Оё шумо медонед?
Чаро исроилиёни қадим қалин медоданд?
ДАР замонҳои пеш ҳангоми хостгорӣ агар ҳар ду оила барои тӯй шудан розӣ мебуданд, тарафи домод барои арӯс қалин медод. Чунин қалин аз ашёи қиматбаҳо, чорво ё пул иборат буд. Баъзан ба ҷойи қалин ягон хизмат мекарданд. Масалан, Яъқуб барои гирифтани Роҳел ҳафт сол ба падари ӯ кор кард (1 Мӯсо 29:17, 18, 20). Вале мақсади асосии қалин додан чӣ буд?
Дар як китоб гуфта мешавад, ки «дар Исроили қадим домод ба падари арӯс қалинро чун ҷубронпулӣ медод» *. Чунки дар ҳар як оилаи хоҷагидор духтар низ дастёр ба ҳисоб мерафт ва шавҳар карданаш ба оилаи ӯ зарари молӣ мерасонд. Қалин инчунин пайванди ду оиларо, ки акнун хешу таборанд, мустаҳкам мегардонд. Ба туфайли чунин пайванди хешутаборӣ дар лаҳзаҳои тангӣ онҳо ба якдигар дасти ёрӣ дароз карда метавонистанд. Илова бар ин, қалин нишонаи он буд, ки ғамхорӣ ва муҳофизати духтар дигар вазифаи падараш нею уҳдадории шавҳараш мешавад.
Қалин маънои онро надошт, ки зан ашёи хариду фурӯш аст. Бинед дар як энсиклопедия дар ин бора чӣ гуфта шудааст: «Гуфтани он ки исроилиён занҳои худро мехариданд, нодуруст аст» *. Диншиносе бо номи Боб Атли инчунин қайд мекунад: «Қалин маблағ барои хариди арӯс набуд. Онро чун ҷуброн барои аз даст рафтани дастёри оила медоданд» *.
Имрӯзҳо низ дар баъзе давлатҳо қалин медиҳанд. Агар волидони масеҳӣ қалин талаб карданӣ шаванд, онҳо аз меъёр зиёд қалин талаб намекунанд, зеро мехоҳанд, ки ҳама онҳоро «чун одамони боандеша шиносанд» (Флп. 4:5; 1 Қӯр. 10:32, 33). Ин тавр амал карда онҳо нишон медиҳанд, ки «пулпараст» ё чашмгурусна нестанд (2 Тим. 3:2). Инчунин, вақте волидони масеҳӣ қалини калон намепурсанд, домод маҷбур намешавад, ки тӯяшро ба қафо партофта, аз паси пулкоркунӣ шавад. Ба туфайли қалини калон талаб накардан домодшаванда маҷбур намешавад, ки хизмати пурравақташро партояду барои маблағи даркориро ҷамъ кардан миён баста ҳафтаи дароз кор кунад.
Дар баъзе минтақаҳо қалинро ҳукумат муқаррар мекунад. Дар ин сурат волидони масеҳӣ ба қонуни давлат итоат мекунанд. Чаро? Зеро дар Каломи Худо гуфта мешавад, ки масеҳиён бояд «ба ҳокимиятҳои боло фармонбардор» бошанд ва ба қонунҳое, ки муқобили қонунҳои Худо намебароянд, итоат кунанд (Рум. 13:1; Кор. 5:29).
^ Бокэм Р. Иисус и женщины. Роль женщин в общине Иисуса и в первоначальном христианстве. М., 2015. С. 173
^ Ринекер Ф., Майер Г. Библейская энциклопедия Брокгауза. М.: Российское Библейское Общество, 1999. С. 107.
^ Атли Б. Бесплатные библейские комментарии // Серия «Комментарии для исследователя», Ветхий завет. Маршалл 2013. Т. 1Б. С. 289.