Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Киро бояд ҳурмат кунем?

Киро бояд ҳурмат кунем?

«Нишинандаи тахт ва Барраро баракат ва шавкат ва ҷалол ва салтанат бод то абад» (ВАҲЙ 5:13).

СУРУДҲО: 10, 16

1. Мо одатан киҳоро ҳурмат мекунем ва дар ин мақола чиро дида мебароем?

ҲУРМАТ кардани касе маънои иззату эҳтиром кардани ӯро дорад. Одатан мо шахсонеро ҳурмат мекунем, ки бо рафторашон таваҷҷӯҳу мақоми махсусро ба даст овардаанд. Аз ин мақола мефаҳмем, ки мо киро бояд ҳурмат кунем ва чаро.

2, 3. а) Чаро хусусан Яҳува сазовори ҳурмат аст? (Ба расми аввали мақола нигаред.) б) Мувофиқи Ваҳй 5:13 «Барра» кист ва чаро ӯ сазовори ҳурмати мост?

2 Чи хеле ки дар Ваҳй 5:13 навишта шудааст «Нишинандаи тахт ва Барра» бешубҳа сазовори ҳурматанд. Мо аз боби 4-уми ин китоб яке аз сабабҳоеро фаҳмидем, ки чаро Яҳува сазовори эҳтиром аст. Офаридаҳои рӯҳонии Худо бо овози баланд «Ӯ ки то абад Зинда аст» гуфта, Яҳуваро ҳамду сано мехонанд. Онҳо бо як овоз мегӯянд: «Эй Худованд, Ту сазовори он ҳастӣ, ки ҷалол, шавкат ва қудрат биёбӣ, зеро ки Ту ҳама чизро офаридаӣ, ва ҳама чиз бар тибқи иродаи Ту вуҷуд дорад ва офарида шудааст» (Ваҳй 4:9–11).

3 «Барраи Худо, ки гуноҳи ҷаҳонро мебардорад», Исои Масеҳ мебошад (Юҳ. 1:29). Китоби Муқаддас мегӯяд, ки ӯ аз ҳама шоҳони пештара ва ҳозира болотарин аст. Он мефаҳмонад: «Подшоҳи подшоҳон ва Худованди худовандон... ки танҳо Ӯ Ҳайй лоямут буда, дар нури дастнорас сокин аст, ва Ӯро як нафар ҳам аз одамон надидааст ва дида наметавонад» (1 Тим. 6:14–16). Дар ҳақиқат ҳам кадом шоҳ барои гуноҳҳои мо шуда ихтиёран худро қурбон кардааст?! Ин моро бармеангезад, ки бо ҳазорҳо фариштагон ҳамовоз шавем: «Барраи забҳшуда сазовори он аст, ки қудрат, ва сарват, ва ҳикмат, ва қувват, ва шавкат, ва ҷалол, ва баракат биёбад» (Ваҳй 5:12).

4. Чаро ҳурмат кардани Яҳува ва Масеҳ ҳатмист?

4 Ҳурмат кардани Яҳува ва Масеҳ ҳатмист. Зеро ҳаёти ҷовидонӣ аз ҳурмат кардани онҳо вобаста аст. Суханони зерини Исо, ки дар Юҳанно 5:22, 23 оварда шудаанд, аниқу равшан инро нишон медиҳанд: «Падар бар ҳеҷ кас доварӣ намекунад, балки тамоми довариро ба Писар супурдааст, то ки ҳама Писарро эҳтиром кунанд, ончунон ки Падарро эҳтиром мекунанд. Касе ки Писарро эҳтиром накунад, Падарро, ки Фиристандаи Ӯст, эҳтиром накардааст». (Забур 2:11, 12-ро хонед.)

5. Чаро мо одамонро ҳурмат мекунем?

5 Одамон «ба сурати Худо» офарида шудаанд (Ҳас. 1:27). Барои ҳамин онҳо каму беш хислатҳои илоҳиро зоҳир мекунанд. Масалан, одамон метавонанд бо ҳамдигар меҳрубон, некӯ ва ҳамдард бошанд. Худо ба одамон ҳамчунин виҷдон дод, то ки онҳо бадро аз нек, раворо аз нораво ва дурустро аз нодуруст фарқ кунанд (Рум. 2:14, 15). Чизи тозаю хушрӯ ба бисёриҳо маъқул аст ва ҳама мехоҳанд, ки бо дигарон муносибати хуб дошта бошанд. Ин ҳайратовар нест, чунки Яҳува Худои тартибу низом ва сулҳ аст. Бешубҳа одамизод бо қобилияти ба Яҳува пайравӣ кардан, офарида шудааст. Барои ҳамин онҳо сазовори ҳурмату иззатанд (Заб. 8:6).

