Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

«Таърих дурӯғ намегӯяд»

«Таърих дурӯғ намегӯяд»

14 июни соли 2007 Почтаи миллии Эстония маркаҳои хотиравие ба чоп баровард, ки нусхаи он дар тарафи рости ин саҳифа тасвир шудааст. Ҳангоми аз чоп баромадани ин маркаҳо чунин эълон садо дод: «Ин маркаҳо барои хотираи шахсоне чоп шудаанд, ки ҳангоми аз тарафи Сталин ба таври оммавӣ қатл шудани эстониҳо зарар дида буданд». Байни солҳои 1941 ва 1951 даҳҳо ҳазор эстониҳо маҷбуран аз мамлакати худ бадарға шуданд.

«ТАЪРИХ дурӯғ намегӯяд». Ин мақол дар Эстония қариб ба ҳама шинос аст ва дар мамлакатҳои дигар низ мақолҳои ба ин монанд вуҷуд доранд. Дуруст аст, ки мо гузаштаро дигар карда наметавонем, лекин мо бешубҳа аз он барои худ дарс гирифта метавонем. Шоҳи хирадманди Исроили қадим, Сулаймон, навишта буд: «Ҳамаи инро дидам, ва дили худро ба ҳар коре ки дар таҳти офтоб карда мешавад, ниҳодам: бисёр вақтҳо одам бар одам ба зарари вай ҳукмронӣ мекунад» (Воиз 8:9).

Ҳақ будани ин суханон якчанд даҳсолаҳо пеш дар Эстония ва дигар қисмҳои Аврупои Шарқӣ исбот шуд. Шумораи беҳисоби одамони бегуноҳ, ки маҷбуран барои зист ба ҷойҳои дурдаст бадарға мешуданд ё ҳабс карда ба лагерҳои меҳнатӣ фиристода мешуданд, аз дасти ҳокимиятҳои инсонӣ азобу уқубат кашиданд.

Чӣ тавре ки таърихшиносон мегӯянд, аз соли 1941 то соли 1951 зиёда аз 46 000 шаҳрвандон аз ин мамлакати хурд бадарға шуданд. Аксарият барои дастгирӣ кардани ягон ҳизби сиёсӣ ба чунин «ҷазо» маҳкум мешуданд, дигарон бошанд, барои миллат ё мавқеи иҷтимоиашон. Лекин Шоҳидони Яҳува барои эътиқоди диниашон гирифтори чунин азобу уқубат гаштанд.

Ҳамла ба одамони худотарс

Дар яке аз корҳои илмие, ки дар нашриёти Донишгоҳи шаҳри Тарту соли 2004 чоп шуда буд, таърихшинос Айҷи Раҳе–Там чунин гуфт: «Аз соли 1948 то соли 1951, 72 нафар Шоҳидони Яҳува ва дигар шахсонеро, ки бо онҳо муошират мекарданд, дастгир намуданд. Лекин шумораи аз ин ҳам бештари одамон на фақат аз мамлакатҳои назди Балтика, балки ҳамчунин аз Молдова, Украинаи Ғарбӣ ва Белоруссия шаби 1 апрели с. 1951 бадарға шуданд».

То соли 1951 Шоҳидони Яҳуваро дар Эстония дастгир менамуданд, зери фишори равонӣ қарор медоданд, пурсуҷӯ мекарданд ва ба ҳабс мегирифтанд. Аз афташ мақсади ин бадарғакунӣ он буд, ки тамоми кӯшишро ба харҷ дода Шоҳидони Яҳуваро аз Эстония яксар несту нобуд созанд.

Дар маркаи дар боло овардашуда санаи 1 апрели с. 1951-ро дидан мумкин аст. Дар он рақами 382 ба шумораи Шоҳидони Яҳува ва фарзандони онҳо, ки он рӯз аз Эстония бадарға шуда буданд, ишора мекунад. Ба қатори ин нафарон ҳамчунин баъзе аз хешовандон ва ҳамсоягони онҳо, ки Шоҳидони Яҳува набуданд, дохил мешаванд. Дар давоми он рӯз Шоҳидони Яҳува дар саросари мамлакат ба ҳабс гирифта шуданд. Ва шабона он дастгиршудагон — ҳам пиру ҳам ҷавонро — чун галаи гову гӯсфандон ба вагони молкашонӣ савор карда ба Сибир равона намуданд.

