БУРҶИ ДИДБОНӢ (НАШРИ ОМӮЗИШӢ) Феврал 2020

Дар ин шумора мақолаҳои омӯзишӣ аз 6-уми апрел то 3-юми майи соли 2020 оварда шудаанд.

Падарамон Яҳува моро бениҳоят дӯст медорад

Мо боварӣ дошта метавонем, ки Падари осмониамон моро дӯст медорад, дар ҳаққи мо ҳаматарафа ғамхорӣ мекунад ва ҳеҷ вақт моро намепартояд.

Мо Падарамон Яҳуваро беҳад дӯст медорем

Фикр кунед, ки бо кадом роҳҳо муҳаббати худро ба Падари меҳрубонамон Яҳува нишон дода метавонед.

Бар ҳасад ғолиб омада ба сулҳ бикӯшед

Шояд баъзан мо ба дигарон ҳасад барем. Дар ин мақола дида мебароем, ки бо кадом роҳҳо бо ин хислати бад мубориза барем ва бо дигарон сулҳро нигоҳ дорем.

Гузоред, ки Яҳува ба шумо оромӣ бахшад

Ҳанно, Павлуси расул ва шоҳ Довуд бо ғаму ташвиш мубориза мебурданд. Яҳува ҳар яки онҳоро тасаллӣ дода оромӣ бахшид. Мо аз ин чӣ меомӯзем?

ТАРҶУМАИ ҲОЛ

Аз намунаи дигарон ибрат гирифта ман баракатҳои бисёрро соҳиб шудам

Леонс Краполт нақл мекунад, ки чӣ хел намунаҳои хуби баъзе бародару хоҳарон ба ӯ кӯмак намуд, ки тарсашро бартараф карда дар давоми 58 соли хизмати пурравақташ аз баракатҳои Яҳува хурсандӣ гирад.

Оё шумо медонед?

Чӣ тавр бостоншиносон исбот намуданд, ки Балшасар ҳақиқатан подшоҳи Бобул буд?