НАЗАРИ ДУРУСТ БА ҲУРМАТ

6, 7. Назари Шоҳидони Яҳува оиди ҳурмат аз одамони ҷаҳон бо чӣ фарқ мекунад?

6 Аз куҷо фаҳмем, ки одамонро чӣ хел ҳурмат кардан даркор? Ба бисёриҳо фикру ақидаи ҷаҳони Шайтон таъсир кардааст. Барои ҳамин аксарият одамони машҳурро аз будаш зиёд ҳурмат мекунанд, ки ин ба бутпарастӣ баробар аст. Онҳо роҳбарони дин ва сиёсат, варзишгарон, ситораҳои филмҳо ва дигар одамони номдорро болобардор мекунанд. Пиру ҷавон ба онҳо чун ба намунаи ибрат нигариста ба тарзи гуфтору рафтор ва либоспӯшиашон тақлид мекунанд.

7 Ходимони ҳақиқии Худо аз ин гуна рафтори нодуруст даргурезанд. Зеро ягона намуна барои пайравӣ Исои Масеҳ мебошад, чунки вай комил буд (1 Пет. 2:21). Агар мо дигаронро болобардор кунем, ин ба Худо маъқул намешавад. Мо набояд ҳақиқати зеринро фаромӯш кунем: «Ҳама гуноҳ карда, аз ҷалоли Худо маҳрум шудаанд» (Рум. 3:23). Бешубҳа, ҳеҷ кас сазовор нест, ки ӯро мисли Худо ҳурмат кунанд.

8, 9. а) Шоҳидони Яҳува ба ҳукуматдорон чӣ хел муносибат мекунанд? б) То кадом андоза мо бояд ба ҳукуматдорон итоат кунем?

8 Баъзе одамоне ҳастанд, ки мо бояд ҳурмату эҳтиром кунем. Масалан, дар бораи ҳукуматдорон ва коре ки онҳо барои шумо мекунанд, фикр кунед. Онҳо кӯшиш мекунанд, ки тинҷиву амонӣ бошад ва ба халқ ғамхорӣ менамоянд. Дар ҳақиқат кори онҳо ба ҷамъият манфиат меорад. Павлуси ҳавворӣ ба ҷамъомади асри як гуфт, ки ба ҳокимият чун ба «ҳокимиятҳои боло» муносибат кунанд. Ӯ ба онҳо чунин дастур дод: «Пас, ба ҳар кас он чиро, ки бар зиммаи шумо дайн аст, адо кунед: андозро — ба касе ки андоз меситонад... иззатро — ба касе ки шоистаи иззат аст» (Рум. 13:1, 7).

9 Мо чун Шоҳидони Яҳува ҳар кори аз дастамон меомадаро мекунем, то ҳурматамонро ба ҳукуматдорон нишон диҳем. Албатта ҳар як давлат қонуну қоидаи худашро дорад, барои ҳамин талаботи ҳукуматдорон дар ҳар давлат ҳар хел буда метавонад. Ба ҳар ҳол вақте ки ҳукуматдорон вазифаашонро иҷро мекунанд, мо ба онҳо итоат мекунем. Лекин агар онҳо аз мо талаб кунанд, ки муқобили Худо бароем, мо ба ин итоат намекунем. Дар ин маврид мо Яҳуваро гӯш мекунем, на инсонро. (1 Петрус 2:13–17-ро хонед.)

10. Чӣ тавр ходимони Яҳува дар гузашта ба ҳукуматдорон муносибат мекарданд?

10 Дар эҳтиром кардани ҳукуматдорон мо аз ходимони пешинаи Яҳува ибрат гирифта метавонем. Вақте императори Рум аз халқ талаб кард, ки аз бақайдгирии аҳолӣ гузаранд, Юсуф ва Марям ба ин қонун итоат карданд. Онҳо ба ҳомиладории Марям нигоҳ накарда, роҳи дуру дарозро тай карда ба Байт-Лаҳм рафтанд (Луқ. 2:1–5). Ҳамчунин вақте ки Павлусро дар ҷинояткорӣ айбдор намуданд, ӯ бо подшоҳ Ағрипос ва ҳокими румии Яҳудо — Фестус эҳтиромона гап зада худро ҳимоя кард (Аъм. 25:1–12; 26:1–3).

11, 12. а) Чаро мо ба роҳбарони дин ҳурмати махсус нишон намедиҳем? б) Ҳурмат кардани сиёсатмадоре чӣ натиҷа овард?

