Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

АЗ ХАЗИНАИ МО

«Ба онҳое, ки ин кор боварӣ карда шудааст»

«Ба онҳое, ки ин кор боварӣ карда шудааст»

РӮЗИ душанбе, якуми сентябри соли 1919 дар Сидар-Пойнти Оҳайё (ИМА) анҷуман баргузор гардид. Баъди рӯзҳои боду борон офтоб оқибат ба он ҷо меҳмон шуда буд ва ҳазор нафар ҳозирон дар аудиторияе ки дуву ним ҳазор одам ҷо мегирифт, ҷамъ омаданд. То бегоҳ бошад, боз ду ҳазор нафар бо киштӣ, мошин ва қатора омаданд. Рӯзи сешанбе чунон одами бисёр ҷамъ шуд, ки боқимондаро зери дарахтони зебои берун аз толор ҷо доданд.

Нурҳои офтоб аз гунбази пур аз барги бино гузашта, бар либоси ҳозирон меафтоду ба он нақшу нигор медод. Аз кӯли Эри насими фораме бархоста, кулоҳҳои пардори занонро оҳиста-оҳиста алвонҷ медод. Бародаре ки дар он ҷо ҳузур дошт, ба хотир меорад: «Мо ки аз ғавғои шаҳр дур будем, дар иҳотаи боғу бӯстони он ҷо худро дар биҳишти рӯи замин тасаввур мекардем».

Он ҷо дар ҳақиқат зебо буд. Лекин чизи дигаре аз он дилкашу зеботар буд. Ин ҳама рангу бори табиат дар назди табассуми гарму самимии ҳозирон тираву беранг менамуд. Дар як рӯзномаи маҳаллӣ гуфта шуда буд: «Он одамони диндор нисбати анҷуманашон эҳтироми зиёд доштанд ва хандонрӯву чеҳракушод буданд». Бале, хурсандии масеҳиён бесабаб набуд. Баъд аз замонаҳои талх барои онҳо оқибат айёми ширин фаро расид. Охир, онҳо ҳангоми ҷанг муқобилат, ҷудоӣ дар ҷамъомад ва дигар душвориҳоро аз сар гузаронида буданд. Бисёриҳоро барои кори Салтанат ба зиндон андохтанд. Ҳашт бародареро ки роҳбарии ташкилотро ба ӯҳда гирифта буданд, ба муддати 20 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Байт-Или Бруклинро маҳкам карданд *.

Дар он замонҳои душвор баъзе Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас рӯҳафтода шуда кори мавъизаро партофтанд. Аксарият бошад, ба муқобилати сахти ҳукуматдорон нигоҳ накарда устувор монданд. Ҳарчанд ҳукуматдорон бародару хоҳаронамонро огоҳиву таҳдиди бисёр мекарданд, ҳамаи онҳо мегуфтанд, ки «мавъиза кардани Каломи Худоро бас намекунанд».

Дар давоми ин вақт Тадқиқотчиёни боимону пуртоқат бо дуо роҳбарии Худоро интизор буданд. Акнун бошад, онҳо дар анҷумани Сидар-Пойнт ҷамъ омаданд. Як хоҳар кори мавъизаро ба аробае монанд кард, ки аз ҳаракат бозистодааст. Мисли бисёриҳо ӯ аз худ мепурсид: «Оё он аз нав ба ҳаракат медаромада бошад? Оё боз мисли пештара якҷоя мавъиза мекарда бошем?» Бисёриҳо бесаброна интизор буданд, ки зудтар корро сар кунанд!

«АТ» ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

Дар он анҷуман дар давоми ҳафта ҳозирон дар ҳама ҷо навиштаҷоти «GA» (АТ) медиданд: дар барномаи анҷуман, дар навиштаҷотҳое ки дар ҷойи баргузоршавии анҷуман овехта шуда буд ва дар варақаҳое ки дар хонаҳояшон буд. Меҳмонон дар фикри он буданд, ки ин навиштаҷот чӣ маъно дорад. Оқибат, рӯзи ҷумъа бародар Ҷозеф Рутерфорд бо нутқи «Муроҷиат ба ҳамкорон» баромад кард. Ӯ ин сирро ба ҳама ҳозирон, ки 6000 нафар буданд, кушод. Навиштаҷоти «АТ» ҳарфҳои аввали маҷаллаи нав — «Асри тиллоӣ» буд. Ин маҷалла барои хизмат пешбинӣ шуда буд *.

Бародар Рутерфорд дар бораи масеҳиёни тадҳиншуда чунин гуфт: «Дар замонаи душвор онҳо бо чашми имон фарорасии асри тиллоӣ, яъне даврони ҳукмронии Масеҳро медиданд... Онҳо омадани асри тиллоиро вазифаи асосии худ меҳисобанд ва медонанд, ки ин вазифаро Худо ба онҳо додааст».

