Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Калимае, ки маънои чуқур дошт!

Калимае, ки маънои чуқур дошт!

«ЗАН». Ин калимаро Исо баъзан барои муроҷиат кардан ба занон истифода мебурд. Масалан, Исо ба зане ки 18 сол боз кӯзапушт буд, чунин гуфт: «Эй зан, аз бемории худ озод гаштӣ» (Луқ. 13:10–13). Исо ҳатто ин калимаро нисбати модари худ истифода мебурд ва дар он замон зан гуфта муроҷиат кардан нишонаи эҳтиром ва хушмуомилагӣ буд (Юҳ. 19:26; 20:13). Ғайр аз ин боз калимаи дигаре буд, ки хушмуомилагиро бештар нишон медод.

Дар Китоби Муқаддас ҳангоми муроҷиат ба занони муайян калимаи махсуси фораму хуб истифода шудааст. Исо ин калимаро дар вақти сӯҳбат бо зане ки 12 сол аз хунравӣ азоб мекашид, истифода бурд. Тарзи рафтори ин зан аз рӯи Қонуни Худо нораво буд, чунки ин амал одамро нопок месохт. Аз ин рӯ он зан бояд худро аз дигарон дур мекашид (Ибд. 15:19–27). Лекин ӯ барои сиҳат шудан ба ҳама кор тайёр буд, чунки «азоби бисёре аз табибони зиёд кашида ва ҳамаи дороии худро сарф карда, ҳеҷ фоидае надида буд, балки аҳволаш торафт бадтар мешуд» (Марқ. 5:25, 26).

Он зан оҳистакак аз байни мардум гузашта аз қафои Исо ба домани ӯ даст расонд. Худи ҳамон дам хунравии ӯ қатъ шуд. Зан гумон кард, ки ин кори вайро ҳеҷ кас пай набурд, вале Исо пурсид: «Кӣ ба ман даст расонд?» (Луқ. 8:45–47). Дар ҷавоб зан тарсону ларзон пеши пои Исо афтода «тамоми ҳақиқатро ба Ӯ гуфт» (Марқ. 5:33).

Барои он занро ором кардан Исо бо меҳрубонӣ гуфт: «Далер бош, эй духтар!» (Мат. 9:22). Ба гуфти олимони Китоби Муқаддас калимаи ибронӣ ва юнонии «духтар» ба маънои маҷозӣ истифода шуда чун изҳори «меҳрубонӣ ва мулоимӣ» мебошад. Исо барои бештар тасаллӣ додан ба он зан боз чунин гуфт: «Имонат туро шифо бахшид; ба саломатӣ бирав ва аз касалии худ дар амон бош» (Марқ. 5:34).

«Духтар». Ин калимаро Бӯази исроилӣ, ки бою бадавлат буд, ҳангоми муроҷиат ба Рути мӯобӣ истифода бурд. Рут барои худро нороҳат ҳис кардан асос дошт, зеро дар замини марди бегона хӯшачинӣ мекард. Бӯаз гуфт: «Бишнав, духтарам». Сипас ӯ Рутро барангехт, ки дар саҳроҳои ӯ хӯша чидан гирад. Рут дар пеши пойи Бӯаз афтода пурсид, ки чаро Бӯаз ба ӯ, ки мусофир аст, некӣ мекунад. Бӯаз ҷавоб дод: «Ҳар он чи ту пас аз вафоти шавҳарат барои модаршӯи худ [бевазани Ноомӣ] кардаӣ, ба ман ҳикоят карда шуд... Бигзор Худованд аъмоли туро подош диҳад» (Рут 2:8–12).

Исо ва Бӯаз барои пирони ҷамъомад намуна гузоштанд. Баъзан ду пири ҷамъомад бо хоҳаре, ки ба кӯмаки Китоби Муқаддас ва дилбардорӣ ниёз дорад, вохӯрда метавонанд. Вақте ки онҳо дар дуо роҳнамоии Яҳуваро меҷӯянду ба суханони хоҳар бодиққат гӯш медиҳанд, он гоҳ пирон ӯро ором карда аз Каломи Худо тасаллӣ дода метавонанд (Рум. 15:4).