Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Яҳува касонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, мешиносад

Яҳува касонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, мешиносад

«Касе ки ба Худо муҳаббат дорад, вай ба воситаи Худо шинохта шудааст» (1 ҚӮР. 8:3).

1. Кадом воқеа аз Китоби Муқаддас нишон медиҳад, ки тарзи фикрронии нодурусти баъзе ходимони Худо онҳоро гумроҳ сохт? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

САҲАРИИ як рӯз, Ҳоруни саркоҳин дар назди даромадгоҳи хаймаи муқаддаси Яҳува меистод ва дар дасташ зарфи оташдоре буд, ки дар он бухур месӯхт. Каме дуртар, Қӯраҳ ва 250 мардони дигар меистоданд, ки ҳар яки онҳо низ дар зарфҳои худ барои Яҳува бухур месӯзонданд (Ад. 16:16–18). Дар назари аввал чунин менамуд, ки ҳамаи он мардон ходимони содиқи Яҳуваанд. Вале баръакси Ҳорун, он мардон шахсони ҳавобаланду беитоате буданд, ки ба каҳонат даст дароз кардан мехостанд (Ад. 16:1–11). Онҳо худро бо он ақида гумроҳ карда буданд, ки Худо ибодати онҳоро қабул мекунад. Лекин бо ин рӯҳияашон онҳо ба Яҳува беҳурматӣ мекарданд. Худо, ки донандаи дилҳо аст, дурӯягии онҳоро медид (Ирм. 17:10).

2. Мусо чиро пешгӯӣ кард ва оё гуфтаҳои ӯ иҷро шуданд?

2 Як рӯз пеш аз он воқеа Мусо пешгӯӣ карда гуфт: «Бомдодон Худованд нишон хоҳад дод, ки кадом кас аз они Ӯст» (Ад. 16:5). Ва гуфтаи ӯ иҷро шуд. «Оташе аз ҷониби Худованд берун омада, [Қӯраҳ ва] он дусаду панҷоҳ нафарро, ки бухур оварда буданд, сӯзонид». Бо ин амал Яҳува фарқи байни парастандагони ҳақиқӣ ва онҳоеро, ки худро танҳо чунин вонамуд мекарданд, нишон дод (Ад. 16:35; 26:10). Ҳаёти Ҳорунро бошад, Яҳува нигоҳ дошт. Ин аломати он буд, ки ӯро Худо коҳин ва хизматгори ҳақиқии худ меҳисобид. (1 Қӯринтиён 8:3-ро бихонед.)

3. а) Дар рӯзҳои Павлус чӣ гуна вазъият ба миён омад? б) Асрҳо пеш Яҳува бо исёнкорон чӣ гуна амал карда буд?

3 Пас аз 1500 сол, дар рӯзҳои Павлуси ҳавворӣ вазъияти ба ин монанде рӯй дод. Баъзе касоне ки худро масеҳӣ меномиданд, таълимоти бардурӯғро қабул карда буданд, аммо ҳамзамон бо ҷамъомад алоқаро нигоҳ медоштанд. Агар шахси бегонае аз як тараф истода нигоҳ мекард, ба назари ӯ шояд ин осиён аз дигар аъзоёни ҷамъомад фарқе надоштанд. Вале гуфтору рафтори осиёнаи онҳо барои масеҳиёни содиқ хатари калон дошт. Ин гургони бар худ либоси гӯсфанд пӯшида ба хароб кардани «имони баъзе»-ҳо шурӯъ намуда буданд (2 Тим. 2:16–18). Лекин, Яҳува ба ин вазъият чун шахси бегона бепарвоёна нигоҳ намекард ва ин ба Павлус маълум буд. Ӯ аз таърих хуб медонист, ки Яҳува вазъияти ба ин монанд — исёни Қӯраҳ ва ҳамроҳонашро чӣ тавр ҳал карда буд. Дар ин бобат биёед як порчаи шавқоварро аз Навиштаҳо муҳокима кунем ва бубинем, ки мо аз он чӣ дарс гирифта метавонем.

«МАН, КИ ХУДОВАНД ҲАСТАМ, ТАҒЙИР НАЁФТААМ»

4. Павлус ба чӣ боварӣ дошт ва ин бовариашро ӯ ба Тимотиюс чӣ гуна баён кард?

4 Павлус боварии комил дошт, ки Яҳува метавонад ибодати самимонаро аз ибодати рӯякӣ ва сохтакорона фарқ кунад. Вай инчунин боварӣ дошт, ки Яҳува шахсонеро, ки ба Ӯ ҳақиқатан итоаткоранд, мешиносад. Ин боварии қавии Павлусро суханоне, ки ӯ зери илҳоми илоҳӣ ба Тимотиюс навишт, нишон медиҳанд. Павлус баъди гуфта гузаштани он ки осиён аллакай ба баъзеҳо чӣ гуна зарар расонда буданд, чунин навишт: «Аммо бунёди матини Худо қоим аст [«таҳкурсии устувори Худо мустаҳкам аст», ТДН] ва чунин мӯҳре дорад: “Худованд мансубони Худро мешиносад”; ва боз: “Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд”» (2 Тим. 2:18, 19).

