Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Масеҳро шӯҳрат диҳед, зеро ӯ Шоҳи пурҷалол аст!

Масеҳро шӯҳрат диҳед, зеро ӯ Шоҳи пурҷалол аст!

ФИКРҲОЕ, КИ ДАР ХОТИР БОЯД ДОШТ

1, 2. Чаро таронаи 44-уми Забур барои мо ҷолиби диққат аст?

ШОҲИ пурҷалол дар роҳи ростӣ ва адолат асп давонда, бо душманони худ меҷангад. Баъди ба даст овардани ғалабаи охирин, ӯ бо арӯси маҳбуби худ мепайвандад. Ин подшоҳро тамоми наслҳои оянда дар ёд дошта, ҳамд хоҳанд гуфт. Таронаи 44-уми китоби Забур ба ин мавзӯъ бахшида шудааст.

2 Аммо ин таронаи 44-ум танҳо як ҳикояе, ки анҷоми хушбахтона дорад, нест. Воқеаҳои дар он гуфташуда барои мо низ аҳамияти калон доранд. Онҳо ҳам ба ҳаёти ҳозираи мо ва ҳам ба ояндаамон дахл доранд. Пас, биёед бо шавқи том ва бодиққат таронаи 44-уми Забурро дида бароем.

«ДИЛАМ АЗ ҲИССИЁТИ ХУБЕ БА ҶӮШ ОМАДААСТ»

3, 4. а) Чизи хубе, ки ба мо низ дахл дорад, чист ва он чӣ гуна ба дили мо таъсир карда метавонад? б) Ба кадом маъно суруди мо «ба подшоҳ бахшида шудааст» ва чӣ тавр забони мо мисли қалам гашта метавонад?

3 Забур 44:2-ро бихонед. Чизи хубе, ки дили забурнависро «ба ҷӯш» меовард, дар бораи подшоҳ буд. Аз шунидани он чизҳои хуб дили таронасаро чунон аз эҳсоси хурсандӣ лабрез мешуд, ки гӯё меҷӯшид. Инчунин ин ҳиссиёт забони ӯро чун «қалами котиби тезнавис» гардонд.

4 Дар бораи мо чӣ гуфтан мумкин аст? Хушхабар оиди Салтанати Масеҳоӣ чизи хубест, ки дили моро ба ҷӯш меорад. Ин хабар хусусан аз соли 1914 дилҳоро ба ҷӯш меорад. Чаро? Зеро аз он вақт сар карда, ин хабар акнун на дар бораи Салтанати оянда, балки дар бораи ҳокимияти воқеие мебошад, ки ҳоло дар осмон амал мекунад. Ин «Инҷили Малакут» аст, ки мо онро «дар тамоми олам мавъиза» мекунем, «то ки барои ҳамаи халқҳо шаҳодате шавад» (Мат. 24:14). Оё дили мо аз хабари Салтанат «ба ҷӯш» меояд? Оё мо хушхабарро бо ҷидду ҷаҳд мавъиза мекунем? Ба мисли забурнавис, суруди мо «ба подшоҳ», Исои Масеҳ, бахшида шудааст. Ин маънои онро дорад, ки мо Подшоҳи Салтанати осмонӣ шудани Исоро эълон мекунем. Беш аз ин, мо ҳамаро — ҳам ҳокимиятдорон ва ҳам тобеони онҳоро даъват менамоем, ки ба ин Подшоҳ итоат кунанд (Заб. 2:1, 2, 4–12). Ва забони мо ба он маъно мисли «қалами котиби тезнавис» мегардад, ки мо дар мавъиза Каломи навишташудаи Худоро ба таври васеъ истифода мебарем.

Мо хушхабарро дар бораи Подшоҳамон Исои Масеҳ хурсандона эълон мекунем

«ЛАТОФАТ БАР ЛАБОНАТ ҲУВАЙДОСТ»

5. а) Исо ба кадом маъно «зеботарин» буд? б) Чӣ тавр дар лабони Подшоҳ «латофат» ҳувайдо буд ва мо чӣ гуна ба намунаи ӯ пайравӣ карда метавонем?

