Гузаштан ба маводи асосӣ

Гузаштан ба мундариҷа

МАҚОЛАИ ОМӮЗИШИИ 14

Ҳамлае, ки аз тарафи шимол омад!

Ҳамлае, ки аз тарафи шимол омад!

«Халқи зӯровар ва бешуморе ба замини ман ҳуҷум карданд» (ЮИЛ 1:6).

СУРУДИ 43 Устувор, бедор ва қавӣ бошед!

ПЕШГУФТОР *

1. Бародар Рассел ва ҳамроҳонаш бо кадом тарз Китоби Муқаддасро таҳқиқ мекарданд ва чаро он тарзи хуб буд?

ЗИЁДА аз сад сол пеш бародар Чарлз Рассел ва ҳамроҳонаш, ки Каломи Худоро меомӯхтанд, бо ҳам ҷамъ омаданро сар карданд. Онҳо таҳқиқ карда фаҳмидан мехостанд, ки Китоби Муқаддас дар асл оиди Яҳува Худо, Исои Масеҳ, ҳолати мурдагон ва фидия чиро таълим медиҳад. Тарзи омӯзиши онҳо осон буд: касе аз байнашон саволеро мебардошт ва баъд онҳо ҳар як ояти бо он мавзӯъ алоқамандро бодиққат дида мебаромаданд. Дар охир онҳо фикрҳои ёфтаашонро менавиштанд. Бо ёрдами Яҳува он мардони самимӣ бисёр ҳақиқатҳои асосии Каломи Худоро ошкор намуданд, ки то имрӯз барои мо арзиши калон доранд.

2. Аз чӣ сабаб пешгӯйиҳоро баъзан нодуруст фаҳмидан мумкин аст?

2 Ҳарчанд он Тадқиқотчиёни Китоби Муқаддас таълимоти асосии Китоби Муқаддасро фаҳмиданд, чанде пас дарк карданд, ки ба пешгӯйиҳои он аниқ сарфаҳм рафтан кори на он қадар осон аст. Чаро? Як сабабаш ин ки мо пешгӯйиҳои Китоби Муқаддасро аксаран ҳангоми иҷрошавиашон ё баъди иҷро шуданашон хубтар мефаҳмем. Вале сабаби дигар низ ҳаст. Барои дуруст фаҳмидани ягон пешгӯйӣ мо бояд оятҳои пасу пеши онро дида бароем. Агар танҳо ба як ҷиҳати пешгӯйӣ диққат диҳему ҷонибҳои дигарашро ба назар нагирем, ба хулосаи нодуруст омадан мумкин аст. Аз афташ, дар мавриди пешгӯйии Юил чунин шуда буд. Барои ҳамин биёед бори дигар он пешгӯйиро муҳокима кунем ва бубинем, ки чаро фаҳмиши ҳозираамон дигаргунӣ металабад.

3, 4. То ҳозир мо пешгӯйии Юил 2:7–9-ро чӣ тавр мефаҳмидем?

3 Юил 2:7–9-ро хонед. Юил-пайғамбар пешгӯйӣ кард, ки селаи малахҳо замини Исроилро хароб мекунанд. Ин селаи ҳашарот бо дандонҳои худ, ки чун дандонҳои шер тезанд, ҳама долу дарахтро аз як сар хӯрда нобуд месозад (Юил 1:4, 6). Солҳои зиёд мо фикр мекардем, ки малахҳо аз ин пешгӯйӣ рамзи халқи Яҳува аст, зеро он беист мавъиза мекунад. Мо ақида доштем, ки ин кор «ба замин», яъне ба одамоне, ки зери таъсири роҳбарони динанд, зарбаи харобиовар мерасонад *.

4 Агар мо танҳо оятҳои Юил 2:7–9-ро хонем, ба назар чунин метобад, ки фаҳмиши мо дуруст аст. Лекин, вақте бобҳои якуму дуюмро бодиққат дида мебароем, маълум мешавад, ки ин пешгӯйӣ маънои дигар дорад. Чаро? Биёед чор сабабро дида бароем.

ЧОР САБАБ БАРОИ ДИГАРГУНӢ

5, 6. а) Вақте Юил 2:20-ро мехонем, чӣ гуна савол ба миён меояд? б) Мулоҳиза оиди Юил 2:25 дар фаҳмидани чӣ ба мо кӯмак мекунад?