5, 6. Павлус бо кадом мақсад ибораи «таҳкурсии устувори Худо»-ро истифода бурд ва он эҳтимол ба Тимотиюс чӣ гуна таъсир кард?

5 Калимаҳои дар ин оят истифода бурдаи Павлус чӣ маъно доранд? Ин ягона ҷои Китоби Муқаддас мебошад, ки дар он оиди «таҳкурсии устувори Худо» гуфта шудааст. Дар Китоби Муқаддас калимаҳои «бунёд» ва «таҳкурсӣ» аксар вақт ҳангоми ба ин ё он чиз монанд кардани чизи дигар, барои зебо ва пуртаъсир шудани сухан истифода бурда шудааст. Масалан, дар бораи пойтахти Исроили қадим, шаҳри Ерусалим, гуфта шудааст, ки «бунёди он дар кӯҳҳои муқаддас мебошад» (Заб. 86:1, 2). Ҳамчунин нақше, ки Исо дар иҷрошавии нияти Яҳува мебозад, ба таҳкурсӣ монанд карда шудааст (1 Қӯр. 3:11). Аммо вақте ки Павлус дар бораи «таҳкурсии устувори Худо» навишт, ӯ чиро дар назар дошт?

6 Павлус оиди «таҳкурсии устувори Худо» дар худи ҳамон контекст хотиррасон кардааст, ки он ҷо суханони Мусоро аз Ададҳо 16:5 иқтибос меорад. Дар он оят оиди Қӯраҳ ва тарафдоронаш гуфта шуда буд. Павлус барои он ба воқеаҳои рӯзҳои Мусо ишора кард, ки Тимотиюсро рӯҳбаланд кунад. Ҳамчунин, ӯ ёдрас кардан мехост, ки Яҳува қодир аст кирдори исёнкоронро фош созад ва онҳоро бартараф намояд. Чӣ тавре ки садсолаҳо пеш Қӯраҳ ба иҷрои иродаи Яҳува муқобилат карда натавонист, ҳамин тавр кӯшишҳои осиёни дар ҷамъомад пайдошуда низ барор ёфта наметавонист. Павлус чуқур нафаҳмонд, ки «таҳкурсии устувори Худо» чиро тасвир мекунад. Вале калимаҳое, ки ӯ дар ин ҷо истифода бурд, бешубҳа боварии Тимотиюсро ба роҳҳои Яҳува қавӣ гардонданд ва ба ӯ дилпурӣ бахшиданд.

7. Чаро мо пурра боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува ҳамеша аз рӯи адолат ва садоқат амал мекунад?

7 Меъёрҳои Яҳува ва роҳҳои Ӯ тағйирнопазиранд. Дар Забур 32:11 дар яке аз тарҷумаҳои форсӣ гуфта шудааст, ки «нақшаҳои Худованд ҷовидона»-анд «ва тадбирҳои дилаш дар ҳамаи наслҳо» пойдор аст. Дар дигар ҷойҳои Китоби Муқаддас бошад, оиди абадан вуҷуд доштани подшоҳӣ, садоқат, адолат ва ростии Яҳува сухан меравад (Хур. 15:18; Заб. 99:5; 111:9; 116:2). Дар Малокӣ 3:6 худи Яҳува мегӯяд: «Ман, ки Худованд ҳастам, тағйир наёфтаам». Ба ин монанд, дар Яъқуб 1:17 қайд шудааст, ки «дар Ӯ тағйироте ва ҳеҷ дигаргуние мавҷуд нест».

«МӮҲР»-Е, КИ ИМОНРО ҚАВӢ МЕГАРДОНАД

8, 9. Аз мисоле, ки Павлус дар бораи «мӯҳр» овард, мо чӣ дарс мегирем?

8 Дар 2 Тимотиюс 2:19 Павлус дар бораи таҳкурсие (фундамент) мисол меорад, ки дар он гӯё навиштаҷот ё «мӯҳре» гузошта шудааст. Дар замонҳои қадим чунин одат вуҷуд дошт, ки дар таҳкурсии ягон бино навиштаҷоте гузоранд, масалан оиди он ки онро кӣ сохтааст ё ба кӣ он тааллуқ дорад. Павлус дар Китоби Муқаддас аввалин шуда аз чунин мисоли аёнӣ истифода бурдааст *. «Таҳкурсии устувори Худо», ки Павлус дар борааш дар 2 Тимотиюс 2:19 гуфт, ду навиштаҷот дорад. Якум: «Худованд мансубони Худро мешиносад» ва дуюм: «Ҳар кӣ исми Худовандро мехонад, бигзор аз шарорат канорагирӣ намояд». Ин ба мо суханонеро, ки дар Ададҳо 16:5 навишта шудаанд, ба хотир меорад. (Оятро бихонед.)

