Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 27

Аз ҳоло ба таъқибот тайёр шавед

Аз ҳоло ба таъқибот тайёр шавед

«Ҳамаи онҳое, ки мехоҳанд чун пайрави Масеҳ бо худотарсӣ умр ба сар баранд, ба таъқибот дучор мешаванд» (2 ТИМ. 3:12).

СУРУДИ 154 Мо истодагӣ хоҳем кард

ПЕШГУФТОР *

1. Барои чӣ ба таъқибот тайёр будан лозим аст?

ҲАЗРАТИ ИСО медонист, ки одамон аз пайравони ӯ нафрат хоҳанд кард. Барои ҳамин шаби пеш аз маргаш ӯ онҳоро аз ин огоҳ намуд (Юҳ. 17:14). Аз он вақт то ҳол масеҳиёни содиқ аз тарафи душманони ибодати ҳақиқӣ таъқиб карда мешаванд (2 Тим. 3:12). Бо наздик шудани охири ин тартибот мухолифати душманон боз ҳам бештар шуда метавонад (Мат. 24:9).

2, 3. а) Дар бораи тарс мо бояд чиро донем? б) Дар ин мақола мо ба кадом саволҳо ҷавоб меёбем?

2 Мо имрӯз бояд чӣ кор кунем, то ҳангоми рӯ ба рӯ шудан бо таъқибот ба он тоб оварда тавонем? Лозим нест, ки бисёр фикру хаёл карда тасаввур кунем, ки бо мо кадом воқеаҳои бад рӯй дода метавонанд. Агар дар ин бора бисёр фикр кардан гирем, дар диламон тарсу ваҳм зиёд мешавад ва таъқибот ҳоло сар нашуда мо шояд ба Яҳува хизмат карданро бас кунем (Мас. 12:25; 17:22). Душмани мо Иблис медонад, ки тарс яроқи пурзӯр аст, аз ин рӯ онро бар зидди мо истифода мебарад (1 Пет. 5:8, 9). Барои дар таъқибот истодагарӣ кардан мо чӣ тавр худро тайёр карда метавонем?

3 Барои ба таъқибот тайёр шудан хуб мебуд, ки ба чунин саволҳо ҷавоб ёбем: «Чӣ ба мо кӯмак мекунад, ки муносибатамонро бо Яҳува аллакай аз имрӯз мустаҳкам гардонем ва чаро ин муҳим аст? Чӣ кор кунем, то далерии бештар пайдо кунем? Барои тоб овардан ба нафрат ва мухолифати душманон чӣ ба мо кӯмак мекунад?» Биёед ҳоло ин саволҳоро як ба як дида бароем.

ЧӢ ТАВР МУНОСИБАТАМОНРО БО ЯҲУВА ҚАВИТАР ГАРДОНЕМ?

4. Мувофиқи Ибриён 13:5, 6 шумо аз чӣ дилпур буда метавонед ва чаро?

4 Дилпур бошед, ки Яҳува шуморо дӯст медорад ва ҳеҷ гоҳ намепартояд. (Ибриён 13:5, 6-ро хонед.) Чандин сол пеш дар «Бурҷи дидбонӣ» чунин фикр омада буд: «Шахсе ки Худоро нағз мешиносад, дар вақти таъқибот комилан ба Ӯ таваккал мекунад». То чӣ андоза ҳаққанд ин суханон! Барои он ки ба таъқибот истодагарӣ кунем, мо бояд Яҳуваро бо тамоми дил дӯст дорем, пурра ба Ӯ такя намоем ва ҳеҷ гоҳ ба муҳаббати Ӯ шубҳа накунем (Мат. 22:36–38; Яъқ. 5:11).

5. Чӣ ба шумо кӯмак мекунад, ки муҳаббати Яҳуваро ҳис кунед?