5 Якум, диққат диҳед, ки Яҳува оиди селаи малахон чӣ ваъда дод: «Онеро [малахҳоеро], ки аз шимол омадааст, аз шумо дур карда, ба замини хушк ва хароба хоҳам ронд» (Юил 2:20, ТДН). Агар ин ҷо малахҳо рамзи Шоҳидони Яҳува бошанд, пас, чаро Яҳува ваъда дод, ки онҳоро дур мекунад? Охир, онҳо ба амри Исо итоат карда кори мавъиза ва шогирдсозиро ба ҷо меоранд-ку! (Ҳиз. 33:7–9; Мат. 28:19, 20). Равшан аст, ки Яҳува на хизматгорони содиқаш, балки кас ё чизи дигарро, ки аз халқаш нафрат дорад, дур мекунад.

6 Барои фаҳмидани сабаби дуюм оиди суханони Юил 2:25 фикр кунед. Он ҷо Яҳува мегӯяд: «[Ман] барои солҳое ки малах,.. яъне ӯрдуи азими Ман, ки бар шумо фиристода будам, хӯрдааст, ба шумо подош хоҳам дод». Ин ҷо Яҳува ваъда медиҳад, ки барои зараре, ки малахҳо расондаанд, «подош», яъне ҷуброн, медиҳад. Агар малахҳо воизони хушхабарро тасвир мекарданд, ин маънои онро медошт, ки хабаре, ки онҳо эълон мекунанд, зарар мерасонад. Аммо дар асл он хабари наҷотбахш аст, ки ҳаёти одамонро беҳтар мекунад ва баъзе бадкорон онро шунида одами хуб мешаванд (Ҳиз. 33:8, 19). Бале, ин хабар ба одамон баракат меорад!

7. Дар Юил 2:28, 29 ибораи «баъд аз он» дар фаҳмидани чӣ ба мо кӯмак мекунад?

7 Юил 2:28, 29-ро хонед. Сабаби сеюм бо тартиби рӯй додани воқеаҳои пешгӯйишуда алоқаманд аст. Аҳамият диҳед, ки Яҳува чӣ мегӯяд: «Баъд аз он чунин воқеъ хоҳад шуд, ки Ман Рӯҳи Худро... хоҳам рехт», яъне баъд аз он ки малахҳо кори худро ба охир мерасонанд. Агар малахҳо воизони Подшоҳии Худо бошанд, чаро Яҳува ба онҳо рӯҳашро баъди тамом кардани кори шаҳодатдиҳӣ мерезад? Дар асл бе ёрдами рӯҳи пуриқтидори Худо Шоҳидон ҳаргиз наметавонистанд солҳои зиёд ба мухолифату манъ шудани фаъолияташон нигоҳ накарда кори мавъизаро давом диҳанд.

Бародар Рутерфорд ва дигар бародарони тадҳиншуда, ки роҳбариро бар ӯҳда доштанд, довариҳои Худоро бар дунёи шарир далерона эълон мекарданд (Ба сархати 8 нигаред.)

8. Малахҳое, ки дар Ваҳй 9:1–11 дар бораашон гуфта шудааст, киро тасвир мекунанд? (Ба расми муқоваи маҷалла нигаред.)

8 Ваҳй 9:1–11-ро хонед. Акнун биёед сабаби чорумро бинем. Пеш мо ҳуҷуми селаи малахонро, ки Юил пешгӯйӣ карда буд, кори мавъизаи Шоҳидон фикр мекардем, чунки дар китоби Ваҳй пешгӯйии ба ин монанд омадааст. Он ҷо селаи малахон тасвир шудаанд, ки рӯяшон мисли рӯйи одамон аст ва «дар сар чизе ба монанди тоҷи тиллоӣ» доранд (Ваҳй 9:7). Онҳо касонеро, ки «дар пешониашон мӯҳри Худоро надоранд [душманони Худоро]», дар давоми панҷ моҳ азоб медиҳанд, яъне ҳамон қадаре, ки малах одатан умр мебинад (Ваҳй 9:4, 5). Ин ҷо ходимони тадҳиншудаи Яҳува тасвир шудаанд. Онҳо далерона эълон мекунанд, ки Худо ин ҷаҳони шарирро доварӣ хоҳад кард ва шунидани он ба онҳое, ки корҳои ин ҷаҳонро тарафдорӣ мекунанд, сахт мерасад.

