Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Бародаронро таълим диҳед, то ба гирифтани масъулият кӯшиш кунанд

Бародаронро таълим диҳед, то ба гирифтани масъулият кӯшиш кунанд

Бародаронро таълим диҳед, то ба гирифтани масъулият кӯшиш кунанд

«Пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд» (ЛУҚ. 6:40).

1. Исо дар давоми хизмати заминиаш, чӣ тавр ба ҷамъомад замина гузошт?

ЮҲАННОИ ҳавворӣ Инҷили худро ба анҷом расонда, навишт: «Боз бисёр аъмоли дигаре Исо ба ҷо овард, ки агар муфассалан навишта шавад, ба гумонам, тамоми дунё ҳам он китобҳои навишташударо ғунҷоиш дода наметавонист» (Юҳ. 21:25). Исо дар давоми хизмати кӯтоҳмуддаташ фаъолона меҳнат мекард. Дар он вақт ӯ бояд мардонеро меёфт, ки онҳоро таълим дода тавонад, то кори ӯро баъд аз ба осмон рафтанаш давом диҳанд. Вақте ки Исо дар соли 33-и эраи мо ба осмон сууд кард, ӯ баъди худ ба ҷамъомаде замина гузошт, ки аъзоёнаш тез меафзуданд ва шумораашон ба ҳазорҳо мерасид (Аъм. 2:41, 42; 4:4; 6:7).

2, 3. а) Чаро ниёзи хеле калон вуҷуд дорад, то бародарон ба гирифтани масъулият кӯшиш кунанд? б) Дар ин мақола чиро дида мебароем?

2 Имрӯз дар 100 000 ҷамъомадҳои рӯи замин зиёда аз ҳафт миллион воизони Салтанат фаъолият доранд. Ин ҷамъомадҳо ба мардоне ниёз доранд, ки метавонанд масъулиятро ба ӯҳда гиранд. Масалан, ниёзи калон ба пирони масеҳӣ вуҷуд дорад. Бародаре, ки ба масъулият кӯшиш мекунад, сазовори таҳсин аст, чунки «кори хубе орзу мекунад» (1 Тим. 3:1).

3 Лекин бародар дар ҷамъомад худ ба худ ба масъулият ноил гашта наметавонад. Танҳо саводнокӣ, таҷрибаи ҳаёт ва қобилияташ ӯро ба гирифтани масъулият тайёр намекунад. Барои масъулиятро дуруст иҷро кардан, бародар бояд ба талаботи Китоби Муқаддас мувофиқат кунад. Аз қобилияту маҳорат дида, доштани хислатҳои рӯҳонӣ муҳимтар аст. Ба бародарони ҷамъомад барои гирифтани масъулият чӣ тавр кӯмак кардан мумкин аст? «Пас аз такмил ёфтан ҳам, ҳар кас чун муаллимаш хоҳад буд»,— гуфт Исо (Луқ. 6:40). Дар ин мақола баъзе ҷиҳатҳоеро дида мебароем, ки Исои Масеҳ ба шогирдонаш барои ба ӯҳда гирифтани масъулиятҳои муҳимтар кӯмак карда буд ва мо аз ин тарзи таълимдиҳии ӯ чиро омӯхта метавонем.

Ман «шуморо дӯст хондаам»

4. Чӣ тавр Исо нишон дод, ки дӯсти ҳақиқии шогирдонаш аст?

