Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

БУРҶИ ДИДБОНӢ №​1 2023 | Хотири ҷамъу дили беғам доштан мехоҳед?

Дар тамоми ҷаҳон миллионҳо одамон аз душвориҳои рӯҳиву равонӣ азоб мекашанд. Бо ин душворӣ ҳар инсон новобаста ба синну сол, сатҳи зиндагӣ, маълумотнокӣ, миллату нажод ва дин рӯ ба рӯ шуда метавонад. Дар ин маҷалла гуфта мешавад, ки бемориҳои рӯҳиву равонӣ чиро дар бар мегиранд ва чӣ хел онҳо ба одамон таъсир мерасонанд. Ҳамчунин шумо мефаҳмед, ки барои чӣ одамоне, ки бемории равонӣ доранд, бояд табобат гиранд ва чӣ хел Китоби Муқаддас ба онҳо кумак карда метавонад.

 

Бемориҳои равонӣ — мушкилоти оламгир

Бемории равонӣ метавонад дар ҳар инсон, новобаста ба синну сол ва миллату нажод пайдо шавад. Фаҳмед, ки чӣ хел маслиҳатҳои Китоби Муқаддас барои беҳтар кардани саломатии рӯҳию равонӣ кумак карда метавонад.

Худо ба шумо мадад мекунад

Чаро шумо дилпур буда метавонед, ки Яҳува Худо фикру ҳиссиёти шуморо аз дигарон дида беҳтар мефаҳмад?

1 | Дуо. «Ҳамаи ғамҳои худро ба Худо партоед»

Оё шумо дар бораи ташвишу хавотириҳои худ ба Худо дуо мегӯед? Чӣ тавр дуо ба касоне, ки аз ташвишу хавотирӣ доранд, ёрдам мекунад?

2 | Аз Каломи Худо тасаллӣ ёбед

Худо дар Китоби Муқаддас ваъда медиҳад, ки ба қарибӣ аз хотираҳои дардовар ному нишоне боқӣ намемонад.

3 | Аз хизматгорони Худо ибрат гиред

Дар Китоби Муқаддас мисоли бисёр мардону заноне оварда шудааст, ки ҳиссиёташон ба мо монанд аст. Мисоли онҳоро омӯхта мо дар ин мубориза худро танҳову ночор ҳис намекунем.

4 | Маслиҳатҳои Китоби Муқаддасро ба кор баред

Фаҳмед, ки чӣ хел мулоҳиза дар бораи оятҳои Китоби Муқаддас ва гузоштани мақсадҳои хирадмандона ба шумо ёрдам мекунад, ки ба душвориҳои равониатон тоб оред.

Чӣ тавр ба шахсе, ки бемории равонӣ дорад, кумак расонем?

Дастгирии шумо ҳолати дӯсти ғамзадаатонро беҳтар карда метавонад.