5 Забур 44:3-ро бихонед. Дар Навиштаҳо оиди намуди зоҳирии Исо хеле кам гуфта шудааст. Бешубҳа, чун марди комил Исо шахси «зеботарин» буд. Вале зебогии беҳамтои ӯ дар садоқатмандӣ ба Яҳува ва беайбии шикастанашавандаи ӯ асос меёфт. Илова бар ин, Исо бо суханони болатофат хабари Салтанатро мавъиза мекард (Луқ. 4:22; Юҳ. 7:46). Оё ҳар яки мо мекӯшем, ки дар кори мавъиза ба Исо пайравӣ карда, суханонеро истифода барем, ки ба дили одамон таъсир кунанд? (Қӯл. 4:6).

6. Чӣ тавр Худо Исоро «то абад» баракат дод?

6 Азбаски Исо ба Яҳува пурра содиқ буд, Худо ӯро дар тӯли хизмати заминиаш баракат дод ва пас аз марги фидокоронааш ӯро бо мукофот сарфароз гардонид. Павлуси ҳавворӣ навишт: «[Исо] худро фурӯтан сохта, то вақти мамот, то дами мавт... фармонбардор буд. Бинобар ин Худо низ Ӯро сарафроз кард ва ба Ӯ номе дод, ки аз ҳар ном болотар аст, то ки ба исми Исо ҳар зонуе ки дар осмон ва бар замин ва зери замин аст, хам шавад, ва ҳар забон эътироф намояд, ки Исои Масеҳ... [«Ҳазрат», ТДН] аст барои ҷалоли Худои Падар» (Фил. 2:8–11). Яҳува Исоро барои ҳаёти бефаноӣ эҳё кард ва ҳамин тавр ӯро «то абад» баракат дод (Рум. 6:9).

ШОҲ АЗ «РАФИҚОН»-АШ БУЗУРГТАР МЕГАРДАД

7. Ба кадом маъно Худо Исоро «бештар аз рафиқон»-аш тадҳин кард?

7 Забур 44:7, 8-ро бихонед. Азбаски Исо ба адолат муҳаббати чуқур дошт ва аз ҳар чизе ки Падарашро беобрӯ мекард, нафрат дошт, Яҳува ӯро чун Подшоҳи Масеҳоӣ тадҳин кард. Исо «бо равғани шодмонӣ бештар аз рафиқон»-аш тадҳин карда шуда буд. «Рафиқон»-и Исо гуфта ин ҷо подшоҳони Яҳудо, ки аз насли Довуд буданд, дар назар дошта шудааст. Ба кадом маъно Исо бештар аз онҳо «тадҳин карда» шудааст? Пеш аз ҳама ба он маъно, ки Исоро худи Яҳува тадҳин намуд. Илова бар ин, Яҳува ӯро чун Подшоҳ ва Саркоҳин тадҳин кард (Заб. 2:2; Ибр. 5:5, 6). Инчунин, Исо на бо равған, балки бо рӯҳулқудс тадҳин гардид ва подшоҳии ӯ на дар замин, балки дар осмон аст.

8. Чаро гуфтан мумкин аст, ки ҳокимияти Исо қонунӣ аст ва чаро мо дилпур буда метавонем, ки подшоҳии ӯ одилона аст?

8 Яҳува соли 1914 Писарашро Подшоҳи Масеҳоии худ таъин кард. «Асои ростӣ асои малакути» ӯст, бинобар ин ҳукмронии ӯ ростиву адолатро пурра таъмин хоҳад кард. Ҳокимияти ӯ қонунӣ аст, зеро асосгузори подшоҳии ӯ худи Яҳува мебошад. Беш аз ин, Исо «то абад» ҳукмронӣ хоҳад кард. Оё мо зери роҳбарии чунин Подшоҳи аз тарафи Худо таъиншуда ба Яҳува хизмат карданро шараф намеҳисобем?

ШОҲ «ШАМШЕРИ ХУДРО... БА РОНИ ХУД» МЕБАНДАД

9, 10. а) Кай бори аввал Масеҳ шамшерашро ба миён баст ва чӣ тавр ӯ онро истифода бурд? б) Дар оянда Масеҳ чӣ тавр шамшери худро истифода хоҳад бурд?

