Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

Ҳизқиёл бо омодагӣ супоришашро иҷро намуд ва забт кардани Ерусалимро нишон дод

Мисли пайғамбарон фидокор бошед

Мисли пайғамбарон фидокор бошед

ОЁ ШУМОРО пайғамбар номидан мумкин аст? Дар нашри нави «Тарҷумаи дунёи нав» (англ.), дар «Луғати калимаву ибораҳои Китоби Муқаддас» калимаи «пайғамбар» чунин маънидод мешавад: «Касе ки ба воситаи ӯ ниятҳои Худо ошкор мешаванд. Пайғамбарон пайғоми Худоро мебурданд ва на танҳо пешгӯиҳо, балки таълимот, фармонҳо ва довариҳои Ӯро эълон мекарданд». Ҳарчанд шумо ояндаро пешгӯӣ намекунед, шумо низ пайғоми Худоро, ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст, ба одамон мерасонед (Мат. 24:14).

Мо дар бораи Худои худ, Яҳува, ва ниятҳои Ӯ ба одамон нақл мекунем. Ин бароямон шарафи бузург аст. Мо бо фариштае ки «дар миёнаи осмон парвоз мекунад», ҳамкорӣ менамоем (Ваҳй 14:6). Лекин аз сабаби баъзе душвориҳо мо метавонем қадр кардани ин имконияти беҳамторо бас кунем. Чӣ гуна душвориҳо? Шояд мо хаста ё рӯҳафтода шавем ва ё худро беқадру ночиз ҳис кунем. Пайғамбарони пеш низ чунин ҳиссиёт доштанд. Лекин онҳо ба душвориҳои зиёд нигоҳ накарда ноумед нашуданд ва Яҳува ба онҳо кӯмак расонд, ки аз ӯҳдаи вазифаашон бароянд. Биёед якчанд намунаро дида бароем ва бинем, ки чӣ тавр мо ба онҳо пайравӣ карда метавонем.

ОНҲО БОҒАЙРАТ БУДАНД

Баъзан аз корҳои рӯзгор мо монда мешавем ва ҳис мекунем, ки дигар мавъиза карда наметавонем. Албатта, ба ҳар яки мо истироҳат даркор аст. Ҳатто ба Исо ва ҳаввориёнаш дам гирифтан лозим буд (Марқ. 6:31). Лекин мо аз намунаи Ҳизқиёл чизи муҳимеро омӯхта метавонем. Ӯ дар байни исроилиёне буд, ки аз Ерусалим ба асирии Бобил бурда шуда буданд. Боре Худо ба Ҳизқиёл гуфт, ки хиштеро гирифта, дар болояш нақши Ерусалимро кашад. Баъд ӯ бояд барои нишон додани муҳосираи Ерусалим 390 рӯз ба паҳлӯи чапаш хоб мерафт, 40 рӯзи дигар бошад, ба паҳлӯи росташ. Яҳува ба Ҳизқиёл гуфт: «Инак Ман бар ту танобҳо ниҳодаам, ва ту то даме ки рӯзҳои муҳосираи худро ба анҷом нарасонӣ, аз як паҳлуи худ ба паҳлуи дигарат нахоҳӣ гашт» (Ҳиз. 4:1–8). Рафтори Ҳизқиёл бояд диққати исроилиёни асирро ҷалб мекард. Ӯ бояд дар муддати як сол супоришеро иҷро менамуд, ки шахсро хаставу дилгир мекунад. Чӣ ба ӯ кӯмак расонд, ки аз ӯҳдаи супоришаш барояд?

Ҳизқиёл медонист, ки чаро Худо ӯро пайғамбар таъин кардааст. Яҳува ба ӯ пеш аз фиристоданаш чунин гуфт: «Онҳо хоҳ бишнаванд ва хоҳ аз шунидан рӯй тобанд... хоҳанд донист, ки набие дар миёни онҳо буд» (Ҳиз. 2:5). Ӯ мақсади супориши худро дар хотир нигоҳ медошт. Барои ҳамин ӯ бо омодагӣ онро иҷро кард. Ҳизқиёл нишон дод, ки пайғамбари ҳақиқист. Чанде пас ба гӯши ӯ ва дигар асирони исроилӣ хабар расид: «Шаҳр мусаххар [забт] шуд». Он гоҳ исроилиён дарк намуданд, ки дар миёни онҳо пайғамбаре буд (Ҳиз. 33:21, 33).