5 Ҳар рӯз Китоби Муқаддасро хонед, то ки ба Яҳува наздик шавед (Яъқ. 4:8). Ҳангоми хондан диққати худро ба хислатҳои зебои Яҳува равона кунед. Кӯшиш кунед, то дар сухан ва корҳои Яҳува муҳаббати Ӯро ҳис кунед (Хур. 34:6). Баъзеҳо боварӣ надоранд, ки Худо онҳоро дӯст медорад, чунки онҳо ҳеҷ гоҳ нисбати худ меҳр надидаанд. Агар шумо низ чунин ҳиссиёт дошта бошед, пас ҳар шаб дар як варақ нависед, ки ҳамон рӯз Худо бо кадом роҳҳо ба шумо меҳрубониву ғамхорӣ зоҳир кард (Заб. 77:38, 39; Рум. 8:32). Вақте шумо дар бораи воқеаҳои ҳаёти худ ва дар бораи мисолҳои Китоби Муқаддас мулоҳиза меронед, бисёр некиҳоеро, ки Яҳува барои шумо кардааст, пай мебаред. Чи қадаре ки шумо барои некиҳои Яҳува миннатдор бошед, ҳамон қадар муносибататон бо Ӯ наздиктар мешавад (Заб. 114:1, 2).

6. Мувофиқи Забур 93:17–19 дуоҳои самимӣ ба мо чӣ тавр кӯмак мекунанд?

6 Мунтазам дуо гӯед. Писарчаеро тасаввур кунед, ки дар зонуи падараш нишастааст. Дар бағали падараш ӯ худро орому осуда ҳис мекунад ва ҳама гапу кореро, ки он рӯз шуд, хоҳ ганда бошад, хоҳ нағз, як ба як ба ӯ нақл мекунад. Шумо ҳам метавонед ҳар рӯз ба Яҳува дар бораи ҳама чиз кушоду равшан гап занед. Он гоҳ муносибати шумо бо Ӯ мисли падару фарзанд наздик хоҳад шуд. (Забур 93:17–19-ро хонед.) Дар вақти дуо «дили худро мисли об рехта холӣ» кунед ва ба Падари меҳрубони худ гӯед, ки аз чӣ метарсед ва аз чӣ дар ташвишед (Нав. Ирм. 2:19). Дар натиҷа шумо «осоиштагии Худоро» ҳис мекунед, ки он аз ҳар фикр болотар аст (Флп. 4:6, 7). Чи қадаре ки самимона ба Яҳува дуо гӯед, ҳамон қадар худро ба Ӯ наздик ҳис хоҳед кард (Рум. 8:38, 39).

Сирри далерии ҳақиқӣ ин боварии қавӣ ба Яҳува ва Подшоҳии Ӯ мебошад

Бародар Стэнли Ҷоунз ба воқеӣ будани Подшоҳии Худо боварии комил дошт ва ҳамин чиз ба вай истодагарӣ мебахшид (Ба сархати 7 нигаред.)

7. Чаро шумо бояд боварии худро ба ваъдаҳои Худо қавӣ гардонед?

7 Дилпур бошед, ки мо баракатҳои Подшоҳии Худоро ҳатман мебинем (Ад. 23:19). Агар ба ин ваъдаҳо боварии шумо суст шуда бошад, Шайтону тарафдоронаш шуморо ба осонӣ ба доми тарсу ҳарос афтонда метавонанд (Мас. 24:10; Ибр. 2:15). Пас, чӣ тавр шумо имонатонро ба Подшоҳии Худо қавӣ карда метавонед? Вақт ҷудо карда оиди ин ваъдаҳои Худо чуқуртар омӯзед ва далелҳо ёбед, ки чаро ба иҷрошавии онҳо сад фоиз бовар кардан мумкин аст. Ин ба шумо кӯмак мекунад, ки ҳангоми таъқибот истодагарӣ кунед. Биёед мисоли бародар Стэнли Ҷоунзро, ки барои имонаш ҳафт сол дар ҳабс буд, дида бароем. Чӣ ба ӯ ёрдам дод, ки содиқона ба озмоиш тоб орад? Ӯ гуфт: «Дониш дар бораи Подшоҳии Худо ва баракатҳои он ба ман қувват мебахшид. Ман як зарра ҳам ба он чизҳо шубҳа надоштам. Барои ҳамин ҳеҷ кас маро маҷбур карда натавонист, ки аз Яҳува рӯй гардонам». Агар шумо ба ваъдаҳои Яҳува сахт боварӣ дошта бошед, тарсу ваҳм шуморо аз хизмати Ӯ боздошта наметавонад (Мас. 3:25, 26).