9. Малахҳое, ки дар китоби Юил ва дар рӯъёи Юҳанно тасвир шудаанд, чӣ фарқиятҳо доранд?

9 Ҳарчанд пешгӯйии китоби Юил ба пешгӯйии Ваҳй монандӣ дорад, байни онҳо фарқиятҳои калоне ҳаст. Масалан, дар пешгӯйии Юил малахҳо тамоми сабзаву растаниро нобуд мекунанд (Юил 1:4, 6, 7). Дар рӯъёи Юҳанно бошад, ба малахҳо «гуфта шуд, ки ба растаниҳои рӯйи замин ва ба ягон сабзаву дарахт зарар нарасонанд» (Ваҳй 9:4). Малахҳое, ки Юил пешгӯйӣ кард, аз тарафи шимол омаданд (Юил 2:20). Дар рӯъёи Юҳанно бошад, малахҳо аз чоҳи бетаге баромаданд (Ваҳй 9:2, 3). Малахҳое, ки дар китоби Юил тасвир шудаанд, бадар ронда мешаванд. Дар китоби Ваҳй бошад, Яҳува малахҳоро намеронад, балки ба онҳо иҷозат медиҳад, ки кори худро ба анҷом расонанд. Ягон ояти Китоби Муқаддас намегӯяд, ки Яҳува аз онҳо норозӣ аст. (Ба чорчӯбаи  «Пешгӯйиҳо оиди малахҳо — фарқиятҳои калон» нигаред.)

10. Аз Навиштаҳо мисол оварда фаҳмонед, ки малахҳое, ки дар китоби Юил ва Ваҳй пешгӯйӣ шудаанд, чизҳои гуногунро тасвир мекунанд.

10 Фарқиятҳои муҳими ин ду пешгӯйӣ нишон медиҳанд, ки онҳо бо ҳам алоқаманд нестанд. Аз ин рӯ хулоса кардан мумкин аст, ки «малахҳо»-и дар китоби Юил омада ва «малахҳо»-е, ки дар Ваҳй пешгӯйӣ шудаанд, як чиз нестанд. Дар Китоби Муқаддас баъзан як чиз метавонад рамзи чизҳои гуногун бошад. Масалан, дар Ваҳй 5:5 Исо «Шер аз қабилаи Яҳудо» номида шудааст, дар 1 Петрус 5:8 бошад, Иблис чун «шери ғуррон» тасвир мешавад. Мо дар боло чор сабабро дида баромадем ва онҳо аён месозанд, ки оиди пешгӯйии Юил бояд фаҳмишамонро дигар кунем. Пас, онро чӣ тавр фаҳмидан дуруст аст?

ИН ЧӢ МАЪНО ДОРАД?

11. Бо ёрии Юил 1:6 ва 2:1, 8, 11 мо чӣ тавр фаҳмида метавонем, ки он малахҳо киро тасвир мекунанд?

11 Вақте мо ба дигар оятҳои китоби Юил назар мекунем, мефаҳмем, ки пайғамбар дар бораи ҳамлаи лашкаре пешгӯйӣ кардааст (Юил 1:6; 2:1, 8, 11). Яҳува гуфт, ки «ӯрдуи азими» Худро, яъне лашкари Бобулро барои ҷазо додани исроилиёни хиёнаткор истифода мебарад (Юил 2:25). Юил пешгӯйӣ кард, ки лашкаре, ки ҳама ҷоро зер мекунад, «аз шимол» меояд ва ҳақиқатан ҳам бобулиён ба Исроил аз тарафи шимол ҳуҷум карданд (Юил 2:20). Он лашкар ба селаи малахон монанд карда шудааст, зеро бо тартибу низом амал мекунад. Юил дар бораи онҳо мегӯяд: «Ҳар яке [ҳар як аскар] бо роҳи худ равона мешаванд... Ба шаҳр ҳамла мекунанд, ба ҳисор тохт меоваранд, ба хонаҳо мебароянд, аз тирезаҳо мисли дузд дохил мешаванд» (Юил 2:8, 9). Чунин ҳолатро тасаввур кунед: ҳама ҷоро лашкари Бобул зер кардааст, ҷое нест, ки кас паноҳ ёбад. Ва ҳеҷ кас аз шамшери онҳо наҷот ёфта наметавонад.

