Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Чӣ тавр дар ҷамъомади нав одат карда метавонед?

Чӣ тавр дар ҷамъомади нав одат карда метавонед?

АЛЕН * ном бародаре ба ҷамъомади нав, ки аз хонааш 1400 км дур буд, кӯчид. Ӯ мегӯяд: «Вақте ман ба ин ҷо кӯчидам, сахт дар ҳаяҷон будам. Ман намедонистам, ки маро дар он ҷо чӣ хел қабул мекунанд. Фикр мекардам, ки оё дӯстони нав пайдо мекарда бошам ё не». Баъдтар Ален ба ҷамъомади нав одат кард.

Агар шумо ҳам ба ҷамъомади дигар кӯчида бошед, шояд дилатон хавотир аст. Чӣ ба шумо ёрдам мекунад, ки дар он ҷо одат кунед? Агар ба ҷойи нав чи хеле ки шумо фикр мекардед, одат кардан осон набошад-чӣ? Ё агар шумо ба ҳеҷ куҷо накӯчида бошед, чӣ тавр ба онҳое, ки ба ҷамъомади шумо меоянд, ёрдам карда метавонед?

ЧӢ ТАВР БА ҶАМЪОМАДИ НАВ ОДАТ КАРДА РӮҲАН ИНКИШОФ ЁБЕМ?

Вақте дарахтро аз ҷояш меҷунбонанд, ин ба дарахт бе таъсир намемонад. Одатан барои он ки ба дигар ҷо гирифта бурдани дарахт осон шавад, бисёр решаҳояшро мебуранд. Аммо вақте дарахтро дар дигар ҷо мешинонанд, он даррав аз нав реша медавонад. Ба ин монанд, вақте шумо ба ҷамъомади дигар мекӯчед, шояд сахт хавотир мешавед. Зеро дар ҷамъомади пештараатон шумо дӯстони наздик доштед ва бо реҷаи муайян дар хизмат иштирок мекардед. Акнун бошад, шумо бояд дар муҳити нав реша давонда нашъунамо кунед. Чӣ ба шумо дар ин кор ёрдам карда метавонад? Истифода бурдани принсипҳои Китоби Муқаддас. Биёед якҷоя баъзе принсипҳоро дида бароем.

Шахсе, ки ҳамеша Каломи Худоро мехонад, «мисли дарахте хоҳад буд, ки назди ҷӯйҳои об шинонда шудааст, ва меваи худро дар мавсимаш медиҳад, ва баргаш пажмурда намешавад, ва ҳар чӣ мекунад, барор хоҳад ёфт» (Заб. 1:1–3).

Барои нашъунамо ёфтани дарахт ҳамеша об даркор аст. Масеҳиён низ барои рӯҳан мустаҳкам мондан бояд ҳамеша аз Каломи Худо ғизо гиранд. Аз ин рӯ ҳар рӯз хондани Китоби Муқаддасро давом диҳед ва ҳеҷ гоҳ ҷамъомадҳоро тарк накунед. Одати гузаронидани ибодати оилавӣ ва омӯзиши шахсиатонро напартоед. Чи хеле ки пеш барои нигоҳ доштани муносибатҳоятон бо Яҳува кӯшиш мекардед, ҳамон тавр саъю кӯшиш карданро давом диҳед.

«Касе, ки сероб кунад, худаш низ сероб мегардад» (Мас. 11:25).

Вақте пурра дар хизмат иштирок мекунед, қувват гирифта зуд ба ҷамъомади наватон одат мекунед. Кевэн ном пири ҷамъомад мегӯяд: «Ману занам баъди ба ҷамъомади нав кӯчиданамон даррав пешрави ёвар шудем. Ин чиз ба мо хеле ёрдам кард. Мо зуд бо бародару хоҳарон, пешравон ва маҳали зистамон шинос шудем». Роҷер ном бародар низ ба ҷамъомаде, ки аз ҷойи зисташ 1600 км дур буд, кӯчид. Ӯ мегӯяд: «Беҳтарин роҳи ба ҷамъомади нав одат кардан, ин ҳарчи зудтар ба хизмат рафтан аст. Бигзор пирон донанд, ки шумо барои кӯмак кардан ҳамеша тайёред. Масалан, шумо метавонед, ки дар рӯбучини Толори Салтанат ёрдам кунед, ба ҷойи ягон кас баромад намоед ё ба касе барои ба ҷамъомад омаданаш ёрӣ расонед. Вақте бародару хоҳарон фидокории шуморо мебинанд, бо шумо дӯстӣ карданашон осонтар мешавад».

«Фарохдил бошед» (2 Қӯр. 6:13).