9 Забур 44:4-ро бихонед. Яҳува ба Подшоҳи худ амр медиҳад, ки «шамшери худро... ба рони худ» бандад. Ҳамин тавр, Ӯ ба Исо ҳуқуқ медиҳад, ки ба муқобили ҳамаи онҳое, ки ба ҳукмронии Худо муқобилият мекунанд, биҷангад ва доварии Ӯро бар онҳо амалӣ гардонад (Заб. 109:2). Азбаски Масеҳ Подшоҳи Ҷанговари мағлубнашаванда аст, дар Забур ӯ «Баҳодур» номида шудааст. Ӯ соли 1914 шамшерашро ба миён баст ва бо Шайтон ва девҳои ӯ ҷангида, онҳоро мағлуб кард ва аз осмон ба ҳудуди замин ронд (Ваҳй 12:7–9).

10 Он танҳо оғози ғалабаи Шоҳи Ҷанговар буд. Ба ӯ инчунин лозим аст, ки ғалабаи пурра ба даст орад (Ваҳй 6:2). Ӯ бояд нисбати тамоми қисмҳои ҷаҳони Шайтон доварии Яҳуваро ба амал орад ва таъсири Шайтон ва девҳои ӯро бартараф кунад. Аввал Бобили бузург, империяи ҷаҳонии дини дурӯғ нобуд хоҳад шуд. Барои ҳалок кардани ин «фоҳишаи» золим Яҳува роҳбарони сиёсиро истифода мебарад (Ваҳй 17:16, 17). Сипас, Шоҳи Ҷанговар бар зидди тартиботи сиёсии Шайтон ҷангида, онро пурра нест мекунад. Дар охир, Масеҳ, ки инчунин «фариштаи варта» ном дорад, Шайтон ва девҳои вайро ба варта андохта, ғалабаи пурра ба даст меорад (Ваҳй 9:1, 11; 20:1–3). Биёед бубинем, ки ин воқеаҳои ҳаяҷонбахш дар Забур 44 чӣ тавр пешгӯӣ шудаанд.

ПОДШОҲ «ДАР РОҲИ РОСТӢ» МЕҶАНГАД

11. Ба кадом маъно Масеҳ «дар роҳи ростӣ» меҷангад?

11 Забур 44:5-ро бихонед. Шоҳи Ҷанговар на барои он меҷангад, ки ягон мамлакатро забт кунад ва одамонро ғулом гардонад. Баръакс, Исо дар роҳи ростӣ меҷангад ва мақсадҳои нек дорад. Ӯ «дар шавкати Худ савор шуда, дар роҳи ростӣ ва ҳилму адолат комёб» мегардад. Ҳақиқати аз ҳама муҳимтарине, ки Исо ҳимоя мекунад, ин ҳақиқат дар бораи ҳокимияти олии Яҳува аст. Шайтон ба муқобили Яҳува баромада, ҳақ будани ҳокимияти Ӯро зери шубҳа гузошт. Аз он вақт инҷониб, ин ҳақиқати муҳим ҳам аз тарафи девҳо ва ҳам аз тарафи одамон мавриди баҳс қарор гирифт. Ҳоло вақти он наздик шуда истодааст, ки Шоҳи тадҳиншудаи Яҳува ҳақиқатро оиди ҳокимияти Яҳува ба таври ҳамешагӣ барқарор кунад.

12. Ба кадом маъно Подшоҳ дар роҳи «ҳилм» комёб аст?

12 Инчунин Подшоҳ Исои Масеҳ чун писари ягоназоди Худо дар «ҳилм», яъне фурӯтанӣ ва дар итоаткорӣ ба Падараш намунаи барҷаста гузошт (Иш. 50:4, 5; Юҳ. 5:19). Ҳамаи тобеони содиқи ин Подшоҳ низ бояд ба ӯ пайравӣ намоянд ва дар ҳама чиз фурӯтанона ба ҳокимияти Яҳува итоат кунанд. Танҳо ба чунин касон иҷозат дода мешавад, ки дар дунёи нави ваъдакардаи Худо зиндагӣ кунанд (Зак. 14:16, 17).

13. Чӣ тавр Масеҳ «дар роҳи... адолат» мубориза мебарад?