8. Чаро мо бояд муносибати худро нисбати вохӯриҳои ҷамъомад тафтиш кунем? Фаҳмонед.

8 Доимо ба вохӯриҳои ҷамъомад равед. Вохӯриҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ба Яҳува наздик шавем. Дар оянда ба таъқибот тоб оварда тавонистани мо аз он вобаста аст, ки мо имрӯз ба ҷамъомадҳо мунтазам меравем ё не (Ибр. 10:24, 25). Чаро ин тавр гуфтан мумкин аст? Агар имрӯз мо чизҳои майда-чуйдаро баҳона карда ба вохӯриҳои ҷамъомад наравем, пас дар оянда вақте бо ҳамимонон ҷамъ омадан хатарноктар мегардад, чӣ тавр рафтор мекунем? Агар ҳоло ба ҷамъомадҳо рафтан бароямон муҳим бошад, пас ҳангоми таъқибот низ мо намегузорем, ки душманон моро аз ибодати Яҳува боздоранд. Ана барои ҳамин аз ҳозир мо бояд ба ҷамъомадравӣ ҷиддӣ муносибат кунем. Он гоҳ ҳангоми зиддият ва манъ шудани ибодатамон низ мо ба Худо итоат хоҳем кард, на ба одамизод (Аъм. 5:29).

Аз ёд кардани оятҳо ва сурудҳои ташкилотамон барои истодагарӣ дар вақти таъқибот кӯмак мекунанд (Ба сархати 9 нигаред.) *

9. Як роҳи ба таъқибот тайёр шудан кадом аст?

9 Оятҳои дӯстоштаатонро аз ёд кунед (Мат. 13:52). Шояд шумо хотираи он қадар мустаҳкам надоред, вале Яҳува бо қувваи боиқтидораш — рӯҳи муқаддас дар вақти лозима он оятҳоро ба ёдатон оварда метавонад (Юҳ. 14:26). Аҳамият диҳед, ки як бародари мо, ки дар Германияи Шарқӣ дар камераи алоҳида ҳабс шуда буд, чӣ гуфт: «Хайрият, ки аз ин пеш ман садҳо оятро аз ёд карда будам. Дар он рӯзҳои танҳоӣ ман онҳоро ба ёд оварда дар бораи мавзӯъҳои гуногуни Китоби Муқаддас мулоҳиза мерондам». Он оятҳо ба бародари мо кӯмак карданд, ки муносибаташро бо Яҳува наздик нигоҳ дорад ва содиқона истодагарӣ кунад.

(Ба сархати 10 нигаред.) *

10. Аз ёд кардани сурудҳои ташкилот ба мо чӣ манфиат меорад?

10 Сурудҳоямонро аз ёд кунед ва онҳоро сароед. Вақте Павлус ва Сило дар шаҳри Филиппӣ дар ҳабс менишастанд, он сурудҳоеро, ки дар васфи Яҳува медонистанд, сароиданд (Аъм. 16:25). Ба ин монанд, бародару хоҳароне, ки дар собиқ Иттифоқи Шӯравӣ ба Сибир бадарға шуда буданд, аз хондани сурудҳо қувват мегирифтанд. Хоҳар Мария Федун ба хотир меорад: «Мо сурудҳоеро, ки аз китоби сурудҳоямон медонистем, замзама мекардем». Ӯ гуфт, ки он сурудҳоро сароида ҳамаи онҳо рӯҳбаланд мешуданд ва худро ба Яҳува наздик ҳис мекарданд. Магар ба шумо сароидани суруду таронаҳои дӯстдоштаатон аз китоби сурудҳо ё аз сайтамон қувват намебахшад? Пас, хуб мебуд, ки аз ҳозир онҳоро аз ёд кунед. (Ба чорчӯбаи  «Ҷасорат бидеҳ» нигаред.)