Дар муқоваи «Асри тиллоӣ» чунин навишта шуда буд: «Маҷаллаи далел, умед ва боварӣ». Бо баромадани ин маҷалла тарзи нави мавъиза пайдо шуд. Воизон аз хона ба хона гашта ба одамон пешниҳод мекарданд, ки ба ин маҷалла обуна шаванд. Вақте дар анҷуман дар ин бора эълон карданд ва пурсиданд, ки кӣ мехоҳад дар ин кор иштирок кунад, ҳама нишастагон аз ҷой хестанд. Бародаре бо номи Ҷ.М. Моррис ба хотир меорад: «Бо завқу ғайрате ки танҳо ба пайравони Исо хос аст, онҳо суруданд: “Худоё, нуру ҳақиқати худро ато кун!” Аз сурудхонии мо дарахтон меларзиданд».

Баъди анҷуман хоҳишмандон барои обуна шудан қатор шуданд ва соатҳои дароз навбати худро интизор мешуданд. Хоҳаре бо номи Мабел Филбрик ба хотир меорад: «Мо хеле хурсанд будем, ки мо акнун аз сари нав якҷоя хизмат мекунем!»

«БА ОНҲОЕ, КИ ИН КОР БОВАРӢ КАРДА ШУДААСТ»

Қариб ҳафт ҳазор Тадқиқотчии Китоби Муқаддас барои кор тайёр буданд. Дар варақаи «Усули ташкилкунӣ» ва рисолаи «Ба онҳое, ки ин кор боварӣ карда шудааст» ҳамааш фаҳмонда шуда буд. Кори мавъизаро акнун Шӯъбаи хизматӣ дар идораи марказӣ бояд роҳбарӣ мекард. Дар ҳар як ҷамъомад бошад, Кумитаи хизматӣ ва мудир барои ба ӯҳда гирифтани роҳбарӣ бояд таъин мешуд. Ҷойи мавъиза бояд ба минтақаҳо тақсим мешуд ва ҳар як минтақа аз 150 то 200 хона бояд дар худ медошт. Ҳар як рӯзи сешанбе бояд вохӯрии хизматӣ гузаронда мешуд. Дар он бародарон аз хизмат воқеаҳо нақл мекарданд ва ҳисоботи хизматро пур мекарданд.

Бародаре бо номи Ҳерман Филбрик мегӯяд: «Ҳамин ки мо ба хонаҳоямон баргаштем, зуд бо обунакунӣ машғул шудем». Одамон воизонро хеле хуб гӯш мекарданд ва гӯё ҳар як сухани онҳоро ҷаббида мегирифтанд. Хоҳаре бо номи Бюле Кове мегӯяд: «Баъди чандин соли ҷанг, танҳо фикри асри тиллоӣ, яъне замони беҳтар одамонеро ки аз ғаму андӯҳ хаста шуда буданд, хурсанд мекард». Артур Клаус чунин менависад: «Мо барои обуна дархости бисёре гирифтем. Аз фаҳмидани он ки ин қадар одами бисёр обуна шудан мехоҳад, мо хеле хурсанд будем». Дар муддати танҳо ду моҳ пас аз нашри шумораи аввали «Асри тиллоӣ», қариб ним миллион нусха паҳн гардид ва 50 000 нафар обуна шуд.

Ба гуфти бародар А.Ҳ. Макмиллан мақолаи «Инҷили Малакут», ки дар «Бурҷи дидбонӣ» аз 1 июли соли 1920 чоп гардид, «якумин бор буд, ки ташкилот бародару хоҳарони тамоми дунёро барангехт, то хушхабари Салтанатро мавъиза кунанд». Ин мақола ҳама масеҳиёни тадҳиншударо ташвиқ кард, ки «ба тамоми ҷаҳон шаҳодат диҳанд, ки салтанати осмон наздик аст». Имрӯз бародарони Масеҳ, ки ба онҳо «ин кор боварӣ карда шудааст», ҳамроҳи миллионҳо воизони боғайрат хушхабарро мавъиза карда, интизори асри тиллоӣ, яъне замони ҳукумати Масеҳ ҳастанд.

^ сарх. 5 Нигаред ба «Шоҳидони Яҳува — воизони Салтанати Худо» (рус.), боби 6, «Замони озмоишҳо (1914–1918)»).

^ сарх. 9 Соли 1937 ин маҷалла «Тасаллӣ» ном гирифт. Аз соли 1946 бошад, «Бедор шавед!» ном дорад.