Элла Тоом *, яке аз Шоҳидони Яҳува, он вақт 25-сола буд. Дар бораи он ки чӣ тавр одатан ӯро пурсуҷӯ мекарданд, ӯ чунин мегӯяд: «Афсар маро тарсониданӣ мешуд ва талаб мекард, ки ман мавъизакуниро бас кунам. Боре ӯ аз ман пурсид: “Ту зиндагӣ кардан мехоҳӣ? Ва ё мехоҳӣ ки дар саҳроҳои Сибир бо Худоят бимирӣ?”» Ба ин нигоҳ накарда, Элла нотарсона мавъизаи хушхабарро давом медод. Барои ин ӯро ба Сибир бадарға карданд ва дар давоми тақрибан 6 сол ӯро аз як лагери меҳнатӣ ба дигараш мефиристоданд.

Ҳиизи Лембер ном хоҳари ҷавоне дар байни садҳо нафароне буд, ки бе ягон ҳукми судӣ аз мамлакат бадарға шуда буданд. Воқеаҳои 1 апрели с. 1951-ро ба хотир оварда ӯ мегӯяд: «Афсарон ба таври ногаҳонӣ шабона омада ба мо фармуданд: “Шумо ним соат вақт доред. Чизҳоятонро ҷамъ кунед!”» Дар торикии шаб Ҳиизи ва духтарчаи шашсолаашро ба истгоҳи роҳи оҳан оварданд. Қатора тақар–туқуркунон аз як истгоҳ ба сӯи дигараш ҳаракат мекард ва шумораи бештари Шоҳидонро ҷамъ меовард. «Моро ба вагони молкашонӣ бор карданд. Хайрият, ки саргини ҳайвонҳо ях карда буд, набошад, дар фарши вагон истодан душвор мешуд. Моро мисли ҳайвонҳо дар як вагон бо зӯрӣ ҷой карданд».

Ин ду ҳафтаи сафар бо қатора даҳшатнок ва аз ҷиҳати эмотсионалӣ хеле дардовар буд. Вагонҳо аз одамон лабрез ва бениҳоят чиркину ифлос буданд. Дар давоми ин сафар пиру ҷавонро бо ҳар роҳ таҳқиру шарманда мекарданд. Баъзеи онҳо гиря мекарданд ва аз хӯрок даст мекашиданд. Лекин, Шоҳидон бо хондани сурудҳои Салтанат якдигарро рӯҳбаланду дастгирӣ менамуданд ва хӯроки доштаашонро бо дигарон якҷоя мехӯрданд. Онҳоро барои «истиқомати доимӣ» ба Сибир фиристоданд ва гуфтанд, ки ин сафарашон «бебозгашт» аст.

Ҳиизи дастгириеро, ки аз ҳамимононаш дар давоми ин озмоиши сахт ҳис карда буд, ба хотир меорад: «Дар як истгоҳ қатораи мо дар назди қаторае истод, ки аз Молдова меомад. Аз берун садои марде омад, ки кӣ будани мо ва ба куҷо сафар карданамонро пурсид. Мо гуфтем, ки Шоҳидони Яҳува аз Эстония ҳастем ва ба куҷо сафар карданамонро намедонем. Ҳамимонони мо, ки дар қатораи Молдова буданд, ин сӯҳбатро шуниданд ва аз сӯрохии ҳаводаро ба мо як буханка нон ва олуи қоқ партофтанд». Хоҳар илова мекунад: «Он гоҳ мо фаҳмидем, ки дастгиршавии Шоҳидони Яҳува то ба кадом миқёс расидааст — Шоҳидонро аз тамоми ҷумҳуриҳои Иттифоқи Шӯравӣ бадарға мекарданд!»