ЧӢ ТАВР ДАЛЕРИИ БЕШТАР ПАЙДО КУНЕМ?

11, 12. а) Мувофиқи 1 Подшоҳон 17:37, 45–47 сирри далерии Довуд дар чӣ буд? б) Мо аз мисоли Довуд чӣ дарси муҳим мегирем?

11 Ҳангоми бо таъқибот дучор шудан ба мо далерӣ лозим аст. Агар ҳис кунед, ки ин хислат ба шумо намерасад, чӣ кор карда метавонед? Дар ёд доред, ки далерӣ аз қаду қомат, тануманд будан ё қобилиятҳои шахс вобастагӣ надорад. Ба хотир оред, ки чӣ тавр Довуди ҷавон бар зидди Ҷолёт ба ҷанг баромад. Дар пеши он ҷанговари калонҷусса Довуд хеле хурд ва қувваташ кам буд. Ҷолёт аслиҳаи хуби ҷангӣ дошт, Довуд бошад, ҳатто шамшер ҳам надошт. Лекин ӯ нотарсу далер буд. Ӯ мардонавор бар муқобили азимҷуссаи ҳавобаланд баромад, то ки бо вай ҷанг кунад.

12 Чаро Довуд ин қадар далер буд? Чунки вай бо тамоми дил боварӣ дошт, ки Яҳува бо ӯст. (1 Подшоҳон 17:37, 45–47-ро хонед.) Довуд диққаташро на ба калону бақувват будани Ҷолёт, балки ба бузургии Яҳува равона кард. Ӯ дарк мекард, ки дар пеши Яҳува Ҷолёт мисли як мӯрча аст. Мо аз ин чӣ меомӯзем? Вақте мо дарк мекунем, ки Яҳува бо мост ва бадхоҳон дар пеши Худои Қодир гӯё мисли мӯрчаанд, ин ба мо далерӣ мебахшад (2 Вақ. 20:15; Заб. 15:8). Чӣ тавр мо аз ҳозир — ҳоло ки таъқибот сар нашудааст, далерии бештар пайдо карда метавонем?

13. Чӣ тавр мо далерии худро зиёд карда метавонем? Фаҳмонед.

13 Ба дигарон хушхабари Подшоҳиро расонидан далерии моро зиёд карда метавонад. Чаро? Чунки мавъиза кардан ба мо ёд медиҳад, ки ба Яҳува такя кунем ва аз одамон натарсем (Мас. 29:25). Чи хеле ки машқи ҷисмонӣ мушакҳои моро бақувват мекунад, мавъизаи хона ба хона, дар ҷойҳои серодам, маҳалли корӣ ва ғайрирасмӣ шаҳодат додан низ далерии моро зиёд карда метавонад. Агар мо аз ҳозир далерона мавъиза карданро ёд гирем, фардо ҳангоми манъ шудани фаъолиятамон мо хизматро бас нахоҳем кард (1 Тас. 2:1, 2).

Нанси Юэн ба амри ҳокимиятдорон нигоҳ накарда мавъизаи хушхабарро давом медод (Ба сархати 14 нигаред.)

14, 15. Мо аз хоҳарон Нанси Юэн ва Валентина Гарновская чӣ меомӯзем?

