш мекард. Шавҳари он зан Балтасар Перла буд, ки чун муҳандис кор мекард. Ӯ марди хуб буд, лекин дурӯягии роҳбарони диниро дида, ба Худо имонашро гум карда буд. Вақте ки сохтмони бинои филиал сар шуд, Балтасар, ҳарчанд Шоҳиди Яҳува набуд, дар нақшакашӣ ва сохтмони филиал ба таври бепул хизмати худро пешкаш кард.

Дар давоми сохтмон Балтасар бо Шоҳидони Яҳува муошират карда, боварӣ ҳосил кард, ки дини ҳақиқиро ёфтааст. Ӯ 22 июли соли 1955 таъмид гирифт, занаш Паулина бошад, каме баъдтар. Ҳар ду фарзанди онҳо содиқона ба Яҳува хизмат мекунанд. Писари онҳо, ки номи ӯ низ Балтасар аст, дар давоми 49 сол дар Байт-Или Бруклин хизмат карда, кори торафт пешрафтаистодаи мавъизаи умумиҷаҳониро дастгирӣ мекунад. Ҳоло ӯ дар Кумитаи филиали Иёлоти Муттаҳида хизмат карда истодааст *.

Вақте ки дар шаҳри Сан-Салвадор мо анҷуманҳоро мунтазам мегузаронидагӣ шудем, бародар Перла ба мо кӯмак кард, ки толори калони варзиширо барои гузаронидани анҷуман истифода барем. Дар аввал мо ҳамагӣ чанд қатор мизҳои нишастро истифода мебурдем, вале ба туфайли баракати Яҳува қатори ҷойҳои нишаст сол аз сол пур мешуд ва ба он дараҷае расид, ки аз бисёрии одам ҳатто ба баъзеҳо ҷой намерасид. Дар он маъракаҳои хурсандибахш ман касонеро, ки ҳамроҳашон Китоби Муқаддас меомӯхтам, вомехӯрдам. Тасаввур кунед, ки чӣ шодие ҳис мекардам ман, вақте омӯзандагони пештараам маро бо наберагони рӯҳониам — шахсони навтаъмидёфта, ки онҳо ҳамроҳашон омӯзиш карда буданд, шинос мекарданд!

Бародар Ф. В. Френс дар анҷуман ба миссионерон муроҷиат карда истодааст

Дар як анҷуман бародаре ба назди ман омада гуфт, ки бахшиш пурсидан мехоҳад. Ман ӯро нашинохтам ва сахт мехостам фаҳмам, ки чаро ӯ ин хел мегӯяд. Вай гуфт: «Ман яке аз он бачаҳое будам, ки дар Санта-Ана ба шумо санг партофта буданд». Ҳоло ӯ мисли ман хизматгори Яҳува аст! Он лаҳза дилам аз хурсандӣ лабрез шуд. Он сӯҳбат маро боварӣ бахшид, ки хизмати пурравақт аз ҳама машғулияти беҳтаринест, ки шахс интихоб карда метавонад.

Ташрифи аввалини мо ба анҷумани Салвадор

ҚАРОРҲОИ ОҚИЛОНА

Қариб 29 сол ман дар мамлакати Салвадор чун миссионер хизмат кардам: аввал дар шаҳри Санта-Ана, баъд дар Сонсонейт, сипас дар Санта-Текла ва дар охир дар Сан-Салвадор. Соли 1975, баъди дуову мулоҳизаҳои зиёд, ман қарор кардам, ки хизмати миссионериро мегузорам ва ба Спокан бармегардам. Дар он ҷо волидони ба Яҳува содиқ ва пиронсоли ман ба ёрдами ман мӯҳтоҷ буданд.

Баъди марги падарам, соли 1979, ман модарамро, ки торафт заифу бемадор мешуд, нигоҳубин мекардам. Ӯ боз ҳашт соли дигар зиндагӣ кард ва дар синни 94-солагӣ вафот кард. Дар давоми он давраи мушкил ман аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва эмотсионалӣ сахт хаста шудам. Аз сабаби ташвишу хавотирии зиёд ман гирифтори як намуди бемории дардовари пӯст шудам. Лекин ба туфайли дуо ва дасти пурзӯри Яҳува ман ба он озмоиш тоб оварда тавонистам. Худи Яҳува гуфтааст: «То мӯйсафедии шумо Ман шуморо хоҳам бардошт... ва хоҳам раҳонид» (Иш. 46:4).

Соли 1990 ман ба шаҳри Омаки Вашингтон кӯчидам. Дар он ҷо ман аз нав худро дар маҳалли испанизабон даркорӣ ҳис кардам ва якчанд омӯзандагонам таъмид гирифтанд. Аз моҳи ноябри соли 2007 сар карда ман дигар ҳавлии дар Омак доштаи худро нигоҳубин карда натавонистам, барои ҳамин ба хонае кӯчидам, ки дар наздикии шаҳри Челан (Вашингтон) буд. Аз он вақт инҷониб аъзоёни ҷамъомади испании он ҷо дар бораи ман хеле хуб ғамхорӣ мекунанд, ки ман барои ин бениҳоят миннатдорам. Азбаски дар ин ҷо ман ягона Шоҳиди пиронсол ҳастам, бародарону хоҳарон маро бо хурсандӣ чун «бибӣ»-и худ қабул карданд.

Ҳарчанд ман бо мақсади бештар ва бе монеа ба Яҳува хизмат кардан муҷаррад мондам ва оиладор нашудам, ман фарзандони рӯҳонии зиёде дорам (1 Қӯр. 7:34, 35). Ман фаҳмидам, ки дар ҳаёти ҳозира шахс ҳама чизро дошта наметавонад. Барои ҳамин, ман дар ҷои аввали ҳаётам хизмати содиқонаи Яҳуваро гузоштам. Дар дунёи нав барои аз ҳамаи дигар корҳо ҳаловат гирифтан вақт фаровон мешавад. Ояти дӯстдоштаи ман Забур 144:16 мебошад. Дар он Яҳува моро боварӣ мебахшад, ки дасти худро кушода «ҳамаи зиндаҳоро бо дилхоҳашон сер» мекунад.

Хизмати пешравӣ диламро ҷавон нигоҳ медорад

Ҳоло синнам ба 91 расидаасту ман ҳанӯз худро бардам ҳис мекунам, барои ҳамин хизмати пешравиро давом медиҳам. Ин ҳаёти маро пурмазмун мегардонад ва диламро ҷавон нигоҳ медорад. Вақте ки ман бори аввал ба Салвадор омадам, кори мавъиза он ҷо акнун сар мешуд. Лекин ба муқобилиятҳои Шайтон нигоҳ накарда ҳоло дар он мамлакат зиёда аз 39 000 воиз мебошад. Ин дар ҳақиқат имони маро мустаҳкам мекунад. Бешубҳа, аён аст, ки Яҳува бо рӯҳулқудси худ кӯшишҳои халқашро дастгирӣ мекунад!

^ сарх. 4 Ба «Солнома»-и Шоҳидони Яҳува, соли 1981 (англ.), саҳифаҳои 45, 46 нигаред.

^ сарх. 19 «Солнома»-и соли 1981 (англ.), саҳ. 41, 42.

^ сарх. 24 Нигаред ба «Солнома»-и соли 1981 (англ.), саҳ. 66, 67, 74, 75.