Дар бародардӯстӣ фарохдил бошед. Баъд аз он ки Мелиса ва оилааш ба ҷамъомади дигар кӯчиданд, мақсад монданд, ки дӯстони нав пайдо кунанд. Ӯ мегӯяд: «Мо барои бо дигарон сӯҳбат кардан ба Толори Салтанат барвақттар меомадем ва дертар мерафтем. Ин ба мо имкон медод, ки ғайр аз салому алейки одӣ бо дигарон нағз муошират кунем». Ин чиз ба онҳо ёрдам кард, ки номҳои бародару хоҳаронро тез дар ёд гиранд. Илова бар ин, ин оила дигаронро ба меҳмонӣ даъват карда пайвандҳои дӯстиашонро бо онҳо мустаҳкам мекарданд. Инчунин онҳо ба якдигар рақамҳои телефонашонро медоданд, то ҳамдигарро дар вақти зарурӣ ёфта тавонанд.

Агар ба шумо бо одамони ношинос сӯҳбат кардан душвор бошад, аз чизи хурд сар кунед. Масалан, табассум кунед. Шояд дар аввал шумо инро бо дили нохоҳам кунед, аммо дар ёд доред, ки табассум одамонро ба шумо наздик мекунад. Охир, «нури чашмон дилро шод мекунад» (Мас. 15:30). Рейчел ном хоҳаре, ки ба ҷамъомади дигар кӯчидааст, чунин мегӯяд: «Ман табиатан одами камгапам. Баъзан ман худамро маҷбур мекунам, ки бо бародару хоҳарони ҷамъомади навам гап занам. Ман дар Толор шахсонеро мекобам, ки дар кунҷ нишаста бо касе гап намезананд. Шояд онҳо мисли ман шармгинанд». Биёед мақсад монем, ки пеш ё баъд аз ҳар вохӯрӣ бо одамоне, ки нав ба ҷамъомади мо омадаанд, муошират кунем.

Аз дигар тараф, шояд баъди чанд ҳафтаи шиносоӣ шавқу завқатон ба одами нав гум шавад. Барои ҳамин бо онҳо дӯстӣ карданро давом диҳед, зеро барои пайдо кардани дӯсти нав кӯшишу ғайрат лозим аст.

Агар дарахтро аз як ҷой ба ҷойи дигар кӯчонӣ, ба вай бе таъсир намемонад, лекин, вақте онро шинонӣ, аз нав реша медавонад

НИСБАТИ ХУД СЕРТАЛАБ НАБОШЕД

Баъзе дарахтон дар ҷойи нав тез реша медавонанд, аммо решаи баъзе дарахтони дигар ба тезӣ мустаҳкам намешавад. Ба ин монанд, баъзеҳо тез ба ҷамъомади нав одат мекунанд, лекин барои баъзеҳо бошад, вақт лозим аст. Агар шумо чанде пеш ба ҷойи нав кӯчида то ҳол ба он муҳит одат накарда бошед, муҳокима кардани принсипҳои зерини Китоби Муқаддас ба шумо кӯмак мекунанд:

«Ва мо некӣ карда, ноумед нашавем; зеро ки дар вақташ хоҳем даравид, агар сустӣ накунем» (Ғал. 6:9).

Дар аввал, шояд шумо фикр кардед, ки ба ҷойи нав тез одат мекунед. Лекин баъд маълум шуд, ки ба шумо вақти бештар лозим будааст. Масалан, бисёри миссионерон дар ҷойи нав якчанд сол зиндагӣ мекунанд ва танҳо баъд аз ин барои хабаргирии хешу табор ба ватанашон мераванд. Ин ба онҳо кӯмак мерасонад, ки бо бародару хоҳарони маҳаллӣ нағз шинос шаванд ва ба маданияти дигар одат кунанд.

Алехандро, ки якчанд бор кӯчида буд, медонад, ки барои ба ҷойи нав одат кардан вақти бисёр лозим аст. Ӯ мегӯяд: «Баъди кӯчиданамон занам ба ман гуфт, ки ҳама дӯстонаш дар ҷамъомади пештараамон монданд». Алехандро ба занаш хотиррасон кард, ки вақти ду сол пеш кӯчиданашон ӯ айнан ҳамин гапро гуфта буд. Вале дар байни он ду сол ӯ фикрашро иваз кард ва дӯстони наздик пайдо намуд.

«Нагӯй: “Чаро айёми қадим аз ҳозира беҳтар буд?” Чунки дар ин бобат на аз рӯйи ҳикмат савол медиҳӣ» (Воиз 7:10).