13 Масеҳ инчунин «дар роҳи... адолат» мубориза мебарад. Адолате, ки ӯ ҳимоя мекунад, «адолати Худо», яъне меъёрҳои Яҳува оиди некӣ ва бадӣ мебошанд (Рум. 3:21; Такр. Ш. 32:4). Дар бораи Подшоҳ Исои Масеҳ пайғамбар Ишаъё чунин пешгӯӣ карда буд: «Подшоҳ бо адолат салтанат хоҳад ронд» (Иш. 32:1). Ҳукмронии Исо «осмони нав ва замини нав»-ро бунёд мекунад, «ки дар онҳо адолат сокин хоҳад буд» (2 Пет. 3:13). Аз ҳар як сокини дунёи нав талаб карда мешавад, ки мувофиқи меъёрҳои Яҳува зиндагӣ кунанд (Иш. 11:1–5).

ПОДШОҲ «ЧИЗҲОИ АҶОИБЕ» БА АМАЛ МЕОРАД

14. Чӣ тавр дасти рости Масеҳ «чизҳои аҷоиб» ба амал меорад? (Ба расми аввали мақола нигаред.)

14 Ҳангоми бар аспи сафед равона шудан, шамшери Исо дар миёнаш аст (Заб. 44:4). Вале вақте мерасад, ки ӯ шамшери худро бароварда, ба дасти росташ мегирад. Забурнавис пешгӯӣ кард: «Яминат [дасти ростат] чизҳои аҷоибе ба Ту нишон хоҳад дод» (Заб. 44:5). Вақте ки Исои Масеҳ дар Ҳармиҷидӯн барои амалӣ гардондани довариҳои Яҳува меояд, ӯ бар зидди душманонаш корҳои «аҷоибе» хоҳад кард. Мо аниқ намедонем, ки барои нобуд кардани ҷаҳони Шайтон ӯ кадом воситаҳоро истифода хоҳад бурд. Вале аз корҳое, ки ӯ мекунад, дили одамоне, ки ба огоҳиҳои Худо гӯш намедоданду ба Подшоҳи Ӯ итоат намекарданд, ба ларза хоҳад омад. (Забур 2:11, 12-ро бихонед.) Дар пешгӯии худ оиди охирзамон Исо гуфт, ки «одамон аз тарсу ҳарос ва интизории он мусибатҳое ки ба сари ҷаҳон меояд, аз ҳол хоҳанд рафт». Ӯ илова кард: «Ва он гоҳ Писари Одамро хоҳанд дид, ки бо қудрат ва ҷалоли азим бар абре меояд» (Луқ. 21:26, 27).

15, 16. Ба «лашкари осмонӣ», ки аз паи Масеҳ ба ҷанг мераванд, киҳо дохил мешаванд?

15 Оиди он ки Подшоҳ «бо қудрат ва ҷалоли азим» омада, доварӣ мекунад, китоби Ваҳй чунин мегӯяд: «Осмони кушодаро дидам, ва инак, аспи сафед, ва Савори он Амин ва Ҳақ ном дорад, ва Ӯ аз рӯи адолат доварӣ мекунад ва меҷангад. Ва лашкарҳои осмон бар аспҳои сафед, катони сафеди тоза дар тан, аз паи Ӯ мерафтанд. Ва аз даҳони Ӯ шамшери тез берун меояд, то ки халқҳоро бо он бизанад. Ӯ онҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ мекунад; Ӯ чархушти шароби хашм ва ғазаби Худои Қодири Мутлақро пойкӯб мекунад» (Ваҳй 19:11, 14, 15).

16 «Лашкарҳои осмон», ки аз паи Масеҳ рафта, ҳамроҳаш ҷанг мекунанд, киҳоянд? Вақте ки Исо бори аввал шамшерашро ба миён баста, Шайтон ва девҳоро аз осмон ронд, «фариштаҳояш» ҳамроҳи ӯ буданд (Ваҳй 12:7–9). Чунин хулоса баровардан шояд дуруст аст, ки дар ҷанги Ҳармиҷидӯн лашкари Масеҳ фариштагони муқаддасро дар бар хоҳад гирифт. Оё боз касе ба лашкари ӯ дохил мешавад? Исо ба бародарони тадҳинёфтааш чунин ваъда дода буд: «Касе ки ғолиб ояд ва аъмоли Маро то ба охир риоят кунад, ба вай бар халқҳо қудрат хоҳам бахшид, ва онҳоро вай бо асои оҳанин чӯпонӣ хоҳад кард, ва онҳо мисли кӯзаи кулол хоҳанд шикаст,— чунон ки Ман низ аз Падари Худ қудрат ёфтаам» (Ваҳй 2:26, 27). Пас, ба лашкари осмонии Масеҳ инчунин бародарони тадҳиншудаи ӯ, ки дар он вақт мукофоти осмониашонро аллакай мегиранд, дохил хоҳанд шуд. Вақте ки Исо халқҳоро бо асои оҳанин чӯпонӣ карда, корҳои «аҷоиб» ба амал меорад, ҳамроҳони тадҳиншудааш бо ӯ хоҳанд буд.

