Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Шоҳи Подшоҳии Худо кӣ аст?

Шоҳи Подшоҳии Худо кӣ аст?

Худо ба воситаи якчанд нависандаи Китоби Муқаддас пешгӯйӣ кард, ки кадом шахс Шоҳи Подшоҳии Худо мегардад:

  • Ӯро Худи Яҳува интихоб кардааст. «Ман подшоҳи Худро... таъин кардаам... [Ман] қавмҳоро ба мероси Ту, ва ақсои заминро ба тасарруфи Ту хоҳам дод» (Забур 2:6, 8).

  • Ӯ аз насли шоҳ Довуд аст. «Кӯдаке барои мо таваллуд ёфт, Писаре ба мо дода шуд... Афзоиши салтанат [ҳокимият] ва осоиштагии Ӯ бар тахти Довуд ва бар мамлакати вай интиҳо нахоҳад дошт, то ки онро бо инсоф ва адолат, минбаъд ва то абадулобод барқарор ва мустаҳкам намояд» (Ишаъё 9:6, 7).

  • Дар Байт-Лаҳм таваллуд ёфтааст. «Эй Байт-Лаҳми Эфрот... Аз ту барои Ман Ҳокиме... хоҳад баромад, ва... Ӯ то ақсои замин бузург хоҳад шуд» (Мико 5:2, 4).

  • Одамон ӯро рад намуданд ва ба қатл расонданд. «Ӯ манфур буд [яъне аз ӯ нафрат мекарданд], ва мо Ӯро писанд намекардем. Ва ҳол он ки Ӯ аз ҷиноятҳои мо маҷрӯҳ, ва аз гуноҳҳои мо афсурдахотир шудааст» (Ишаъё 53:3, 5).

  • Аз мурдагон эҳё шуд ва сарафроз гардид. «Ту ҷони маро дар гӯр нахоҳӣ монд. Нахоҳӣ гузошт, ки бандаи бовафоят рӯйи қабрро бубинад... Аз тарафи рости ту будан хушбахтии абадӣ меорад» (Забур 16:10, 11, ТДН).

Чаро Исои Масеҳ Подшоҳи беҳтарин аст?

Ба ҳамаи чизҳои номбаршуда аз тамоми одамоне, ки дар таърих буданд, танҳо Исои Масеҳ аниқ мувофиқат мекунад. Фариштае ба модари ӯ Марям гуфта буд: «Худо ба ӯ тахти падараш Довудро медиҳад ва... Подшоҳиаш ҳеҷ гоҳ ба охир намерасад» (Луқо 1:31–33).

Исо ҳеҷ гоҳ дар замин подшоҳ нашуда буд. Ӯ бояд чун Ҳокими Подшоҳии Худо аз осмон ба инсоният ҳукмронӣ кунад. Чаро ӯ Ҳокими беҳтарин мегардад? Биёед ба хотир орем, ки вақте Исо дар замин буд, чӣ корҳоро ба ҷо меовард.

  • Исо ба одамон ғамхор буд. Исо ба ҳама, ба мардону занон, ба пиронсолону ҷавонон кӯмак мекард, новобаста аз он ки онҳо пеш чӣ гуна ҳаёт ба сар мебурданд ё аз кадом табақаи ҷамъият буданд (Матто 9:36; Марқӯс 10:16). Боре як махавӣ ба ӯ илтиҷоомез гуфт: «Агар хоҳӣ, метавонӣ маро пок кунӣ». Ва Исо аз раҳмдилӣ ӯро шифо бахшид (Марқӯс 1:40–42).

  • Исо таълим медод, ки ба Худо чӣ тавр писанд омадан мумкин аст. Ӯ мегуфт: «Шумо наметавонед ҳам ғуломи Худо ва ҳам ғуломи боигарӣ бошед». Ӯ одамонро насиҳат медод, то ба дигарон тавре муносибат кунанд, ки чи тавре мехостанд бо онҳо кунанд. Ин принсипро бисёриҳо Қоидаи тиллоӣ меноманд. Ғайр аз ин Исо мефаҳмонд, ки Худо на танҳо ба корҳои мо, балки ба фикру ҳиссиёти мо аҳамият медиҳад. Аз ин рӯ барои ба Ӯ писанд омадан мо бояд фикру ҳиссиёти худро идора кунем (Матто 5:28; 6:24; 7:12). Исо қайд мекард, ки барои ҳақиқатан хушбахт шудан мо бояд фаҳмем, ки Худо аз мо чӣ мехоҳад ва баъд ҳамон тавр амал кунем (Луқо 11:28).

  • Исо бо гуфтору рафтораш нишон медод, ки дигаронро дӯст доштан чӣ маъно дорад. Суханони Исо ва корҳои ӯ ба дили шунавандагонаш сахт таъсир мекард. «Мардум ба тарзи таълимдиҳии ӯ қоил шуданд, зеро ӯ чун шахси соҳибқудрат гап мезад» (Матто 7:28, 29). Ӯ ба онҳо мегуфт: «Душманони худро дӯст доред». Ҳатто ҳангоми дар сутун мехкӯб шуданаш ӯ дар дуо гуфт: «Падар, онҳоро бубахш, зеро намедонанд, ки чӣ кор карда истодаанд» (Матто 5:44; Луқо 23:34).

Исо метавонад бар тамоми замин ба таври беҳтарин ҳукмронӣ кунад, чунки ӯ ҳақиқатан ҳам одамонро дӯст медорад. Вале кай ӯ ҳукмрониро сар мекунад?