Имрӯз мо одамонро огоҳ мекунем, ки нестшавии дунёи Шайтон наздик аст. Баъзан шояд мо хаста мешавем, лекин қувватамонро барои мавъизаи Каломи Худо, боздид ва гузаронидани омӯзишҳо сарф мекунем. Иҷрошавии пешгӯиҳои охирзамонро дида мо хурсанд мешавем, зеро дарк мекунем, ки ба воситаи мо «ниятҳои Худо ошкор мешаванд».

ОНҲО БО РӮҲАФТОДАГӢ МУБОРИЗА МЕБУРДАНД

Мо бо кӯмаки рӯҳи Яҳува боғайратона хизмат мекунем, лекин баъзан аз сабаби он ки одамон хабарамонро гӯш намекунанд, рӯҳафтода мешавем. Мо бояд ҳамеша намунаи Ирмиёро дар хотир дорем. Ӯ ба исроилиён хабари Худоро эълон мекард, барои ҳамин ӯро мазоҳу масхара мекарданд. Рӯзе Ирмиё аз чунин муносибат безор шуда гуфт: «Дигар Ӯро [Худовандро] зикр нахоҳам кард, ва дигар ба исми Ӯ сухан нахоҳам ронд». Мебинем, ки Ирмиё мисли мо баъзан зиқу рӯҳафтода мешуд. Лекин ӯ эълон кардани хабари Худоро бас накард. Барои чӣ? Ирмиё мегӯяд: «Вале он [хабар] дар дили ман мисли оташи фурӯзон буд, ки дар устухонҳоям ҷойгир шудааст, ва ман онро боздошта, хаста гардидаам» (Ирм. 20:7–9).

Агар мо низ аз муносибати одамон ба хушхабар хаставу ғамгин шавем, чӣ ба мо кӯмак мерасонад? Агар мо дар бораи хабаре ки ба одамон мерасонем, фикр кунем, ин ба мо кӯмак мерасонад, то бо рӯҳафтодагӣ мубориза мебарем. Он гоҳ хабари хуш мисли «оташи фурӯзон» дар устухонҳоямон ҷойгир мешавад. Агар ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонем, мо ин оташро фурӯзон нигоҳ медорем.

ОНҲО БАР ТАШВИШУ ХАВОТИРӢ ҒОЛИБ ОМАДАНД

Баъзан масеҳиён ҳангоми гирифтани ягон супориш ба ташвиш меафтанд, чунки чӣ гуна иҷро кардани онро намефаҳманд. Бо пайғамбар Ҳушаъ низ чунин рӯй дода буд. Яҳува ба ӯ амр дод: «Бирав, зани зинокор ва фарзандони зиноро барои худ бигир» (Ҳуш. 1:2). Тасаввур кунед, ки шумо оиладор шудан мехоҳед, лекин Яҳува мегӯяд, ки фоҳишаеро ба занӣ гиред. Пайғамбар ин супоришро иҷро кард. Ҳушаъ Ҷумарро ба занӣ гирифт ва аз ӯ писардор шуд. Баъдтар занаш духтар ва боз як писар таваллуд кард. Аз афташ, ин ду фарзандаш аз зино ба дунё омада буданд. Яҳува ба пайғамбар гуфт, ки занаш аз «паи хушдорони худ» меравад. Аҳамият диҳед, ки дар ин ҷо на «хушдор», балки «хушдорон» гуфта шудааст. Баъд зани Ҳушаъ бояд ба назди ӯ бармегашт. Агар шумо ба ҷои пайғамбар мебудед, чунин занро гашта қабул мекардед? Маҳз ҳаминро Яҳува аз Ҳушаъ талаб кард! Ва аҷоибаш ин ки ӯ занашро бо нархи гарон бозхарид (Ҳуш. 2:7; 3:1–5).