ПОДШОҲ ҒАЛАБАИ ОХИРИН БА ДАСТ МЕОРАД

17. а) Аспи сафеде, ки Масеҳ бар он савор аст, чиро тасвир мекунад? б) Шамшер ва камон рамзи чӣ мебошанд?

17 Забур 44:6-ро бихонед. Дар ояти Ваҳй 6:2 гуфта шудааст, ки Подшоҳ бо аспи сафед берун меояд. Аспи сафед рамзи ҷангест, ки дар чашми Яҳува пок ва одилона мебошад (Ваҳй 19:11). Ғайр аз шамшер, Исо инчунин бо камон мусаллаҳ аст. Мо мехонем: «Назар андохтам, ва инак, аспи сафед, ва бар он — саворе ки камон дорад, ва ба ӯ тоҷ дода шудааст: ва ӯ ғалабакунон берун омад, то ғалаба кунад». Ҳам шамшер ва ҳам камон рамзи он чизҳое мебошанд, ки Масеҳ барои нест кардани душманонаш истифода мебарад.

Мурғони осмон барои тоза кардани замин даъват хоҳанд шуд (Ба сархати 18 нигаред)

18. Ба кадом маъно «тирҳои» Масеҳ «тез» хоҳанд буд?

18 Забурнавис бо забони шоирона пешгӯӣ мекунад, ки «тирҳои» тези Подшоҳ «ба дили душманони» ӯ мехаланд ва «қавмҳо зери пои [ӯ] фурӯ меғалтанд». Он гоҳ ҳалокати азим тамоми заминро фаро хоҳад гирифт. Ирмиё пешгӯӣ карда гуфт: «Дар он рӯз мақтулони Худованд аз як канори замин то канори дигари замин хоҳад буд» (Ирм. 25:33). Дар пешгӯии ба ин монанде қайд шудааст: «Як фариштаро дидам, ки бар офтоб меистод; ва ӯ бо овози баланд нидо карда, ба ҳамаи мурғоне ки дар миёнаи осмон парвоз мекарданд, гуфт: “Биёед, ба зиёфати бузурги Худо ҷамъ шавед, то ки ҷасадҳои подшоҳонро, зӯроваронро, мириҳазоронро, аспон ва саворонашонро, ҷасадҳои ҳамаи озодон ва ғуломон, ва хурдон ва бузургонро бихӯред”» (Ваҳй 19:17, 18).

19. Чӣ тавр Масеҳ сӯи ғалаба равона шуда, ҷанги худро ба охир мерасонад?

19 Баъди аз рӯи замин несту нобуд кардани ҷаҳони шарири Шайтон, Масеҳ «дар шавкати Худ савор шуда», сӯи ғалабаи охирин равона мешавад (Заб. 44:4). Ӯ Шайтон ва девҳояшро ба муддати ҳазор сол ба варта меандозад ва ғалабаи пурра ба даст меорад (Ваҳй 20:2, 3). Иблис ва фариштагонаш он вақт дар ҳолати ба марг монанд қарор дошта, ягон кор карда наметавонанд. Сокинони замин аз таъсироти шайтонӣ озод гашта, имконият пайдо мекунанд, ки чун тобеони итоаткори Подшоҳи зафарманд ва пурҷалоли худ зиндагӣ кунанд. Лекин, пеш аз он ки дар рӯи замин чунин дигаргуниҳои бузург рух диҳанд, онҳо як сабаби дигаре хоҳанд дошт, ки бо Подшоҳ ва 144 000 нафар ҳамроҳони ӯ хурсандӣ кунанд. Он воқеаи хурсандиоварро мо дар мақолаи навбатӣ муҳокима мекунем.