11 Вале дар мавриди роҳбарони дин чӣ гуфтан мумкин аст? Оё мо бояд ба онҳо ҳурмати махсус нишон диҳем? Мо роҳбарони динро мисли дигар одамон ҳурмат мекунем. Лекин нисбати онҳо ҳурмати махсус зоҳир кардан нодуруст мебуд. Чаро? Чунки дини дурӯғ дар бораи Худо ва Китоби Муқаддас ҳақиқатро таълим намедиҳад. Исо дар вақташ ин гуна роҳбарони динро дурӯя ва пешвоёни кӯр номид (Мат. 23:23, 24). Вале агар мо ҳукуматдоронро ҳурмат кунем, хато намекунем, чунки ин рафторамонро дида онҳо баъзан ба мо ёрдам карда метавонанд.

12 Масалан, Леополд Энглайтнер, ки аз Австрия мебошад, воизи боғайрат буд. Ӯро фашистон дастгир карда бо поезд ба лагери консентратсионии Бухенвалд фиристоданд. Дар поезд ҳамроҳи бародарамон сиёсатмадор Ҳайнрих Глайсснер буд, ки ӯро низ фашистон дастгир карда буданд. То ба лагер рафта расидан бародар Энглайтнер ба Глайсснер эътиқоди худро эҳтиромона фаҳмонд ва ӯ бодиққат гӯш кард. Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳон, Глайсснер аз вазифаи худ истифода бурда ба Шоҳидони Яҳува дар Австрия ёрдам кард. Шояд шумо боз дигар воқеаҳои хуберо медонед, ки он дар натиҷаи боэҳтиромона гап задани Шоҳидон бо ҳукуматдорон рӯй додааст.

БОЗ КИҲОРО БОЯД ҲУРМАТ КУНЕМ?

13. Кӣ хусусан сазовори ҳурмат аст ва чаро?

13 Албатта, ҳамимонони мо низ сазовори ҳурматанд, хусусан пирони ҷамъомад, нозирони ноҳиявӣ, аъзоёни Кумитаи филиал ва Ҳайати роҳбарикунанда. (1 Тимотиюс 5:17-ро хонед.) Ин бародарон дар бораи ниёзҳои халқи Худо ғамхорӣ мекунанд ва Китоби Муқаддас онҳоро ато аз тарафи Худо меномад (Эфс. 4:8). Барои ҳамин мо ин бародаронро новобаста аз миллат, маълумот, вазъи иҷтимоӣ ё бою камбағал буданашон ҳурмат мекунем. Ҷамъомади асри як ба мо дар ин кор намуна аст. Онҳо бародаронеро, ки роҳбариро ба ӯҳда мегирифтанд, хеле ҳурмат мекарданд ва мо низ ҳамин тавр мекунем. Мо ин бародаронро болобардор намекунем ва онҳоро фаришта намеҳисобем. Вале мо онҳоро барои меҳнати фидокорона ва фурӯтаниашон ҳурмат мекунем. (2 Қӯринтиён 1:24 ва Ваҳй 19:10-ро хонед.)

14, 15. Пирони ҷамъомад аз роҳбарони дин чӣ фарқ доранд?

14 Ин гуна пирони ҷамъомад ба чӯпонони фурӯтан монанданд. Онҳо намехоҳанд, ки дигарон онҳоро болобардор кунанд. Бо ин рафторашон пирон аз роҳбарони дин фарқ мекунанд, ки Исо дар бораашон чунин гуфта буд: «Дӯст медоранд, ки дар зиёфатҳо болонишин бошанд ва дар курсиҳои аввали куништҳо ҷойгир шаванд, ва дар кӯчаю бозорҳо мардум ба онҳо таъзим кунанд» (Мат. 23:6, 7).

15 Пирони ҷамъомад ба суханони зерини Исо фурӯтанона итоат мекунанд: «Шумо набояд устод хонда шавед, зеро ки устоди шумо якест, яъне Масеҳ аст ва ҳамаи шумо бародаронед; ва ҳеҷ касро бар замин падари худ нахонед, зеро ки Падари шумо якест, ки дар осмон аст; ва набояд роҳнамо хонда шавед, зеро ки Роҳнамои шумо якест, яъне Масеҳ аст. Бузургтарини шумо хизматгори шумо бошад: Зеро ҳар кӣ худро баланд кунад, паст гардад; ва ҳар кӣ худро фурӯтан созад, сарафроз гардад» (Мат. 23:8–12). Аз ин оятҳо фаҳмост, ки чаро бародарону хоҳарон пирони ҷамъомадро дар тамоми ҷаҳон нағз мебинанд ва иззату ҳурмат мекунанд.

Пирони фурӯтан сазовори ҳурмати моянд (Ба сархатҳои 13–15 нигаред.)