4 Исо бо шогирдонаш чун дӯст муносибат мекард, на ин ки худро аз онҳо баланд мегирифт. Ӯ бо онҳо будан мехост, ба онҳо боварӣ дошт ва ҳар чизи аз Падараш шунидаро ба онҳо нақл мекард. (Юҳанно 15:15–ро бихонед.) Тасаввур кунед, ки то чӣ андоза онҳо хурсанд шуданд, вақте Исо ба саволи зеринашон ҷавоб дод: «Аломати омадани Ту ва охирзамон чӣ гуна аст?» (Мат. 24:3, 4). Ӯ ҳамчунин ба шогирдонаш фикру ҳиссиёташро мекушод. Масалан, шабе ки бояд Исоро таслим мекарданд, ӯ Петрус, Яъқуб ва Юҳанноро бо худ ба боғи Ҷатсамонӣ бурд, ки дар он ҷо ошкоро дарди дилашро дар дуо кушод. Ин се ҳавворӣ шояд суханони Исоро, ки дар дуо гуфт нашуниданд, лекин онҳо бешубҳа ҷиддӣ будани вазъиятро ҳис мекарданд (Марқ. 14:33–38). Ҳамчунин дар бораи он фикр кунед, ки чанд вақт пеш ба ҳар сеи онҳо дигаргуншавии Исо чӣ гуна таъсир расонда буд (Марқ. 9:2–8; 2 Пет. 1:16–18). Дӯстии наздик байни Исо ва шогирдонаш ба онҳо қуввати лозима мебахшид, то вазифаи ба онҳо супоридашударо давом диҳанд.

5. Бо кадом роҳҳо пирони масеҳӣ ба дигарон дастрас буда метавонанд?

5 Мисли Исо, пирони масеҳӣ низ имрӯз бо дигарон дӯстона муносибат мекунанд ва ба онҳо кӯмак мерасонанд. Онҳо бо зоҳир намудани таваҷҷӯҳи шахсӣ бо ҳамимонон муносибати хуб ва наздикро инкишоф медиҳанд. Чунин шуда метавонад, ки пирон баъзе маълумотҳои махфиро ошкор карда наметавонанд, лекин ҳамзамон онҳо ҳар чизи аз Китоби Муқаддас фаҳмидаашонро ба бародарон нақл мекунанд. Бо ин пирон нишон медиҳанд, ки ба бародарон боварӣ доранд. Пирони ҷамъомад ҳеҷ вақт худро аз ходимони ёвар, ки баъзеашон ҷавонтаранд, баланд намегиранд. Баръакс, пирон дар бораи онҳо ҳамчун мардони рӯҳан баркамол фикр мекунанд, ки барои ба манфиати ҷамъомад хизмат кардан имконияти зиёд доранд. Онҳо инчунин дарк мекунанд, ки ходимони ёвар хизмати пурарзишро иҷро карда истодаанд.

«Ба шумо намунае нишон додам»

6, 7. Фаҳмонед, ки Исо ба шогирдонаш чӣ намуна гузошт ва он ба онҳо чӣ тавр таъсир кард.

6 Гарчанд шогирдони Исо барои чизҳои рӯҳонӣ миннатдор буданд ба тарзи фикрронии онҳо баъзан маданият ва муҳити зисташон таъсир мекард (Мат. 19:9, 10; Луқ. 9:46–48; Юҳ. 4:27). Лекин Исо шогирдонашро сарзаниш намекард ва ба сарашон дод намезад. Ӯ аз онҳо корҳоеро, ки гарон буданд ё худаш намекард, талаб наменамуд. Баръакс, Исо бо намунаи худ онҳоро таълим медод. (Юҳанно 13:15–ро бихонед.)

7 Исо ба шогирдонаш чӣ намунаи ибрат гузошт? (1 Пет. 2:21). Ӯ ҳаёти оддӣ ба сар мебурд, аз ин рӯ барои ба дигарон хизмат кардан имконияти бештар дошт (Луқ. 9:58). Исо хоксор буд ва ҳама вақт дар асоси Навиштаҳо таълим медод (Юҳ. 5:19; 17:14, 17). Ӯ меҳрубон ва ба дигарон дастрас буд. Ҳар коре, ки ӯ мекард аз рӯи муҳаббат буд (Мат. 19:13–15; Юҳ. 15:12). Намунаи Исо ба ҳаввориён таъсири мусбӣ расонд. Масалан, намунаи ӯ ба Яъқуб ёрдам кард, ки аз марг наҳаросад ва то рӯзи қатлаш ба Худо содиқона хизмат кунад (Аъм. 12:1, 2). Юҳанно бошад, зиёда аз 60 сол Исоро содиқона пайравӣ кард (Ваҳй 1:1, 2, 9).

