Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Оё таъсир кардан ба генҳои инсон сирри дарозумрӣ аст?

Ҷустуҷӯйи асрори дарозумрӣ

Ҷустуҷӯйи асрори дарозумрӣ

«Ҳама чизро Ӯ [Худо] дар вақташ ба хубӣ ба вуҷуд овардааст; ҳамчунин фикри абадиятро дар дили одамизод ҷо додааст» (Воиз 3:11).

ИН СУХАНОНИ шоҳи хирадманд Сулаймон нишон медиҳад, ки ҷон ширин аст ва инсон мурдан намехоҳад. Азбаски ҳаёти инсон кӯтоҳ асту аз марг ҷойи гурез нест, шояд барои ҳамин асрҳои аср одамон талош мекарданд, ки бо ягон роҳ умри худро дароз кунанд. Дар таърих бисёр қиссаву ривоятҳо омадаанд, ки чӣ тавр одамон доимо асрори дарозумриро ҷустуҷӯ мекарданд.

Гилгамеш подшоҳи шумериро мисол меорем. Дар бораи саргузашти ӯ бисёр қиссаву ҳикояҳо мавҷуданд. Дар онҳо ривояте омадааст, ки Гилгамеш ба саёҳати хатарноке мебарояд, то асрори аз марг раҳо ёфтанро ёбад. Вале ӯ ба ин мақсади худ намерасад.

Кимиёгари асримиёнагӣ дар лабораторияи худ

Дар асри чоруми то милод баъзе кимиёгарон дар Чин кӯшиш мекарданд, ки «обе»-ро ихтироъ кунанд. Ба ақидаи одамон он гӯё оби сеҳрноке буд, ки ба одам дарозумрӣ мебахшид. Кимиёгарон маҳлулеро тайёр карданд, ки дар таркибаш ду моддаи химиявӣ — симоб ва арсен дошт. Ривояте ҳаст, ки баъзе императорони Чин он маҳлулро чашида оқибат мурданд. Дар асрҳои миёна дар Аврупо баъзе кимиёгарон кӯшиш карданд, ки аз тилло хӯрока ё нӯшокае тайёр кунанд. Зеро онҳо фикр мекарданд, ки азбаски тилло ҳеҷ гоҳ занг намезанад он метавонад ба одам дарозумрӣ бахшад.

Имрӯз баъзе биологу генетикҳо кӯшиш карда истодаанд, ки сабаби пиршавии организми одамро муайян созанд. Чуноне ки дар давраҳои қадим одамон «оби ҳаётбахше»-ро меҷустанд, имрӯз низ кӯшишҳои олимон нишон медиҳад, ки одамон пир шудан ва мурдан намехоҳанд. Оё кӯшишҳои олимон ягон натиҷа овард?

ХУДО «ФИКРИ АБАДИЯТРО ДАР ДИЛИ ОДАМИЗОД ҶО ДОДААСТ» (ВОИЗ 3:11).

ОЛИМОНИ ИМРӮЗА САБАБИ ПИРШАВИИ ИНСОНРО МЕҶӮЯНД

Олимоне, ки ҳуҷайраҳои одамро меомӯзанд, беш аз 300 назарияро пешниҳод кардаанд, ки чаро мо пир мешавем ва мемирем. Солҳои охир биологҳои молекулярӣ дар санҷишҳои лабораторӣ ба генҳо ва сафедаҳои организми ҳайвонот ва инсон таъсир расонда ба он комёб гаштанд, ки раванди пиршавиро суст кунанд. Ин дастоварди онҳоро дида баъзе одамони бой ба олимон пул доданд, то онҳо сабаби мурдани инсонро муайян созанд. Олимон ба чӣ ноил шуданд?

Кӯшиши дароз кардани умр. Баъзе биологҳо ақида доранд, ки сабаби пиршавии инсон дар нӯги хромосомаи ӯ, ки теломер ном дорад, ҷойгир аст. Теломерҳо ҳангоми тақсимоти ҳуҷайравӣ чун муҳофизи маълумоти генетикии ҳуҷайраҳои инсон хизмат мекунанд. Ҳар дафъа, вақте ки ҳуҷайра тақсим мешавад, теломерҳо кӯтоҳтар шуда оқибат ҳуҷайра аз тақсимшавӣ бозмемонад ва организм ба пиршавӣ сар мекунад.

Соли 2009 дорандаи мукофоти нобелӣ Элизабет Блакбурн ва ҳамкорони ӯ дар ҳуҷайраи инсон ферментеро муайян карданд, ки кӯтоҳшавии теломерҳо ва пиршавии ҳуҷайраҳоро бозмедорад. Лекин онҳо дар ҳисоботи худ иқрор шуданд, ки теломерҳо «чизҳои сеҳрноке нестанд, ки умрро дароз кунанд» ва онҳо ба мо имконият намедиҳанд, ки аз мӯҳлати муқаррарии умри одамӣ бештар зиндагӣ кунем.

Тағйир додани маълумоти ҳуҷайравӣ боз як роҳи дигарест, ки олимон бо ёрии он кӯшиш доранд раванди пиршавиро боздоранд. Вақте ҳуҷайраҳои организми мо аз ҳад пир шуда дигар тақсим намешаванд, онҳо ба ҳуҷайраҳои системаи масуният сигналҳои нодуруст фиристода, илтиҳоб (воспаление), дарди музмин (хронический) ва бемориро пайдо менамоянд. Чанде пеш олимони Фаронса ҳуҷайраҳои одамони синнашон аз 100 болоро гирифта ба онҳо маълумоти нав дохил карданд. Роҳбари гурӯҳи озмоишӣ профессор Жан-Марк Лемэтр қайд кард, ки санҷиши онҳо «боздошта шудани пиршавӣ»-ро нишон дод.

ОЁ ИЛМ МЕТАВОНАД УМРИ ОДАМИЗОДРО ДАРОЗ КУНАД?

На ҳамаи олимон бо чунин ақида розиянд, ки амалиёти ҷавонкунии организм метавонад умри одамро аз будаш зиёд кунад. Рост аст, ки аз асри 19 сар карда назар ба пештара давомнокии умри одамон зиёд шуд. Лекин ин асосан аз он ҳисоб буд, ки одамон қоидаҳои тозагиро бештар риоя мекунанд, бар зидди бемориҳои сироятӣ чораҳои хуб меандешанд ва антибиотику ваксинаҳоро истифода мебаранд. Баъзе генетикон мегӯянд, ки давомнокии умри одам каму беш дароз шуда бошад ҳам, аз ин зиёд карда намешавад.

Қариб 3500 сол пеш нависандаи Китоби Муқаддас, Мӯсо-пайғамбар, чунин гуфт: «Рӯзҳои умри мо ҳафтод сол аст, ва агар бақувваттар бошем — ҳаштод сол; вале ифтихори онҳо аз заҳмат ва ҷафо иборат аст, зеро ки зуд гузашта меравад, ва мо низ парвоз мекунем» (Забур 89:10). Барои дароз кардани умр олимон сад кӯшиш накунанд ҳам, одамон асосан чи хеле ки Мӯсо гуфт, ҳамон қадар умр мебинанд.

Лекин баъзе ҷонварон ва растаниҳо хеле дарозумранд. Масалан, баъзе намудҳои сангпушт то 150 сол ва дарахти сарв ҳазорҳо сол умр мебинад. Вақте мо давомнокии умри худро бо умри онҳо ё дигар чизҳои зинда муқоиса мекунем, шояд ба худ гӯем: «Наход инсон фақат 70 ё 80 сол умр бинад?»