Шояд Ҳушаъ аз худ мепурсид: «Иҷрои ин супориш ба кӣ даркор аст?» Ба ҳар ҳол ӯ ба Яҳува гӯш дод. Ин чӣ фоида овард? Ба туфайли саргузашти Ҳушаъ мо мефаҳмем, ки ҳангоми хиёнати халқи Исроил Яҳува чӣ ҳис кард. Ҳамчунин он ба баъзе исроилиёни самимӣ кӯмак расонд, ки ба сӯи Яҳува баргарданд.

Имрӯз Яҳува ба ҳеҷ кас намегӯяд, ки «зани зинокор... барои худ» бигирад. Лекин ба ҳар ҳол метавонем аз намунаи Ҳушаъ дарс гирем. Як дарс ин ки ба душвориҳо нигоҳ накарда мо бояд барои дар кӯча ва «хона ба хона» паҳн кардани хушхабар ҳамеша тайёр бошем (Аъм. 20:20). Шояд ягон намуди хизмати мавъиза бароятон душвор бошад. Касони зиёде ки бо Шоҳидони Яҳува омӯзиш мекарданд ва ин ба онҳо маъқул буд, гуфта буданд, ки ҳеҷ гоҳ хона ба хона гашта мавъиза намекунанд. Лекин бисёре аз онҳо баъди чанд вақт мавъиза карданро сар карданд. Мо аз ин чӣ дарс мегирем?

Аз он ки Ҳушаъ супориши душворро қабул кард, мо як дарси дигар меомӯзем. Барои рад кардани ин супориш ӯ сабабҳои зиёде дошт. Илова бар ин, агар ӯ ин корро намекард, ҳеҷ кас дар ин бора намефаҳмид. Мо низ бо чунин вазъият рӯ ба рӯ шуда метавонем. Шояд мо имконият пайдо кунем, ки дар бораи Яҳува ба ягон кас нақл кунем. Лекин мумкин агар мо ин имкониятро истифода набарем, ҳеҷ кас намефаҳмад. Бо Анна ном хоҳар аз ИМА, ки дар синфҳои болоӣ мехонд, чунин рӯй дода буд. Муаллимаи Анна аз ӯ ва ҳамсинфонаш хоҳиш карда буд, ки дар мавзӯи озод иншо нависанд. Албатта, Анна метавонист аз ин имконияти шаҳодат додан истифода набарад. Лекин ӯ фикр кард, ки ин имкониятро Худо ба ӯ додааст. Анна хавотир буд, ки ҳамсинфон ва муаллимааш чӣ тавр ба баромадаш муносибат мекарда бошанд. Барои ҳамин ӯ ба Яҳува бисёр дуо гуфт. Дар натиҷа хоҳиши ӯ зиёд шуд ва Анна аз имконият истифода бурд. Ӯ мавзӯи зеринро интихоб кард: «Эволютсия: ба далелҳо назар кунед».

Ҷавонон ба намунаи пайғамбарони фидокор пайравӣ намуда исбот мекунанд, ки Яҳува Офаридгори мост

Як ҳамсинфи Анна ба эволютсия боварии сахт дошт. Вақте Анна дар пеши синф баромад мекард, он духтарак ӯро саволборон кардан гирифт. Хоҳарамон тавонист имони худро ҳимоя кунад. Баромади вай ба муаллимааш чунон маъқул шуд, ки барои иншояш ба ӯ мукофот доданд. Аз он вақт инҷониб Анна ҳамроҳи он духтараке ки ба эволютсия бовар дошт, борҳои зиёд сӯҳбат кард. Хоҳарамон супоришеро ки Худо ба ӯ дод, рад накард ва аз ин фоида гирифт. Ӯ мегӯяд: «Ман ҳозир хушхабарро бо боварӣ ва нотарсона мавъиза мекунам».

Албатта, мо ба маънои пурра пайғамбар нестем. Лекин, агар ба пайғамбарони фидокор ба монанди Ҳизқиёл, Ирмиё ва Ҳушаъ пайравӣ кунем, мо низ метавонем ба Яҳува бомуваффақият хизмат кунем. Мо метавонем ҳангоми ибодати оилавӣ ё омӯзиши шахсӣ дар бораи дигар пайғамбарони замони қадим омӯзем ва дар бораи он андеша кунем, ки чӣ тавр аз онҳо ибрат гирифта метавонем.