8. Пирон барои бародарони ҷавон ва дигарон чӣ намуна мегузоранд?

8 Пирони фидокор, фурӯтан ва меҳрубон, барои бародарони ҷавон намунаи хуб буда метавонанд (1 Пет. 5:2, 3). Ғайр аз ин, пироне ки дар имон, таълимдиҳӣ, тарзи ҳаёти масеҳӣ ва дар хизмат намунаи ибрат мебошанд, аз донистани он ки дигарон ба имонашон тақлид карда метавонанд, хурсанд мешаванд (Ибр. 13:7).

Исо ба шогирдонаш дастурот дод ва онҳоро ба мавъиза фиристод

9. Мо аз куҷо медонем, ки Исо шогирдонашро барои иҷрои кори мавъиза таълим дод?

9 Баъд аз ду соли хизмати боғайрат, Исо 12 шогирдашро ба мавъиза фиристод. Аммо ӯ аввал ба онҳо дастурот дод (Мат. 10:5–14). Вақте ки Исо ба ҳазорҳо одамон ба таври мӯъҷизавӣ хӯрок доданӣ буд, ӯ ба шогирдонаш гуфт, ки онҳоро аз рӯи тартибу низом гурӯҳ-гурӯҳ ҷудо карда, хӯрокро тақсим кунанд (Луқ. 9:12–17). Маълум аст, ки Исо бо додани дастуроти аниқу равшан шогирдонашро таълим медод. Ин тарзи таълимдиҳӣ ва ҳамчунин таъсири пурзӯри рӯҳулқудс баъдтар ҳаввориёнро барои ташкил кардани кори мавъиза тайёр намуд, ки дар соли 33-и эраи мо сар шуда, баъди он низ давом ёфт.

10, 11. Чӣ тавр пирон ва дигарон метавонанд, мардонро таълим диҳанд, то дар ҷамъомад хизмат кунанд?

10 Аз рӯзе ки мард ба омӯзиши Китоби Муқаддас розӣ мешавад, мо таълим доданро сар мекунем. Шояд лозим ояд, ки ба ӯ барои нағз хондан ёрдам кунем. Дар давоми омӯзиши Китоби Муқаддас аз дигар ҷиҳатҳо низ ба ӯ кӯмак карданро давом медиҳем. Вақте ки ӯ ба ҷамъомад мунтазам ташриф меорад, вай дарк хоҳад кард, ки барои иштирок кардан дар Мактаби таълими мавъиза ва воиз шудан, чӣ талаб карда мешавад. Баъди таъмид гирифтан, ӯ чизҳои дигарро, масалан таъмири Толори Салтанатро ёд мегирад. Бо гузашти вақт, пирон ба ӯ фаҳмонда метавонанд, ки барои ходими ёвар шудан чӣ талаб карда мешавад.

11 Вақте ки ба бародари таъмидёфта ягон вазифа дода мешавад, пири ҷамъомад бо тайёрӣ қоидаҳои ташкилотро ба ӯ мефаҳмонад ва дастуроти лозимаро медиҳад. Бародар бояд фаҳмад, ки аз ӯ чӣ талаб карда мешавад. Агар иҷрои супориш баъзан ба ӯ душвор бошад, пирони ҷамъомад даррав хулоса намебароранд, ки ӯ аз ӯҳдаи ин масъулият баромада наметавонад. Балки онҳо бо меҳрубонӣ аз нав мефаҳмонанд, ки чӣ кор кардан лозим аст ва чӣ тавр онро иҷро метавон кард. Пирон аз он ки ба бародаре барои иҷрои масъулияташ ёрдам мекунанд, хурсанд мешаванд, зеро медонанд, ки агар ӯ ба дигарон хизмат кунад, худаш хурсандӣ мегирад (Аъм. 20:35).