14 Аз мисоли ду хоҳари содиқ, ки далерии беҳамто нишон дода буданд, мо бисёр чизҳоро омӯхта метавонем. Яке аз онҳо Нанси Юэн мебошад. Ӯ зани қоматбаланд набошад ҳам (қади ӯ 1,5 м буд), ӯ аз одамон тарс надошт *. Вай ба амри ҳокимиятдорони Хитой нигоҳ накарда хушхабарро дар бораи Подшоҳии Худо беист мавъиза мекард. Дар натиҷа онҳо ӯро ба муддати зиёда аз 20 сол ҳабс намуданд. Кормандони полис Нансиро пурсуков намуда ӯро «шахси аз ҳама якрав»-и мамлакат номиданд.

Валентина Гарновская дилпур буд, ки Яҳува ҳамроҳи ӯст (Ба сархати 15 нигаред.)

15 Хоҳар Валентина Гарновская низ дар собиқ Иттифоқи Шӯравӣ се маротиба ҳабс шуд. Ӯро ҳамагӣ 21 сол аз озодӣ маҳрум намуданд *. Барои чӣ? Чунки ӯ бо иродаи хеле қавӣ хушхабарро паҳн мекард. Бинобар ин кормандони полис ба ӯ «ҷинояткори хеле хатарнок» ном доданд. Ба ин ду хоҳари содиқ чӣ кӯмак кард, ки ин қадар далер бошанд? Онҳо дилпур буданд, ки Яҳува доимо ҳамроҳашон аст.

16. Сирри далерии ҳақиқӣ кадом аст?

16 Чуноне ки дида баромадем, барои далерии бештар пайдо кардан, мо набояд ба қувват ва қобилиятҳои худ такя кунем. Ба ҷойи ин, мо бояд боварӣ дошта бошем, ки Яҳува бо мо аст ва барои мо ҷанг мекунад (Такр. Ш. 1:29, 30; Зак. 4:6). Сирри далерии ҳақиқӣ ана дар ҳамин мебошад.

ЧӢ ТАВР БА НАФРАТИ ОДАМОН ТОБ ОРЕМ?

17, 18. Чуноне, ки дар Юҳанно 15:18–21 омадааст, Исо моро аз чӣ огоҳ кард? Фаҳмонед.

17 Агар одамон моро ҳурмат кунанд, мо хурсанд мешавем, вале набояд фикр кунем, ки агар моро нағз набинанд, мо беқадр ҳастем. Исо чунин гуфт: «Хушбахтед шумо, вақте одамон ба хотири Писари одам аз шумо нафрат мекунанд, аз байни худ меронанд, паст мезананд ва номи шуморо ба бадӣ мебароранд» (Луқ. 6:22). Ӯ чиро дар назар дошт?

18 Исо гуфтанӣ набуд, ки вақте дигарон аз пайравони ӯ нафрат мекунанд, ин ба онҳо маъқул аст. Аниқтараш ӯ моро огоҳ карданӣ буд, ки дар оянда чӣ рӯй дода метавонад. Мо аз ин ҷаҳон нестем, балки мувофиқи таълимоти Исо зиндагӣ мекунем ва хабареро, ки ӯ мавъиза мекард, ба одамон мерасонем. Аз ин рӯ ҷаҳон аз мо нафрат дорад. (Юҳанно 15:18–21-ро хонед.) Мо мехоҳем ба Яҳува маъқул шавем, на ба одамон. Агар барои Худоро дӯст доштанамон онҳо аз мо нафрат кунанд, набояд аз ин рӯҳафтода шавем.

19. Чӣ тавр мо ба расулони Исо пайравӣ карда метавонем?