Беҳтараш, ҷамъомади наватонро бо ҷамъомади пештараатон муқоиса накунед. Масалан, бародару хоҳарони ҷамъомади нав метавонанд хеле камгап ё баръакс, хеле сергап бошанд. Кӯшиш кунед, ки бештар ба хислатҳои хуби дигарон аҳамият диҳед. Баъзе аз онҳое, ки ба ҷойи нав кӯчида ба бародару хоҳарон зуд одат накарданд, ба худ савол дода пурсиданд: «Оё ман, дар ҳақиқат, тамоми бародариятро дӯст медорам?» (1 Пет. 2:17).

«Биталабед, ба шумо дода хоҳад шуд» (Луқ. 11:9).

Дар дуо аз Худо кӯмак пурсиданро давом диҳед. Дэйвид, ки пири ҷамъомад аст, чунин мегӯяд: «Як худатон бори вазнинро набардоред. Бисёр чизҳое ҳастанд, ки мо онро та́нҳо бо ёрдами Яҳува карда метавонем. Дар бораи душвориҳоятон дуо гӯед!» Рейчел, ки дар борааш дар боло гуфтем бо ин суханон розӣ аст. Ӯ мегӯяд: «Агар ману шавҳарам ҳис кунем, ки каме аз бародару хоҳарон дур шудаем, мо дар ин бора ба Худо чунин дуо мегӯем: “Яҳува, агар мо коре карда истода бошем, ки ба дигарон барои ба мо наздик шудан халал мерасонад, илтимос, ба мо нишон деҳ”. Баъд мо кӯшиш мекунем, ки бо бародару хоҳарон бештар вақт гузаронем».

Волидон, агар ба фарзандатон ба ҷойи нав одат кардан душвор бошад, вақт ҷудо карда бо онҳо якҷоя дар ин бора дуо гӯед. Ба онҳо ёрдам кунед, ки дӯстони нав пайдо кунанд. Барои муоширати рӯҳбаландкунанда имконият фароҳам оред.

БА ОДАМОНИ НАВ КӮМАК КУНЕД, КИ ХУДАШОНРО БЕГОНА ҲИС НАКУНАНД

Чӣ тавр шумо ба одамони наве, ки ба ҷамъомадатон кӯчиданд, кӯмак карда метавонед? Кӯшиш кунед, ки аз лаҳзаи шиносоӣ барои онҳо дӯсти ҳақиқӣ бошед. Шумо метавонед худатонро ба ҷойи онҳо монда аз худ пурсед: «Агар ман ба ҷойи нав мекӯчидам, аз дигарон чӣ гуна кӯмакро интизор мешудам?» Баъди ба савол ҷавоб додан айнан аз рӯйи он амал кунед (Мат. 7:12). Шумо метавонед одамони навро ба ибодати оилавӣ ё тамошои барномаи ҳармоҳаи JW Broadcasting даъват кунед. Ё онҳоро ҳамроҳатон ба хизмат гиред. Агар шумо онҳоро ба меҳмонӣ даъват кунед, ин меҳрубониатонро фаромӯш намекунанд. Шахсан шумо ба одамоне, ки нав кӯчидаанд, чӣ хел ёрдам карда метавонед?

Карлос мегӯяд: «Вақте ба ҷамъомади навамон омадем, як хоҳар ба мо рӯйхати мағозаҳои арзонро дод. Ин ба мо хеле кӯмак кард». Онҳое, ки ба ҷойи нав мекӯчанд, шояд ба обу ҳавои дигар одат кардаанд. Агар ба онҳо дар фасли гармо, сармо ва боронӣ чӣ гуна либос пӯшиданро гӯед, аз шумо хеле миннатдор мешаванд. Ҳамчунин, агар шумо дар бораи таърих ва ақидаҳои динии маҳаллатон нақл кунед, ин ба онҳо ёрдам мекунад, ки хизматашон самарабахш гардад.

КӮШИШҲОЯТОН БЕФОИДА НЕСТАНД

Ален, ки дар борааш дар боло гуфта гузаштем, зиёда аз як сол мешавад, ки ба ҷамъомади нав кӯчидааст. Ӯ мегӯяд: «Ман худамро маҷбур мекардам, ки якум шуда бо бародару хоҳарон шинос шавам. Лекин ҳозир ман ҳис мекунам, ки мо як оилаем ва аз ин хеле хурсандам». Ален мегӯяд, ки ба ҷойи нав кӯчида ӯ ягон дӯсташро аз даст надодааст, балки бо одамони нав дӯстии якумра пайдо кардааст.

^ сарх. 2 Баъзе номҳо иваз шудаанд.