«Касе ки машваратро шунавад, хирадманд аст»

12. Маслиҳатҳои Исоро чӣ таъсирбахш мегардонд?

12 Исо мувофиқи ниёзҳои шогирдонаш ба онҳо маслиҳат медод. Масалан, боре Исо Яъқуб ва Юҳанноро маломат кард, зеро онҳо мехостанд, ки аз осмон оташ омада баъзе сомариёнеро, ки Исоро пазироӣ накарданд, нобуд созад (Луқ. 9:52–55). Ва вақте ки модари Яъқуб ва Юҳанно ба назди Исо омада, хоҳиш кард, ки ба онҳо дар Салтанат мавқеи баланд дода шавад, Исо ба худи бародарон муроҷиат карда, гуфт: «Имконияти дар тарафи росту чапи Ман нишастанатон дар дасти Ман нест, ки бидиҳам; ҷуз онҳое ки барояшон аз ҷониби Падари Ман муҳайё шуда бошад» (Мат. 20:20–23). Маслиҳатҳои Исо ҳама вақт аниқу равшан ва амалӣ буданд ва танҳо бар принсипҳои Худо асос меёфтанд. Ӯ шогирдонашро таълим медод, ки оиди принсипҳои Худо мулоҳиза ронанд (Мат. 17:24–27). Исо ҳамчунин имкониятҳои маҳдуди шогирдонашро ба назар мегирифт ва аз онҳо комилиятро интизор набуд. Ӯ ҳамеша аз рӯи муҳаббат маслиҳат медод (Юҳ. 13:1).

13, 14. а) Кӣ ба маслиҳат ниёз дорад? б) Баъзе маслиҳатҳое, ки пирони ҷамъомад ба бародарон дода метавонанд, кадоманд?

13 Ҳар марде, ки дар ҷамъомади масеҳӣ ба гирифтани масъулият кӯшиш мекунад, баъзан ба маслиҳат ё насиҳати Навиштаҳо ниёз дорад. Дар Масалҳо 12:15 гуфта шудааст: «Касе ки машваратро шунавад, хирадманд аст». Як бародари ҷавон ҳис мекард, ки барои хизмат кардан сазовор нест. Сипас як пири ҷамъомад ба ӯ фаҳмонд, ки барои хизмат аз ӯ комилӣ талаб карда намешавад.

14 Агар пирон мушоҳида кунанд, ки ба бародар барои пешрафти рӯҳонӣ рафтори шубҳанокаш халал мерасонад, онҳо ӯро дар рӯҳи фурӯтанӣ ислоҳ мекунанд (Ғал. 6:1). Баъзан ба пирон лозим меояд, ки ба бародар маслиҳат диҳанд, ки тарзи рафтор ва фикррониашро ислоҳ кунад. Масалан, шояд пирон диққат диҳанд, ки бародар имкониятҳояшро барои ба Яҳува хизмат кардан пурра истифода намебарад. Онҳо ӯро барангехта метавонанд, ки дар бораи намунаи Исо фикр кунад. Исо дар кори мавъиза боғайратона меҳнат мекард ва ба шогирдонаш гуфт, ки ба намунаи ӯ пайравӣ кунанд (Мат. 28:19, 20; Луқ. 8:1). Шояд бародар аз дигарон муҳимтар будан мехоҳад. Пирони ҷамъомад метавонанд ба ӯ фаҳмонад, ки Исо ба шогирдонаш гуфт, ки аз паи шӯҳратмандӣ рафтан хатарнок мебошад (Луқ. 22:24–27). Чӣ агар ба бародар дигаронро бахшидан душвор бошад? Исо дар бораи ғуломе гуфт, ки қарзи ночизро набахшид, ҳол он ки қарзи калони худаш бахшида шуда буд. Пирони ҷамъомад аз ин мисол истифода бурда, ба бародар ёрдам карда метавонанд (Мат. 18:21–35). Вақте ки додани маслиҳат лозим меояд, хуб мебуд, ки пирон онро ҳар чӣ тезтар диҳанд. (Масалҳо 27:9–ро бихонед.)