12. Чӣ тавр пешгӯйии Юил дар бораи малахҳо иҷро шуд?

12 Соли 607-уми то милод лашкари Бобул (калдониён) мисли мӯру малах тамоми Ерусалимро зер кард. Китоби Муқаддас мегӯяд: «Ӯ подшоҳи калдониёнро бар онҳо овард, ки вай ҷавонони онҳоро... бо шамшер кушт, ва бар ҷавонон ва дӯшизагон ва пирон ва мӯйсафедон шафқат нанамуд: Ӯ ҳамаро ба дасти вай супурд. Ва хонаи Худоро сӯзониданд, ва ҳисори Ерусалимро хароб карданд, ва ҳамаи қасрҳои онро ба оташ сӯзониданд, ва тамоми колои нафисаи [чизҳои пурқимати] онро несту нобуд карданд» (2 Вақ. 36:17, 19). Баъди он ки бобулиён Ерусалимро валангор намуданд, дар бораи он чунин гуфтан мумкин буд: «Ин биёбони бе одам ва бе чорво аст, ки ба дасти калдониён супурда шудааст» (Ирм. 32:43).

13. Маънои суханони Ирмиё 16:16, 18-ро фаҳмонед.

13 Қариб баъд аз 200 соли пешгӯйии Юил Яҳува ба воситаи Ирмиё боз як чизро пешгӯйӣ кард. Ӯ гуфт, ки ҳамлагарон исроилиёни бадкорро кофтуков карда меёбанд ва онҳоро дастгир мекунанд. «Инак, Ман моҳигирони бисёрро хоҳам фиристод,— мегӯяд Худованд,— ва онҳоро шикор хоҳанд кард; ва пас аз он сайёдони бисёрро хоҳам фиристод, ва онҳоро аз болои ҳар кӯҳ ва аз болои ҳар теппа ва аз шикофҳои сахраҳо сайд хоҳанд кард... [Ман] барои маъсият ва гуноҳашон подоши дучанд хоҳам дод». Исроилиёни тавбанакарда аз дасти лашкари Бобул дар ягон ҷо паноҳ ёфта наметавонистанд — на дар баҳру на дар ҷангал (Ирм. 16:16, 18).

БАРҚАРОРШАВӢ

14. Пешгӯйии Юил 2:28, 29 кай иҷро шуд?

14 Юил як чизи некро низ пешгӯйӣ карда буд. Ӯ гуфт, ки замин аз нав ҳосили фаровон медиҳад (Юил 2:23–26). Ин пешгӯйӣ ҳамчунин ба он ишора мекард, ки дар оянда дониш оиди ҳақиқат ба бисёр одамон дастрас мегардад. «Ман Рӯҳи Худро бар тамоми башар хоҳам рехт,— мегӯяд Яҳува — ва писарони шумо ва духтарони шумо нубувват хоҳанд намуд... Ва дар он айём бар ғуломон ва канизони шумо низ Рӯҳи Худро хоҳам рехт» (Юил 2:28, 29). Ин чиз дарҳол баъди аз асирии Бобул баргаштани исроилиён рӯй надод. Он пешгӯйӣ баъди якчанд садсола, соли 33-юми милодӣ, дар Иди ҳафтаҳо иҷро шуд. Мо инро аз куҷо медонем?

15. Мувофиқи Аъмол 2:16, 17 Петрус ба матни Юил 2:28 чӣ дигаргунӣ даровард ва ин чиро нишон медод?