16. Чаро мо бояд барои дигаронро ҳурмат кардан саъю кӯшиш кунем?

16 Барои фаҳмидани он ки чӣ тавр дигаронро ҳурмат кардан даркор, вақт лозим аст. Масеҳиёни асри як низ бояд мефаҳмиданд, ки чӣ тавр ва киро ҳурмат кунанд (Аъм. 10:22–26; 3 Юҳ. 9, 10). Вале ин ба кӯшишу ғайрат меарзад. Вақте мо дигаронро тавре ҳурмат мекунем, ки Яҳува мехоҳад, баракатҳои бисёрро ба даст меорем.

ҲУРМАТ КАРДАНИ ДИГАРОН МАНФИАТ МЕОРАД

17. Ҳурмат кардани шахсони вазифадор чӣ манфиат оварда метавонад?

17 Вақте мо шахсони вазифадорро, масалан ҳокимиятдоронро ҳурмат мекунем, шояд онҳо ба мавъизаи мо монеъ нашаванд ва ҳуқуқҳои моро ҳимоя кунанд. Агар мо муаллимонро ҳурмат кунем, онҳо нисбати фаъолияти мо фикрашонро дигар карда метавонанд. Якчанд сол пеш, Биргит ном пешраве аз Олмон, ба мактаб ба занги охири духтараш рафт. Муаллимон ба Биргит гуфтанд, ки бо кӯдакони Шоҳидон кор кардан ҳаловатбахш буд, чунки ин кӯдакон ба мактаб манфиати калон меоранд. Биргит ба онҳо фаҳмонд: «Кӯдакони мо мувофиқи меъёрҳои Худо зиндагӣ карда муаллимонро ҳурмат мекунанд». Муаллимае гуфт: «Агар ҳама кӯдакон мисли кӯдакони шумо мебуданд, олам гулистон мешуд». Пас аз якчанд ҳафта яке аз муаллимон ба анҷумане, ки дар шаҳри Лейпсиг (Олмон) гузашт, ташриф овард.

18, 19. Дар мавриди ҳурмат кардани пирон мо бояд чиро фаромӯш накунем?

18 Принсипҳои Каломи Худо ба мо кӯмак мерасонанд, то фаҳмем, ки чӣ тавр пирони ҷамъомадро ҳурмат кардан даркор аст. (Ибриён 13:7, 17-ро хонед.) Албатта, мо онҳоро барои меҳнаташон бояд таъриф кунем ва кӯшиш кунем, ки ба дастуроташон итоат карда онҳоро дастгирӣ намоем. Ин рафтори мо ба онҳо ёрдам мекунад, ки ӯҳдадории худро бо хурсандӣ ба ҷо оранд. Лекин мо набояд ба гуфтору рафтор ва тарзи либоспӯшии ягон пири ҷамъомад тақлид кунем. Агар мо ин тавр кунем, ба назар чунин намуданаш мумкин аст, ки мо одамро пайравӣ мекунем, на Исои Масеҳро. Набояд фаромӯш кард, ки пири ҷамъомад ҳам одами нокомил аст.

19 Мо ба пирони ҷамъомад набояд чун ба одамони машҳур муносибат кунем. Бо ин мо ба онҳо кӯмак мекунем, ки ҳавобаланду мағрур нашаванд.

20. Чӣ тавр ҳурмат кардани дигарон ба мо манфиат меорад?

20 Ҳурмат кардани дигарон ба мо кӯмак мекунад, ки худпарасту ҳавобаланд нашавем. Ҳамчунин он ба мо ёрдам мекунад, ки бо ташкилоти Яҳува дар ягонагӣ бошем, зеро ташкилот ҳамимонон ва одамони ҷаҳонро болобардор намекунад. Илова бар ин болобардор накардани дигарон барои мо ҳимоя аст, чунки мо аз пушти кори нодурусти онҳое ки ҳурмат мекунем, рӯҳафтода намешавем.

21. Ҳурмат кардани дигарон пеш аз ҳама чӣ манфиат дорад?

21 Аз ҳама манфиати асосӣ он аст, ки бо ҳурмат кардани дигарон мо дили Яҳуваро хурсанд мекунем ва мувофиқи хости Ӯ зиндагӣ карда беайбиамонро нигоҳ медорем. Ин ба Яҳува ёрдам мекунад, ки ба бадгӯии Шайтон ҷавоб диҳад (Мас. 27:11). Одамони ҷаҳон дар бораи ҳурмат кардани дигарон тасаввуроти нодуруст доранд. Лекин мо аз Яҳува хеле миннатдорем, ки нисбати ҳурмат назари дуруст дорем.