«Худро... машқ деҳ»

15. Чӣ тавр аъзоёни оила ба бародар ёрдам карда метавонад, то ки ӯ ба дигарон хизмат кунад?

15 Пирони ҷамъомад кӯшиш ба харҷ медиҳанд, то бародаронро таълим диҳанд, ки ба ҷамъомад хизмат кунанд. Лекин дигарон низ кӯшишҳои пиронро дастгирӣ карда метавонанд. Масалан, ба бародар аъзоёни оилааш кӯмак карда метавонанд, ки ба гирифтани масъулият кӯшиш кунад. Ва агар ӯ аллакай пири ҷамъомад бошад, дастгирии фидокоронаи зану фарзандонаш ба ӯ фоида хоҳад овард. Аъзоёни оила мефаҳманд, ки ӯ бояд вақт ва қувваташро барои дигарон низ сарф кунад. Ва ин ба бародар барои бомуваффақият иҷро намудани масъулияташ кӯмак мекунад. Рӯҳияи худфидокоронаашон ба сардори оила хурсандӣ мебахшад ва дигарон низ аз ин хеле миннатдоранд (Мас. 15:20; 31:10, 23).

16. а) Барои мувофиқ шудан ба гирифтани масъулият, пеш аз ҳама кӣ бояд кӯшиш кунад? б) Чӣ тавр бародар барои гирифтани масъулият кӯшиш карда метавонад?

16 Гарчанд дигарон бародарро дастгирӣ карда метавонанд, лекин пеш аз ҳама барои мувофиқ шудан ба гирифтани масъулият ӯ худаш бояд кӯшиш кунад. (Ғалотиён 6:5–ро бихонед.) Албатта шарт нест, ки барои ба дигарон кӯмак расондан ва дар хизмат фаъолона иштирок намудан, бародар бояд ходими ёвар ё пири ҷамъомад бошад. Аммо агар бародар чун ходими ёвар ё пири ҷамъомад хизмат кардан хоҳад, аввал ӯ бояд ба талабот мувофиқат кунад. Дар Китоби Муқаддас нишон дода шудааст, ки барои ба чунин талабот мувофиқат кардан, ӯ бояд ба чӣ гуна шахс шудан кӯшиш кунад (1 Тим. 3:1–13; Тит. 1:5–9; 1 Пет. 5:1–3). Барои ҳамин агар бародар ҳамчун ходими ёвар ё пири ҷамъомад хизмат кардан хоҳаду аммо то ҳол таъин нашуда бошад, ӯ бояд ба он ҷиҳатҳои ҳаёти худ, ки барои рӯҳан рушд кардан лозим аст диққат диҳад. Барои бартараф кардани чунин камбудиҳо хондани мунтазами Китоби Муқаддас, омӯзиши боғайратонаи шахсӣ, чуқур мулоҳиза рондан, дуои самимӣ ва дар хизмати мавъиза боғайратона иштирок кардан кӯмак мекунад. Инро иҷро намуда, вай мувофиқи маслиҳати Павлус, ки ба Тимотиюс дода буд, амал мекунад: «Худро дар диндорӣ машқ деҳ» (1 Тим. 4:7).

17, 18. Агар ба бародари таъмидёфта тарс, ҳисси беҷуръатӣ ё дудилагӣ ва ё надоштани хоҳиш халал расонад, ӯ чӣ кор карда метавонад?