15 Яҳува ба воситаи Петруси расул фаҳмонд, ки пешгӯйӣ аз Юил 2:28, 29 ба воқеаи ҳаяҷонбахше, ки соли 33-юми милодӣ дар Иди ҳафтаҳо рӯй дод, дахл дорад. Ҳамон рӯз, тахминан соатҳои 9-и саҳар, Худо ба таври мӯъҷиза ба як гурӯҳ масеҳиён рӯҳи муқаддасашро рехт. Дар натиҷа онҳо бо забонҳои гуногун гап зада ба дигарон «дар бораи корҳои бузурги Худо» нақл мекарданд (Аъм. 2:11). Зери илҳоми Худо Петрус пешгӯйии Юилро каме тағйир дода иқтибос овард. (Аъмол 2:16, 17-ро хонед.) Оё пай бурдед, ки ӯ чиро тағйир дод? Ӯ ҳангоми оятро иқтибос овардан ба ҷойи ибораи «баъд аз он» ибораи «дар рӯзҳои охир»-ро гузошт. Яъне ӯ гуфт, ки Худо рӯҳи Худро «дар рӯзҳои охир» мерезад. Ин ҷо «рӯзҳои охир» гуфта, айёми то нобудшавии Ерусалим ва маъбади он аз тарафи румиён дар назар дошта шудааст. Ин нишон медиҳад, ки пешгӯйии Юил оиди рехта шудани рӯҳи Худо баъди вақти тӯлонӣ иҷро шуд.

16. Дар асри як рӯҳи Худо ба кори мавъиза чӣ гуна таъсир расонд ва оиди рӯзҳои мо чӣ гуфтан мумкин аст?

16 Баъди он ки Худо дар асри як ба масеҳиён рӯҳи муқаддас рехт, кори мавъиза босуръат пеш рафт ва хушхабар торафт дар ҷойҳои бисёр паҳн мешуд. Вақте Павлуси расул қарибиҳои соли 61-уми милодӣ ба масеҳиёни шаҳри Қӯлассо нома навишт, ӯ гуфт, ки хушхабар «ба тамоми офаридаҳои зери осмон мавъиза шудааст» (Қӯл. 1:23). Павлус «тамоми офаридаҳо» гуфта, сарзаминҳоеро дар назар дошт, ки дар он вақт маълум буданд. Бо ёрдами рӯҳи пурқудрати Яҳува кори мавъиза дар рӯзҳои мо дар миқёси боз ҳам калонтар — «дар саросари замин» иҷро шуда истодааст (Аъм. 13:47). (Ба чорчӯбаи  «Ман Рӯҳи Худро... хоҳам рехт» нигаред.)

МО ЧИРО ФАҲМИДЕМ?

17. Мо оиди пешгӯйии Юил дар бораи малахҳо чиро аниқ кардем?

17 Чӣ дигар шуд? Ҳоло мо оиди пешгӯйии Юил 2:7–9, ки оиди селаи малахҳо мебошад, фаҳмиши аниқтар пайдо кардем. Одӣ карда гӯем, он ҷо на мавъизаи боғайратонаи Шоҳидон, балки ба Ерусалим ҳамла овардани лашкари Бобул пешгӯйӣ шуда буд, ки он соли 607-уми то милод рӯй дод.

18. Халқи Яҳува мисли пештара дар кадом кор боғайрат аст?

18 Чӣ дигар нашуд? Халқи Яҳува чун пештара дар ҳама ҷо мавъизаи хушхабарро давом медиҳад ва барои ин ҳама роҳҳои дастрасро ба кор мебарад (Мат. 24:14). Чӣ маҳдудияте ҳокимиятдорон нагузоранд, моро аз иҷрои ин супориш боздошта наметавонанд. Ва бо ёрдами Яҳува мо имрӯз аз ҳарвақта фаъолтар ҳастем ва хушхабарро дар бораи Подшоҳӣ далерона мавъиза мекунем. Мо барои фаҳмидани пешгӯйиҳои Китоби Муқаддас минбаъд низ фурӯтанона аз Яҳува роҳнамоӣ мепурсем ва боварӣ дорем, ки Ӯ дар вақти лозима «ростиро ба пуррагӣ» ба мо ошкор мекунад (Юҳ. 16:13).

СУРУДИ 48 Ҳар рӯз бо Яҳува роҳ меравем

^ сарх. 5 Давоми солҳои зиёд мо фикр мекардем, ки пешгӯйии бобҳои 1-ум ва 2-юми китоби Юил ба кори имрӯзаи мавъиза дахл дорад. Лекин бо чор сабаби муҳим лозим аст, ки фаҳмиши худро оид ба ин қисми пешгӯйии Юил-пайғамбар дигар кунем. Он сабабҳо кадоманд?

^ сарх. 3 Масалан, ба «Бурҷи дидбонӣ» аз 15-уми апрели с. 2009, мақолаи «Хиради Яҳува дар офаридаҳояш аён аст», сарх. 14–16, нигаред.