Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Мо бар нафрат ғолиб омада метавонем!

Мо бар нафрат ғолиб омада метавонем!

Оё шумо қурбони нафрат шудаед?

Агар не, эҳтимоли зиёд аст, ки чӣ будани онро медонед. Имрӯзҳо дар расонаҳои хабарӣ ба мавзӯи нажодпарастӣ, нафрат нисбати ҳамҷинсбозон ва одамони миллаташон гуногун бисёр диққат дода мешавад. Барои ҳамин дар як қатор давлатҳо қонунҳое ҷорӣ шудаанд, ки дар асоси онҳо одамонеро, ки аз нафрат нисбати касе ба ҷиноят даст мезананд, сахттар ҷазо медиҳанд.

Онҳое, ки қурбони нафрат мешаванд, одатан аз дигарон нафрат мекунанд. Дар дили онҳо кинаю адоват пайдо шуда оташи нафраташон аланга мезанад.

Шояд шумо худатон қурбони рӯйбинӣ, мазоҳу масхара ва таҳдид шудаед. Лекин таъсири нафрат аз ин ҳам бадтар аст. Он метавонад дарҳол ба зӯроварӣ, вайронкорӣ, ҳамла, таҷовуз, куштор ва ҳатто қатли омм оварда расонад.

Дар ин маҷалла ба саволҳои зерин ҷавоб гирифта, мефаҳмем, ки чӣ тавр бар нафрат ғолиб омадан мумкин аст:

  • Чаро дунё пур аз нафрат аст?

  • Чӣ тавр занҷири нафратро кандан мумкин?

  • Оё нафрат пурра аз байн меравад?