17 Агар ба бародар барои гирифтани масъулият тарс, ҳисси беҷуръатӣ ё дудилагӣ халал расонад–чӣ? Хуб мебуд, ки ӯ дар бораи корҳои бисёре, ки Яҳува Худо ва Исои Масеҳ барои мо мекунанд, фикр кунад. Дар ҳақиқат, Яҳува «ҳар рӯз бори моро мебардорад» (Заб. 67:20). Аз ин сабаб Падари осмониамон ба бародар кӯмак карда метавонад, то ки ӯ дар ҷамъомад масъулиятро ба ӯҳда гирад. Бародаре ки ҳоло чун ходими ёвар ё пири ҷамъомад хизмат намекунад, барои ӯ хуб мебуд, то дар ёд дорад, ки дар ҷамъомад барои бародарони рӯҳан баркамол ниёзи ҳеле калон вуҷуд дорад. Ҳамчунин хуб мебуд, ки аз Яҳува рӯҳулқудс пурсад, зеро он барои осоиштагӣ ва худдорӣ доштан кӯмак мекунад. Ин ба ӯ ёрдам карда метавонад, то ӯ тарс, ҳисси дудилагӣ ва беҷуръатиро аз худ дур кунад (Луқ. 11:13; Ғал. 5:22, 23). Мо боварӣ дошта метавонем, ки Яҳува бародаронеро, ки ба дигарон фидокорона хизмат кардан мехоҳанд, баракат хоҳад дод.

18 Оё чунин шуда метавонад, ки бародари таъмидёфта хоҳиши ба дигарон хизмат карданро надорад? Чӣ ба ӯ ёрдам карда метавонад? Павлуси ҳавворӣ навишт: «Худо дар шумо, бо ҳусни таваҷҷӯҳи Худ, ҳам хоҳиш ва ҳам амалро ба вуҷуд меоварад» (Фил. 2:13). Хоҳиши хизмат кардан худодод аст ва рӯҳулқудси Яҳува ба шахс барои иҷрои хизмати муқаддасона қувват бахшида метавонад (Фил. 4:13). Ғайр аз ин, масеҳӣ барои ба амал овардани корҳои дуруст дар дуо аз Худо кӯмак пурсида метавонад (Заб. 24:4, 5).

19. «Ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким», ки дар Мико 5:5 омадааст, моро ба чӣ бовар мекунонад?

19 Яҳува кӯшиши пиронро, ки дигаронро таълим медиҳанд, баракат хоҳад дод. Ӯ инчунин бародаронеро, ки ба дигарон хизмат кардан мехоҳанд, баракат медиҳад. Китоби Муқаддас моро бовар мекунонад, ки дар байни халқи Худо «ҳафт чӯпон ва ҳашт ҳоким» хоҳад буд, яъне шумораи лозимаи бародарон дар ташкилоти Яҳува масъулиятро ба ӯҳда хоҳанд гирифт (Мик. 5:5). Имрӯз бисёр бародарони фурӯтан мехоҳанд, ки ба дигарон хизмат кунанд ва барои масъулиятро ба ӯҳда гирифтан таълим гирифта истодаанд. Ин Яҳуваро ҷалол медиҳад ва ба мо баракатҳои зиёд меорад.

Шумо чӣ тавр ҷавоб медодед?

• Чӣ тавр Исо ба шогирдонаш кӯмак кард, то ба гирифтани масъулияти бузургтар мувофиқат кунанд?

• Ба бародарон барои дар ҷамъомад масъулиятро ба ӯҳда гирифтан кӯмак расонда, пирон чӣ тавр ба Исо пайравӣ карда метавонанд?

• Чӣ тавр аъзоёни оилаи бародар ба ӯ кӯмак карда метавонанд, то ӯ ба ҷамъомад хизмат кунад?

• Барои мувофиқ шудан ба гирифтани масъулият бародар худаш чӣ кор карда метавонад?

[Саволҳо барои омӯзиш]

[Tасвир дар саҳифаи 31]

Вақте ки омӯзандаи Китоби Муқаддас пешравӣ кардан мехоҳад, чӣ тавр шумо ба вай ёрдам карда метавонед?

[Tасвир дар саҳифаи 32]

Чӣ тавр бародарон нишон медиҳанд, ки онҳо барои гирифтани масъулият кӯшиш карда истодаанд?