9 Мо аз мисоле, ки Павлус оиди «мӯҳр» оварда буд, чӣ дарс гирифта метавонем? Барои онҳое, ки Яҳуваро дӯст медоранд, тамоми меъёрҳо ва роҳҳои Ӯро дар ду принсипи асосӣ ҷамъбаст кардан мумкин аст: 1) Яҳува шахсонеро, ки ба Ӯ содиқанд, дӯст медорад. 2) Яҳува аз шарорат нафрат дорад. Чӣ тавр ин дарс бо осият дар ҷамъомад алоқамандӣ дорад?

10. Амалҳои осиён ба масеҳиёни содиқи рӯзҳои Павлус чӣ тавр таъсир мекарданд?

10 Аз афташ, Тимотиюс ва дигар шахсони содиқ аз амали осиёне, ки дар байнашон буданд, сахт ба ташвиш омада, нооромӣ ҳис мекарданд. Баъзе масеҳиён шояд ба худ савол медоданд, ки чаро ба чунин шахсон роҳ дода шудааст, ки дар ҷамъомад бимонанд. Масеҳиёни содиқ шояд фикр мекарданд, ки оё Яҳува дар ҳақиқат ҳам ибодати садоқатмандонаи онҳоро аз ибодати сохтакорона ва қалбакии осиён фарқ мекарда бошад ё не (Аъм. 20:29, 30).

Тимотиюс ба таъсироти касоне ки рӯҳияи осиёна зоҳир мекарданд, дода нашуд (Ба сархатҳои 10–12 нигаред)

11, 12. Номаи Павлус ба Тимотиюс чӣ гуна таъсир расонд?

11 Номаи Павлус бешубҳа имони Тимотиюсро қавӣ гардонд. Дар он номааш Павлус воқеаи замони пешро мисол овард, ки чӣ тавр Яҳува Ҳоруни содиқро ҳимоя кард ва дурӯягии Қӯраҳ ва шариконашро фош намуда, онҳоро нобуд сохт. Дар асл, Павлус гуфтанӣ буд, ки ҳатто агар дар байни онҳо масеҳиёни бардурӯғ бошанд ҳам, Яҳува чун дар рӯзҳои Мусо касонеро, ки аз они Ӯ ҳастанд, мешиносад.

12 Яҳува ҳеҷ гоҳ тағйир намеёбад ва сазовори боварӣ аст. Ӯ аз шарорат нафрат дорад ва дар вақти лозима гунаҳкорони тавбанакардаро аз рӯи адолат доварӣ мекунад. Павлус ба Тимотиюс чун ба яке аз онҳое, ки «исми Худовандро мехонад», хотиррасон кард, ки худро аз таъсироти бади масеҳиёни бардурӯғ нигоҳ дорад *.

ЯҲУВА ИБОДАТИ САМИМИРО ҚАДР МЕКУНАД

13. Мо ба чӣ боварӣ дошта метавонем?

13 Аз суханони зери илҳоми илоҳӣ навишташудаи Павлус имони мо низ қавӣ мегардад. Пеш аз ҳама, ин гуфтаҳо моро боварӣ мебахшанд, ки Яҳува одамони ба Ӯ содиқро хеле нағз мешиносад. Ӯ онҳоро на танҳо мешиносад, балки нисбаташон таваҷҷӯҳи самимӣ зоҳир мекунад. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Чашмони Худованд тамоми заминро мушоҳида мекунад, то онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин аст, тақвият намояд» (2 Вақ. 16:9). Аз ин рӯ, мо боварии комил дошта метавонем, ки ҳар он чизе ки мо барои Яҳува «аз дили соф» мекунем, беҳуда нест (1 Тим. 1:5; 1 Қӯр. 15:58).

14. Кадом намуди ибодатро Яҳува қабул намекунад?

14 Суханони Павлус инчунин моро ҳушёр мекунанд, ки Яҳува ибодати риёкоронаро қабул намекунад. Чашмони Яҳува, ки «тамоми заминро мушоҳида мекунад» онҳоеро, ки дилашон ба Ӯ амин нест, метавонад бубинад. «Каҷкор назди Худованд зишт аст»,— гуфта шудааст дар Масалҳо 3:32. Яҳува аз шахсе ки пинҳонӣ гуноҳ мекунаду лекин ҳамзамон дар назди дигарон худро шахси итоаткор вонамуд месозад, хеле нафрат дорад. Ҳарчанд ӯ дигар одамонро моҳирона фиреб диҳад ҳам, вай Яҳуваро фиреб дода наметавонад, чунки Ӯ Худои қодир ва одил аст. Барои ҳамин, «касе ки ҷиноятҳои худро пинҳон дорад, муваффақият намеёбад» (Мас. 28:13; 1 Тимотиюс 5:24 ва Ибриён 4:13-ро бихонед).