Ду хоҳари наврас бо номи Коринна ва Эне аз модарашон ба мӯҳлати зиёда аз шаш сол ҷудо шуданд. Модари онҳоро, ки ҳамчунин Шоҳиди Яҳува буд, чанде пештар дастгир карда ба лагери меҳнатӣ фиристода буданд. Баъдтар, ҳамон шаби моҳи апрел ин ду ҷавондухтарро низ аз хонаашон дастгир намуда ба вагон бор карданд. Коринна бо миннатдорӣ ба хотир меорад: «Дар қатора як Шоҳиди Яҳува, ки бо ду фарзандаш буд, ба мо гуфт, ки нисбатамон ғамхорӣ мекунад ва моро бовар кунонд, ки мо бо ӯ ва фарзандонаш чун як оила зиндагӣ карда метавонем».

Дар охири ин сафар чӣ рӯй дод? Як рӯз пас аз омадан ба Сибир «бозори ғуломфурӯшӣ» сар шуд. Мардон аз колхозҳои гирду атроф омада барои хоҷагии худ коргар интихоб мекарданд. Коринна нақл мекунад: «Мо мешунидем, ки онҳо байни ҳамдигар чунин баҳс мекунанд: “Ту аллакай барои тракторат ронанда дорӣ, инаш аз они ман аст” ё “Ман аллакай дуто пирашро гирифтам, ту ҳам бояд гирӣ”».

Коринна ва Эне духтарони далер буданд. Дертар онҳо гуфтанд: «Мо модарамонро сахт ёд мекардем ва ташнаи он будем, ки боз худро дар оғӯши гарми ӯ ҳис кунем!» Бо вуҷуди ин онҳо аз ҷиҳати рӯҳонӣ қавӣ мемонданд ва ба ҳама чиз назари мусбиро нигоҳ медоштанд. Коринна илова мекунад: «Аз як тараф нағз, ки модарамон моро намедид, зеро баъзан мо маҷбур будем, ки дар сармои хунук ва бе либоси дуруст дар кӯча кор кунем».

Бешубҳа, дар Эстония ва дигар ҷойҳо одамони бегуноҳ аз беадолатӣ сахт азоб мекашиданд ва Шоҳидони Яҳува низ ба қатори онҳо дохил мешаванд. (Ба чорчӯбаи «Зулму зӯроварии даҳшатнок» нигаред.) Нигоҳ накарда ба чунин муносибати бад ва азобу уқубате, ки аз сар гузарониданд, Шоҳидони Яҳува дар Эстония то ба ҳол одамони фаъол ва хушбахт мебошанд.

Ояндаи дурахшон дар пеш аст

Китоби Муқаддас моро дилпур мекунад, ки Яҳува Худо аз беадолативу беинсофӣ нафрат дорад. Дар он гуфта шудааст: «Ҳар кӣ чунин амал мекунад, яъне ҳар ноинсоф, пеши Худованд Худои худ зишт аст» (Такрори Шариат 25:16). Ҳарчанд Худо дар гузашта ба бадӣ роҳ медод, лекин дар ояндаи хеле наздик Ӯ ба тамоми беадолативу бадӣ хотима мебахшад. Забурнавис месуруд: «Боз андак сабр кун, ва шарир боқӣ нахоҳад монд; ба маконаш назар хоҳӣ андохт, ва ӯ нахоҳад буд. Аммо ҳалимон вориси замин хоҳанд буд, ва аз осудагии бисёр лаззат хоҳанд бурд» (Забур 36:10, 11).

Бале, моро ояндаи дурахшон интизор аст! Ҳарчанд мо гузаштаро дигар карда натавонем ҳам, мо барои доштани чунин оянда кӯшиш карда метавонем. Ба Худо наздик шавед ва бифаҳмед, ки чӣ тавр шумо ояндаи олиҷаноберо, ки дар он адолати ҳақиқӣ ҳукмрон хоҳад буд, соҳиб шуда метавонед (Иш. 11:9).

^ сарх. 10 Тарҷумаи ҳоли Элла Тоомро дар маҷаллаи «Бедор шавед!» (рус.) аз моҳи апрели с. 2006, саҳ. 20–24 ёфтан мумкин аст.