19 Одамон чизе ки дар ҳаққи шумо нагӯянд ё накунанд, аз Шоҳиди Яҳува буданатон асло шарм надоред (Мико 4:5). Ба ёд оред, ки баъди марги Исо расулон дар Ерусалим чӣ кор карданд. Мулоҳиза дар бораи намунаи онҳо ба мо кӯмак мекунад, ки бар одамтарсӣ ғолиб оем. Онҳо медонистанд, ки роҳбарони дини яҳудӣ то чӣ андоза аз онҳо нафрат доранд (Аъм. 5:17, 18, 27, 28). Вале ҳар рӯз онҳо ба маъбад мерафтанд ва шогирди Исо буданашонро пинҳон накарда рӯирост мавъиза мекарданд (Аъм. 5:42). Онҳо намегузоштанд, ки тарс пеши роҳашонро гирад. Мо низ бар одамтарсӣ ғолиб омада метавонем, агар дар пеши ҳама одамон — ҳамкорон, ҳамсинфон, ҳамсоягон Шоҳиди Яҳува буданамонро пинҳон накунем (Аъм. 4:29; Рум. 1:16).

20. Ҳарчанд дигарон аз расулони Исо нафрат доштанд, чаро онҳо хушбахт буданд?

20 Барои чӣ расулон хушбахт буданд? Онҳо медонистанд, ки аз кадом сабаб дигарон онҳоро бад мебинанд. Барои иҷро кардани иродаи Яҳува азоб кашиданро онҳо шараф меҳисобиданд (Луқ. 6:23; Аъм. 5:41). Петруси расул баъдтар чунин навишт: «Агар ба хотири росткориатон азобу уқубат кашед, шумо хушбахтед» (1 Пет. 2:19–21; 3:14). Вақте мо дарк менамоем, ки барои кардани кори дуруст дигарон аз мо нафрат мекунанд, мо ҳеҷ гоҳ ба тарс дода шуда хизмати Яҳуваро бас намекунем.

АЗ ҲОЗИР ТАЙЁР БУДАН БА МАНФИАТИ МОСТ

21, 22. а) Барои ба таъқибот тайёр будан шумо чӣ кор карданиед? б) Дар мақолаи навбатӣ мо чиро дида мебароем?

21 Мо намедонем, ки кай мавҷи таъқибот шиддат мегирад ё ҳатто фаъолияти мо манъ карда мешавад. Вале мо медонем, ки аз ҳозир бояд муносибати худро бо Яҳува мустаҳкам кунем, далерии бештар пайдо намоем ва ба нафрати дигарон тоб оварданро ёд гирем. Агар мо имрӯз худро тайёр кунем, дар оянда бо истодагарӣ хизмати Яҳуваро давом хоҳем дод.

22 Вале чӣ бояд кард агар фаъолияти мо манъ карда шавад? Дар мақолаи навбатӣ мо якчанд принсипҳои Китоби Муқаддасро муҳокима мекунем. Онҳо ба мо кӯмак мекунанд, ки ҳатто дар вақти манъ будани фаъолиятамон ба Яҳува хизмат карданро давом диҳем.

СУРУДИ 54 Мо бояд имон дошта бошем

^ сарх. 5 Мо намехостем, ки аз мо нафрат кунанд. Вале дер ё зуд ҳар яки мо бо таъқибот дучор хоҳем шуд. Муҳокимаи ин мақола ба мо кӯмак мекунад, ки далер бошем ва худро ба таъқибот тайёр кунем.

^ сарх. 14 Нигаред ба сайти JW Broadcasting® (бахши ИНТЕРВЬЮ И СЛУЧАИ ИЗ ЖИЗНИ > ВСПОМИНАЯ ПРОШЛОЕ > «Нанси Юэн. Имя Иеговы будет открыто»).

^ сарх. 15 Ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15 апрели с. 2009, саҳ. 3, 4 ва сарх. 10, 11 нигаред.

^ сарх. 66 ШАРҲИ РАСМ: Волидон дар ибодати оилавӣ бо фарзандонашон бозӣ карда истодаанд. Барои аз ёд кардани оятҳо онҳо ба якдигар варақеро нишон медиҳанд, ки дар як тарафаш номи оят, дар тарафи дигараш суханони он навишта шудааст.

^ сарх. 69 ШАРҲИ РАСМ: Оилае дар роҳ ҳангоми ба ҷамъомад рафтан ҳамакаса дар мошин суруд хонда истодаанд.