15. Аз чӣ мо бояд эҳтиёт шавем ва чаро?

15 Аксарияти ходимони Яҳува нисбати Ӯ садоқатмандии самимӣ зоҳир мекунанд. Имрӯз албатта тасаввур кардан душвор аст, ки ягон аъзои ҷамъомад дидаву дониста дар ибодат дурӯягӣ зоҳир кунад. Ба ҳар ҳол, агар ин дар рӯзҳои Мусо ва дар ҷамъомади масеҳиёни асри як рӯй дода бошад, пас имрӯз низ рӯй доданаш мумкин аст (2 Тим. 3:1, 5). Лекин, оё ин маънои онро дорад, ки мо бояд нисбати ҳамимонон бадгумон бошем ва ба садоқатмандие, ки онҳо ба Яҳува доранд, шубҳа кунем? Албатта не! Дар ҳаққи бародару хоҳарон беасос гумони бад кардан нодуруст мебуд. (Румиён 14:10–12 ва 1 Қӯринтиён 13:7-ро бихонед.) Ғайр аз ин, агар мо чунин майл дошта бошем, ки доим ба беайбии дигарон бо нобоварӣ нигарем, ин ба рӯҳонияти худи мо зарар расонда метавонад.

16. а) Барои он ки дар диламон дурӯягӣ реша надавонад, ҳар яки мо чӣ кор карда метавонем? б) Аз чорчӯбаи  «Худро тафтиш намоед... Худро имтиҳон кунед» мо барои худ чӣ дарсҳо гирифта метавонем?

16 Ҳар як масеҳӣ бояд «амали худро имтиҳон намояд» (Ғал. 6:4). Аз сабаби нокомилиамон ҳамеша чунин хатар вуҷуд дорад, ки мо худамон надониста, хислатҳое пайдо карда метавонем, ки бо дурӯягӣ ва сохтакорӣ алоқаманд ҳастанд (Ибр. 3:12, 13). Пас, вақт аз вақт мо метавонем худро тафтиш кунем, ки аз рӯи кадом ниятҳо ба Яҳува хизмат мекунем. Мо метавонем аз худ бипурсем: «Оё ман ба Яҳува аз рӯи муҳаббат ба Ӯ ва эҳтиром ба ҳокимияташ ибодат мекунам? Ё асосан барои ба даст овардани баракатҳои дунёи нав ва зиндагӣ дар Биҳишт ба Ӯ хизмат мекунам?» (Ваҳй 4:11). Бешубҳа, вақте ки ҳар яки мо худро тафтиш намуда, аз дили худ ҳар гуна нишонаҳои дурӯягиву риёкориро дур мекунем, ин ба мо манфиати калон меорад.

САДОҚАТМАНДӢ ХУШБАХТӢ МЕОРАД

17, 18. Чаро мо бояд ба Яҳува аз ниятҳои соф ва самимона ибодат кунем?

17 Агар мо кӯшиш кунем, ки ба Яҳува аз ниятҳои соф ва самимона ибодат кунем, мо баракатҳои зиёдро ба даст меорем. «Хушо касе ки Худованд гуноҳи варо ба ҳисоб намеоварад, ва дар рӯҳи вай ҳилагарӣ нест»,— мегӯяд забурнавис (Заб. 31:2). Бале, онҳое ки дили худро аз дурӯягӣ пок месозанд, одамони хушбахтанд ва онҳо метавонанд оянда аз хушбахтии комил баҳра баранд.

18 Дар вақти лозима Яҳува тамоми бадкорон ва онҳоеро, ки ҳаёти духела мебаранд, фош хоҳад сохт ва «фарқи байни одил ва шарирро, байни касе ки ба Худо хизмат мекунад, ва касе ки ба Ӯ хизмат намекунад», нишон хоҳад дод (Мал. 3:18). Ҳоло бошад, донистани он моро тасаллӣ мебахшад, ки «чашмони Худованд сӯи одилон нигаронида шудааст, ва гӯшҳои Ӯ — сӯи дуои онҳо» (1 Пет. 3:12).

^ сарх. 8 Дар Ваҳй 21:14, ки даҳсолаҳо пас аз Нома ба Тимотиюс навишта шуда буд, оиди «дувоздаҳ таҳкурсӣ» гуфта мешавад, ки дар онҳо номи 12 ҳаввориён навишта шудаанд.

^ сарх. 12 Дар мақолаи навбатӣ дида мебароем, ки чӣ тавр мо ба Яҳува пайравӣ карда, аз шарорат нафрат карда метавонем.